Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?

Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ва таназзули иҷтимоӣ-иқтисодии шадид дар Тоҷикистон наметавонист ба имиҷи кишвар ва аҳолии он бетаъсир монад. Шурўъ аз охири асри гузашта ва оғози даҳсолаи аввали асри нав мо шоҳиди далелҳои сершумори муносибати манфӣ ба кишвари мо ва махсусан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия гардидем. Расонаҳо муттасил хабару сужаҳои ҷиноиро нашру пахш мекарданд, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон зикр мешуданд. Ғайр аз ин, хадамоти муҳоҷирати ФР теъдоди бузурги шаҳрвандони моро боздошт намуда, онҳоро ба будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия муттаҳам менамуданд. Ва дар мазҳакаҳои шабакаи ТНТ муҳоҷиронро дар нақшҳои таҳқиромези коргарони кундзеҳну танбал нишон медоданд…

Ин, пеш аз ҳама, барои мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, таҳқиромез буд. Дарк кардан ногувор буд, ки халқи ту дар алоқамандӣ бо чизе бад, ҷиноӣ ва аз лиҳози зеҳнӣ қафомонда ёд мешавад. Аммо, шукри Оллоҳ, зиндагӣ дар ҳаракат аст ва вазъ торафт бештар сўи беҳӣ тағйир меёбад.

Солҳои охир дар расонаҳои мо ва хориҷӣ, инчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд матолиби бароямон руҳнавоз дар бораи тоҷикистониҳо интишор мешавад. Дар онҳо ҳамватанони мо ҳамчун ашхосе ҷилва дода мешаванд, ки дар соҳаҳои худ – хоҳ барномасозӣ бошаду хоҳ илму соҳибкорӣ ва ё фарҳанг – ба комёбиҳои назаррас ва гоҳо ҳатто эътирофи ҷаҳонӣ ноил гардидаанд. Ва имрўз лаҳзае фаро мерасад, ки номи “тоҷик” боз тобиши ифтихормандона касб мекунад – на танҳо барои мо, барои намояндагони халқҳои ғайр низ.

Агар чанде пеш тоҷиконро ба унвони Равшану Ҷамшуд ва ё танҳо ба ҳайси муҳоҷир ва шахсони камдонишу бесалоҳият мешинохтанд, вақтҳои охир ин андеша андак-андак аз зеҳни ҷаҳониён зудуда мешавад. Тоҷикон кайҳову пурмаҳсул меҳнат карда, ба сафи нухбагони кишварҳои гуногуни олам барои худ роҳ мекушоянд.

Он тоҷиконе, ки ба воситаи заҳматҳо, дониш ва сифатҳои шахсии худ миллати моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд ва алорағми мушкилиҳо худро бо ифтихор тоҷик ва тоҷикистонӣ меноманд, кистанд?

Сиёсат

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Раҳимҷон Азимов

Зодаи Тоҷикистон Раҳимҷон Азимов дар интихоботи рӯзи 18 сентябри соли 2016, ки дар Федератсияи Русия баргузор гашт, аз ҷониби ҳизби «Единая Россия»-и вилояти Киров ҳамчун вакил ба Думаи давлатии Русия интихоб гашт. Раҳимҷон Азимов хатмкардаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии ФР мебошад ва унвони илмӣ (доктори илмҳои техникӣ) дорад. Қаблан ў узви палатаи болоии парлумон – Шўрои федератсияи ФР буд, дар хадамоти назорати маводи мухаддири Русия, ба ҳайси муовини директори кулли иттиҳодияи давлатии “Ростехнологии” ва муовини директори кулли ҷамъияти саҳҳомии “РТ-Биотехпром” фаъолият кардааст.

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Дилафрӯз Хоникбоева

Хабари ба командаи Ҷо Байден, раисҷумҳури тозаинтихоби ИМА, ба кор даъват шудани як тоҷикдухтар бо номи Дилафрӯз Хоникбоева чанд рӯз дар сархати шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дошт ва бисёриҳо ӯро ҳамчун ифтихори тоҷикон унвон карданд. Гап сари ин аст, ки Д. Хоникбоева, тоҷикдухтари зодаи Тоҷикистон, ба ҳайси мушовири аршади масоили сиёсии Оҷонсии ИМА дар умури рушди байналмилалӣ (USAID) дар ҳукумати Ҷон Байден ба кор даъват шудааст. Воқеан, дар комёбиҳои Дилафрўз Хоникбоева саҳми модараш Зарифмо Асламшоева кам нест, ки ҳоло дар шабакаи маъруфи CNN дар Амрико кор мекунад. Ӯ нахустин ровии ТВ Бадахшони Тоҷикистон аст, ки ҳоло бештар аз 20 сол мешавад, сардабири шуъбаи байналмилалии шабакаи телевизионии маъруфи CNN дар Атлантаи Амрико аст.

Соли 2020 бо пешниҳоди сарвазири вақти Қирғизистон ва ҳоло президент Содир Ҷабборов, тоҷик Равшан Собиров муовини Сарвазири Қирғизистон таъин гардид. Равшан Собиров дар гузашта вазири рушди иҷтимоии Қирғизистон, собиқ муовини раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Қирғизистон, раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ низ буд.

Фарҳангу синамо

Вақте сухан аз фарҳанг меравад, дарҳол ба зеҳнамон қатори васеи шахсиятҳои шинохта меоянд, ки тавонистанд дар сатҳу самтҳои мухталиф истеъдоди худро нишон диҳанд ва миёни ҳаводорони ҳунар дар бисёр кишварҳои олам маҳбубият касб намоянд.

Якеи онҳо Барзу Абдураззоқов аст, ки солҳои тўлонӣ боз бо намоишномаҳояш дар саҳнаҳои хориҷӣ шуҳрати худро ҳамчун як коргардони комёби тоҷик афзун мекунад.  Барзу Абдураззоқов зиёда аз 120 намоишномаи гуногунро дар саҳнаҳои театрҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Русия пешкаши тамошобинон намуда, сазовори ҷоизаҳои баланд шудааст.

Филмҳои коргардони машҳури тоҷик Бахтиёр Худойназаров ҳатто пас аз маргаш меъёри кинои воқеӣ ба ҳисоб мераванд. Соли 1993 ба Олмон кӯчид ва ҳаёташро байни Маскаву Берлин тақсим кард. Бахтиёр Худойназаров ягона коргардоне аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки дар солҳои 90-ум кинои тоҷикро шуҳратёр кард ва на танҳо дар фазои пасошӯравӣ, балки дар Аврупо низ эътирофаш карданд. Дар давоми ҳаёти худ ба коргардони маъруф муяссар шуд, ки тақрибан 10 филмро ба навор гирад, ки эътирофи мунаққидон ва тамошобинони киноро ба даст оварданд.

Валерий Аҳадов коргардони маъруфи Тоҷикистону Русия аст, ки дар охири солҳои Шӯравӣ бо театр-студияи “Нимҷазира” ё “Полуостров”-аш бештар аз худ ба ҳайси коргардони ҳунарманд дарак дода буд. Солҳои 1993 – 2010 дар киностудияҳои Русия як силсила филмҳои бадеӣ таҳия намуд, ки қисмате аз ин филмҳо дар ҷашнвораҳои байналмилалию умумироссиягии синамо сазовори мукофотҳо гардидаанд.

Зиндагии Толибхон Шаҳидӣ зиёд дар сафарҳо мегузарад – Маскаву Лондон маконҳои маъмулии саёҳату зиндагии солҳои охири ӯ шудаанд. Ҳаққи муаллифии ӯ дар Лондон сабтином шудааст ва ин чиз барояш дар таблиғу нашри осораш хеле кӯмак мекунад.

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Толибхон ва Гулсифат Шахиди

Толиб Шаҳидӣ се писар ва даҳ набера дорад. Писарони ӯ ҳам дар хориҷа ифтихори Тоҷикистонанд. Табрез Шаҳидӣ дар Маскав ба ҳайси продюсери мусиқии ситораҳои ҳунари Русия ном баровардааст. Ду писари дигар дар бахши тиҷорату соҳибкорӣ дар Лондон кор мекунанд. Ҳамсараш Гулсифат Шаҳидӣ, ки солиёни зиёд хабарнигори ТВ “Мир” дар Душанбе буд, чанд сол пеш ба ҳайси нависанда аз худ дарак дод. Дар умум оилаи Шаҳидӣ як ифтихори тоҷикон дар ҷаҳон ҳастанд.

Манижа Сангин, овозхони зодаи Тоҷикистон, ки дар айёми тифлӣ ҳамроҳи волидонаш ба Русия кўчид, – дар ҷодаи сарояндагӣ муваффақ шуд. Ва имсол бо таронаи “Russian woman”барои намояндагӣ кардан аз Русия дар озмуни “Евровидение” дар моҳи майи соли 2021 интихоб гарид. Ин интихоби мардуми кишвар сабабгори баҳсу ҳангомаҳои зиёде гардид, ки, пеш аз ҳама, ба он вобаста буданд, ки зани тоҷике ҳад кардааст, аз номи зани рус суруд хонад.

Аммо Манижа бо сари баланд ҳамаи ин санҷишҳоро паси сар карда, аз мансубияти миллии худ батакрор ҳарф мезад ва дар ин баробар мефаҳмонд, ки чаро ҳаққи аз номи зани рус сухан кардан дорад. Бозхониҳои сершумори таронаи ў барои Манижа дастгирии ҷиддӣ ва нишонаи эътирофи истеъдодаш шуданд. Ин ба ў кумак кард, то андозае мавҷи фишорро фурў нишонад ва ба даҳгонаи беҳтарин сарояндагони озмун дохил шавад.

Темур Зулфиқоров, адиби русзабони тоҷик, шахсе, ки дар назму насри омехта бо забони русӣ маъруфият ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст. Нобиғае, ки ду маротиба ба дарёфти ҷоизаи адабии Нобел пешниҳод шудааст. Соли 1993 достони мондагораш “Сафари заминӣ ва осмонии шоир”  беҳтарин романи Аврупо дониста шуд ва сазовори ҷоизаи  бритониёии “Коллетс” шуд. Ӯ барандаи чандин ҷоизаи дигари адабист. Темур Зулфиқоров муаллифи сенарияи бештар аз 20 филми ҳунариву мустанад аст, ки дар ҷашнвораҳои гуногун чун беҳтарин эътироф шудаву соҳиби ҷоизаҳо гаштаанд.

Оқил Ҳамидов, бунёдгузори ширкати «Тако-Медиа», яке аз коргардонҳои маъруфтарини телевизион дар Полша буда, ки аз мактаби шўравии тоҷики кинематография гузаштааст.

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Оқил Ҳамидов

Ў хатмкардаи ВГИК аст, якчанд сол дар “Тоҷикфилм” ва дигар студияҳои синамоии Шўравӣ фаъолият кардааст. Солҳои 90-ум аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва набудани имкони рушди зарфиятҳои эҷодӣ ў ба Полша сафар кард ва онҷо, дар шаҳри Вротслав ширкати худро таъсис дод.

Айни замон «Тако-Медиа» яке аз ширкатҳои калонтарину машҳуртарин оид ба истеҳсоли силсилафилмҳои телевизионӣ аст, ки на танҳо дар Полша, балки дар боқии Аврупо низ маъруф гардидаанд.

Сайёра Сафариро нақши Гулчатой дар филми «Гулчатой» ва идомаи он “Гулчатой-2. Ба хотири муҳаббат” муаррифӣ кард, ки соли 2013 яке аз сербинандатарин сериёлҳо дар Русия эътироф шуда буд. Ӯ дар мусоҳибае гуфтааст: “Шукри Худо, ки ман дар Тоҷикистон ба дунё омадам. Ин ба ман имкон медиҳад, ки аз дигарон фарқ кунам. Ман ифтихор мекунам, ки тоҷикам!»

Номи Муҳаммадалӣ Маҳмадов рӯи титри филмҳои гуногуне бо тамғаи ширкатҳои мухталифи синамоӣ ва киностудияҳои кишварҳои зиёде дар радифи номи ҳунармандони маъруфи синамои ҷаҳонӣ сабт шудааст. Ӯ бо ширкати хеш дар бисёр форумҳо, фестивалу ҷашнвораҳои байналмилалии синамогарон худро фарзанди миллати тоҷик муаррифӣ кардааст. То имрӯз беш аз 50 нақш дар филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Осетия, Сурия, Алҷазоир, Миср, Венгрия ва дигар кишварҳо иҷро кардааст.

Тоҷикдухтар Нигина Сайфуллоева коргардон, сенариянавис ва таҳиягари барҷастаи рус мебошад. Пас аз хатми факултаи санъати таърихи Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия (RSUH) дар соли 2005 ва курсҳои олии сенариянависон ва коргардонҳо дар соли 2010 ӯ ба эҷод шурӯъ кард. Аввалин самараи кори коргардонии ӯ филми кӯтоҳи “Ман бо ту мехоҳам” буд. Аз он вақт инҷониб ӯ таҳияи филмҳои кӯтоҳро идома медиҳад ва сериалҳои гуногуни телевизионӣ, масалан, “Деффчонки” -ро дар TNT месозад.

Чанд рӯз пеш хабар расид, ки ҳунарпешаи боистеъдоди тоҷик Рафоат Шоазимова бо нақшофарӣ дар филми “Провинциальные мечтатели” (Хаёлпарастҳои музофотӣ) дар кинофестивали байналмиллалии “ASTI FILM FESTIVAL” сазовори ҷоизаи “Ҳунарпешаи беҳтарин” гардид.

Шоҳрух Юнусов дар шаҳри Милани Италия дар вақти карантин аз балкон баромада, опера сароид то ҳамсояҳо андаке аз афсурдагии реҷаи карантин ва хабарҳои нохуш раҳо шаванд. Ӯ, ки донишҷӯи Консерваторияи давлатии ба номи Ҷузеппе Верди дар шаҳри Милан аст, бо ин ҳунараш дунёро тасхир кард.

Овозхони ҷавони тоҷик Даниел Рустамов дар озмунҳои “Голос”, “X-Фактор” ва “Youth vision-2017” ва “Песни” дар шабакаи ТНТ Русия ҳунарнамоӣ карда, тамоми тамошобинон ва ҳакамонрро тасхир кард. Даниел мегӯяд, ҳар як ҳунарнамоии ӯ танҳо барои машҳур шудан набуда, ба хотири муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ ва кишварҳои хориҷ аст.

Варзиш

Шариф Назаров аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ягона нафаре мебошад, ки соҳиби унвони баландтарину фахрии “Мураббии шоистаи СССР” (1991) гардидааст. Ӯ сармураббии дастаи “Помир” буд ва маҳз дар даврони сармурабигии ӯ ин даста шуҳрати ҷаҳонӣ касб намуд.

Яке аз дигар ситораҳои футболи тоҷик Мӯҳсин Муҳаммадиев мебошад. Ӯ ҳатто соли 1995 дар ҳайати мунтахаби Русия низ дар як бозӣ ширкат намудааст. Аз охири соли 1992 дар дастаҳои футболи чор кишвари олам:  Русия, Туркия, Австрия ва Ӯзбакистон фаъолият кардааст. Мӯҳсин Муҳаммадиев дорандаи медали хурди тиллои чемпионати СССР барои ғалаба дар лигаи якум (1988), қаҳрамони футболи Федератсияи Русия (1994) аст.

Рашид Раҳимов. Соли 1982 ба дастаи футболи “Помир” шомил шуд ва дар мусобиқоти қаҳрамонии Шўравӣ то миёнаҳои соли 1991 дар 277 бозӣ дар ҳайати дастаи мазкур ширкат карда, 24 гол задааст. Пасон дар тимҳои Русия, Испания, Австрия бозидааст. Ба карйераи худ ҳамчун футболбоз хотима гузошта, дар тимҳои лигаи олии Русия “Амкар”, “Локомотив”, “Терек” ва “Уфа” ба ҳайси мураббӣ фаъолият кардааст.

Игор Геннадевич Черевченко, футболбози тоҷикистонӣ ва русиягӣ, дар мавқеи ҳимоягар бозӣ мекард.

Писари футболбози номӣ Геннадий Черевченко аст, ки қариб тамоми собиқаи варзишиаш бо номи “Помир”-и Душанбе алоқаманд мебошад. Солҳои 1993-94 дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон бозӣ кардааст. Соли 1996 сармураббӣ Юрий Сёмин, ки кори худро ҳамчун мураббӣ аз “Помир” сар карда буд, ўро ба тими “Локомотив”-и Маскав даъват намуд. Бо “Локомотив” чор маротиба ҷоизадори чемпионати Русия шуд, чор маротиба Ҷоми Русияро ба даст овард, ду маротиба дар бозиҳои нимфиналии ҷомҳои аврупоӣ ширкат дошт.

Яке аз се нафаре, ки дорандаи Ҷоми Русия ҳамчун бозигар ва ҳам сармураббӣ шудаанд. Айни ҳол сармураббии дастаи футболи “Химки”-и Премйер-лигаи Русия мебошад.

Ҳаким Фузайлов. Аз соли 1986 дар ҳайати “Помир” буд. Соли 1992 ба “Локомотив”-и Маскав гузашт. Дар ҳайати он дар бозии ҷавобии Ҷоми УЭФА муқобили “Ювентус” (0:1) ширкат кардааст. Ҳамроҳи даста медали биринҷии Чемпионати Русия-1994-ро ба даст овардааст.

Аз охири солҳои 1990-ум ба ҳайси мураббӣ фаъолияташро оғоз карда, дастаҳои ўзбекистонии «Бухоро», «Динамо» (Самарқанд) ва «Андиҷон»-ро роҳбарӣ намудааст. Сипас дар Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Расул Боқиев

Расул Боқиев – дзюдочии тоҷикистонӣ, барандаи нишони биринҷиии Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин ва ҳамин гуна дастовард дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон-2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012, қаҳррамони Русия-2009 мебошад. Устоди шоистаи варзиши ҶТ аст. Айни замон дар Русия мактаби варзишии худро дорад ва муҳассилинро дзюдо дарс медиҳад.

Ҷамшед Ғафуров соҳибкор ва арбоби варзиш, дорандаи дани 1-и WKC, ноиб-президенти Шўрои аврупоии каратэ-до шотокан-рю Казэ-Ха (кишварҳои Осиё), президенти ифтихории Федератсияи Казэ-Хаи Тоҷикистон. Мухлиси ашаддии муҳорибаҳои шарқӣ мебошад, ки солҳои тўлониро ба рушди каратэ-до дар кишварҳои ИДМ бахшидааст.

Раҳимқул Малахбеков, муштзани маъруфи тоҷик, ки тӯли ду даҳсола дар Русия кору зиндагӣ кардааст. Ӯ, бо вуҷуди он ки ҳамеша зери парчами Русия баромад мекард ва аввалин унвони қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи боксро ба ин кишвар тақдим кардааст, ҳамеша худро тоҷик ва аз Тоҷикистон мегуфт. Раҳимқул Малахбеков дар синни 29 аз бокс ба саҳнаи сиёсат гузашт ва ду дафъа аз ҳизби “Единая Россия” (“Русияи воҳид”) дар Ҷумҳурии Қалмиқистон вакил интихоб шуд.

Муҳоҷирон

Ин чанд нафар шаҳрванди одии Тоҷикистон дар лаҳзаи нохушӣ тасодуфан ба ҷои ҳодиса афтода, бебокона барои наҷоти ҳаёти одамони ношинос ҷону сиҳатии худро дар хатар гузоштаанд ва бо ин амали хеш ақидаи русиягиҳоро доир ба тоҷикон каме ҳам бошад, беҳтар кардаанд.

Масалан, Бахтиёр Усмонов, сарфи назар аз ҳамагӣ 10 сол доштанаш, бо медали «Барои далерӣ ҳангоми наҷот” сарфароз гардидааст.Ба ў муяссар шуд, рафиқи худ Славаро, ки ба чоҳи пур аз оби ҷўш дар ҳавлии бинояшон афтид, наҷот диҳад. Ҳодиса 27 майи соли 2019 рўй дод. Бахтиёр дарҳол сўи чоҳ шитофта, дўсташро кашида баровард, сипас барои ёрӣ назди калонсолон давид.

Як шоми моҳи июни соли 2019  бинокори тоҷик Фахриддин Юсупов, ки дар шаҳри Североуралск ба сар мебарад, баъди басти кор ба хона бармегашт. Дар кўча ў шиносашро вохўрд. Онҳо бо ҳам суҳбат мекарданд, ки ногоҳ садои шикастани шишаро шуниданд. Дар манзили воқеъ дар қабати якум марде пайдо шуд, ки мехост кўдакро аз тиреза партояд.

«Он мард тифлро партофт, вале ман аллакай ҳамонҷо будаму дастонамро монда, ўро қапидам»,- нақл кард Юсупов ба хабарнигорон.

Рўйдоди дигар ҳанўз соли 2018 дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав рўй дода буд. Духтараки 11-сола Настя ҳамроҳи дугонаҳояш дар шаҳрак сайр мекард, ки ногоҳ ба ў саги бузурге аз зоти ротвейлер ҳамла кард, ки аз ҳавлие гурехта буд. Дар ҳавлии ҳамшафат ин замон муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба корҳои сохтмонӣ машғул буданд. Фарёдҳоро шунида, онҳо дарҳол ба ёрӣ шитофтанд ва бо белҳояшон сагро зада, аз духтар дур карданд. Тоҷикон ба Настя ёрии аввалия расонданд ва ба «ёрии таъҷилӣ» занг заданд.

Баҳром Ғуломқодиров аз Тоҷикистон дар ширкати ғизорасонӣ кор мекунад. Боре аз назди бинои бисёрманзилаи баландошёна дар ҷануби Маскав гузашта, ў фарёдҳои баландро шунид. Сарашро бардошта ў дид, ки дар тирезаи манзили воқеъ дар ошёнаи дуюм писараки тақрибан 13-солае истодааст ва фарёдҳо аз дохили манзил садо медиҳанд. Баҳром корҳои худро монда, барои наҷоти писарак шитофт: ў тариқи лўлаи газ боло баромада, писарро ба манзилаш баргардонд.

Муҳоҷири меҳнатии тоҷикистонӣ Равшан, ки дар шаҳри Екатеринбург ба сифати ронандаи таксии хатсайрӣ кор мекунад, аз дохили мошини худ ҷузвдонеро бо пул пайдо намуд, ки ҷуфти пиронсолоне инҷо фаромўш карда буд. Ў ба нафақагирон 852 ҳазор рубл ($12 ҳазор)-ро пас гардонд.

Зодаи Тоҷикистон Собир Хаспаллаев сабаби зинда мондани як ронандазан шуд. Мошини ў дар маркази Маскав ба дарё афтид ва ҷавоне, ки дар ҳамон наздикиҳо буд, либос кашида, худро ба об андохт. Ў шишаро шикаста, ҷабрдидаро аз об баровард.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду нафар дӯстон – зодагони Тоҷикистони муқими шаҳри Санкт-Петербург Зариф Ниёзов ва Фаррух Умаровро бо мукофот қадрдонӣ кард: аввали моҳи декабр онҳо ба хомӯш кардани сӯхтор дар як бино кумак карданд.

Онҳо ҳамроҳи ҳамсояҳо ҷиҳати аз хонаҳо ба ҷойи бехавф баровардани сокинони бино ёрӣ расониданд. Вақте мутмаин шуданд, ки ҳама дар ҷойи бехавфанд, ба хомӯш кардани сӯхтор сар карданд.

Ҷавонони муваффақ

Ҷавони тоҷик Фаридун Назаров ба маснади директори молиявии Ассотсиатсияи донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи Ҳарвард (HESA) интихоб шудааст. Ӯ соли 2008 барои таҳсил ба ИМА кӯч бастааст. Вай дар самти таъмини манзил ба донишҷӯён ва таҷрибаомӯзон таҷрибаи беш аз 10-сола дорад. Ба воситаи сомонаи 4stay.com ва хидматҳои аутсорсингӣ барои ҳал кардани ин мушкили донишҷӯёни донишгоҳу коллеҷҳо кӯмак мекунад. Менеҷменти ALM ва номзади илм дар Ассотсиатсияи Донишгоҳи Ҳарвард мебошад.

Ҷайҳун-Ҷеймс Насимӣ, муҳоҷири тоҷикест, ки бо филми умедбахши худ таҳти унвони “Unfallen”(«Мағлубношуда») ба маркази саноати синамои ҷаҳонӣ – Ҳолливуди Амрико роҳ ёфтааст.

Азизҷон Азимӣ, ҷавони тоҷик, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Амрикоро бо ду дипломи сурх хатм кард. Ӯ соли 2018 яке аз 49 баранадаи стипендияи Барномаи “The Knight-Hennessy Scholars” эълон шуд, ки таҳсилаш дар Донишгоҳи маъруфи Стенфорд дар Амрико ва ҷаҳонро фароҳам мекунад. Азимӣ соли 2017 ба Донишгоҳи Ҳарвард дохил шуда буд. Вай ҳоло дар Тоҷикистон Академияи зеҳни сунъии “Тajrupt.ai”-ро таъсис додааст ва ҳадаф дорад кишварро ба як маркази зеҳни сунъӣ дар минтақаи Осиёи Миёна табдил диҳад.

Барномасоз Шавкат Очилов Донишгоҳи Алабамаи Ҷанубиро хатм намуда, дар якчанд сол тавонист дар ИМА ҳамчун барномасоз муваффақ шавад. Хоса, дар миёни дастовардҳои ў коркарди маҳсулоти барномавии сершумор барои шаҳрдории Сан-Диего ва дигар ташкилотҳои шаҳр номбар мешавад.

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад?
Муниса Усмонова

Муниса Усмонова рўзноманигори шинохта, мухбири «Канали якум»-и Русия, инчунин собиқ корманди рўзномаи «Коммерсант» аст. Бар замми ҳамаи ин ў ҳамчунин хатмкардаи барномаи маъруфи амрикоии ивази мактаббачагон барои хонандагони синфҳои болоӣ «FLEX» мебошад.

Мисли хоҳараш Муниса Усмонова, Аниса низ дар соҳаи худ – кори пухтупаз ба қуллаҳои баланд расидааст. Ў ёвари сарошпази номӣ Янник Аллено дар яке аз ресторанҳои беҳтарини Париж LePavillonLedoyen ва узви дастаи ошпазони ресторани Allenotheque мебошад, ки низ ба Аллено тааллуқ дорад.

Дилафрўз Назарова профессори кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳи Ратгери иёлати Ню-Ҷерси мебошад. Донишгоҳи мазкур яке аз қадимтаринҳо дар кишвар мебошад ва ба қатори 10 донишгоҳи беҳтарини ИМА дохил мешавад. Дар оғоз ў худ дар ин муассиса таълим гирифтааст ва пас аз хатми докторантура ба тадрис шурўъ намудааст.

Таҳмина Қодирӣ мутахассиси ҳирфавии соҳаи идоракунии кормандон дар Осиёи Марказӣ мебошад. Таҷрибаи кор дар соҳаҳои бонкӣ, нафту газ, консалтинг, меҳмонхонадорӣ ва IT дорад. Дар 4 кишвар фаъолият кардааст.

Кўдакон

Номи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева замоне вирди забонҳо шуд, ки онҳо рӯзҳои 22 ва 29 октбяри соли 2017 дар барномаи “Удивительные люди”-и шабакаи телевизиони Русия бо истеъдоди худ тамошобинонро дар ҳайрат гузоштанд. Барои қобилияти фавқулода дар ҳисобу китоби математикӣ якеро «духтар-калкулятор»-у дигариро «духтар-радар» номиданд: Ёсуман дар 2 дақиқа мисолеро бо 100 рақам ҳал намуда, Манижа бо чашм суръати ҳаракати автомашинаро муайян кард.

Ҳарду ҳам дар олимпиадаи “GeniusKid-2017” дар Маскав ғолибият ба даст оварданд. Дар ин олимпиада аз 11 кишвари дунё 250 ҳамсоли онҳо иштирок доштанд. Ғалабаи Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаеваро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон «ифтихори мардуми тоҷик» номид.

Ҳунарнамоии Манижа Аминова, навраси тоҷик, ки ҳамроҳи Валерия Базикина дар барномаи “Голос. Дети”- и шабакаи 1-и телевизиони Русия суруди “Трава у дома”- и гурӯҳи “Земляне”-ро сароид, доваронро тасхир кард.

Он дар озмуни “The Voice Kids” ба сегонаи пешсаф шомил намуд. Ҳунарнамоии онҳоро продюсеру сарояндагони шинохта Валерий Меладзе ва Баста писандиданд. Навори ин ҳунарнамоӣ дар Ютуб дар ду рўз беш аз 2,5 млн бор дидан шуд.

Самир Абдураззоқови 13-сола пианинанавози тоҷик аст. Ў соли 2018 дар Озмуни 3-юми байналмилалии «Feurich International piano competition» зинаи 1-умро ишғол намуд. Пас аз ҳунарнамоии муваффақона Самир якбора ба чанд консерт ва чорабинии бузурги байналмилалӣ даъват шуд.

P.S.

Бовар дорем, ки ин номгў хеле доманадортар буда метавонад. Мо инҷо танҳо аз онҳое зикр кардем, ки ба ёдамон омаданд. Аммо боз метавонем бо кумаки шумо гулчини номҳои дигари маъруфро низ омода ва нашр намоем. Ёд кардан аз ҳамватанони муваффақу некном, ки на танҳо дар кишвари мо, балки берун аз он низ ба дастовардҳои нодир ноил мегарданд, чӣ хуш аст! Дар зимн онҳо решаҳои худро дар хотир доранд ва номи тоҷикро боифтихор ҳама ҷо муаррифӣ менамоянд.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Ифтихори тоҷик будан эҳё мешавад? Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум ва таназзули иҷтимоӣ-иқтисодии шадид дар Тоҷикистон наметавонист ба имиҷи кишвар ва аҳолии он бетаъсир монад. Шурўъ аз охири асри гузашта ва оғози даҳсолаи аввали асри нав мо шоҳиди далелҳои сершумори муносибати манфӣ ба кишвари мо ва махсусан ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия гардидем. Расонаҳо муттасил хабару сужаҳои ҷиноиро нашру пахш мекарданд, […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *