Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

Президенти амалкунандаи ИМА Доналд Трамп азм дорад то сари ҳукумат омадани соҳиби навинтихобшудаи Кохи Сафед Ҷо Байден қисми бештари неруҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад. Иттифоқҷиёни амрикоиҳо дар НАТО низ ба тарк намудани кишвар омодагӣ мебинанд.

Оё тасмими мазкур ба сарзамини ҷангзадаи Афғонистон сулҳ меорад? Таъсири он ба вазъи минтақа чӣ гуна хоҳад буд?

Қарори охирини Трамп

Яке аз тасмимҳои охирин ва ҳангомадоре, ки президенти ИМА Доналд Трамп гирифт, пас овардани қисми бештари неруҳои низомии Амрико аз Афғонистон буд.

Феълан дар Афғонистон 4,5 ҳазор низомии амрикоӣ мустақар аст. Теъдоди низомиёни ҳайати гурўҳи мазкур дар ин кишвар бояд ба санаи 15 январи соли 2021 то ба 2,5 ҳазор коҳиш дода шавад. Аз ин хусус Пентагон ба гурўҳ огоҳнома равон кардааст.

Ҷанг дар Афғонистон, ки дар рафти он зиёда аз 2,4 ҳазор низомии ИМА талаф ёфт, дар таърихи кишвар тўлонитарин мебошад ва Доналд Трамп кайҳо боз барои пурра баровардани неруҳои амрикоӣ аз ин кишвар талош мекунад.

Аммо ин амал барои минтақа чӣ пайомадҳое хоҳад дошт?

Амрикоиҳо раванд, толибон меоянд?

Тибқи иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, роҳбарияти имрўзаи Афғонистон ва иттифоқчиёни ИМА дар НАТО, ки низ дар  ин кишвар неруҳои низомӣ доранд, тасмими Трампро бо нигаронӣ қабул кардаанд.

Тавре CNN хабар медиҳад, ҳукуматдорони Кобул дар маҷмўъ ба Созишномаи ИМА ва толибон назари манфӣ доранд. Ба андешаи Кобул, Вашингтон, бо ин ки неруҳои худро бе дарназардошти манфиатҳои онҳо хориҷ мекунад, ба осиёби “Толибон” об мерезад, ки ин вазъи умумии марбут ба мушкилоти дохилии Афғонистонро бад мекунад.

Хавфҳои иловагиро ҷанбае ба миён меорад, ки пас аз ихтисори гурўҳи низомии Амрико НАТО низ метавонад ба ин иқдом даст занад, зеро эътилоф аз бисёр ҷиҳат аз ИМА вобаста аст.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

Президенти ИМА мехоҳад дар интиҳои муҳлати роҳбарияш ваъдаи худро иҷро кунад – ба “ҷанги беохир” дар Афғонистон хотима бахшад.

Ба ин гуфтушуниди чандинмоҳаи миёни ИМА ва «Толибон» мусоидат мекунад, ки 29 феврали соли ҷорӣ бо имзои Созишнома дар бораи истиқрори сулҳ дар Афғонистон ба анҷом расид. Мувофиқи Созишнома, амрикоиҳо бояд дар 135 рўз будубоши низомии хешро дар Афғонистон тақрибан ба нисф ихтисор намоянд ва дар давоми 14 моҳ ба пуррагӣ аз ин кишвар хориҷ кунанд.

Ва ҳарчанд Ҷо Байден сари ҳокимият омада, метавонад ин қарори Трампро бекор намояд, хурўҷи неруҳои НАТО-ро аз кишвари номбурда пешгирӣ кардан имкон надорад, ақида доранд бисёр коршиносон.

Коршинос: Бе дастгирии ИМА аҳволи ҳукуматдорони афғон бад мешавад

Илҳом Назриев, коршиноси тоҷикистонии масоили Афғонистон, ақида дорад, ки коҳишёбии назарраси неруҳои Амрико ва иттифоқчиёни онҳо аллакай ба вазъ дар ин кишвар таъсир расондааст: «Албатта, аз хориҷшавии пурраи неруҳои эътилоф ҷойи гап ҳам нест. ИМА ва иттифоқчиёни онҳо дар Афғонистон нақшаҳою манфиатҳои худро доранд. Аммо, тавре далелҳо гувоҳ медиҳанд, ҳар қадар НАТО ба ҳукуматдорони имрўза нерую воситаҳои камтар ҷудо кунанд, ҳамон қадар толибон фаъолонатар ба ҳамла мегузаранд.

Неруҳои амнияти Афғонистон, ки беш аз 300 ҳазор низомӣ ва полисро дар ҳайат доранд, асосан аз ҳисоби ИМА пойдор мемонанд, ки хароҷоти зерсохтор, техникаи ҳарбӣ ва омодасозии неруҳои ҷумҳуриро маблағгузорӣ менамоянд. Бе ин кўмак ҳукумати феълии Афғонистон ба хатари аз даст додани инони идоракунии вазъ дучор мешуд».

Ба андешаи Назриев, ҳоло ки гуфтушунид оид ба иҷроиши бандҳои Созишномаи байни Кобул ва ҷунбиши «Толибон» идома дорад, аз сулҳ дар ин кишвар сухан рондан барвақт аст.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

«Толибон минбаъд низ фишори худро густариш дода, ҳудудҳои бештарро ишғол хоҳанд кард, то ки ҳангоми баррасии ин ё он банди Созишнома имкони шарт гузоштан дошта бошанд. Фикр намекунам, ки тарафҳо дар ояндаи наздик ба муросо оянд».

Барои ин, ба андешаи коршинос, чанд сабаб вуҷуд дорад.

«Аввалан, зиддиятҳои мавҷуда дар худи роҳбарияти Афғонистон, ки ин замон ба ихтилофҳо дар сатҳи ҳизбӣ-байниқавмӣ дучор аст. Сониян, дар доираи Созишнома масъалаҳои калидие ҳастанд, масалан, оид ба сохтори давлат, ки мавқеи ҷонибҳо доир ба онҳо хеле аз ҳам фарқ мекунад. Ҳамчунин роҳбарияти кишвар хавф дорад, ки ба ҳукумат дастрасӣ ёфта, толибон сипас аз ин зиёд мехоҳанд”.

Назриев чанд фарзияи инкишофёбии ҳодисаҳоро дар кишвари мазкур мебинад:

“Якум, “Толибон” пас аз хурўҷи неруҳои НАТО минтақаи ҳамлаҳояшро густариш медиҳад ва ҳукумати Афғонистонро ба қабул намудани сулҳ бо шартҳои худ маҷбур мекунад. Роҳи дуюм, кишвар ба ду қисми шартӣ тақсим мегардад (мисолҳои ин ҳам дар Осиё ва ҳам дар Аврупо ҳастанд). Варианти сеюм, ки агарчи душворрас, вале имконпазир аст ва миллионҳо афғонон чашмдори онанд – ба хотири сулҳ дар ин сарзамин ҷонибҳо дар масъалаҳои баҳсӣ ба созиш меоянд ва ҳукумати иттиҳодӣ таъсис медиҳанд, ки доир ба ҳаёти ояндаи кишвар бидуни ҷанг тасмим хоҳад гирифт”.

Дар хусуси кишварҳои осиёии фазои пасошўравӣ бигўем агар, онҳо албатта ҳама вақт бояд ҳушёр бошанд.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

“Бо вуҷуди он ки толибон чандин маротиба расман изҳор кардаанд, ки азми ба хоки кишварҳои ҳамсоя гузарондани амалиёти ҳарбии худро надоранд, далеле нигаронсоз аст, ки дар шимоли Афғонистон дар рафти ҷангҳо миёни толибон зодагони Тоҷикистон ва Ўзбекистон дида шуданд. Кӣ кафолат дода метавонад, ки онҳо аз зери назорати толибон баромада, ба тарҳрезию иҷрои амалиёти худ, аз ҷумла дар соҳили дигари Панҷ шурўъ намекунанд?”- суол мегузорад Илҳом Назриев.

Ў хотиррасон мекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, мисли худи халқи афғон, ба истиқрори сулҳу суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Афғонистон манфиатдоранд.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

«Дар роҳи расидан ба мақсади мазкур нақши муҳимро на танҳо тарафҳои ихтилоф дар худи кишвар, балки инчунин кишварҳое мебозанд, ки инҷо манфиатҳои геополитикии худро доранд”,- хулоса кард коршинос.

Сулҳи Афғонистон – омили рушди минтақа

Таърих гувоҳ аст, ки дар Афғонистон сулҳу суботро бо тиру туфанги аҷнабӣ барпо кардан намешавад. Коршиносон бар он боваранд, ки роҳи дигар, ба ҷуз ҳамкорӣ ва муросо байни хукуматдорони имрўзаи кишвар ва толибон вуҷуд надорад.

Сулҳи Афғонистон барои рушди на танҳо худи кишвар, балки давлатҳои дигари ҳамсоя низ имкониятҳои нав хоҳад овард.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

– Дар соли 2019 Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи қариб 100 миллион доллар молу хизматрсонӣ содир намуд, ба Покистон – беш аз 10 миллион. Аз Афғонистон Тоҷикистон танҳо ба маблағи 224 ҳазор доллар воридот овард, аз Покистон – зиёда аз 45 миллион доллар. Вале агар дар Афғонистон субот ҳукмрон шавад, Тоҷикистон метавонад хеле гардиши молро бо ин кишварҳо афзоиш диҳад,- мегўяд шореҳи масоили иқтисодӣ Нур Сафаров.

Бино ба суханони ў, Тоҷикистон неруи барқи худро тибқи лоиҳаи CASA-1000, дар сурати татбиқи комёбонаи он, содирот намуда, метавонад даромади калон ба даст орад.

-Барқароршавии оромӣ дар Афғонистон ба кишвари мо имкон медиҳад соҳиби роҳҳои оҳан ва автомобили иловагӣ барои баромадан ба олами беруна гардад. Дар баробари ин, мо тариқи роҳ ёфтан ба бандарҳои баҳрии Покистон имкониятҳои васеъ ба даст меорем, – мегўяд сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло.

Тибқи суханони коршинос, Афғонистон ҳатто дар шароити ҷанг ҳам рушд мекард. Ҷомеаи соҳибкории кишвар, ки ҳеҷ гоҳ ба дахолати аз ҳад зиёди давлат ба соҳаи иқтисод рў ба рў нашудааст, ҳама вақт фаъол, қобили мутобиқшавӣ ба ҳар гуна тағйирот аст. Ва дар шароити сулҳ он баҳри татбиқи зарфиятҳои худ имкони бештар ба даст меорад.

Сиёсатшинос бар он назар аст, ки қатъи амалиёти ҷангӣ дар ояндаи наздик ба раванди барқароршавии кишвар такони пурзўр медиҳад. Афғонистони ором, дар ҳоли барқароршавӣ маҷроҳои бузурги инвеститсиониро ба худ хоҳад кашид. Ба кишвар бештар семент, неруи барқ, ангишт ва бисёр чизҳои дигар лозим мешавад.

-Ҳамаи ин метавонад барои Тоҷикистон манфиатҳои зиёд орад. Ба шарте ки ҷумҳурӣ аз вазъ ба хубӣ истифода бурдан тавонад, аз ҷумла, муносибати минбаъдаи худро ба ҷунбиши «Толибон» муайян кунад,- мегўяд коршинос.- Замонҳои пеш онро начандон сабабҳои воқеии сиёсӣ, ки омилҳои ғоявӣ ва қавмӣ муайян мекарданд.

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад?

Акнун, вақте ИМА бо музокира ва бастани Созишнома ба ҷунбиш дар назари ҷомеаи байналмилалӣ тобиши қонунӣ дод ва сипас ба СММ бо пешниҳоди аз рўйхати созмонҳои террористӣ берун кардани он муроҷиат намуд, зарурати бозбинӣ кардани муносибати худ ба толибон барои ҷумҳурии мо мубрам мешавад. Боз дар ҳоле, ки имкони дубора сари ҳокимият омадани онҳоро дар кишвар акнун сарфи назар кардан намешавад.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Хурўҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон ба минтақа чӣ медиҳад? Президенти амалкунандаи ИМА Доналд Трамп азм дорад то сари ҳукумат омадани соҳиби навинтихобшудаи Кохи Сафед Ҷо Байден қисми бештари неруҳои низомии худро аз Афғонистон хориҷ кунад. Иттифоқҷиёни амрикоиҳо дар НАТО низ ба тарк намудани кишвар омодагӣ мебинанд. Оё тасмими мазкур ба сарзамини ҷангзадаи Афғонистон сулҳ меорад? Таъсири он ба вазъи минтақа чӣ гуна хоҳад буд? […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *