Хатлон: Табибон муҳоҷир мешаванд. Чаро?

Дар ду соли охир аз вилояти Хатлон беш аз 80 духтур ба Федератсияи Россия рафтааст. Сабаби асосии муҳоҷиршавии табибон ин беҳтар будани шароити кор ва баланд будани маҳона дар хориҷи кишвар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар виояти Хатлон норасоии табибон ба беш аз 1040 нафар баробар аст.

Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон зини суҳбат гуфт, давоми соли ҷорӣ аз ҳудуди вилоят 54 духтур ба Федератсияи Россия рафтанд ва ҳоло дар муассисаҳои гуногуни тандурустӣ фаъолият доранд. Ӯ сабаби асосии муҳоҷиршавии табибонро надоштани хонаҳои истиқоматӣ ва дигар мушкилотҳои зиёди зиндагӣ мегӯяд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо давоми соли 2020 бошад, дар умум 29 табиб барои идомаи фаъолият дар хориҷи кишвар муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлонро тарк кардаанд.

Хатлон: Табибон муҳоҷир мешаванд. Чаро?
Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон

Наздики 190 табиб ба муассисаҳои тандурустии вилоят ба кор омаданд,-афзуд ӯ ва илова кард, ки аксарияти онҳо мутахассисони ҷавонанд. Ба таъкиди ӯ ҳанӯз дар вилояти Хатлон кам не, 1044 табиб намерасад.

“Табибон бештар дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Шаҳритус, Кӯшониён ва Ҷалолидини Балхӣ намерасанд. Ин ва дигар ноҳияҳо ба табибони кӯдакона, сироятшинос, амрози даруна ва ғайра эҳтиёҷ доранд,-афзуд Ҷ. Саидов.

Вақте мутахассисон аз кор мераванд…

Ин шахси масъул ҳамчунин гуфт, ки муҳоҷиршавии табибон ва норасоии онҳо ба кори соҳаи тандурустии вилоят таъсири манфӣ мерасонад. “Вақте мутахассисон аз кор мераванд, албатта дар соҳа мушкилӣ пайдо мешавад. Барои як кадрро пурра омӯзонидану соҳибтаҷриба кардан, заҳмати беш аз даҳ сола лозим мешавад. Он ҷарроҳӣ ва амалиётҳоеро, ки табибони таҷрибадор мегузаронанд, албатта ҷавонони нав ба кор омада наметавонанд. То омӯзонидану соҳибтаҷриба кардани табибони ҷавон ҳам вақт зарур аст ва ҳам заҳмати зиёд”.

Ҷӯрабой Саидов мегӯяд,  ба хотири ҳавасманд кардани табибон ва пешгирӣ аз муҳоҷиршавии онҳо ба  унвонии раиси вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо мактуб равон карда шудааст. То онҳо мутахассисони ҷавонро бо хона, замини наздиҳавлигӣ ва ё лоақал бо хонаҳои муваққатӣ таъмин кунанд.

Барномае, ки табибонро мебарад

Ниёзмуҳаммад Қурбонов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар суҳбат гуфт, давоми соли равон, аз беморхонаи онҳо ҳамагӣ чор табиб ба Руссия рафтаасту халос. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи маълумотномаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон аз ин ноҳия 10 табиб ба муҳоҷират рафтаанд.

Ниёзмаҳммад Қурбонов мегӯяд, аз чор табибе, ки ба муҳоҷират рафтаанд як нафари онҳо дар нафақа буд ва ду нафари дигар ба воситаи барномаи кучбандӣ (переселение) дар Руссия кору фаъолият доранд.

Дар Ҳамин ҳол Азизулло Холов, роҳбари Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, аз муассисаи онҳо панҷ нафар ба хориҷи кишвар рафтаанд. Аммо дар иваз табибони ҷавон ба кор омаданд. “Ҳоло дар сохтори Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ норасоии тиббӣ ҷой дорад. Вале наонқадар зиёд аст. Мо асосан ба духтури кӯдакона, тиббӣ оилавӣ ва духтури занона дар минтақаҳо бештар ниёзмандем. Агар бештар аз 20 табиб ба муассисаҳои мо ба кор оянд, норасоии кадрӣ пурра бартараф мешавад”,-афзуд Азизулло Холов.

 Ба иттилои Мудири шуъбаи кадри беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун Амирзода Баҳрулло аз беморхонаи марказии ноҳия ҳамагӣ нуҳ нафар рафтаанд. Аз инҳо се нафар табибон ва боқимонда кормандони миёнаи тиб мебошанд.

—Дар соли ҷорӣ, 12 нафар корманди миёнаи тиб ва се табиб ба кор қабул карда шудааст. Лекин ҳанӯз ба табибони бемориҳои пӯст ва кӯдакона ниёз дорем, -илова кард Амирзода Баҳрулло.

Бо ин вуҷуд…

Муҳоҷиршавии шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишварҳои гуногуни дунё солҳо боз идома дорад. Мутаассифона, тайи ду се соли охир шумораи хоҳишмандон аз ҳисоби мутахассисони сатҳи гуногун, аз ҷумла табибон ҳам кам нестанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки ба эҳтимоли зиёд хоҳишмандони сафар ба хориҷи кишвар ҳамасола зам мешаваду кам не. Бо гузашти 30-сол аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳанӯз норасоии табибон пурра бартараф нашуда, ин масъала ҳамоно аз мушкилоти меҳварии соҳаи тандурустӣ ҳисобида мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва мақомотҳои маҳаллиро зарур аст, ки  мутахассисони ин соҳаро ҳавасманд карда, онҳоро ҳадалимкон бо замин барои бунёди хона таъмин намоянд. То пеши роҳи муҳоҷиршавӣ гирифта шудаву сифати хизматрасонии тиббӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Машраби Аловиддин

Сулаймон Султонов

Оцените статью:

Хатлон: Табибон муҳоҷир мешаванд. Чаро? Дар ду соли охир аз вилояти Хатлон беш аз 80 духтур ба Федератсияи Россия рафтааст. Сабаби асосии муҳоҷиршавии табибон ин беҳтар будани шароити кор ва баланд будани маҳона дар хориҷи кишвар будааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар виояти Хатлон норасоии табибон ба беш аз 1040 нафар баробар аст. Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустии […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *