Гуфтугӯи миллӣ

ҲНИТ акнун нест. Баҳси диниву дунявият ҳам. Пас чаро ҳукумат бо нерӯҳои “безарар” сари мизи гуфтугӯ нашинад?

9 марти соли 1996 роҳбарони 30 ташкилоти ҷамъиятӣ Аҳднома дар бораи ризоият дар ҷомеаи Тоҷикистонро имзо карданд ва дертар он боис ба ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ  – як ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ гардид, ки ҷониби ҳукумат бо доштани он то ҳоло ифтихор дорад.

Аз ҷумла, чанде пеш котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятӣ, Нуралӣ Саидов дар матлабе бахшида ба 25 – солагии ин ниҳод дар як нашрияи ҳукуматӣ навишт, ки “бо гузашти солҳо маълум гардид, ки Шӯрои ҷамъиятӣ рисолати хешро дар ин муддати начандон тӯлонӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод ва ба неруи сиёсиву зеҳнии ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт. Шӯро ҳамчун ниҳоди бонуфузи сиёсӣ-иҷтимоӣ барои ба вуҷуд овардани фазои мусоид дар муколамаи ҳақиқии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дар амалисозии сиёсати давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва ризоияти ҷомеа, рушди демократия ва гуногунандешӣ саҳми арзишманд гузошт ва иҷрои ин вазифаи муҳимро идома хоҳад дод”.

Ин дар ҳолест, ки доир ба фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ, хоса дар солҳои ахир баҳсу баррасиҳо идома доранд ва аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки дар қолаби ин ниҳод баҳсҳои зиндаву доғи рӯз сурат намегирад ва нигоҳи интиқодӣ ҳам вуҷуд надорад.

Ба андешае, ки Нуралӣ Саидов розӣ нест:

Гуфтугӯи миллӣ
Нуралӣ Саидов

“Дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ танқид чизи муқаррарист, зеро узви Шӯрои ҷамъиятӣ роҳбарони ташкилотҳои бонуфуз, ашхоси саршиноси сиёсӣ – ҷамъиятӣ, олимону зиёиёни озодандеш ҳастанд, ки доир ба масъалаҳои мубрами ҷомеа фикру андеша ва мулоҳизаҳои худро доранд. Ба назари аввал чунин менамояд, ки созмонҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ҳокимияти давлатиро бо назардошти дарки субъективии худ танқид мекунанд: гӯё ҳадафи асосӣ ва бахши фаъолияти онҳо фақат аз танқид иборат бошад, вале дар аснои муколама аъзои шӯро кӯшиш мекунанд, ки аз доираи усули созанда, воқеъбинона ва одилонаи танқид берун нараванд ва ба иззати нафси шахсиятҳо нарасанд. Ба яқин интиқодҳои иброзшуда дар ин муколамаҳо ба манфиати таҳкими арзишҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мусоидат менамоянд. Ҳадафи интиқод фақат барои нуктагирӣ нест, мақсад аз он иборат аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бояд бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо амал намуда, нуқсу норасоиҳоро бо ёрии ҳамдигар бартараф намоянд”.

Ҳақ дар ин ҳолат ба ҷониби кист?

Шӯрои ҷамъиятии бидуни рақибони сиёсӣ?

Шӯрои ҷамъиятӣ дар замоне ташкил шуд, ки музокироти сулҳи байни тоҷикон бо даъвову баҳсҳои ҷиддӣ идома дошт. Ҳукумат барои нишон додани ҳамбастагиаш бо мардум 9 – уми марти соли 1996  Шӯрои ҷамъиятиро таъсис дод ва ҳадафи онро минбари гуфтугӯҳои ҷиддӣ унвон мекард.

Яъне бо ташкили ин ниҳод, он замон ҳукумат гӯё ба мардуми дохилу хориҷ паём додан мехост, ки бо созмону аҳзоби сиёсии дохили кишвар дар ҳоли гуфтугӯст ва байни онҳо ҳеч ихтилофе дар миён нест. Ин дар замоне буд, ки анқариб як миллион шаҳрванди Тоҷикистон хориҷ аз кишвар ва ағлаб дар Афғонистони ҷангзада буданду ба онҳо намояндагони аҳзобу созмонҳои сиёсие чун наҳзати исломӣ, демократ, “Растохез”, “Лаъли Бадахшон” ва дигарон роҳбарӣ мекарданд.

Дуруст, он вақт, хабарҳое ҳам паҳн гашт, ки Ҳизби демократ бо роҳбарии Аъзам Афзалӣ ном шахс дар Душанбе фаъол шудааст. Ин боис ба як баҳси гарми намояндагони ҳукумат бо мухолифони сиёсӣ – низомиаш гашт, ки акнун аз музокирот сӯҳбат мекарданд. Дар охир ҳукумат маҷбур шуд, ба сифати Ҳизби демократ маҳз нерӯеро бипазирад, ки дар сафи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҷумъабой Ниёзов қарор доштанд.

Ба таври дигар, ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ ба замоне рост меомад, ки дар маҷмӯъ ҳукумат дар дохил бидуни рақобат ва рақибони сиёсӣ амал мекард. Ҳизби коммунистро, ки ягона нерӯи сиёсии қавии кишвар дониста мешуд, мухолифи ҳукумат гуфтан имкон надошт. Ҳизби ҳокими имрӯз, яъне ҲХДТ он замон аз имконоте, ки ҳоло дорад, бархӯрдор набуд. Ин пас аз соли 2004 – 2005 буд, ки ин ҳизб “ҷои худро ёфт”. 

Гуфтугӯи миллӣ
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, акси радиои Озодӣ, соли 2014

Дар чунин шароит таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ки рукни асосии ҷомеаи шаҳрвандиро ташкил менамоянд, аҳамияти муҳим дошт. Аз ин рӯ, дар радифи созмону иттиҳодияҳои гуногун ба вуҷуд омадани Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистонро коршиносон рӯйдоди бисёр арзишманд медонистанд.

Шӯрои ҷамъиятӣ беҳтар, ё машваратӣ дар назди Президенти Тоҷикистон?

Асоси ҳуқуқиву сиёсии Шӯрои ҷамъиятиро, ҳамон тавре дар асноди ин ниҳод омадааст, имзои Аҳдномаи ризоияти ҷомеа гузошт. Баъдтар, ба тақозои зарурат, муттаҳид намудани фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба миён омад. Зеро вазъияти сиёсӣ ва ҳалли масъалаҳои мураккаби истиқрори сулҳу субот фаъолияти якҷоя ва самараноки нерӯҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро талаб мекард. Инчунин дар Тоҷикистон иттиҳодияҳои зиёди мухталифе пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар он марҳалаи ҳасос ба ҳамоҳангсозӣ ниёз дошт.

Гуфтугӯи миллӣ
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон

“Рӯзи 21 феврали соли 1996 ман дар суханрониам дар назди роҳбарону намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шудани ҳамаи қувваҳои сиёсии ҷомеаи Тоҷикистонро беҳтарин василаи ваҳдату ягонагии кишвар номида, арз намудам, ки маҳз ҳамин иттиҳод қудрати ҳалли бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварамонро дорад. Аслан, ҳадафи асосии таҳияи Аҳднома аз мақсад ва вазифаҳои давлати навтаъсиси Тоҷикистон бармеомад. Маҳз ин ҳадаф тарафҳоро водор намуд, ки 9 марти соли 1996 ин санади муҳим ба имзо расонида шавад” – зикр намуда буд дар яке аз суханрониҳош президент Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамзамон мақсади асосии Аҳдномаро ба ташаккули ҷомеаи боадолати шаҳрвандии демократиасос, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон маънидод мекарданд.

Зимнан, бо гузашти 25 сол саволе пайдо мешавад, ки оё ин аҳдоф то куҷо бароварда шуданд? Бештар аз ин, оё мо гуфта метавонем, ки ризоияти комили аҳли ҷомеаро акнун дорем? Ё, агар надорем, пас чӣ бояд кард?

Пеш аз он, ки ба ин суолҳо посух дарёбем, бояд гуфт, Шӯрои ҷамъиятӣ ва фаъолиятҳои он ҳамеша аз нишебу фарозҳо пур буд. Бахусус, пас аз қариб ҳар интихоботи парлумонӣ то соли 2015, мо мешунидем, ки аҳзоби сиёсие назири наҳзати исломӣ, ки фаъолияташ он замон мамнӯъ набуд ва демократу ҳатто коммунист “қаҳр” карда, узвияти худро бозмедоштанд.

Масалан, соли 2005 Ҳизби коммунист пас аз интихоботи парлумонӣ эълон намуд, ки аз ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ берун мешавад. Рӯзе пас барои коммунистҳо чанд курсии вакилӣ пайдо шуду ин баҳс аз байн рафт. Соли 2011 Ҳизби демократ бо пахши муроҷиатномае гуфт, ки ин ниҳод дар шакли феълиаш интизориҳоро бароварда намесозад ва аз ин хотир зарурати табдили он аз сохтори ҷамъиятӣ ба Шӯрои машваратии назди Президент пеш омадааст. Аммо масъулини Шӯрои ҷамъиятӣ бо лаҳни тунд ба ин муроҷиат посух доданд ва гуфтанд, ки ин “нигоҳи тангназарона аст” ва ин ниҳод бояд дар ҳамин шакл боқӣ монад.

Вале ин танҳо ҲДТ набуд, ки дар бораи ислоҳи сохтории Шӯрои ҷамъиятӣ баҳсро ба вуҷуд овард. Пеш аз ин ҲНИТ ва Абдуғанӣ Мамадазимов низ ба сифати Раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон бо ҳамин маъно матлабҳо навиштанд. Аҳзоби сиёсии дигар, аз ҷумла Ҳизби сосиал – демократ, умуман узвияти ин Шӯроро надоштаву надоранд. Фаъолони ҷамъиятӣ ва бархе аз шахсиятҳои дигари матраҳ то ҳанӯз мегӯянд, бояд василаҳои мустақими гуфтугӯ бо мақомоти сатҳи олии мамлакатро пайдо намуд, чун ин корро Шӯрои ҷамъиятӣ карда натавонист.

3 ҳадаф барои манфиатҳои миллӣ

Баррасии ин мавзӯъ дар сӯҳбатҳои зиёд бо доираҳои таҳлиливу коршиносӣ чанд мавзӯеро ба миён овард, ки гуфтанашон, фикр мекунам, ба манфиати ҳамагон аст. Зеро вазъи имрӯзаи ҷаҳонӣ, бинобар сабаби ҳассос ва ғайриқобили пешгӯӣ будани он, тақозо дорад, ки ваҳдат ва ризоияти миллӣ дар кишвар боз ҳам тақвият дода шуда, ҳамчун абзори муттаҳидкунанда ва суботофар густариш ёбад.

Дар ин самт ба назар гирифтани нуктаҳои зеринро таҳлилгарон барои татбиқи ҳадафмандонаи манфиатҳои миллӣ мусоид медонанд:

1) Ҳифзи субот ва таҳкими амнияти миллӣ. Тезиси мазкур аз он ҷиҳат муҳим ба шумор меравад, ки имрӯз як қатор давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, ки дар ҳоли тақвияти давлатдории миллӣ қарор доранд, бо таҳдиду хатарҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Аз ин рӯ, танҳо суботи сиёсӣ ва таъмин будани амнияти миллӣ имкон фароҳам меорад, ки раванди тақвияти институтҳои давлатӣ бе мудохила идома ёбад. Ҳамчунин, хатарҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ низ зиёд гаштаанд, ки пешгирӣ накардани он барои миллат ва давлат таҳдиди ҷиддӣ меофарад;

2) Консепсияи рушди давлатдории миллӣ. Феълан дар ягон санади расмии Тоҷикистон истилоҳи “давлатдории миллӣ” ё “бунёди давлатдории миллӣ” дарҷ нагардидааст. Аммо дар матбуот ҳам мақомдорони давлатӣ ва таҳлилгарон низ ин истилоҳро зиёд истифода мекунанд. Аз ин рӯ, бо назардошти тезиси аввал, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки ин мафҳум ба ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ (масалан ба Қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Тоҷикистон) ворид гардад. Зеро танҳо давлатдории миллӣ имкон медиҳад, ки ормонҳои миллати тоҷик барои бунёди давлатдории некӯаҳволии умум амалӣ гарданд. Дар ин самт, махсусан муҳим аст, ки бо ҷалби доираи васеи коршиносон ҳамин консепсия таҳия гардида, барои мардуми кишвар пешниҳод шавад. Дар доираи ин консепсия муайян намудани идеяи миллӣ, яъне идеяи марказии давлатдорӣ низ имконпазир мебошад;

3) Рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ. Таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки ба ҳам омадани мардум, густариши ризоият ва ваҳдати сартосарии миллӣ аз рушди ғояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагӣ дорад. Имрӯз ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, бинобар сабабҳои хос вазифаи аслии худро амалӣ карда наметавонад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рушди ин ғоя дар кишвар аз он ҷиҳат муҳим аст, ки дараҷаи тафаккури истеъмоливу истеъмориро ба поён бурда, рушди инфиродӣ ва консептуалии шахсро дар кишвар таъмин менамояд.

Бештар аз ин, бояд ба назар гирифт, ки феълан дар тамоми дунё, аз ҷумла Тоҷикистон насли наве ба вуҷуд омадааст, ки барояшон шояд мафҳумҳое мисли “Истиқлолият”, “Ҳуввияти миллӣ”, “Урфу одат” ва ғайра муҳим набошад. Манофеи лаҳзавӣ барои онҳо муқаддамтар ба назар мерасад. Албатта чунин ҳолат, тавре аз таърих бармеояд, танҳо хоси Тоҷикистон ва кишварҳое мисли он нест.

Гуфтугӯи миллӣ
Ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, акси радиои Озодӣ, соли 2014

Вақте дар кишварҳо тарс аз мардуми худ вуҷуд надорад…

Ин фақат Тоҷикистон нест, ки бо чунин мушкилот рӯ ба рӯ аст. Аз ҷумла, давлатҳои пешрафтаву абарқудрат низ чунин мушкилотро доштанд. Аммо ҳар гоҳ бо наҳваҳои гуногун аз ин ҳолат баромаданд. Масалан, бо тақвият додани сиёсати хориҷӣ ва таҳдиди хатари берунӣ. Ағлаби кишварҳои ғарбӣ аз рӯи ин модел кор мекунанд.

Масалан, сиёсат ва интихоботҳои ИМА то замони Трамп нишон медиҳанд, ки барои интихобкунанда назар ба масоили дохилӣ бештар масъалаҳои сиёсати хориҷӣ муҳимтаранд. Зеро давлат низоми хоси давлатдории худро сохт, ки дар он масъалаи интиқоли қудрат асосӣ нест. Ин низом чунин тартиберо муқаррар кардааст, ки як ё ду дафъа ҷумҳурихоҳони “хашин” ба қудрат меоянд ва баъди онҳо демократҳои “нарм”, то ба ин васила сиёсатҳои қудратхоҳонаи кишварро дар дохил ва аслан ҷаҳон побарҷо гузоранд.

Эрони исломӣ низ тақрибан ҳоло аз рӯи ин модел кор мекунад.

Русия бо ҳама чолишҳое, ки дорад, ҳоло ҳам рӯҳияи эътирозии шадидро рӯ ба рӯ нашудааст. Зеро аксари мардуми ин кишвар на танҳо мехоҳанд, ки ватанашонро абарқудрат бубинанд, балки шоҳид мешаванд. Ин воқеият аст, ки Кремл дар сиёсатҳои ҷаҳон то ҳанӯз ҳарфи устувори худро гуфта метавонад. Ин барои ризояту ваҳдати мардум бисёр корсоз аст.

Бо ин ҳама, дар ин кишварҳо тарс аз мардуми худ вуҷуд надорад ва то ҷое ин имконро фароҳам меоранд, ки ҳама баҳсҳо бидуни тарсу фишор сурат бигиранд. Ин ҳолат эҳсоси ватандӯстии одамонро бештар ва масъулиятнокии онҳоро афзоиш медиҳад…

Ҳар кишвари қавӣ як иттифоқчӣ дорад: мардумаш!

Бале, њар кишвари қавӣ як иттифоқчӣ дорад: мардумаш. Аммо дар кишварҳое мисли Тоҷикистон масъала дигар аст. Чӣ ҷои пинҳон кардан, мо нерӯи тавонмандии мубориза бо ҳамаро надорем. Манзур кишварҳои дуру наздикест, ки бо онҳо маҷбурем дар ин ё он доира ҳамкор бошем. Аммо чӣ ҳол дорем?

Қирғизистон бо Тоҷикистон равобити хубе ба хотири ҳал нашудани масоили марзӣ ва шояд далоили дигари фошнашуда надорад. Ё шояд аз масоили марзӣ кишварҳои дигари абарқудрат ба нафъи худ суистифода  кардан мехоҳанд.

Ҳамсояи ҷанубӣ ва асосии мо Афғонистон, ки бо он анқариб 1500 км сарҳад дорем, ҳамоно амн нест ва замони бозгашти амният ба ин кишвар маълум нест. Он манбаъи бузургтарини хатар боқӣ мемонад.

Чинро таҳлилгарон намои барҷастаи як гуна хатари пинҳон ва “экспансияи хазанда”, бамаротиб бадтар аз душманиҳои ошкор меҳисобанд.

“Шарики стратегӣ”-ро аз муносибате, ки бо василаи зиндаи фишор – муҳоҷирини тоҷик дар Русия дорад, метавон фаҳмид, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон хуш нест ва тақозоҳое дорад, ки бароварда нашудаанд.

Аз Амрикову Аврупо Душанбеи расмӣ солҳост, ки эҳтиёт мекунад. Амалан саркӯб шудани ҷомеаи шаҳрвандӣ посухи бармалои Ҳукумати Тоҷикистон ба сиёсатҳои хориҷии Амрикову Аврупост, ки аз нигоҳи ҳукумат таҳти шиорҳои рушди демократия ва озодиҳои инсонӣ пиёда мешаванд. Сиёсати “исломдӯстӣ” – и Амрико, ки решаҳои густариши терроризм ва тақвияти гуруҳҳои террористї дар минтақаро қавӣ кардааст ва ҳам паноҳ додани мухолифини сарсахти Ҳукумати Тоҷикистон дар Олмон (назири ҳамон ҲНИТ, “Гуруҳи 24” ва дигарон) – муҳимтарин кишвари Иттиҳоди Аврупо,  низ далели дигари бархӯрди манофеи ҷонибҳост.

Яъне мо бояд хуб донем, ки  ҳеч кадоме аз кишварҳоро дӯсти сахт содиқ ва душмани ашаддӣ гуфта намешавад. Ин аксиомаи барвақт маълум аст: кишварҳои қавӣ танҳо як иттифоқчӣ ва он ҳам мардумашонро доранд.

Пас машварату гуфтугӯ бо ин иттифоқчии табиӣ шарти асосист!

Воқеан, бо канор шудани ҲНИТ аз саҳнаи сиёсӣ гӯё баҳси диниву дунявият, ки барои ҳукумат ҳанӯз аз замони музокироти сулҳ ҷиддӣ буд, аз байн рафт. Дар дохил танҳо нерӯҳои ба истилоҳ “безарар” боқӣ мондаанд. Ҳаводиси чанд соли ахир ҳам нишон дод, ки мардум ягон нерӯи фурсатталабу ҷангҷӯро қабул надорад. Пас чаро бо онҳо набояд сари миз нишаст?

Акнун, ки дар муҳити сиёсии Тоҷикистон ва берун аз он нерӯҳои нави сиёсӣ ва берун аз низом шакл мегиранд, як – як чеҳраҳои ҷавону нерӯманд ва созмонҳои гуногун рӯ мезананд, ҷалби онҳо ба қолаби қонунии фаъолият шарти ризоияти миллӣ хоҳад буд. Такя ба ассотсиатсиаҳои гуногун, созмонҳои ақаллиятҳои миллӣ, ташкилотҳои нафақахӯрон ва ғайраву ҳоказо, ки аксарияти кулли Шӯрои ҷамъиятианд, албатта хуб аст, вале нодида гирифтани нерӯву созмонҳои нави пурэнержӣ салоҳи кор нест.

Дар робита, пурсида мешавад, оё замони ислоҳоти ҷиддии Шӯрои ҷамъиятӣ пеш наомадааст?

Чаро ин дафъа низ мо пештар аз Маскаву Остонаву Киев набошем, чун таъсиси Шӯрои ҷамъиятӣ дар муҳити пасошӯравӣ иқдоми нахустин ба ҳисоб мерафт?

Ин саволҳои муҳимтарини имрӯзу фардои мост. Бовар дорем, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ сари ин масоил баҳси бештареро ба миён меоранд.

Раҷаб Мирзо

Оцените статью:

Гуфтугӯи миллӣ ҲНИТ акнун нест. Баҳси диниву дунявият ҳам. Пас чаро ҳукумат бо нерӯҳои “безарар” сари мизи гуфтугӯ нашинад? 9 марти соли 1996 роҳбарони 30 ташкилоти ҷамъиятӣ Аҳднома дар бораи ризоият дар ҷомеаи Тоҷикистонро имзо карданд ва дертар он боис ба ташкили Шӯрои ҷамъиятӣ  – як ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ гардид, ки ҷониби ҳукумат бо доштани он то […]
4 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *