Ҳикмат ва моҳияти хушбахтӣ кадом аст?

Ҷомеашиносон барои таҳқиқи сатҳи хушбахтӣ дар ҷомеаҳо беш аз 80 ченаку омилро ба кор мебаранд. Бо дарназардошти он ки чунин таҷрибаҳо аз усули якченакаи Дюркгейм оғоз ёфтаанд, ба назар менамояд, ки муҳаққиқони муосир бахтро то зарраи хурдтарин омўхтаанд ва торафт дар ин масъала ба ҳақиқат наздиктар мешаванд. Вале воқеият ин аст, ки на ҳама вақт миқдор натиҷаи дақиқро таъмин менамояд.

Бахт мувофиқи Дюркгейм

Бигўем, мувофиқи усули зикршудаи ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дюркгейм, ки ҳанўз дар оғози асри гузашта андоза кардани бахтро дар асоси нишондиҳандаи ҳузнангезе мисли теъдоди худкушиҳо ба сари ҳар 100 000 аҳолӣ пешниҳод намуда буд,  Тоҷикистон (3,3 худкушӣ сари 100 000 аҳолӣ, бино ба маълумоти СҶТ ба ҳолати охири тобистони 2020) дар бистгонаи кишварҳои хушбахттарин, дар иҳотаи кишварҳои араб – Арабистони Саудӣ (3,4), Алҷазоир (3,3), Тунис, инчунин Ливан (3,2) ҷой мегирифт.

Дар ин ҳол ҳамсояҳои ҳамминтақаи мо аз Ўзбекистон (7,4) ва Қирғизистон (9,1) хеле аз мо ақиб мондаанд. Қазоқистон бо нишондиҳандаи ба маротиб бадтари 22,8  умуман дар даҳггонаи охир ҷой гирифтааст. Аммо вазъ дар Русия аз он ҳам яъсовартар аст: бо 26,5 худкушӣ ин кишвар мавқеи аз охир 4-умро ишғол менамояд. Аз Русия поинтар танҳо Гренландия (28,3), Гайана (30,2) ва Лесото (28,9) ҷой гирифтаанд.

Пешсафони раддабандӣ сокинони галаҷазираҳои офтобие, монанди Барбадос ва Багам, инчунин Қувайт, Сирия ва Озарбойҷон мебошанд.

Вале, ҳарчанд вобастагие миёни теъдоди чунин ҳодисаҳо ва эҳсоси хушбахтӣ бешубҳа вуҷуд дорад, усул яқинан саҳеҳ нест. Мавқеи баланди Сурияи ҷангзада гувоҳи ин аст.

Аз туркҳову русҳо хушбахттарем?

Имрўз барои чен кардани сатҳи хушбахтии аҳолӣ зиёд усулҳои саҳеҳтар коркард ёфтаанд, ки дар заминаи онҳо созмонҳои муътабари иҷтимоӣ таҳқиқот доир мекунанд. Яке аз бонуфузтарини онҳо раддабандиест, ки ҳарсола дар чорчўбаи лоиҳаи «Шабакаи тасмимҳо баҳри рушди устувор»-и СММ тартиб дода мешавад. Он ба ченаку омилҳои хеле бештар такя мекунад: инҷо ҳам сатҳи ММД ба сари аҳолӣ, ҳам дарозумрии эҳтимолӣ, ҳам мавҷудияти озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳам эҳсоси бехатарӣ ва боварӣ аз рўзи фардо, суботи оилавӣ, кафолати шуғлмандӣ, сатҳи фасоду бисёр омилҳои дигар ба эътибор гирифта мешаванд. Ва ҳатто баъзе нишондиҳандаҳои ғайримустақим аз қабили сатҳи эътимод, ҳимматбаландӣ ва саховатмандии мардум  низ.

Дар ин раддабандӣ мавқеи Тоҷикистон дигар, тақрибан дар мобайн аст: 71-ум дар байни 153 кишвар. Ҳамсояҳоямон Ўзбекистон (38-ум), Қазоқистон (50-ум) аз мо болотаранд, Қирғизистон андак ақиб мондааст (74-ум). Дар садри  рўйхат Финляндия, Дания ва Швейтсария ҷойгиранд, аз ҳама поён ҳамсояи дигари мо – Афғонистони пурозор аст, ки фаҳмосту қобили қабул.

Аммо тоҷикистонии одӣ метавонад ба саҳеҳии раддабандӣ дар ҳоле шубҳа намояд, ки Русияро ду сатр поинтар аз худ мебинад. Ва чун назараш ба Туркияи бошиддат рушдкунанда, даъвогари сарварӣ дар минтақа, бо иқлими курортӣ дар ҷойи 93-юм меафтад, шубҳааш авҷ мегирад. Ин кишварҳо даҳҳо карат аз мо сарватмандтару рушдкардатаранд, дар сиёсати минтақаҳою ҷаҳон таъсири назаррас ва гоҳо ҳалкунанда доранд, аз зарфиятҳои онҳо дар соҳаҳои дигар ҳоло намегўем. Садҳо ҳазор тоҷикистониён ба сарзаминҳои мазкур дар ҷустуҷўйи рўзӣ мераванду ормони онҷо маскун шуданро дар дил мепарваранд. Чӣ тавр онҳо метавонанд аз мо «бадбахттар» бошанд?

Ҳикмат ва моҳияти хушбахтӣ кадом аст?

Назаре ба ҷузъиёт

Назаре ба натиҷагириҳо аз рўйи нишондодҳои ҷудогонаи таркибии раддабандӣ аён мекунад, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои демократия, озодии матбуот, эҳсоси коррупсия, инкишофи технологияҳои иттилоотӣ-иртиботӣ, сатҳи шукуфоӣ, дарозумрии эҳтимолӣ ва ғ. ҷиддан аз Русия ва Туркия қафо мемонад. Аз лиҳози рушди ҳукумати электронӣ (ФР- 36-ум, Туркия – 53-ум, Тоҷикистон – 133-ум), шохиси рушди захираҳои инсонӣ (мутаносибан 49, 59, 125) тафовут миёни мо, тавре мебинед, ниҳоят калон аст. Вале ҶТ дар бандҳое, аз қабили хароҷоти соҳаи маориф, ки ба ҳисоби дарсад аз маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ҳисоб карда мешавад, (Тоҷикистон – 54-ум, Россия – 120-ум, Туркия – 158; дар омади гап, ИМА 67-ум аст) ва хароҷоти тандурустӣ, ки низ ба ҳамон тарз ҳисоб мешавад (ҶТ- 71, ФР- 121, Туркия-149), ин бохтро ҷиддан ҷуброн мекунад.

Ҳамчунин мо дар қиёс бо ду кишвари номбурда дар нишондоде чун сулҳхоҳӣ, ки сатҳи амният, ҷалб будан ба низоъҳо ва хароҷоти ҳарбии кишварро ба эътибор мегирад, хеле болоем: мавқеи 107-ум дар муқобили 150-уми Туркия ва 154-уми ФР.

Вале бартарии аз ҳама калонро Тоҷикистон дар пурсише ба даст овард, ки сатҳи қаноатмандии аҳолиро аз зиндагӣ муайян мекард. (Бояд тазаккур дод, ки нишондиҳандаҳои иқтисодӣ инҷо ба назар гирифта намешуданд.) Ақидаи сокинон ба Тоҷикистон имкон дод, ки мавқеи баланди 25-умро дар ҷаҳон ишғол намояд, дар ҳоле Туркия аз ин нигоҳ 68-ум аст ва Россияро эҳсоси субъективии хушбахтии аҳолияш ба ҷойи 116-ум партофтааст.

Ба ифодаи дигар, бар хилофи бартариҳои зиёди ин ду кишвари бонуфуз дар иқтисодиёту иҷтимоиёт ва соҳаҳои дигар, мардуми мо худро хушбахттар эҳсос мекунанд.

Пас бахти мо дар чист?

Тоҷикистон – дуюм дар ҷаҳон

Соли гузашта маркази бонуфузи омўзиши афкори ҷомеа «Gallup» бо такя ба натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ дар 142 кишвари олам, Тоҷикистонро аз ҷиҳати сатҳи бехатарӣ ба ҷойи дуюм дар ҷаҳон (!)  гузошт (имсол ҳам, бояд гуфт, дар даҳгонаи беҳтаринҳоем). Муаллифони таҳқиқот хабар медоданд, ки аз 1000 сокини пурсидашудаи Тоҷикистон ба суоли «оё вақти сайругашти шабона эҳсоси бехатарӣ доред?» посухи мусбат додаанд.

Ва воқеан чунин аст – мо худро дар деҳоту шаҳрҳои кишвар дар хатар эҳсос намекунем. Ин натиҷа ҳадди ақал ҳайратовар аст, агар ба хотир орем, ки вазъ дар мо дарҳол пас аз ҷанги шаҳрвандӣ чунин устувор шуд. Оре, инҷо дар навбати аввал таъсири чораҳои дар сатҳи давлат андешида дида мешавад. Лекин майли худи халқро ба ҳаёти осуда, дар сулҳу муросо ва шароити эҳтиром ба якдигар зистан низ сарфи назар кардан намешавад. Шояд ин яке аз ормонҳои асосии миллии мо бошад – ормони ҳамзистии орому осоишта.

Ҳикмат ва моҳияти хушбахтӣ кадом аст?

«Одоб», яъне фарҳанги шахсӣ

Волидон барои таъмин кардани фарзандон мекўшанд, фарзандон ба воя расида, ба даст овардани розигии волидонро орзу мекунанд. Албатта, зиндагӣ бе камбудӣ намешавад: ихтилофҳои маишӣ, бархўрди «наву кўҳна» кам нест – бигирем, барои мисол, давраеро, ки ба хонадон арўс меояд. Вале, сарфи назар аз ҳама ихтилофу душвориҳо, эҳтиром нисбати калонсолон, амал барои бахти пайвандон барои тоҷикистониён асоси рафтору кирдор боқӣ мемонад.

Ҳурмати атрофиён низ муҳим аст. Барои ба он ноил шудан қабл аз ҳама одоб, яъне фарҳанги шахсӣ лозим аст. Ва агар дар баробари ин мард аз нигоҳи касбу кор ва молия комёб бошад, иловатан, мусулмони дуруст бошад, ҳамсараш аз ў розӣ, фарзандонаш боодобу доно бошанд, ҳурмати атрофиён насибаш мешавад. Гуфтан метавон, ин ҳама мақсадҳое ҳастанд, ки, бо баъзе истисноҳо, ҳар сокини кишвари мо сўяшон ҳаракат мекунад. Ва ҳамин муайянии мақсад ҳам ўро аз нооромии барзиёд ва душвориҳои интихоб озод мекунад.

Дар мавриди зан низ чиҳатҳои боло муҳимманд, вале барояш танҳо нигаҳбони хонадон, модару ҳамсари хуб будан ҳам кофист, ки ба эҳтироми баробар лоиқ бошад.

Боз чӣ? Оё шумо боре, масалан, дидаед, ки ҷавонписарони мо бо омодагӣ ҷояшонро дар нақлиёт ба калонсолон ва духтарон медиҳанд ва пасон духтарон ғамхорона борҳои дасти одамони ношиносро рўйи зонуҳо мегиранд, то рост истодан барояшон роҳаттар шавад. Боз дар куҷо чунин амалро дидан метавон? Оё ин ҳамон ҳиммати баланде нест, ки эҳсоси субъективии хушбахтиро, ба андешаи муҳаққиқони «Шабакаи тасмимҳо баҳри рушди устувор», зиёд мекунад?

Сиҳатӣ

Мо чандон ғамхори сиҳатиамон нестем. Танҳо замоне, ки бемор мешавем, саломатӣ ба ёдамон меояд. Дар кўчаҳо мардони тануманду варзишгарро кам дидан мумкин аст, вале дар баробари ин фарбеҳону гирифторони ҳаргуна вобастагиҳои зиёноварро бо чеҳраҳои касалманд низ зиёд намебинед: тоҷикон аксаран шикампараст нестанд, серҳаракатанд, машрубот наменўшанд ё кам истеъмол мекунанд, истеъмоли маводи мухаддири вазнин дар мо тақрибан решакан карда шудааст. Сулфаи тамокукашонро ҳам ками дар кам метавон шунид – мардон бештар тамокуи миллии носро истеъмол мекунанд, ки зоҳиран, бе таҳлили тиббӣ гўем, ба сиҳатӣ зарари камтар мерасонад – ба сулфаю мушкили нафасгирӣ сабаб намешавад.

Дар ин баробар дар Тоҷикистон низомҳои тандурустӣ ва таҳсилот ҳифз шуда, то андозае инкишоф дода ҳам шудаанд – ин ҳам дар эҳсоси некўаҳволии мо инъикос меёбад. Ҳатто бо он, ки ба фарқ аз замонҳои сотсиалистӣ, алъон қисме аз хизматрасониҳо дар ин соҳот пулакӣ шудааст, дар маҷмўъ онҳо дастрас боқӣ мемонанд.

«Чақ-чақ»

Боз як мушоҳидаи хос. Меҳмон аз Украина муддати тўлонӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, бо андак сарзаниш гуфт: «Ба шумо фақат чақ-чақ бошад!» Ў суҳбатҳои тўлонии моро аз ину он дар назар дошт, ки, ба андешааш, моро аз корҳои муҳимтар дур мекунанд. Аммо барои тоҷик алоқаҳои иҷтимоӣ – бо хешовандон, ҳамсояҳо, дўстон муҳимманд. Ин як ҷузъи таркибии ҳаёти ўст ва «чақ-чақ» усули барқарор намудану устувор доштани онҳост. Илова бар ин, «чақ-чақ» як навъ медитатсия, роҳи баровардани ғубори дил ва расидан ба оромист. Яъне он ҳам ҷузъе аз оромии шахсӣ ва эҳсоси хушбахтӣ аст.

Формулаи ормонӣ

Умуман, мушкилоти тоҷикистониён кам нестанд. Бигирем масъалаи шуғлмандиро. Бисёр касон маҷбур мешаванд, ки берун аз кишвар кор кобанд. Дар ҳоле боваре вуҷуд дорад, ки тоҷик пайванди сахт ба ватан дорад ва ҷудо аз он наметавонад худро хушбахт ҳис кунад. Вале тавре таҷриба нишон медиҳад, мардум ба ҳастӣ дар ду кишвар омўхт мешаванд. Бо вуҷуд, агар пурсишҳои ҷомеашиносон муҳоҷиронро фаро мегирифтанд, аз эҳтимол дур нест, ки нишондиҳандаҳои хушбахтии мо поинтар мебуданд.

Аммо агар зиндагӣ мушкил ояд, ба душворию ноадолатие дучор оем, ки тавони муқовимат карданашро надошта бошем, мо ҳамеша бо худ «формулаи шукрона» – такя ба Худованд, шукр аз Ў ва қабули ҳар душвориро дорем. Дуову сабр мекунем, миёни кор мебандем ва бо итминоне зиндагӣ мекунем, ки ҳамааш ҳатман хуб мешавад.

Мухтор ОЛИМ

Оцените статью:

Ҳикмат ва моҳияти хушбахтӣ кадом аст? Ҷомеашиносон барои таҳқиқи сатҳи хушбахтӣ дар ҷомеаҳо беш аз 80 ченаку омилро ба кор мебаранд. Бо дарназардошти он ки чунин таҷрибаҳо аз усули якченакаи Дюркгейм оғоз ёфтаанд, ба назар менамояд, ки муҳаққиқони муосир бахтро то зарраи хурдтарин омўхтаанд ва торафт дар ин масъала ба ҳақиқат наздиктар мешаванд. Вале воқеият ин аст, ки на ҳама вақт […]
5 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *