Фарзандони деринтизор

Дар Тоҷикистон ҳатто он занҳое имкони ба дунё овардани тифлро доранд, ки кайҳо боз мунтазири ин муъҷиза буданд, вале бо сабабҳои гуногун шарафи модарӣ насибашон намегардид

Инак, 10 сол боз дар Тоҷикистон истифодаи технологияи репродуктивии ёридиҳанда, ба ибораи маъмул- «бордоркунии сунъӣ» иҷозат дода шудааст. Дар Рўзи ҷаҳонии эмбриолог, ки дар тамоми дунё 25 июл ҷашн гирифта мешавад, “Nukta.tj” қарор дод таҳлил намояд, ки мафкураи мардуми мо ва эътиқодоти динии онҳо чӣ гуна ба интихоби бордоркунии сунъӣ таъсир мерасонанд, то куҷо он дар кишвари мо бехатар ва дастрас аст. Суоли дигар ин буд, ки ғайр аз ҷуфтҳои безурёт боз кӣ метавонад ба ЭКО (усули сунъии бордоркунӣ берун аз ҷисми зан) умед дошта бошад.

Ҳанўз соли 2002 парлумони Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки ЭКО-ро иҷозат медиҳад. Ин усули бордоркунӣ дар шароити лаборатория дар тамоми ҷаҳон 40 сол боз дар истифода аст ва ягона роҳи ба бахти фарзанддорӣ расидан барои бисёр ҷуфтҳои ноумедгаштае мебошад, ки наметавонанд бо усулҳои табиӣ ба мақсад бирасанд.  Мувофиқи омор, дар тамоми олам 8-12% оилаҳо безурётанд, ба бисёр аз онҳо усули ЭКО метавонист мадад расонад. Аммо ҳатто он ҳам на ҳама вақт натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Илова бар ин, на ҳама имкони пардохт кардани арзиши гарони ин хизматрасониро доранд.

Комёбии аввалин

Аз соли 2010 дар Душанбе Маркази тиббии «Насл» амал мекунад, ки муассисаш яке аз мутахассисони варзидаи кишвари мо Шамсидддин Қурбонов мебошад. Нахустин натиҷаи мусбати бордоркунии сунъӣ дар кишвар низ бо талошҳои мутахассисони ин марказ ба даст омадааст: соли 2013 дар ин муассиса дугоник ба дунё омад.

– Бачаҳо комилан солим таваллуд шуда буданд,- ба хотир меорад Шамсиддин Қурбонов. – Аввалин кўшиши бомуваффақияти ЭКО-ро дар кишвар амалӣ карда, ашки шодӣ рехта будам. Самаранокии барномаҳои мо он замон на беш аз 30% буд, бо вуҷуди ин, мо тавонистем ба ҳадаф бирасем.

Муносибати дин ба ЭКО

Баъди «аз найчашиша» таваллуд шудани кўдакон дар соли 2013, Маркази исломии Тоҷикистон фатво содир кард, ки мувофиқи он ҷуфтҳо ба шарте ҳуқуқи тавассути бордоркунии сунъӣ фарзанд ба дунё оварданро доранд, ки никоҳи шаръӣ дошта бошанд. Ҳамчунин фатво шарти истифода аз нутфаи танҳо шавҳари занро зикр намудааст: истифода аз маводи донорӣ қатъиян манъ аст.

Илова бар ин, агар зан ҳомила шудан натавонад, ба шавҳар иҷозат дода намешавад, ки барои бордоркунӣ тухмҳуҷайраи зани дигарро истифода кунад. Барои ин ў бояд занеро, ки тухмҳуҷайраи ў барои бордоркунӣ истифода мешавад, ба никоҳи худ дарорад. Ин ба онҳое ҳам дахл дорад, ки ба модарии суррогатӣ эҳтиёҷ доранд: марде, ки нутфаи ў барои бордоркунӣ истифода мешавад, вазифадор аст бо модари суррогатӣ никоҳ кунад.

Тавре сардори шуъбаи фатвоҳои Маркази исломӣ Ҷамолиддин Хомушӣ қайд намуд, аз рўйи ин масъала то имрўз ҳеҷ фатвои нав содир нашудааст. Уламо ҳамон дастуреро риоя мекунанд, ки соли 2013 қабул гардида буд ва ақидаи ягонаи фақеҳон дониста мешавад.

Чун мардуми мо аз рўйи имкон кўшиш мекунанд фармудаҳои исломро риоя намоянд, гуноҳ дониста шудани баъзе навъҳои ЭКО душворӣ ба миён меорад, гарчанде, тавре Шамсиддин Қурбонов мегўяд, моҳияти амали бордоркунии сунъии экстракорпоралӣ (берун аз ҷисм) иборат аз ба даст овардани тухмҳуҷайраҳои пухтарасида аз тухмдони зан ва бордор кардани онҳо бо нутфаи мард аст. «Дар 85% ҳолатҳо тухмҳуҷайраҳои худи ҳамсарон ба кор бурда мешаванд. Агар  пас аз 5-6 кўшиш мо натиҷаи мусбат ба даст наорем, танҳо он вақт бо розигии ҳарду ҳамсар аз ҳуҷайраҳои донор истифода мекунем. Ва донорро ҳам бояд худи ҳамсарон биёранд».

Бо назардошти ин бисёр касон то ҳанўз ба ЭКО ва дар маҷмуъ ба технологияҳои ёридиҳандаи репродуктивӣ бо шубҳа менигаранд, ҳарчанд ин технологияҳо аллакай ба ҳазорҳо оилаҳо бахти фарзанддориро ҳадя кардаанд.

Усулҳо гуногун, аммо меҳр ба кўдак як аст

Фарзандони деринтизор

Мастура (ном тағйир дода шудааст) ҳам модари тифле «аз найчашишаи лабораторӣ» аст. Ў низ ин мавзуъро ҳассос мешуморад, аз ин рў сараввал ба мусоҳиба розӣ нашуд.

– Эҳтимол, дар оянда ин вазъ тағйир меёбад, аммо имрўз, бо вуҷуди он ки асри 21 аст, хешовандони ман дар хусуси ЭКО иттилооти кофӣ надоранд, аз ин сабаб ба он муносибати кунҷкобонаю ҳамзамон манфӣ зоҳир мекунанд. Ман кўшиш менамоя дар ин бора гап накушоям, онҳо фикр доранд, ки фарзандони ман бо роҳи табиӣ ба дунё омадаанд,- мегўяд ў ва идома медиҳад:

 -Росташро гўям, барои ман ва шавҳарам ба ин қарор омадан осон набуд. Хусусан шавҳарам ҳеҷ намехост дарк кунад, ки дар доираи ин барнома танҳо ҳуҷайраҳои ҷинсии худи ҳамсарон ба кор бурда мешаванд. Аммо кўшишҳои 12-солаи бенатиҷаи мо дар роҳи фарзанддоршавӣ дар ниҳоят ўро ба истифода кардан аз ин имконияти падаршавӣ водор намуданд ва ин мушкил дар оилаи мо ҳалли худро ёфт.

Бо ёрии ЭКО ман ду тифл таваллуд кардам. Фарзанди деринтизори калониямон Амина соли 2015 ба дунё омад. Ў духтарчаи хушрўяку боақл аст. 4 сол пас мо боз ба ин амал тасмим гирифтем ва соҳиби боз як духтарча шудем. Вақте Осияи хурдакак 6-моҳа шуд, ногоҳ маълум гардид, ки ман боз ҳомила шудаам. Акнун бо усули табиӣ. Бахти ман ҳадду канор надошт, аз ин сабаб заррае ҳам шубҳа накардам, ки таваллуд кунам ё не, ҳарчанд мефаҳмидам, ки нигоҳубини ду кўдаки хурд бароям чӣ андоза душвориҳо хоҳад дошт.

Имрўз Мастура ва шавҳари ў волидони хушбахти писар ва ду духтар мебошанд, ки бо усулҳои мухталиф ба дунё оварда шуданд, лекин ҳамаи онҳо комилан баробар дўстдошта мебошанд.

Ин ҷуфт ҳарду духтари худро аз кўшиши аввали ЭКО ба дунё овард. Вале қаҳрамони дигари мо Руҳафзо бо шавҳараш 8 маротиба ба ин усули замонавии тиббӣ муроҷиат карда, муваффақ нашуданд.

«То ба мақсад расидан ЭКО мекунам»

Дар хусуси ЭКО Руҳафзо ҳеҷ тарсу шубҳа надошт. Ў 4 сол фарзанддор шуда натавониста, дар 26-солагӣ ба чунин қарор омад.

– Ҳамаи атрофиёни ман ёдрасам мекарданд, ки вақт рафта истодааст, кай кўдакдор мешавӣ? Дар Тоҷикистон нав Маркази тиббии «Насл» ифтитоҳ ёфта буд, хизматрасонӣ хеле нархи гарон дошт, лекин азбаски ман даромади хуб доштам, аз ҷиҳати молиявӣ метавонистам инро ба худ иҷозат бидиҳам. Албатта, ман фикр намекардам, ки кор ин қадар тўл мекашад. Тайи ин солҳо ман аз ин барнома дар кишварҳои дигар низ истифода кардам, вале ҳашт соли пур аз ташвишҳо ҳеҷ натиҷае надод. Дар ин байн танҳо як бор ҳомила шудам. Ин замони кўшиши шашуми ҷанингузаронӣ рўй дод, вале, мутаассифона, дар ҳафтаи 8-ум ҳомилагӣ қатъ шуд.

Ин хабари мудҳишро Руҳафзо хеле вазнин паси сар кард, зеро он замон аллакай ҷинси кўдакро медонист:

– Бо вуҷуди ин, худи он ки ман ҳомила шудам, ба дилам умеди азимеро ҷой додааст ва аз ҳолати афсурдаруҳӣ баромада, ман боз ба табобат шуруъ кардаму то ҳанўз онро идома медиҳам. Ин ҳама стимулятсияҳо ба организми ман бетаъсир намегузаранд. Дастгирии аҳли хонавода, махсусан шавҳарам аст, ки аз ин роҳи душвор пас намегардам. Барои худ қарор додаам, ки то ба мақсад нарасам, чанд боре лозим шавад, ЭКО мекунам. Ягона чизе, ки метарсам, он аст, ки аз сабаби стимулятсияҳои батакрор, тавре бисёриҳо мегўянд, пиршавӣ ва климакси пеш аз муҳлат рух дода метавонанд. 

Дар давоми солҳои кўшишҳо Руҳафзо барои табобат ва ЭКО маблағҳои хеле зиёдро сарф намуд, ҳатто лозимаш омад, ки аз бисёр зару зевари гаронбаҳо, сафару саёҳатҳо даст кашад – тамоми пулҳо барои ҳомилашавӣ харҷ мегардиданд. Руҳафзо иқрор мешавад, ки солҳои интизорӣ ўро сахт тағйир додаанд. Агар қаблан ў ҳатто наметавонист ба занҳои ҳомила нигарад ва кўшиш мекард бо хешовандони фарзанддораш вонахўрад, акнун дарк кардааст, ки ин танҳо ҳасад ва қодир набудан ба хурсандшавӣ барои дигарон аст.

ЭКО пешрафт дар тиб аст

Имрўз Маркази тиббии «Насл» бо таҷҳизоти навтарини баландтехнология аз Корея, Австрия, Олмон, Ҷопон муҷаҳҳаз аст. Инҷо табибон ба корафтодагон ташхиси ҳамаҷониба ва муолиҷаи маҷмуӣ, аз ҷумла ҷарроҳиро бо усули каммудохила пешниҳод менамоянд, ки зиёд бордоршавӣ бо роҳи табииро имконпазир месозад. Ҳамчунин шароити ҳаддалимкон барои реабилитатсияи ҷуфтҳои оилавӣ фароҳам оварда шудааст. Барои кумак ба Марказ ҳам занон ва ҳам мардон муроҷиат мекунанд.

То ки бо чашми худ дида, ба ин бовар ҳосил намоем, Шамсиддин Қурбонов барои мо як навъ экскурсия ташкил намуд. Аз ҳуҷраҳои ЭКО, ки дар онҳо табибони репродуктолог эҳтиёҷмандонро қабул менамоянд, ҳамчунин ҳуҷраҳои амалиёти ҷарроҳӣ, ки онҷо ҷарроҳиҳо оид ба пунксияи тухмдонҳо ва интиқоли ҷанинҳо доир мешаванд, аз қисмати пўшидаи клиника, ба истилоҳ «минтақаи пок» (қабати дуюми клиника) дидан кардем, ки вуруди бегонагон ба он манъ аст. Инҷо озмоишгоҳҳои эмбриологӣ ва андрологӣ, крио-маҳфузгоҳ барои маводҳои биологӣ воқеанд. Дар ин макон дар зарфҳои калони бидонмонанд бо азоти моеъ маводи биологӣ – тухмҳуҷайраҳо, нутфа ва ҷанинҳо нигоҳ дошта мешаванд.

– Дар клиникаи мо барномаҳои ЭКО-ро табибони репродуктологи сатҳи олӣ амалӣ мекунанд. Онҳо ҳарсола сатҳи ихтисосмандии худро тариқи омўзиши таҷрибаи ҳампешагони хориҷӣ такмил медиҳанд. Ҳамчунин худи онҳо дастовардҳои илмии худро тавассути баромадҳо дар конфронсҳои илмии Русия, Қазоқистон, Туркия ва Эрон муаррифӣ карда, ба ин тариқ ба пешрафти тибби муосири ватанӣ саҳм мегузоранд. Маҳз ба туфайли ин комёбиҳо дар мо натиҷанокии ЭКО ба нишондиҳандаҳои аврупоӣ наздик омада, қариб 50%-ро ташкил медиҳад,- мегўяд Ш. Қурбонов.

Фарзандони деринтизор
Ҷарроҳӣ! Хомўширо риоя кунед!

Дар маркази «Насл» як сол боз инчунин усули муайян кардани ҷинс истифода бурда мешавад. Қаблан усули мазкур дар Тоҷикистон набуд, аз ин рў бисёр занҳои пурсидашуда ба суол дар бораи он ки чаро барои ЭКО ба хориҷа мераванд, мегуфтанд, ҷуфтҳое ҳастанд, ки бенасл нестанд, аммо фарзанди ҷинси муайянро мехоҳанд ва бо ин ҳадаф ЭКО мекунанд. Баъзеҳо иқрор ҳам шуданд, ки ЭКО ба онҳо ёрӣ расонд соҳиби тифли солим шаванд, ҳарчанд дар ҷомеа то ҳанўз тасаввури барғалате роиҷ аст, ки кўдакони ба воситаи ЭКО таваллудшуда нуқсони рушд, бемориҳои мухталиф доранд, руҳан устувор нестанд ва зиёд бемор мешаванд.

Бино ба маълумоти олимони амрикоӣ, дар ин гуна кўдакон 2-4 маротиба бештар роғи лаби боло (харгўшлабӣ), нуқси девораҳои байни пешдариҳо ва байни меъдачаҳои дил, инчунин нуқсонҳои рушди роҳҳои ҳозима вомехўрад.

Вале мутахассисони Марказ мутмаинанд, ки ин ҳама бовари ғалате беш нест. Мисли як бовари дигар, ки гўё нафарони бо роҳи ЭКО таваллудшуда дар оянда фарзанддор шуда наметавонанд. Духтари нахустини ЭКО Луиза, ки беш аз 40 сол пеш ба дунё омада буд, алъон худ соҳиби ду фарзанди бо роҳи табиӣ зодашуда аст.

– Таҳқиқотҳои доиргашта нишон медиҳанд, ки эҳтимоли рушди нуқсонҳо дар атфоли ЭКО тақрибан 1,4 фоизро ташкил менамояд. Ин ба басомади нуқсонҳо дар кўдаконе баробар аст, ки бе истифода аз технологияҳои ёрирасони репродуктивӣ таваллуд шудаанд.

Баръакс, ин усули бордоркунӣ имкон медиҳад, бисёр мушкилот ҳанўз дар давраҳои ибтидоӣ ошкор карда шавад, зеро раванди ҳомилагӣ  ҳаддалимкон зери мушоҳида гирифта мешавад. Дар маҷмуъ, усул муайян кардани сперматозоидҳои солимро дар назар дорад, ки сипас ба тухмҳуҷайраи солим ворид карда мешаванд. Дар асл мутахассисоне, ки бордоркунии сунъиро амалӣ месозанд, нуқсу бемориҳоро то оғози бордоркунӣ муайян мекунанд. Аз ин сабаб хавфи он, ки кўдак бо ягон камбудӣ таваллуд мешавад, пас аз ЭКО ниҳоят паст аст.

Фарзандони деринтизор
Меҳрангез Мукарамшоева

Дар давоми фаъолияти мо ҳоло ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст. Эмбриологҳо, репродуктологҳо, акушер-гинекологҳо ва табибони дигари марказ мутахассисони баландихтисос мебошанд, ки дар Қазоқистон, Эрон, Туркия, Русия таълим гирифтаанд,- гуфт Ш. Қурбонов.

– Таҳқиқотҳои клиникӣ нишон медиҳанд, ки бордоркунӣ бо ёрии технологияҳои ёридиҳандаи репродуктивӣ (ТЁР) рушди кўдакро пас аз таваллуд халалдор намекунад. Баръакс, чунин хавф ҳангоми ҳомилагии оризадор, бисёрҷанинӣ, норасо таваллуд шудани кўдак вуҷуд дорад,- мутмаин аст мудири марказ Меҳрангез Мукарамшоева.

Бино ба маълумоти ў, ҳарсола Марказ беш аз 400 ҷарроҳӣ, лапороскопия ва гистероскопия мегузаронад, ки ба ташхис ва табобати безурётӣ мусоидат мекунанд. Ҳамчунин зиёда аз 100-200 барномаи ТЁР татбиқ мешавад. Айни замон самаранокӣ 56-58%-ро ташкил медиҳад. Дар давоми солҳои 2020-2021 Марказ ҳадафмандона 268 барномаи ТЁР-ро амалӣ намуд, ки аз онҳо 66 барнома ИКСИ, 61 барнома ЭКО, 19 барнома оид ба интиқоли ҷанин пас аз баровардан аз ҳолати сардӣ, 122 барнома инсеминатсияи дохилибачадонӣ буд.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти мутахассисони Маркази акушерӣ ва гинекологии Тоҷикистон аз соли 2013, 25% оилаҳо (ҳар оилаи 4-ум) дар кишвар ба мушкили безурётӣ рў ба рў мешаванд.

Тамоюл ба зиёдшавии шумораи безурётонро сардори Маркази миллии солимии репродуктивии Тоҷикистон Мунира Ғанизода низ қайд намуд. Сабаби афзоиши шумораи ҳолатҳои безурётиро дар ҷумҳурӣ дар баробари бемориҳое, ки бо роҳҳои ҷинсӣ мегузаранд, бадшавии табодули ҳормонҳо дар организм, сарбориҳо, истифодаи зиёди телефонҳои мобилӣ ва асбобҳои дигар, истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ, тамокукашӣ ва ғ. ў инчунин беҳбуд ёфтани бақайдгирии безурётон гуфт.

Фарзандони деринтизор

Ҳамчунин яке аз сабабҳои асосии безурётии занонро мутахассисон ба синну сол рабт медиҳанд. Охир дар мардон синни репродуктивӣ (наслдиҳӣ) давомноктар аст, дар занон он хеле кўтоҳ мебошад (то 35 сол). Ҳар қадар зан калонтар бошад, имкони ҳомилашавии ў камтар мегардад,  на танҳо аз кўшиши якум, балки умуман. Бо гузашти сол дар организм тағйироти бебозгашти рафтори репродуктивӣ ба амал меояд, аз ин сабаб имкони бештари ҳомилашавиро занҳои 20-30-сола доранд.

Фарзандони деринтизор

Аммо, бино ба суханҳои андролог-эмбриологи пешбари Маркази «Насл» Муҳаммад Салимов, дар байни занҳое, ки ба таваллуд бо усули ЭКО омодагӣ мебинанд, 48 ва ҳатто 50-солаҳо ҳастанд, ки бори аввал модар шудаанд ё пас аз як-ду моҳ мешаванд. Бинобар гуфтаҳои табиб, ин гуна занҳо солиёни дароз бо бенаслӣ мубориза бурда, зиёд ноумеду дилшикаста мешуданд, аммо ба ЭКО ҷуръат намуда, аз ҷанини аввал ба натиҷаи мусбат ноил гардидаанд.

Басомади комёбшавӣ аз кўшиши аввал дар ҳолати истифода аз ЭКО дар тамоми олам ҳудуди 35%-ро ташкил медиҳад, ки бо басомади ҳомилашавии занон ҳангоми бордоркунии табиӣ қиёсшаванда аст.

Фарзандони деринтизор
Муҳаммад Салимов

Лаҳзаи дигари нодир дар таҷрибаи ў ҳолатест, ки дар оилаи соҳиби 5 фарзанди маъюб кўдаки комилан солим аз ЭКО ба дунё омад. «Ва ин ҳолати ягона нест»,- мегўяд ў.

Ин иқдомро дастгирӣ намуда, роҳбари ТҒД «Никоҳ ва оила» Марҳабо Зунунова пешниҳод мекунад, ки дар Тоҷикистон барномаи дастгирии бордоркунии сунъии ройгони ЭКО ба чунин оилаҳое ҷорӣ карда шавад, ки дар онҳо кўдакон бо нуқсони саломатӣ ба дунё меоянд.  Аксаран сабаби ин бемориҳои ирсӣ мегарданд. Аз ин рў ЭКО ба онҳо шадидан зарур аст – ин метавонист ба маротиб миқдори исқоти ҳамлро аз рўйи нишондодҳои тиббӣ кам кунад, маъюбиятро коҳиш диҳад ва шумораи дигар бемориҳои ирсиро низ поин барад.

Ў бар он бовар аст, ки тадриҷан ҷомеа мухолифат ба истифодаи технологияҳои муосири репродуктивиро қатъ мекунад, зеро ҳар оила орзуи фарзанд, гузашта аз ин, орзуи фарзанди солимро мекунад.

Ба шахсони ба мушкили бенаслӣ дучоршуда мудири Маркази тиббии «Насл» Меҳрангез Мукаррамшоева маслиҳат медиҳад, ки то охир барои бахти худ мубориза баранд – охир зан барои модар шудан халқ шудааст.

Дар навбати аввал ў тавсия медиҳад, ки вақтро аз даст надиҳанд, ноумед нашаванд, ҳатто агар якчанд кўшиш паси сар гардида, вале натиҷа ба даст наомада бошад:

– Дар мо ҳолатҳое буданд, ки зан танҳо пас аз кўшиши 10-ум тавонист ҳомила шавад. Ин гуна ҷуфтҳо зиёданд, онҳое ҳам ҳастанд, ки протседураҳои мушкилу тўлониро паси сар карда, дилшикаста шудаанд, корро идома додан намехоҳанд. Мо онҳоро дастгирӣ мекунем, барояшон имтиёзҳо медиҳем ва мебинем, ки чанде пас худашон низ дарк мекунанд, ки аз роҳ гаштан лозим нест. Ба табиби худ эътимод кардан ва шояд, андак ба муъҷиза бовар кардан лозим аст.

Фарзандони деринтизор

PS: Дар лаҳзае, ки ин матлаб омодаи нашр мешуд, ба мо хабар расид, ки яке аз беш аз 60 зани мунтазири таваллуди кўдак бо усули ЭКО имрўз бомуваффақият писар таваллуд кард. Модари мазкур аз кўшиши якум ҳомила шуда буд.

Дар акси асосӣ ҷуфте тасвир шудааст, ки ду духтари дугоник ба дунё овардааст. Бояд гуфт, ки қаблан онҳо ду кўшиши бемуваффақияти ҳомилашавӣ ба воситаи ЭКО-ро дар ш. Санкт-Петербург (ФР) паси сар карда буданд. Аммо дар ин ҷо ба онҳо дар кўшиши аввал бахти ҳомилашавӣ насиб намуд. Имрўз ҷуфти хушбахт ба ЭКО-и дуюм омодагӣ мебинад.

ДИҚҚАТ! Пас аз нашри матлаб бо мо зиёд бо дархости суроғаи Маркази тиббии «Насл» тамос гирифтанд (ва ҳанўз тамос мегиранд). Бинобар ин, ҳамзамон ба маълумоти ҳамаи хоҳишмандон мерасонем – барои ахбори иловагии муфид ва рақамҳои телефонҳову суроғаи Маркази тиббӣ ба сомонаи nasl.tj рў оред.
Телефон: (+992) 93 500 65 71;

Марям Темурзода

Оцените статью:

Фарзандони деринтизор Дар Тоҷикистон ҳатто он занҳое имкони ба дунё овардани тифлро доранд, ки кайҳо боз мунтазири ин муъҷиза буданд, вале бо сабабҳои гуногун шарафи модарӣ насибашон намегардид Инак, 10 сол боз дар Тоҷикистон истифодаи технологияи репродуктивии ёридиҳанда, ба ибораи маъмул- «бордоркунии сунъӣ» иҷозат дода шудааст. Дар Рўзи ҷаҳонии эмбриолог, ки дар тамоми дунё 25 июл ҷашн […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *