Фарҷоми марафони интихоботии ИМА

Имрўз амрикоиҳо хабар меёбанд, ки кишвари онҳоро дар чор соли наздик кӣ роҳбарӣ хоҳад кард

Имрўз, 14 декабри соли 2020, маҷлиси Коллегияи интихобкунандагони ИМА дар нақша аст, ки эҳтимол натиҷаи интихоботи санаи 3 ноябр баргузоршударо тасдиқ мекунад. Тавре ба назар мерасад, Ҷо Байден президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида эълон мегардад. Умеди охирини президенти амалкунанда Доналд Трамп, ки аз натиҷаи интихобот норозӣ буд, баста ба аризаи даъвогии прокурори генералии иёлати Техас Кен Пакстон ба Суди Олии кишвар буд. Ў ба суд дар хусуси далелҳои вайрон шудани қонунгузорӣ ва тақаллуб ҳангоми ҳисоби раъйҳо дар чор иёлат – Пенсилвания, Ҷорҷия, Мичиган, Висконсин маълумот пешкаш кард. Аммо Суди Олӣ даъвои ўро бар он асос, ки ҳукуматдорони Техас ҳуқуқ надоранд ба интихобот дар иёлатҳои дигар дахолат намоянд, рад кард.

Трамп мегўяд, ғалабаашро «дуздиданд»

Президент Доналд Трамп, ки ҳанўз роҳбари Кохи Сафед аст, ба айбдоркунии демократҳо ба сохтакориҳо дар рафти интихобот идома медиҳад. Ў дар рафти суханрониҳои худ ё дар «твит»-ҳояш пайваста таъкид менамояд, ки демократҳо ғалабаи ўро «дуздидаанд».

Изҳороти президент Доналд Трамп дар хусуси тақаллубкорӣ шудани натиҷаҳои интихобот аз назари аввал беасос менамоянд, зеро ў бо даъвоҳояш дар ба дари қариб ҳамаи мақомҳои барои баррасии шикоятҳо салоҳиятдор, аз ҷумла мақомоти адлия, прокуратура, судҳои иёлатҳо, Суди Олӣ гаштааст.

Аммо агар ба ҳодисаҳои аз ибтидо зоҳиран бедалел бодиққаттар нигарем, дарёфтан метавонем, ки ў барои айбдоркуниҳо асос ва ҳам асоси ҷиддӣ доштааст. Далелҳо мавҷуд буданд, вале эҳтимол норасоии далелҳои мушаххаси собитшуда ҷой дошт. Тавре дар мақоли русӣ гуфта мешавад, он ки ба даст наафтод, дузд нест.

Интихоботи ИМА-ро санаи 3 ноябри соли 2020 дар саросари олам бодиққат пайгирӣ мекарданд. Таваҷҷўҳ ба ин ҳодиса на танҳо аз сабабе азим буд, ки ин интихоби сарвари кишвари абарқудрате буд, ки гоҳо тартиботи ҷаҳонро муайян мекунад, балки боз аз он сабаб, ки президенти 45-уми Амрико Доналд Трамп тайи 4 соли ҳукуматдориаш дар арсаи ҷаҳонӣ хеле корҳоро дўлоб карда буд.

Ў ИМА-ро барои Аврупо аз иттифоқчӣ ба рақиб, Чинро аз шарики тиҷоратӣ ба душмани асосӣ табдил дод, пояҳои устувории сайёраро дар муқобили тағйири иқлим хароб кард, аз як қатор шартномаҳои ҳарбӣ баромада, вазъи байналмилалиро хеле мураккабтар сохт. Дар оқибати як қатор қарорҳои ў ҳатто шарикони наздике, аз қабили Британияи Кабир, Канада, Австралия, ки ИМА-ро бо онҳо таърихан решаҳои қавмӣ мепайванданд, ранҷиданд. Ва табиист, ки ҳамаи ин нерўҳо хоҳишманди бохти Трамп буданд.

Мухтасар доир ба низоми интихобот

Барои онҳое, ки бо низоми интихоботи ИМА ошно нестанд, шарҳ додан ҷоиз аст, ки интихоби президент дар кишвари номбурда дузинагӣ аст. Ин чӣ маънӣ дорад? Ҳар номзад, ки дар ин ё он иёлат раъйи бештар гирифтааст, раъйҳои ба ном «интихобгарон»-ро ба даст меорад, ки шумораашон аз теъдоди аҳолии иёлат вобаста аст. Дар маҷмўъ дар кишвар шумораи интихобгарон ба 538 нафар баробар аст. Номзаде, ки 270, яъне 50%+1 овоз мегирад, ғолиб дониста шуда, дар оқибат президент эълон мегардад. Метавонад чунин ҳолате рўй диҳад, ки номзади дар маҷмўъ раъйҳои бештарро ба дастоварда ё дар аксари иёлатҳо ғолибомада дар интихобот пирўз нашавад. Масалан, соли 2016, вақте барои Ҳиллари Клинтон нисбат ба Доналд Трамп миқдори бештари интихобкунандагон раъй дод, Трамп дар иёлатҳои калидӣ ғолиб омада, дар маҷмўъ миқдори бештари овозҳои интихобгаронро ба даст овард. Аммо ҳолатеро низ истисно набояд кард, ки ҳарду номзад 269-тоӣ раъйи интихобгаронро ба даст меоранд. Дар сурати баробарӣ ғолибро Палатаи намояндагон муайян мекунад, ки дар он ҳар иёлат як овоз хоҳад дошт. Барои ғалаба дар ин сурат ба тарафдории 26 ё зиёда иёлат ноил шудан лозим меояд.

Интихоботи пурҳарорат

Фарҷоми марафони интихоботии ИМА

Таҳлилгарон кайҳо боз мегуфтанд, ки интихоботи навбатии президентии ИМА аз ҳама мураккаб хоҳад буд, аммо ба гумон аст, касе тахмин зада бошад, ки тасфи баҳсҳо кишвари демократияи намунавиро ба ду сангари оштинопазир ҷудо кунад. Номзадҳо ба президентӣ дар рафти маъракаи интихоботӣ дар бораи якдигар ҳарчи нагўянд,  одатан пас аз интихобот фаромўш мешуд. Номзаде бохти худро эътироф намуда, рақиби худро бо ғалаба табрик мегуфт ва раъйдиҳандагони худро даъват менамуд, ки атрофи президенти нав муттаҳид гардида, барои ободии кишвар заҳмат кашанд. Ин бор ба гумон, ки чунин шавад. Агар ҳатто Доналд Трамп бохти худро баъди аз ҷониби Коллегияи интихобгарон собит шудани натиҷаҳо эътироф намояд,  аз ду сар хоҳад гуфт, ки Ҷо Байден ўро бо роҳи сохтакорӣ ва қаллобӣ мағлуб кард. Ба хотири баровардани хулосаи худ биёед ба гузаштаи наздик ғўта зада, лаҳзаҳои алоҳидаи интихоботро ба ёд меорем.

Субҳи барвақти 3 ноябри соли 2020 нахустин шуда дарҳои қитъаҳои интихоботии шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ороми Амрико кушода шуданд. Дертар бо дарназардошти фарқи вақт интихобот дар дигар шаҳру деҳот оғоз ёфт. Аз субҳ ширкатҳои телевизионӣ доир ба ҷамъшавии раъйҳо ба тарафдории ин ё он номзад гузориш медоданд. Пешсафии Ҷо Байден дар иёлоти Калифорния, Ню-Йорк, Вашингтон бешубҳа буд, Трамп, дар навбати худ, дар Техас, Флорида, Оҳайо аз рақиби худ пеш буд. Номзад аз ҳизби демократӣ ҳама вақт пешсаф буд ва Трамп ўро таъқиб мекард. Вақте наздик ба шом расонаҳо аз натиҷаҳои нахустини қаблӣ дар 43 иёлат хабар доданд, ба назар намуд, ки Трамп соат ба соат имкони ғолиб омаданро бештар аз даст медиҳад. Гоҳо тафовут ба 40-50 овоз мерасид.

Нимрўзӣ бартарии Байден бар Трамп каме коҳиш ёфт ва ба 24 овоз расид. Ин фосила то соати 20.00 ба вақти маҳаллӣ, замони пайдарҳам баста шудани қитъаҳои интихоботӣ,  тақрибан бетағйир монд, аммо Байден дар ин ҳангом соҳиби аллакай 237 раъй шуда буд ва рақиби ў тавонист ҳамагӣ 213 раъйро ба даст орад. Натиҷаҳои нахустин, тавре пешгўӣ ҳам мешуд, боиси тантанаи ҷонибдорони Ҷо Байден ва бадхоҳони Трамп дар ҷаҳон гаштанд. Байден дар иёлоте чун Калифорния (58), Иллинойс (20), Ню-Йорк (29), Ню-Ҷерси (14), Вирҷиния (13), Вашингтон (12), Массачусетс (11), Мэриленд (10) ба осонӣ  муваффақ гардида, дар як қатор иёлатҳои дигари соҳили уқёнуси Атлантик ба худ пешсафии назаррасро таъмин намуд. Ба Байден барои ғалабаи умумӣ танҳо 33 овози дигарро ба даст овардан кофӣ буд.

Аммо дар иёлатҳои боқимонда чунин як вазъе ба миён омада буд, ки ин кори аз назари аввал начандон душворро суолбарангез месохт. Қариб дар ҳамаи онҳо Трамп бо бартарии калон дар пеш буд. Ғалаба дар Аризона ва Невада, ки Ҷо Байден онҷо пешгом буд, барои ғалабаи умумӣ метавонист кифоят накунад. Президенти амалкунанда, масалан, дар иёлати аз лиҳози шумораи интихобгарон панҷум-шашум –  Пенсилвания (20) аз Байден 14,7%, дар Мичиган (16) 8,5%, дар Ҷорҷия (16) 5,9% пеш буд. Трамп ҳамчунин дар Каролинаи Шимолӣ ва Висконсин бартарӣ дошт. Маҳз дар ин соатҳо ҳодисаҳое рўй доданд, ки дертар сабаби маломатҳо, айбдоркуниҳо, баҳсҳои судӣ шуданд. Дар давоми тақрибан 2 соат ба таври ҳайратовар вазъ дар иёлоти Мичиган ва Висконсин ба манфиати Байден тағйир ёфт ва чанде пас дар иёлатҳои мазкур дастболо шудани ўро эълон намуданд. Бо суръати фавқулода баланд фосилаи байни номзадон дар Пенсилвания ва Ҷорҷия кам шудан гирифт. Ва ҳангоме ки рўзи дигар расонаҳо натиҷаҳои нахустини қаблиро дар Мичиган ва Висконсин, ки онҷо пешсафии Трамп бечуну чаро буд, эълон намуданд, бисёр касон нидои ҳайрат бароварданд. Таносуби раъйҳои интихобгарон бо дарназардошти ин ду иёлат 253 ба 213 бар нафъи Байден шуд.

Субҳи 4 ноябр Доналд Трамп дар саҳифаи иҷтимоии худ аксеро гузошт, ки корбари дигар бардошта буд. Он гўё гувоҳ медод, ки ба ҳисоби Байдан дар як лаҳза 140 ҳазор раъй дар иёлати Мичиган илова шудааст. Пасон даъвоҳо барои ба ҳисобкунии раъйҳо дар Пенсилвания роҳ надодани намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳон, нақзи регламенти қабули раъйҳо тариқи почта дар Каролинаи Шимолӣ, Ҷорҷия зам шуданд. Вале ин ҳама норозигиҳо дар шакли даъвои судӣ, ки тими Трамп пешкаш намуд, аз ҷониби судҳои иёлатҳо бедалел хонда шуданд. Эҳсосе ба миён меомад, ки Трамп хеле ба дили ҳама, ҳатто ба дили як қисми ҳамҳизбонаш ҳам задааст, ки нисбати вазъ бепарвоӣ зоҳир намуда, хомўш буданро авло медонистанд. Ва изҳороти Трампро дар он хусус, ки ў ба тарк намудани Кохи Сафед дар сурати ғолиб омадани Байден омода аст, метавон ҳамчун шикасти ниҳоии умедҳо аз ғалаба маънидод кард.

Оё Трамп метавонист пирўз шавад?

Доналд Трамп, сарфи назар аз муносибати начандон хуби аксарияти аҳли сиёсат ба ў, худро ҳамчун сиёсатмадори хос, ҷасур, пешгўинашаванда, аз қолабҳо озод нишон дод. Ў аз теъдоди пешвоёни камшумор аст, ки ваъдаҳои ба интихобкунандагон додаашро паиҳам иҷро менамуд. Ислоҳоти андоз, ки дар замони роҳбарии ў дар ИМА гузаронда шуд, хеле вазъи синфи миёнаро сабук карда, барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт замина гузошт. Ба шиори пешазинтихоботии «Амрикоро аз нав бузург мекунем» пайваста риоя намуда, ў манфиатҳои иқтисодии ИМА-ро ҳимоя мекард, дар зимн гоҳҳо бо ин ҳадаф шартномаҳои барои кишвар зиёноварро бекор менамуд. Доналд Трамп барои интихобшавии дубора имкони олӣ дошт, лекин ҳама кораш аз замоне, ки ба Иёлот пандемияи коронавирус зарба зад, печдарҳам шуд. Сари вақт наандешидани чораҳои муқобилият ба пандемия, шумораи зиёди фавтҳо, бадшавии вазъи аҳолӣ ҳамаи хизматҳои барои Амрико кардаашро хат зад. Коронавирус дар рафти маъракаи интихоботӣ асбоби асосии мубориза бар зидди Трамп дар дасти рақибонаш шуд. Аз ранги кор, Доналд Трамп аз сабаби фаъолиятҳояш миёни худи ҷуҳурихоҳон душманони зиёд пайдо кард, ки онҳо дар муборизаи сиёсӣ бо демократҳо ғайрати қобили қайде нишон надоданд.

Фарҷоми марафони интихоботии ИМА

Интихобот чиро нишон дод?

Интихоботи президентии ИМА нишон дод, ки низоми қонунгузории кишвар дар муқобили технологияҳо ва масъалаҳои нав, вақте ба равандҳои интихобот бо усулу воситаҳои навихтирои ҳилакорона дахолат мекунанд, номукаммал ва осебпазир аст. Он як навъ намунаи комил барои кишварҳое буд, ки ба роҳи дигаргуниҳои демократӣ қадам мемонданд ва то ин вақт яке аз демократитаринҳою одилонатаринҳо дар дунё маҳсуб меёфт. Ба назар менамояд, ки ба дурўғ, макр, ифлосӣ, иғвоҳо, ки ба онҳо технологияи инқилобҳои ранга дар кишварҳои авторитарӣ ва диктаторӣ асос меёфт, дучор гардида, он халалдор шуд. Ба гумон аст, ки ба гўшаи хаёли Амрико  меомад, ин технологияҳо зидди худи ў ба кор бурда мешаванд. Акнун камбудиҳое намудор гаштанд, ки метавонанд дар  оянда гузарондани интихоботи воқеии демократӣ ва одилонаро дар шароити низоми қонунгузории мавҷуда зери суол баранд. Ба тарафдории ин гуна пешгўӣ кифоя аст як далел оварда шавад: аризаи даъвогии додситони кулли Техасро ҳамкасбони ў аз 17 иёлат ва 106 конгрессмен аз ҳизби ҷумҳурихоҳон дастгирӣ намуданд. Метавон баҳс кард, ки инҳо додситонҳои кулли иёлатҳое буданд, ки дар онҳо Трамп ғолиб омад, конгрессменҳо ҳам аз ҳизби ҷумҳурихоҳон буданд. Дар ҳар сурат, инҳо мансабдороне, ки қариб аз 100 млн. аҳолӣ намояндагӣ мекунанд ва қонунгузороне мебошанд, ки чоряки Конгресс – мақоми олии қонунгузори кишварро ташкил медиҳанд. Ва ба эътибор нагирифтани мавқеи онҳо теша ба бун задан аст.

Вақте сухан аз масъалаҳои умумимиллӣ меравад, аз авлавияти қонунҳои иёлатҳо гуфтан чандон дуруст наменамояд. Аммо метавонад чунин бошад, ки судяҳои Суди Олӣ аризаи даъвогии прокурори генералии Техасро маҳз аз сабаби ҳимояи манфиатҳои миллӣ баррасӣ накарда бошанд, зеро беэътибор донистани натиҷаҳои интихобот дар чор иёлат маънии ду қисм кардани тамоми ҷомеаи Амрикоро дорад, ки таҳдиди пас аз интихобот ҳам давом кардани ихтилофро ба миён меорад. Агар чунин бошад, Суди Олии ИМА ба гумон аст дигар даъвои мустақилият ва ҳукмбарорӣ бидуни сабабҳои сиёсӣ карда тавонад.

Бо вуҷуди ин, таҳдиди порашавии ҷомеа сарфи назар аз қарори Суди Олӣ боқӣ мемонад. Оё ҷомеаи Амрико пас аз собит шудани натиҷаҳои интихоботи президентӣ ва президент эълон гардидани Ҷо Байден ором мешавад ё не, пешгўӣ кардан душвор аст. Аммо умеде ҳаст, ки бо эътироф шудани бохт аз ҷониби Трамп тарафдорони ў низ дар муқобили қарори Коллегияи интихобгарон сар фуруд меоранд. Он гоҳ кори Байден ва тими ў, ки ваъдаи муттаҳид намудани халқи Амрикоро дода буданд, осонтар мешавад. Дар акси ҳол, ба субот овардани вазъи дохилии кишвар вақти зиёдро талаб хоҳад кард.

Неъматулло МИРСАИДОВ

Дар айни замон
Овоздиҳии интихобкунандагон интихоб шудани Ҷо Байденро ба мансаби президенти ИМА тасдиқ намуд. Байден ҳамаи 55 раъйи интихобкунандагонро аз Калифорния соҳиб шуд, инчунин зиёда аз 270 раъйи заруриро барои интихоби сарвари давлат ба даст овард. Аз 538 раъйи умумӣ ҷумҳурихоҳ 302 овозро соҳиб шуд, Доналд Трамп 232 овоз ба даст овард.
Ҳамаи иёлатҳое, ки президенти амалкунанда дар он ҷо пирӯзии Байденро ба баҳс кашидааст, раъйи тамоми интихобкунандагони худро ба тарафдории намояндаи ҷумҳурихоҳон додаанд.
Овоздиҳии интихобкунандагон натиҷаҳои интихоботро расмӣ мегардонад, аммо ин натиҷаҳо рӯзи 6 январ, пас аз он ки ҷаласаи муштараки конгресс натиҷаҳоро тасдиқ мекунад, ниҳоӣ хоҳанд шуд.
Сарвари амалкунандаи давлат мағлубияти худро эътироф накардааст ва натиҷаҳоро дар як қатор судҳои иёлот ба баҳс кашидааст, аммо ягон суд то ин замон ӯро дастгирӣ накардааст.

Оцените статью:

Фарҷоми марафони интихоботии ИМА Имрўз амрикоиҳо хабар меёбанд, ки кишвари онҳоро дар чор соли наздик кӣ роҳбарӣ хоҳад кард Имрўз, 14 декабри соли 2020, маҷлиси Коллегияи интихобкунандагони ИМА дар нақша аст, ки эҳтимол натиҷаи интихоботи санаи 3 ноябр баргузоршударо тасдиқ мекунад. Тавре ба назар мерасад, Ҷо Байден президенти 46-уми Иёлоти Муттаҳида эълон мегардад. Умеди охирини президенти амалкунанда Доналд Трамп, […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *