Дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ аз 22 феврали соли 1992 шурӯъ шуданд. Имрӯз заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро ёздаҳ санади ҳамкорӣ ташкил менамояд.

Айни замон Арабистони Саудӣ дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳимми минтақавӣ ва глобалиро дорад, зеро пешвои ҷаҳони араб ва ислом мебошад, инчунин метавонад дар саҳнаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дошта бошад.

Дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Аз нигоҳи захираҳои нафт Арабистони Саудӣ яке аз сарватмандтарин кишварҳо дар миқёси ҷаҳон шинохта шудааст. Дар ин кишвар чоряки захираҳои нафти ҷаҳон ҷойгир аст ва он бузургтарин истеҳсолкунанда ва содиркунандаи нафт дар олам ба ҳисоб меравад.

Арабистони Саудӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки мавқеи пешсафиро дар минтақа на танҳо ҳамчун абарқудрати иқтисодӣ, балки ҳамчун кишвари соҳибнуфуз дар олами ислом низ нигоҳ дорад.

Чун Арабистони Саудӣ яке аз кишварҳои сармоягузор аст, Тоҷикистон дар ин самт ҳамкориҳоро бо кишвари мазкур ба роҳ мондааст. Фонди Рушди Саудӣ яке аз созмонҳои бузурги молиявии Арабистони Саудӣ мебошад, ки дар маблағгузории лоиҳаҳои зерсохтории Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фонди Рушди Саудӣ аз соли 2002 ҳамкорӣ намуда, то имрӯз ҳафт созишномаи қарзӣ ба маблағи 220,122 млн риёли саудӣ (тақрибан $60 млн) ба имзо расонидааст. Сармояњо асосан барои рушди соҳаи маориф, тандурустӣ ва сохтмони роҳҳо равона карда шудаанд. Чанд лоиҳаи дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорӣ аз ҷониби ин фонд дар ҳоли баррасӣ ва арзёбӣ қарор дорад.

Дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Мулоқоти собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

Механизми муҳимми ҳамкориҳо байни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматии муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ доир ба ҳамкорињои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ мебошад, ки иҷлосияи нахустини он моҳи августи 2013 дар Душанбе баргузор гардида буд ва дар он Протоколи умумии ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ҷонибҳо имзо шуд. Дар натиҷа бо дастгирии молиявии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаи инфрасохторӣ, ба монанди навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб–Қалъаихумб, мактабҳо, шифохонаҳо, инчунин, шоҳроҳи мошингарди Шикев–Зиғар амалӣ карда шуд.

Дар баробари ҳамкориҳо дар соҳаи сармоягузорӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон боз дар соҳаи туризм низ ҳамкориҳоро васеъ намуда истодааст.

Бояд гуфт, ки то пандемияи КОВИД-19 ҳар сол танҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна барои адои ҳаҷҷи фарзӣ 6,5 ҳазор нафар ва барои ҳаҷҷи умра садҳо нафар зоирин ба Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.

Рӯзи 14-уми феврали соли 2020 собиқ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири кулли оҷонсиҳои сайёҳии Шарқи Миёна Саъд Аладвонӣ мулоқот намуд. Ҳангоми вохӯрӣ масъалаи ҷалби сайёҳони араб ба Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, хостори он шуданд, ки ширкати сайёҳии “Соҳот-ул-Мудун” намояндагии худро дар Тоҷикистон боз кунад ва дар тарғибу ташвиқи ҷойҳои зебоманзар ва имкониятҳои сайёҳию сармоягузории кишвари мо саҳм гузорад.

Дар баробари ҳамкориҳои зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ дар сатҳи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Исломӣ робита дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ва ҳамзамон бо Арабистонӣ Саудӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ барои таҳкими ҳамбастагии исломӣ ва ҳамкориҳои кишварҳои узви ин созмон, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, дастгирии муборизаи мардуми мусалмон барои ҳифзи шаъну шарафи хеш ва кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқ ва озодиҳои мардуми Фаластин ҳамкорӣ карда истодааст.

Тоҷикистон ва ҷаҳони арабро якчанд омил, ба монанди ягонагии дину ойин, фарҳангу тамаддуни исломӣ бо ҳам мепайвандад. Дини ислом яке аз омилҳои муҳимест, ки ба густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои араб, бахусус Арабистони Саудӣ, таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳое аст, ки аз ҷониби Арабистони Саудӣ дастгириҳои гуманитарӣ (ба маблағи 9 млн. 500 ҳазор доллари амрикоӣ) барои коҳиши сатҳи камбизоатӣ гирифтааст. Арабистони Саудӣ аз замони барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ беш аз 110 млн. доллари амрикоӣ ба кишвари мо саҳмгузорӣ намудааст.

Ниёз ба вусъат

Таҳлили муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки он ба зарфияти мавҷудаи ҷонибҳо ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, зарурати ҷиддӣ барои боло бурдани гардиши мол байни кишварҳо мавҷуд аст. Инчунин, ҷалби сармоягузории мустақим аз ҷониби Арабистони Саудӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки ба назар намерасад.

Ҳамкориҳоро метавон васеъ кард, чунончи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои ғании табиӣ, ба монанди тилло, нуқра, уран, алюминий, пахта, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра мебошад, ки барои сармоягузорони араб маҳсулоти ҷолиб ҳастанд. Бояд сармоягузорони араб бештар ба Тоҷикистон даъват шаванд, то ин ки аз имконияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон огаҳӣ ёбанд.

Барои ҳамкориҳои сайёҳӣ бошад, барномаҳои туристӣ барои ҷалби сайёҳони кишварҳои араб ба Тоҷикистон ташкил карда шаванд, ба монанди барномаи хориҷии “Манифеста 10”, ки сайёҳонро ба кишварҳои худ ҷалб менамояд.

Ҳамзамон, дар соҳаи маориф ва илм барои таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои якдигар қарордод баста шавад, ки донишҷӯён таҳсил карда тавонанд.

Рухшонаи Неъмат, таҳлилгар

Оцените статью:

Дурнамои густариши муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ аз 22 феврали соли 1992 шурӯъ шуданд. Имрӯз заминаи қарордодиву аҳдномавии муносибатҳои байни ду кишварро ёздаҳ санади ҳамкорӣ ташкил менамояд. Айни замон Арабистони Саудӣ дар системаи муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи муҳимми минтақавӣ ва глобалиро дорад, зеро пешвои ҷаҳони араб ва ислом мебошад, инчунин метавонад дар саҳнаи ҷаҳонӣ нақши муҳим дошта […]
0.88 1 5 8
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *