Дарду давоҳои муҳоҷират

Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Бо интиқолоти пулии худ онҳо ба ҷумҳурӣ дар кори муқовимат ба душвориҳои иқтисодӣ ёрӣ мерасонанд, барои бисёр оилаҳо пули наздикон аз Русия манбаи асосии даромад аст.

Аммо миллионҳо доллари дур аз ватан коркардаи тоҷикистониён бо арзиши гарон ба даст меоянд – онҳо дар сохтмонҳо ҳалок мегарданд, аз дасти миллатгароён ҷон аз даст медиҳанд, фарзандон бе падар ба воя мерасанд, оилаҳо вайрон мешаванд ва кишвар аз қисми тавонотарину солимтарини аҳолиаш маҳрум мегардад.

Чаро ба Русия меравем?

Муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия кайҳо боз барои бисёр аз сокинони Тоҷикистон падидаи маъмулие шудааст. Айни замон, бино ба маълумоти ВКД Русия, дар қаламрави ин кишвар беш аз 1 миллион шаҳрванди ҶТ сукунат дорад.

Ба муҳоҷирати тоҷикистониён ба Русия якчанд омил боис мегардад: музди меҳнати нисбатан баланду устувор, осонии мутобиқшавӣ дар ФР, талаботи як қатор соҳаҳо дар Русия ба нерўи кори арзони пастихтисос, ҳамчунин барзиёдии захираҳои меҳнатӣ ва маоши паст дар Тоҷикистон.

Ба ҳоли имрўз Тоҷикистон аз лиҳози музди кори миёна дар фазои ИДМ ҷойи охиринро ишғол мекунад. Музди моҳона дар ҷумҳурӣ дар оғози моҳи июни соли ҷорӣ, мувофиқи иттилооти расмии оморӣ, 1447 сомонӣ (тахминан $140) буд. Зимнан музди пасттарини меҳнат 488 сомониро  ташкил дод ($51).

Барои қиёс, музди баландтарини миёнаи якмоҳаи номиналӣ соли гузашта дар Русия ба қайд гирифта шудааст (745 долл. США), ки макони корҷўии ҳар тоҷикистонии ҳаштум мебошад.

Дар Қазоқистон нишондоди мазкур моҳона ба $483, дар Беларус ба $562, дар Озарбойҷон $366 ва дар Қирғизистон ба $240 баробар буд.

Ноноварон

Дар оилаҳои тоҷик онҳоеро, ки манзили падариро тарк карда, ба хотири таъмини онҳо дар мусофират заҳмат мекашанд, «ноновари хона» меноманд.

«Инҷо кори доимӣ нест гўем, мешавад, – мегўяд сокини деҳаи Ҳасандараи ноҳияи Нуробод Амриддин. – Аксарият қитъаи хурди наздиҳавлигӣ ва якчанд сар бузу гўсфанд дорад. Маълум, ки бо ин ҳама оилаи иборат аз 6-8-нафарро таъмин кардан намешавад. Аз ин рў аз ҳар хона як ё ду мард ҳар сол ба Русия барои кор меравад. Ва ин ҳолат қариб дар ҳамаи деҳаҳо дида мешавад. Ман ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки агар пулҳои равонкардаи пайвандонамон намебуданд, мо чӣ кор мекардем».

Интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо манбаи асосии даромади бисёр оилаҳоянд. Ҳармоҳа миллионҳо долларро ба ватан фиристода, онҳо ҳамчунин ба ҷумҳурӣ кўмак мерасонанд, ки дар муқобили мушкилоти иқтисодӣ тобовар бошад.

Мувофиқи ахбори Бонки Марказии Русия, соли гузашта муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон $2 млрд 576 млн интиқол доданд, ки тақрибан сеяки ММД-и кишварро ташкил медиҳад.

Тарафи дигари муҳоҷират

Миллионҳо долларе, ки тоҷикистониҳо дур аз хона мегиранд, бар ивази бохтҳои гарон ба даст меоянд. Аз нигоҳи иқтисодӣ ин дар вобаста шудани Тоҷикистон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ифода меёбад. Масалан, бўҳрони марбут ба коронавирус, ки сабаби коҳиш ёфтани муҳоҷират ва интиқолҳои пулӣ гардид, ба ҷаҳишҳои қурби асъор дар ҷумҳурӣ боис шуд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ муҳоҷирон ба кишвар $999 млн равон карданд, ки аз ҳамин давраи соли гузашта $174 млн кам аст, иттилоъ дод дар нишасти матбуотии ҷамъбастии нимсолаи аввал раиси Бонки миллии ҶТ Ҷамшед Нурмаҳмадзода.

Коҳиш ёфтани воридоти асъор ба Тоҷикистон мувозинати бозори дохилии асъорро халалдор сохт ва 4 ноябр қурби доллар нисбати сомонӣ дар як рўз беш аз 9 дарсад боло рафт – $1, ки аз ин пеш 10 сомонию 33 дирам арзиш дошт, аз 4-уми ноябр 11 сомонию 30 дирам шуд.

Ҳамагирии коронавирус бори дигар осебпазир будани иқтисодиёти Тоҷикистонро дар муқобили равандҳои дохилии Русия намоиш дод. Равшан аст, ки агар Тоҷикистон дар оянда пешрафти иқтисодии намоён накунад ва миқдори кофии ҷойҳои корӣ таъсис надиҳад, вобастагии кишвар аз муҳоҷирати корӣ ва интиқолҳои пулӣ аз Русия метавонад пурзўртар шавад.

Фирори мағзҳо

Дар солҳои охир Тоҷикистон ба сафи кишварҳои дорои сатҳи баланди муҳоҷирати мутахассисони баландихтисос дохил шудааст. Бархе ба ИМА мераванд, дигарҳо ба Аврупо, вале қисмати асосии мардум Русияро интихоб мекунанд. То оғози пандемияи коронавирус дар назди бинои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Русия дар Душанбе ҳамарўза навбатҳои тўлонӣ аз ҳисоби онҳое ҷамъ меомад, ки тасмим доштанд дар чорчўбаи барномаи муҳоҷирати ихтиёрии ҳамватанон ба Русия бикўчанд.

Дарду давоҳои муҳоҷират

Аз лиҳози шумораи одамоне, ки дар панҷ соли охир шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд, тоҷикистониён мавқеи сеюмро ишғол мекунанд, хабар медиҳад ВКД ФР. Ҳиссаи онҳо дар байни русиягиҳои нав 10% ё 146,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш дар гурўҳи интернетии «Экономические новости Таджикистана», айни ҳол қариб дар ҳамаи соҳаҳои кишвар норасоии кадрҳо эҳсос мегардад. Ва агар дар бахшҳои гуманитарӣ бохтҳо каму беш барқарор шаванд, дар бахши кадрҳои техникӣ бўҳрон амиқ аст. Дар ҷумҳурӣ камбуди табибон, муҳандисони технолог, энергетикҳо, омўзгорони илмҳои дақиқ, геологҳо ва агрономҳо эҳсос мешавад. «Ин тамоюлро наметавон муҳоҷирати одӣ номид. Ин яке аз роҳҳои асосии «фирори мағзҳо»-ст, зеро аз рўйи барномаи мазкур ба мутахассисон бартарӣ дода мешавад. Тоҷикистон кишваре нест, ки  зарфиятҳои бузурги зеҳнӣ дошта бошад. Ва агар ин тамоюл идома ёбад, дар дурнамо оқибатҳои манфӣ хоҳад дошт», – мегўяд шореҳ Иршод Сулаймонӣ.

Дар доми мусофират

Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ба андешаи бисёр созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ, яке аз беҳимоятаринҳо боқӣ мемонанд.

«Ба кишвари бегона омада, онҳо ба шароити вазнин меафтанд, – нақл мекунад сокини Душанбе Субҳон Исломов.- Ҳамватанони мо маҷбур мешаванд ба корҳои душвор рў оранд, аз шароитҳои одии маишӣ маҳруманд. Онҳо маҷбуранд пули патент, суғурта, андози иҷтимоӣ ва ҳам политсияро диҳанд. Корфармоён, хоса дар сохтмонҳо, ба бехатарии мардуми мо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд. Ҳодисаҳои нохуш қариб ҳар рўз рух медиҳанд».

Муҳоҷирони меҳнатӣ на танҳо дар сохтмонҳо мемиранд. Бисёр аз онҳо имкони табобат надошта, аз бемориҳои мухталиф мефавтанд, баъзеҳо қурбонии миллатгароёну дигар ҷинояткорони маҳаллӣ мешаванд.

Соли 2018 25 тоҷикистонӣ дар оқибати зўроварӣ фавтид. Дар байни онҳо Ҳувайдои 5-сола буд, ки дар Серпухови Русия золимона таҷовуз ва кушта шуд. Ўро дар зодгоҳаш Кўлоб ба хок супориданд.

Мувофиқи сарчашмаҳои гуногун, ҳарсола дар Русия тақрибан 1000 шаҳрванди Тоҷикистон вафот мекунад.

«Пеш ҳар рўз бо ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон се «бори 200» равон мешуд. Аз ин бармеояд, ки ҳар сол дар Русия тақрибан ҳазор муҳоҷири мо мефавтад», – ин оморро ба «Фергана» тасдиқ кард ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров.

Иловатан, то ҳанўз масъалаи нафақаи муҳоҷирон ҳалли худро наёфтааст. На Русия, ки нерўи арзони корӣ мегирад, на Тоҷикистон, ки инҷо ҳаҷми умумии интиқолҳои пулии муҳоҷирон тахминан сеяки ММД-ро ташкил медиҳад, ба ҳалли ин масъала омода нестанд. Ҳатто пас аз марги муҳоҷирон ҳукумат ба оилаҳои онҳо ҷубронпулӣ пешниҳод намекунад.

Сиҳатии аздастрафта

Дар шароити вазнини ғайрисанитарӣ заҳмат кашида, зиёд муҳоҷирони меҳнатӣ ба бемориҳо – аз бронхити музмин сар карда то сил дучор мешаванд. Онҳое низ кам нестанд, ки бо сирояти ВНМО (ВИЧ) ба хона бармегарданд.

Якчанд сол пеш дар ҷумҳурӣ натиҷаҳои таҳқиқот оид ба пешгирӣ аз паҳншавии сил муаррифӣ шуданд. Онҳо нишон доданд, ки ҳарсола садҳо муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хона бо ин беморӣ пас меоянд.

Коршиносон мегўянд, ки қариб 20% аз силбеморони навошкоршуда дар Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд.

Сабаби асосие, ки ба паҳншавии бемории мазкур миёни муҳоҷирон мусоидат мекунад, шароити бади зист мебошад. Зич ғун шудан дар масоҳати хурд, шароитҳои ба меъёрҳои беҳдоштӣ хилоф, инчунин ғизои ноқис, сари вақт муроҷиат накардан барои ёрии тиббӣ, тарс аз депортатсия шудан – ҳамаи ин таъсири худро мерасонад.

Паҳншавии ВНМО-ро дар Тоҷикистон низ коршиносон ба ҳамин сабабҳо рабт медиҳанд.

Пошхўрии оилаҳо ва фарзандони бепадар

Ба иқтисоди кишвар мадад карда, ҳамзамон муҳоҷирати меҳнатӣ ба арзишҳои иҷтимоие аз қабили оиладорӣ зарбаи ҷиддӣ мезанад.

Мувофиқи омори расмӣ, ҳаррўза дар Тоҷикистон 34 ҷуфти оилавӣ аз ҳам ҷудо мешавад. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта теъдоди талоқҳо 13,7% афзудааст – имсол 12,5 ҳазор оила вайрон шуд.

Ба ин тариқ, шумораи талоқҳо сари ҳар 1 ҳазор никоҳи қайдшуда дар соли 2019 158 ададро ташкил дод, соли 2018 ин рақам ба 133 баробар буд.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оила хабар доданд, ба ҷуз бисёр мушкилоти дигар дар ҷомеаи тоҷик, ки сабаби пошхўрии оилаҳо мегарданд, яке аз маъмултаринҳо муҳоҷирати меҳнатии шавҳар мебошад. Зиёд шавҳарон аз пайи ризқ ба Русия сафар карда, бо мақсади ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар никоҳи худро дар Тоҷикистон бекор мекунанд ва бо зани русиягӣ ақди никоҳ мебанданд. Баъзеи онҳо дигар дар ҳамон ҷо мемонанд.

Бино ба маълумоти Раёсати САҲШ-и Вазорати адлияи Русия, ҳамасола инҷо тахминан 12 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон оила месозад. Ҳуқуқшиносон қайд менамоянд, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо завҷаҳои муҳоҷирон беҳуқуқ мемонанд. Аммо на танҳо онҳо – дар 20 соли охир насли томи фарзандони муҳоҷирони меҳнатӣ ба воя расид, ки аслан аз тарбияи падар маҳрум будаанд.

Зиёд мешавад, ки модарони аз шавҳар маҳрумшуда тавони мустақилона таъмин кардани кўдаконро надоранд. Ин хурдсолон ба кўча баромада, рўзирасони оилаҳои худ ё ин ки оворагард мешаванд. Чанд сол боз ҳукуматдорони тоҷик аз афзудани шумораи қонуншиканиҳое, ки кўдакон аз оилаҳои нопурра содир мекунанд, нигаронӣ изҳор менамоянд. Маъмулан, ин дуздӣ ё авбошии хурд, ҳамчунин фурўши маводи мухаддир ва танфурўшӣ аст.

Имрўз – фоида, фардо – мушкилот

Албатта, айни замон муҳоҷирати меҳнатӣ барои иқтисодиёти Тоҷикистон манфиатҳои муайян меорад, аммо дар дурнамо, ба ақидаи коршиносон, оқибати муҳоҷират барои ҷомеа ва иқтисод хеле ҳузнангез хоҳад буд.

Пас чӣ бояд кард? Қабл аз ҳама, мегўянд мутахассисон, механизмҳои мушаххаси татбиқи сиёсати соҳаи муҳоҷиратро коркард бояд намуд, ғояи умумимиллии муттаҳидсозро барои Тоҷикистон дар соҳаи муҳоҷират бояд ҷуст. Дар навбати аввал, камбизоатиро бояд маҳв кард, барои ин саноат, хоҷагии деҳоти дархўри замон барпо карда ва барои савдои маҳсулоти онҳо шароит сохта, аҳолиро ба шуғл таъмин намудан зарур аст.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Дарду давоҳои муҳоҷират Беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Бо интиқолоти пулии худ онҳо ба ҷумҳурӣ дар кори муқовимат ба душвориҳои иқтисодӣ ёрӣ мерасонанд, барои бисёр оилаҳо пули наздикон аз Русия манбаи асосии даромад аст. Аммо миллионҳо доллари дур аз ватан коркардаи тоҷикистониён бо арзиши гарон ба даст меоянд – онҳо […]
2.75 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *