COVID-19: усулҳои куҳна зидди вируси нав?!

Бино ба қавли коршиносон, таҳия намудани ваксина аз COVID-19-ро аз масъалаи тиббӣ ба як масъалаи сирф сиёсӣ ё иқтисодие табдил додаанд, ки мушкилоти иқтисоди ҷаҳонро ҳал мекарда бошад. Оё воқеан чунин аст? Инҷо шитофтан лозим аст ё на ва олимони кишварҳои пешрафтаи олам дар ин самт ба чӣ ноил шудаанд, аз матлаби таҳлилии муаллифи мо бихонед.  

Роҳи аз ҳама куҳна ва санҷидаи ваксинасозӣ, ки дар бисёр мавридҳо эътимодбахшӣ ва босамарии хешро исбот намудааст, инактиватсия (безараргардонӣ)-и бактерия  (масалан, ангезандаҳои домана, тоун, вабо, сулфакабудак) ё вируси (масалан, энсефалит, полиомиелит, зуком) ангезандаи беморӣ бо роҳи химиявӣ ё тариқи тасфониш мебошад. Таъсири чунин ваксинаҳо ба ҳосил намудани подтанҳо (антитела) ба вирусҳо/бактерияҳои воридкардашуда асос меёбад. Барои ташаккул додани масуният истифода аз якчанд вояи ваксина тибқи нақша (масуникунии бустерӣ) талаб мегардад. 

Камбудии асосии ваксинаҳои безараргардонидашуда дар он аст, ки ҷузъҳои он қодир нестанд дохили ҳуҷайра даромада, фаъолшавии Т-лимфотситҳоро ангезиш диҳанд. Маҳз аз ҳамин сабаб мунаққидони ваксинаҳои безарар қатъиян мухолифи истифодаи онҳо алайҳи  COVID-19 мебошанд. Мавқеи худро онҳо бо пайдо шудани оризаҳо  асоснок мекунанд, ки таъсири ADE (antibody-dependent enhancement) номида мешаванд ва аз сабаби вуҷуд надоштани масунияти ҳуҷайравӣ пас аз заиф шудани «масунияти подтанӣ» ҳосил мешаванд. Кўтоҳтар гўем, моҳияти таъсири ADE комилан сода аст: ҳангоми заиф шудани «масунияти подтанӣ» подтанҳо «заиф» (вирусро маҳв карда наметавонанд ё суст маҳв мекунанд) ба ҷойи қатли (мавриди фаготситоз қарор додани маҷмўаи вирус-подтан) вирус ба сифати  як навъ «аспҳои троянӣ» зуҳур мекунанд. Ба туфайли ин вирус ба истифода аз ҳуҷайраҳои масуниятӣ барои афзоиш шурўъ мекунад ва бо ин ҷараёни бемориро вазнинтар месозад.

Боз як лаҳзаи муҳим: истеҳсоли ваксинаҳои безараргардонидашуда риояи меъёрҳои баландтарини бехатарии биологиро талаб менамояд, зеро вируси «зинда» (ҳамоне, ки ба одамон сироят мекунад) аввал дар реакторҳои биологӣ парвариш ва танҳо пасон безарар гардонида мешавад.

Роҳи «куҳнаю санҷида»-и таҳия намудани ваксинаро бо истифода аз SARS-CoV-2-и «кушташуда» Маркази ба номи Чумаков (ваксинаи «КовиВак»), Sinovac, Sinopharm, Bharat Biotech, Пажуҳишгоҳи вирусологии Ухан ва дигарон интихоб намуданд.

Се ҳарфи сеҳрофар – РНК/ДНК

COVID-19: усулҳои куҳна зидди вируси нав?!

Ваксинасозӣ дар асоси кислотаи рибонуклеин (РНК) ноу-ҳау аст. То пандемияи COVID-19 ҳеҷ кадом аз онҳо ҳанўз аз ҳама марҳилаҳои тасдиқ барои гузарондан ба одамон нагузашта буд, ҳарчанд ки баъзе ваксинаҳо дар асоси ДНК, аз ҷумла барои навъҳои муайяни саратон, аз озмоишҳо бо ширкати одамон гузаронда мешуданд. Коркарди ин навъ ваксинаҳо яке аз самтҳои ояндадортарини мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ аст ва аз сабаби пандемияи COVID-19 баъзе ваксинаҳои РНК-асос иҷозати истифода дар ҳолатҳои фавқулодаро соҳиб шудаанд. Ба шарофати ин истифодаи онҳо барои эмкунӣ дар як қатор кишварҳои олам оғоз ёфтааст – сарфи назар аз он ки таҳқиқотҳо ҳанўз ба анҷом нарасидаанд.

Хуб, моҳияти ваксинаҳои РНК-асос дар чист? Онҳоро бо чӣ муқоиса кардан метавон?

ДНК ва РНК-ро маъмулан бо нақшаву дастурҳо барои омода намудани сафедаҳо қиёс менамоянд. Дар зимн ДНК-ро бо маҷмўи пурраи нақшаву дастурҳо, РНК-ро бо нусхаи кории муваққатии (якчанд рўз вуҷуд дорад) нақша-дастури қисми эҳтиётии алоҳида қиёс кардан мумкин аст.

Туршии рибонуклеи́н (РНК) — яке аз се макромолекулаи асосӣ мебошад (дуи дигар – ДНК ва сафедаҳо), ки дар ҳуҷайраҳои кулли организмҳои зинда мавҷуданд ва дар барамздарорӣ, тафсир, танзим ва ифодаи генҳо нақши муҳим мебозад. Ҳамчунин, мисли ДНК, РНК аз занҷираи дароз иборат аст, ки ҳар ҷузъи он нуклеотид ном дорад.

Туршии дезоксирибонуклеи́н (ДНК) — макромолекулае аст, ки нигаҳдорӣ, гузариш аз насл ба насл, татбиқи барномаи ирсии рушд ва амали организмҳои зиндаро таъмин мекунад. Молекулаи ДНК маълумоти биологиро дар шакли рамзи ирсӣ нигоҳ медорад, ки он аз пайдарҳамии нуклеотидҳо иборат аст. ДНК доир ба сохтори навъҳои гуногуни РНК ва сафедаҳо ахборро дар бар мегирад.

Вазифаи РНК-и ҷадвалӣ (матритсавӣ), ки бо роҳи сунъӣ синтез шудааст, ворид шудан ба ҳуҷайраи одам ва ҳамчун РНК-и вируси воқеӣ таҳрик додани истеҳсоли S-сафеда аст, ки дар навбати худ аксуламали масуният, аз ҷумла, ташаккулёбии подтанҳо ва фаъолшавии Т-ҳуҷайраҳоро ба вуҷуд меорад.

Дар назария ҳамаи ин осон ба назар мерасад. Аммо дар амалия мушкилоте бо «бастабандӣ», бо «қуттии интиқолӣ» ба миён меояд. Pfizer/BioNTech ба сифати «қуттӣ» ҳубобчаҳои липидиро ба кор бурд, ки аммо мисли худи РНК-и ҷадвалӣ хеле ноустуворанд. Дар робита ба ин, ваксинаи мазкурро дар сардии 70 дараҷаи Селсий нигоҳ доштан лозим меояд, ки як қатор мушкилиҳо, масалан мушкилоти логистикиро ба вуҷуд меорад.

Бино ба изҳороти истеҳсолгарони ваксинаи РНК-асоси Moderna/NIH, онҳо тавонистаанд роҳҳали инноватсиониеро пайдо кунанд, ки ба «қуттӣ»-и РНК-и ҷадвалӣ вобаста аст. Ба туфайли ин, ваксинаро дар ҳарорати 2-8 дараҷаи Селсий тўли 30 рўз нигоҳ доштан мумкин мешавад. Оё ин ҳақиқат дорад ва воқеан ба муаллифони Moderna/NIH сохтани ваксинаи босамаре даст додааст, ки дар чунин шароит ҳифз мешавад, вақт нишон медиҳад.

Нанотехнологияҳо дар хизмати одам?!

Боз яке аз самтҳои ояндадори мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ сохтани «ваксинаҳои зервоҳидӣ» аст.

Бартарии онҳо ба истифода аз 1-2 сафедаи вирус асос меёбад, ки яке аз қобилиятҳои вирус – масалан, қобилияти часпидан ба ҳуҷайраҳои организми инсон ва ворид шудан ба ҳуҷайраро таъмин месозанд. Ба ин тариқ, дар ваксинаҳои зервоҳидӣ на вирус ё қисмҳои таркибии он, балки сафедаи вирус ба кор бурда мешавад, ки покшуда, бехавф, устувор, таҳрикдиҳандаи посухи масуниятӣ мебошад. Дар ин байн сафедаҳои иловагии балластӣ ва туршиҳои нуклеинӣ, ки ҳангоми эмкунӣ метавонанд ба таъсирҳои манфӣ сабаб гарданд, ҷой надоранд.

Дар зимн албатта тарафҳои манфӣ низ вуҷуд доранд: пок кардани сафедаи вирусӣ гаронарзиш аст ва посухи масуният, ки он ба вуҷуд меорад, метавонад аз посухи масунияти организм ба худи вирус фарқ кунад, ки як натиҷаи хеле номатлуб мебошад.

COVID-19: усулҳои куҳна зидди вируси нав?!
FILE PHOTO: Vials with a sticker reading, “COVID-19 / Coronavirus vaccine / Injection only” and a medical syringe are seen in front of a displayed Novavax logo in this illustration taken October 31, 2020. REUTERS/Dado Ruvic/Illustration//File Photo

Тибқи ақидаи таҳиягарони ваксинаи Novavax, S-сафеда (дар ҳуҷайраҳои ҳашароти зараррасони ҷуворимакка ҳосил карда шудааст) дар ваксинаи онҳо дар шакли нанозарраҳо вуҷуд дорад. Зимнан, барои ин гурўҳи коршиносон норавшан мемонад, ки чаро бе илова кардани адюванти (ангезандаи посухи масуният) махсус ба таркиб тавлиди подтанҳо ҳангоми эмкунӣ қариб ба назар намерасад. Эҳтимол, маҳз якҷоягии «нанозаррот» ва адювант ба посухи масуният ба ваксинаи Novavax боис мегардад. Бисёр норавшаниҳо дар  робита бо дигар ваксинаҳои зервоҳидӣ низ, аз қабили Sanofi Pasteur/GSK, ки дар марҳилаҳои гуногуни таҳқиқот қарор доранд, боқӣ мемонанд.

Пептидҳо ва адювантҳо

Ҷолибии ваксинаҳои пептидӣ дар бунёд кардани сохторҳои сунъӣ дар асосии  пептидҳои сунъӣ аст, ки қодиранд ҳангоми эмкунӣ посухи масунияти организм ва ҳосилнамоии подтанҳои махсусро ангезиш диҳанд. Ба ибораи дигар, ин қадами навбатӣ дар содакунии таркиби ваксина аст: дар ваксинаҳои безараршуда «вируси кушташуда» яклухт истифода мешавад, дар ваксинаҳои зервоҳидӣ – 1-2 сафедаи ин вирус, дар пептидӣ – қисми ин сафедаҳо. Аз рўи мантиқи вирусшиносон, он бояд дар ҳалли мушкилоте кўмак расонад, ки ба бехатарӣ, самаранокӣ, истеҳсол ва корбурди маводҳои ваксинӣ бастагӣ доранд, зеро миқдори моддаҳои изофии сарборишаванда дар ваксинаҳои пептидӣ амалан ба ҳадди камтарин расонда мешавад.

Ба ҳайси намуна, «ЭпиВакКорона» аз маркази «Вектор»-и Роспотребнадзор (хадамоти назоратбарӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон) аз се пептиди синтетикии SARS-CoV-2 иборат аст, ки ба ҳамдигар бо сафедаи баранда пайваст гардида, дар маводи ёрирасон (адювант) – гидроксиди алюминий устувор карда шудаанд. Таҳиягарони ваксинаҳои пептидӣ аз Донишгоҳи Тюбингени Олмон, ширкати Neo7Logic ва Донишгоҳи Босфори Туркия низ ба ҳамин мантиқ такя мекунанд.

Пас мушкилӣ дар чист? Ба назар мерасад, ки равиши муътамадтарин ҳосил шудааст ва ба қарибӣ давои ин дард ёфта мешавад.

Аммо – ҳайҳот – маълум мешавад, ки ваксинаҳои пептидӣ ба худ камбудиҳои ҷиддӣ доранд. Минҷумла, дар давраи ҷории рушди илм ваксинаҳои пептидӣ масуниятро ба вуҷуд меоранд, аммо бо ифодаёбӣ ва устувории камтар. Ғайр аз ин, дар рафти таҳқиқотҳои лаборатории ваксина аз хориоменингити лимфотситӣ як хусусияти хеле хавфдор ошкор гардид: ҳангоми ворид намудани ваксина ба ҳайвоноти солим дар онҳо масунияти устувор ҳосил мегардид, вале ҳангоми вориднамоӣ ба ҳайвонҳое, ки то ин вақт ба онҳо вирус сироят карда буд, дар як қатор ҳолатҳо посухи гипериммунӣ ба мушоҳида расид, ки бо осебёбии ҳуҷайраҳои гуногуни организми ҳайвонҳо мегузашт ва сабаби марги онҳо низ мешуд.

Лекин, сарфи назар аз ҳама ҷанбаҳои манфӣ, умеди муборизони роҳи пирўзӣ бар бемориҳои сироятӣ бо рушду такмили минбаъдаи ваксинаҳои пептидӣ бастагӣ дорад. Хоса, ваксинаҳои синтетикии пептидӣ асоси стратегияи инноватсионии профилактикаи ваксинагӣ – таъмини ҳимояи зиддиретсепторӣ, «ғайримасуниятӣ»-и эмшудагон мебошад, ки ба садгузорӣ ба ретсепторҳо робита дорад: дар оқибати ин вирус роҳе барои иртибот бо организм намеёбад.

Чӣ бадтар аст: шитобкорӣ ё таъхир?

Оё метавон гуфт, ки ғалаба бар коронавирус воқеӣ шудааст?

Албатта, на. То охири санҷишу озмоишҳо ва таҳлили натиҷаҳои деррас ҳоло масофа зиёд аст. Охир, таҳиякунандагони ваксина имкони бо вирус сироят кунондани озмоишшавандагон ва мунтазир шуда истоданро, ки оё онҳо бемор мешаванд ё не, надоранд: ҳар қадар ваксина эътимодбахш бошад, ҳар қадар аз он коркардкунандагон боварӣ дошта бошанд ҳам, ин аз лиҳози ахлоқӣ ғайри қобили қабул аст. Лозим меояд мунтазир бошем, ки вохўрии организм бо вирус бо роҳи табиӣ ба вуқўъ пайвандад.

Ғайр аз ин, боварӣ ҳосил намудан лозим аст, ки масуният муддати кифоятан тўлонӣ барҷо мемонад. Аллакай имрўз таҳқиқотҳое вуҷуд доранд, ки нишон медиҳанд, сатҳи подтанҳо ба коронавирус ба зудӣ поин меравад. Ваксинае, ки танҳо 2-3 моҳ таъсир дорад, ба кӣ лозим аст? Қайд бояд кард, ки аксарияти ваксинаҳои мавриди баррасӣ ба векторҳои зинда (яъне вирусҳои дигари бехавф) асос ёфтаанд ва онҳоро бисёркарата ворид намудан мумкин нест, зеро худи вектор ба ангехтани масуният шурўъ мекунад.

Арзёбии устуворӣ ва давомнокии масуният низ то охир равшан нест. Ваксинаҳое ҳастанд, ки масунияти дастаҷамъиро ба вуҷуд меоранд, аммо баъд он меафтад, патоген тағйир меёбад, ба организм бори дигар роҳ меёбад ва одам такроран бемор мешавад – лек ин бор бемориро сабуктар мегузаронад, намефавтад. Ин ҳолат, масалан, дар мавриди зуком ҷой дорад. Вале мисли зартабларза ҳам мешавад – масуният тақвия меёбад, сипас то нишондиҳандаҳои нисбатан паст меафтад, лекин таъсири муҳофизатии он то 20 сол боқӣ мемонад.

Ба ақидаи таҳиягарони ваксинаи «Спутник V», «… агар имрўз нафаре ёфт шавад, ки гўяд, паст шудани сатҳи подтанҳо ба COVID-19 маънии онро дорад, ки масуният аз кор мемонад, ин изҳорот далерона, вале бедалелу маънӣ хоҳад буд».

COVID-19: усулҳои куҳна зидди вируси нав?!

То расидан ба истеҳсол бо иқтидори пурра ва қонеъсозии талаботи ҷаҳонӣ ба ваксина низ ҳанўз масофа зиёд аст. Аз сабаби миқёси пандемия  ҳама кор шитобкорона анҷом меёбад, ки дар оқибати ин исботи таъсири ваксинаҳо, надоштани таъсирҳои манфӣ, мавҷудияти оризаҳои эҳтимолан деррас, давомнокии масуният баъди эмкунӣ ва босамарии он зиён мебинад.

Ба ақидаи вирусолог, академик Виталий Зверев, «пойга барои пешсафӣ дар сохтани ваксинаи зидди коронавирус метавонад фалокатовар бошад, агар кор то ба эмкунии оммавӣ бо маводи ба андозаи кофӣ носанҷида расад».

Барои тасдиқи ин гуфтаҳои худ, академик як қатор мисолҳои таърихӣ меорад: «Ҳодисаи аз ҳама маъруф рўйдод бо ваксинаи зидди полиомиелит дар ИМА дар солҳои 1960-ум аст, вақте ваксина, ба ҷойи он ки одамонро ҳимоя кунад, сабабгори гирифтори полиомиелит шудани онҳо гардид. Фалокати миқёсан калонтар дар Филиппин рух дод: онҷо, пас аз гузарондани ваксина аз табларзаи Денге наздик ба 600 кўдак фавтид. Ин ваксина воқеан масунияти сахтро ҳосил менамуд ва вақте кўдаки эмшуда ба вирус бармехўрд, дар ў ҳамон «тўфони ситокинӣ» оғоз меёфт, ки марҳилаи буҳронии сирояти коронавирусиро ташкил медиҳад. Воқеан, вируси Денге аз бисёр ҷиҳат ба коронавирус монанд аст. Бояд гуфт, он корҳоро дар Филиппин маҳз ҳамин доктор Энтони Фаучи роҳбарӣ мекард, ки имрўз дар ИМА дар садри мубориза алайҳи пандемия мебошад. Мисоли сеюм ҳам буд – ваксинаи номуваффақ аз ротавирус, ки дар кўдакон гоҳо инвагинатсияи рўдаҳоро ба вуҷуд меовард».

Ба ақидаи академик Зверев, «як ваксинаи номуваффақ қодир аст тамоми соҳаи ваксинакуниро бар боди фано диҳад ва ба ин тариқ зарари ба маротиб бештар аз манфиати эҳтимолӣ аз масунияти дастаҷамъӣ ба штамми вируси мушаххас расонад».

Ғайр аз ин, новобаста аз хоҳиш доштану надоштани таҳиягарон, коршиносон, табибон ва дар маҷмўъ мардум коронавирус мутатсия мекунад ва шумораи торафт зиёдтари кишварҳо аз ошкор намудани штаммҳои нави вирус ва хурўҷҳои такрории эпидемия, ки ба назар менамуд, дар бисёр кишварҳо поин меравад, хабар медиҳанд. Коршиносон нигаронанд, ки мутатсияи қитъаҳои (ба таркиби ваксинаҳои РНК-асоси муваффақтарин аз Pfizer/Biontech ва Moderna дохил мешаванд) сафедаҳои «хор»-и коронавирус метавонанд онро барои подтанҳое, ки пас аз ваксинагузаронӣ ташаккул ёфтаанд, ношинос гардонад.

COVID-19: усулҳои куҳна зидди вируси нав?!

Аммо асосгузори ширкати Biontech Угур Шаҳин ором мекунад: «Оре, мо медонем, ки баъзе қитъаҳо тағйир ёфтаанд. Вале дар он ҷо боз зиёданд қитъаҳои тағйирноёфта ва алъон барои фикр кардан, ки ваксина метавонад таъсир накунад, асосе надорем».

Тибқи изҳороти Шаҳин, ширкати Biontech аллакай беш аз 20 варианти муқарраршудаи вирусро санҷид ва феълан варианти «бритониёӣ»-ро месанҷад. Дар ҳолати зарурати иваз кардани пайдарҳамии РНК, Biontech тайёр аст, ки ин корро дар ду ҳафта анҷом диҳад ва дар муддати кўтоҳ миллионҳо вояи навро омода кунад.

Чунин ҳаст ё не, дақиқан маълум нест. Зеро, мувофиқи қайди нишонраси академик Зверев: «Кор тарзе ранг гирифт, ки бо кадом як роҳе таҳияи ваксина аз COVID-19 аз масъалаи тиббӣ ба масъалаи сиёсӣ ё иқтисодӣ табдил ёфтааст. Бо пайдоиши ваксина наҷоти муъҷизавии иқтисоди ҷаҳониро аз буҳрон марбут медонанд ва барои бисёр касон хеле муҳим аст, ки дар кадом кишвар, ширкат ё муассисаи илмӣ онро аз ҳама пеш омода месозанд. Ба назар мерасад, бисёриҳои фаромўш мекунанд, ки ин ҳама барои одамон карда мешавад, барои сиҳатӣ ва беҳбудии онҳо».

Шароите, ки атрофи масъалаи эмкунии аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 (коронавируси SARS-CoV-2) шакл мегирад, шояд бар хилоф, аммо мумкин ба туфайли вазъи иқтисодии мураккаб, мавқеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ва дигар омилҳои объективию субъективӣ, боиси назари хушбинона мегардад. Эмкунӣ ҳанўз оғоз наёфтааст ва дар пай Тоҷикистон фурсате дорад мунтазир шавад, ки созандагони ваксинаҳо (дар асоси натиҷаҳои ваксинагузаронӣ, ки дар кишварҳои пешрафта бо авҷи тамом дар ҷараён аст) ваксинаро такмил диҳанд. Ин ба тоҷикистониёни шомил ба гурўҳҳои осебпазир имкон медиҳад, ки бо ваксинаҳои санҷидаи хуштаъсир эм карда шаванд. Хуб, дар мавриди эмкунӣ бо ваксинаҳои нав ҳикмати қадимаи лотинӣ ҷоафтода аст, ки мегўяд: «Festina Lente» (бе саросемагӣ бишитоб).

Михаил Петрушков,

Раиси Анҷумани миллии муҳаққиқони сиёсат ва

идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оцените статью:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *