ЧАРО САРМОЯГУЗОРОНИ АМРИКОӢ БА ТОҶИКИСТОН НАМЕШИТОБАНД?

Департаменти давлатии ИМА дар гузориши андаке пеш паҳнкардааш зери унвони «2020 Investment Climate Statements: Tajikistan» муҳити инвеститсионии Тоҷикистонро арзёбӣ карда, ба доираҳои тиҷоратии кишвари худ сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон маслиҳат надодааст.

Муаллифони гузориш Тоҷикистонро «ҷойи барои пешбурди тиҷорат мураккаб бо хавфҳои баланд барои сармоягузори хориҷӣ» шумурдаанд. Дар зимн қайд мегардад, ки ҳукумати ҶТ ба ҷалби инвеститсияҳои амрикоӣ манфиатдор аст. Вале «монеаҳои бюрократӣ ва молиявӣ, коррупсияи васеъ паҳнгашта, бахши бонкӣ, ки ба андозаи кофӣ кор намекунад, низоми андозбандии ғайришаффоф ва санҷишҳои бешумори тиҷорат» садди ин мешаванд ва «ба сармоягузорон ҷиддан халал мерасонанд».

Дар гузориш ҳамчунин қайд мегардад, ки дар шароити мавҷуд набудани сармоягузориҳои хусусӣ қисми назарраси маблағҳои буҷавиро ҳукумат ба сохтмони НБО Роғун равона мекунад. Ин ҳолат онро ба тағйир додани қоидаҳои андозбандӣ ба хотири таъмини нақшаҳои даромад, ки пайваста боло мераванд, водор месозад.

Мутахассисони Департаменти давлатӣ таъкид мекунанд, ки 75% аз ҳаҷми умумии инвеститсияҳои мустақимро, ки ҷумҳурӣ дар соли 2019 ҷалб намудааст, «қарзи ғайришаффоф»-и марбут ба ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ»-и Чин ташкил медиҳад.

Бино ба ақидаи муаллифони гузориш, истеъмол, ки ба интиқолҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия вобаста аст, метавонад муҳаррики тараққиёти иқтисоди Тоҷикистон гардад. Вале коҳишёбии ҷиддии интиқолҳои пулӣ аз сабаби пандемияи коронавирус боиси сустшавии суръати рушди ММД-и кишвар ва нарасидани асъори хориҷӣ хоҳад шуд. Ҳардуи ин омилҳо аллакай ба чашм мерасанд.

Иқтисодшиносони Департаменти давлатӣ инчунин қайд менамоянд, ки бо вуҷуди мушкилоти пайдошуда ва хавфҳо барои сармоягузорони эҳтимолӣ, Тоҷикистон ба васеъ кардани робитаҳои тиҷоратӣ бо ҳамсояҳои худ майл дорад ва ба беҳтар кардани иқлими инвеститсионии худ ноил гаштааст.

Ёдрас мекунем, Бонки ҷаҳонӣ, ки ба ҷумҳурӣ дар гузарондани ислоҳоти минбаъдаи соҳаи андоз ёрӣ мерасонад, дар гузориши охирини хеш «Doing Business 2020» Тоҷикистонро «реформатори пешбар» номидааст. 

Дар хотимаи гузориши Департаменти давлатӣ қайд гардидааст, ки «агар ҳукумат роҳи ислоҳоти иқтисодиро идома диҳад, имкониятҳо дар соҳаи энергетика, соҳибкории кишоварзӣ, саноати озуқа, сайёҳӣ, саноати нассоҷӣ ва истихроҷи маъдан метавонанд умедбахш шаванд».

Андоз ва боз ҳам андоз…

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Марк Поммершайм дар оғози соли ҷорӣ дар мусоҳиба бо агентии «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба воридшавии сармояҳои амрикоӣ ба ҷумҳурӣ дар навбати аввал андозҳои баланд ва ғайришаффоф будани қонунгузории бахши андоз, ҳамчунин фасод миёни кормандони андоз халал мерасонанд.

«Ислоҳот зарур аст, инчунин ниёз ба таъмин намудани шароити баробари кор барои ширкатҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ, таъмини шартҳои шаффофи тиҷорат вуҷуд дорад. Ва ин ҳама шароитҳои заминавӣ мебошанд, ки ҳар сармоягузори амрикоӣ месанҷад»,- гуфт ў.

Соҳибкорон ва ҳамчунин коршиносони мустақил, ки суҳбат кардан бо онҳо муяссарамон гашт, низ асосан аз андозҳо норозӣ буданд. Онҳо дар қонунгузории мавҷудаи андоз вуҷуд доштани нуқсонҳои сершуморро қайд намуданд, ки дар роҳи рушди бахши хусусӣ монеаҳо эҷод мекунанд.

«Имтиёзҳои сершумор аз ҷиҳати андоз барои як гурўҳи соҳибкорон, духўрагии қонунгузории андоз, тафтишҳои зиёду тўлонӣ, пайваста талаб шудани пардохтҳои пешакӣ ва камбудиҳои бисёри дигар, сўистифода аз мақоми мансабӣ мушкилоте мебошанд, ки одатан соҳибкорон ба онҳо дучор мешаванд»,- қайд намуд коршинос бо шарти зикр нашудани номаш.

Ў ҳамчунин ишора ба сатҳи баланди андозбандӣ дар кишвар кард. «Бисёр соҳибкорон ба хотири нигоҳ доштани тиҷорати худ маҷбуранд даромадҳои воқеии худро пинҳон кунанд, ду муҳосибот баранд. Дигарон корро қатъ мекунанд ва ба кишварҳои ҳамсоя мекўчонанд. Сеюмиҳо умуман маҷбуранд аз тиҷорати худ даст кашанд», – таъкид намуд коршинос.

Мутахассис илова намуд, ки дар ин шароит сармоягузориро танҳо аз Чин метавон интизор буд, ки ҳадафи асосияш дар кишварҳои рў ба тараққӣ таъмини назорат аз болои манбаъхои ашёи хом бо интиқоли минбаъдаи онҳо ба кишвари худ аст.

Сеяки ҳамаи сармоягузориҳо аз Чин аст

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон розӣ шуданд доир ба гузориши Департаменти давлатӣ танҳо дар шакли хаттӣ пас аз гирифтани дархости расмии идора шарҳ пешкаш намоянд.

Бино ба ахбори дастраси ин муассиса, Тоҷикистон дар солҳои 2007-2019 дар ҳаҷми наздик ба $9,9 млрд сармояҳои хориҷиро ҷалб кардааст. Ҳиссаи инвеститсияҳои амрикоӣ дар ҳаҷми умумӣ 7% ($695 млн), чинӣ тахминан 30% ($2,9 млрд), русиягӣ беш аз 16% ($1,6 млрд)-ро ташкил дод.

Сармояҳои чинӣ ба бахшҳои иқтисод аз қабили алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, иктишофот ва истихроҷоти геологӣ, васлу насби таҷҳизоти техникӣ равона шудаанд.

Дар соли 2019 маҷрои маҷмўии инвеститсияҳо ба иқтисоди кишвар $607,1 миллионро ташкил дод, ки аз онҳо $345,9 миллион сармоягузориҳои мустақим ва $261,2 миллион сармоягузориҳои дигар буданд. Саҳми Чин дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим дар соли 2019 ($345,9 млн) $262 млн ё тақрибан 76% аз ҳаҷми умумиро ташкил дод. Иттилоот доир ба ҳиссаи нисбии Чин дар ҳаҷми умумии сармоягузориҳои хориҷиро ба даст овардан муяссар нагардид. Вале барои кишвар маҳз сармоягузориҳои мустақим арзишманд мебошанд, зеро ин гуна сармоягузориҳо дар муқоиса бо қарзҳо дар иқтисоди мо мемонанд, ба ибораи дигар, онҳоро пас додан лозим намешавад. Зиёда аз ин, сармоягузории мустақим ҳармоҳа ба буҷа андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмиро меорад.

Дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ки ҳукумат тасдиқ намудааст, пешбинӣ мешавад, ки дар соли ҷорӣ ба маблағи $682 млн, соли 2021 $774 млн, соли 2022 $924 млн, соли 2023 бошад, $1 млрд 69 млн сармоягузории хориҷӣ вориди иқтисоди кишвар мегардад. 

Ҷавоби Амрико

Зимнан, баррасии масъалаи вусъат додани сармоягузориҳои Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷаласаи дарпешистодаи Гурўҳи кории иқтисодӣ «C5+1» (кишварҳои Осиёи Марказӣ + ИМА) то охири сол дар нақша аст, ки ҳадафи он коркарди пешниҳодҳои амалӣ оид ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои минтақа мебошад. Дар ин бора вазорати сармоягузориҳо ва савдои берунаи Ўзбекистон дар аввали сентябр дар натиҷаи мулоқоти ноиби сарвазири ҶЎ Сардор Умурзоқов ва сафири ИМА дар ин кишвар Дэниэл Розенблюм хабар дода буд.

Коршиносон дар «С5+1» идомаи кори муназзами ИМА-ро оид ба вусъат додани таъсири хеш дар Осиёи Марказӣ ва кўшиши эҷоди тавозунро дар муқобили таъсири ҳам Русия ва ҳам Чин мебинанд, ки яке аз ҳисоби васеъ кардани Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тақвия меёфт ва дигаре лоиҳаи фароминтақавии «Як камарбанд, як роҳ»-ро амалӣ мекард.

То он замон корманди Шўрои Карнеги оид ба этика дар муносибатҳои байналмилалӣ Филип Карузо, ки пеш дар идораи ҷосусии Амрико кор мекард, ба расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки бўҳрони атрофи COVID-19 дар Осиёи Марказӣ вазъеро ба вуҷуд овард, ки ҳангоми он рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ барои минтақа дар ояндаи наздик метавонад тезутунд шавад.

Ў қайд намуд, ки кишварҳои минтақа айни замон ба кўмаки кишварҳои бузурге чун Чин, Русия ва ИМА эҳтиёҷ доранд. «Дар робита ба ин Вашингтон бояд аз вазъият барои пешниҳоди алтернатива ба минтақа истифода барад ва дар «муқовимат ба салтанат»-и Москва ва Пекин ба ОМ кўмак кунад», – гуфт дар хотима Карузо.

Аммо ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мекунад, ки дар шароити коронавирус якбора кам шудани маҷрои сармоягузориҳои хориҷӣ имкон дорад: роҳбари Кумитаи давлатии сармоягузорӣ Фаррух Ҳамрализода дар охири моҳи июл дар рафти нишасти матбуотӣ 30-50% афтидани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷиро то охири ин сол пешгўӣ кард.

Дилшод ШАРАФОВ

Оцените статью:

ЧАРО САРМОЯГУЗОРОНИ АМРИКОӢ БА ТОҶИКИСТОН НАМЕШИТОБАНД? Департаменти давлатии ИМА дар гузориши андаке пеш паҳнкардааш зери унвони «2020 Investment Climate Statements: Tajikistan» муҳити инвеститсионии Тоҷикистонро арзёбӣ карда, ба доираҳои тиҷоратии кишвари худ сармоягузориро ба иқтисоди Тоҷикистон маслиҳат надодааст. Муаллифони гузориш Тоҷикистонро «ҷойи барои пешбурди тиҷорат мураккаб бо хавфҳои баланд барои сармоягузори хориҷӣ» шумурдаанд. Дар зимн қайд мегардад, ки ҳукумати ҶТ ба ҷалби […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *