Чаро омори пневмония ва Covid-19 бояд муттаҳид карда шавад?

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуд ва дар маҷмӯъ ҳодисаҳои сироятёбӣ бо коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 26 ноябр 12 082 ҳолатро ташкил медиҳад (омори аз 28.11.2020). Аммо дар зимн омори гирифторшавӣ ва фавт аз пневмония якбора боло рафта, нисбати фавт аз Covid-19 хеле зиёд мебошад. Оё вақти он нарасидааст, ки ин ду бемории марговарро муттаҳид намуда, ба гурўҳи махсуси ниёзманд ба таваҷҷўҳи баланди табибон ҷудо намоем ва муолиҷаи ройгонро барои маризон таъмин кунем?

Коршиносон роҷеъ ба он, ки шумораи сироятёфтагон дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз аз атрофи 40 бештар намешавад, бо шубҳа менигаранд ва сабаби аслии онро дар мавҷуд набудани имкониятҳои гузаронидани ташхиси Covid-19 дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ медонанд. Инро Илҳом Ятимов, директори лабораторияи СЭС-и ҷумҳуриявӣ ба Радиои Озодӣ низ тасдиқ карда иброз дошта буд, ки дар айни замон ташхиси Covid-19 дар лабараторияи ҷумҳуриявии СЭС, лабараторияи Институти илмии тибби пешгирикунандаи вирусологии Тоҷикистон, лабораторияҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар гузаронида мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки новобаста ба паҳн шудани бемории ҳамагири коронавирус дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, дар ноҳияҳо беморони дорои нишонаҳои COVID, агар хоҳанд ҳам, имконияти аз ташхис гузаштанро надоранд ва ба ҳамаи онҳо духтурон ташхиси илтиҳоби шушро мегузоранд.

Ба гуфти Илҳом Ятимов, айни замон дар ҷумҳурӣ то 2,5 ҳазор ташхис дар як шабонарӯз гузаронида мешавад, ки ба қавли роҳбари Ҷамъияти пайравони Сино Саидҷон Нодирӣ, ин хеле кам аст ва бояд дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон на камтар аз 10 ҳазор ташхиси COVID гузаронида шавад.

Марг аз “пневмония” зиёд аст, аз “Covid-19” кам. Чаро?

Агар ба омори мубталошавӣ ва фавт нигарем, омори марги беморон аз илтиҳоби шуш даҳҳо баробар аз COVID- 19 аст. Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то имрӯз бештар аз 12 х. нафар ба бемории Covid-19 мубтало шуда, 86 нафар вафот кардаанд. Ин маънои онро дорад, ки ҳолати марг аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ҳатто камтар аз 1% аст.

Аммо тибқи маълумоти мақомоти Агентии омори Тоҷикистон, ки моҳи июл дар нишасти матбуотӣ садо дод,  мизони фавти одамон дар нимсолаи аввали соли равон, яъне дар замони пандемияи коронавируси нав, бештар шудааст. Тибқи хулосаи Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон, омори фавтидагон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 дарсад афзудааст.

Чаро омори пневмония ва Covid-19 бояд муттаҳид карда шавад?
Омори Covid-19 дар Тоҷикистон. 26.11.2020.

Ӯ гуфт: “Дар моҳҳои январ-июни соли 2020 фавти умумӣ 18 ҳазору 815 нафар буд. Аз сабаби зуком ва пневмония 1141 нафар ва бемориҳои дигари роҳҳои нафас 518 нафар даргузаштаанд”.

Яъне танҳо дар давраи аз моҳи январ то июл 1141 нафар аз бемориҳои зуком ва пневмония ва 518 нафар аз бемориҳои дигари роҳҳои нафас ҷони худро аз даст додаанд, ки шумораи умумии онҳо 1619 нафарро ташкил медиҳад. Агар тафовутро нигарем, марг аз бемориҳои шуш қариб 20 маротиба бештар аст. Шояд агар дар моҳҳои минбаъда, яъне аз моҳи апрел то ноябр, шумораи аз пневмония фавтидагонро ҳисоб кунем, ин шумора як баробар бештар афзоиш меёбад. Аз ин чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки пневмонияе, ки дар Тоҷикистон паҳн шудааст, хавфноктар аз Covid-19 ба назар мерасад. Феълан низ, тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ, дар 2-3 рӯз марги як нафар аз Covid-19 ба қайд гирифта мешавад, вале мо мушоҳида мекунем ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ дармеёбем, ки ҳамарӯза аз пневмония чандин нафар фавтида истодаанд. Пневмонияе, ки дар Тоҷикистон паҳн шудааст, аллакай ҷони садҳо нафар одамони касбу кори гуногун, ҳатто табибонро гирифт. Тибқи маълумоти шаҳрдории Хуҷанд, ки дар “Азия-Плюс”  чоп шуд, аз оғози пандемия фақат дар шаҳри Хуҷанд 4650 нафар ба бемории “Covid-19” мубтало шудаанд, ки ин 46 фоизи шумораи умумии беморон дар кулли Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Агар дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари вилояти Суғд ҳамин қадари дигар ба “коруно” мубтало шуда бошанд, пас оё ин маънои онро надорад,ки бештар аз 80 дар сади сироятёфтагонро маҳз беморон аз вилояти Суғд ташкил медиҳанд. Чаро омори шаҳру ноҳияҳои дигар пешниҳод карда намешавад, то ин ки шубҳа дар атрофи ҳисоботи расмӣ камтар гардад?

Ҳисоботи пурраи маргу мири беморон аз COVID ва илтиҳоби шуш дар якҷоягӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, вале бино ба маълумоти шӯъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Суғд,  дар шимоли Тоҷикистон давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 10 ҳазору 537 нафар фавтидаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш 1294 адад зиёд аст ва аксар сабаби аслии зиёдшавии шумораи фавтидагонро маҳз аз COVID ва илтиҳоби шуш медонанд. Чанде пеш сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” шаҳру навоҳии  Ашт,  Бобоҷон Ғафуров,  Исфара, Панҷакент ва Истаравшанро аз  минтақаҳои осебпазири бемории ҳамагир ном бурд, зеро  аз ҷадвали омори марг низ мушоҳида мешавад, ки дар ин ноҳияҳо фавт нисбатан бештар ба қайд гирифта шудааст, вале оморе, ки чанд тан аз онҳо бо далели коронавирус  ҷон бохтаанд, дастрас нест.

Covid ё пневмония: инро чӣ гуна муайян мекунанд?

Як моҳ пеш дар шаҳри Панҷакент будам ва ашхоси зиёдеро медонам, ки дар деҳаҳо дар хона бемор буданду нишонаҳои бемориашон маҳз ба сирояти коронавирус шабоҳат дошт, вале аз касе ташхиси COVID гирифта нашудааст ва ҳама дар хона чун бемори пневмония бо доруҳои хоси коронавирус табобат мегирифтанд. Ҳолатҳои марг низ дар чанд деҳа ба қайд гирифта шудааст, ки ҳарорати баланд, нафастангӣ ва нишонаҳои монанд ба Covid дошта бошанд ҳам, расман аз пневмония фавтидаанд.

Аз духтуре, ки беморонро муоина мекард, пурсидам:

– Covid ё пневмония будани онҳоро чӣ гуна муайян мекунед?

Гуфт:

– Вазорати тандурустӣ ба мо рӯйхати доруҳоеро пешниҳод кардааст, ки агар мо нишонаҳои ҳарорати баланд, сулфа, қамқувватӣ ва дигар аломатҳои монанд ба коруноро дар бемор мушоҳида намоем, маҳз ҳамон доруҳоро таъин мекунем ва беморон аз дорухонаҳо онро харидорӣ намуда, дар хона табобат мегиранд.

Вақте дар мавриди ташхиси коруно пурсидам, гуфт:

–То ҳарорат баланд ва вазъи бемор вазнин набошад, мо ба ӯ тавсияи ба духтур рафтан ва ё супоридани таҳлилро намедиҳем. Зеро дар Панҷакент чунин имконият танҳо барои беморони вазнин мавҷуд аст, ки ба шифохона бурда мешаванд.

-Оё дар беморхона имконияти ташхис шудан мавҷуд аст?

-Бале, дар беморхонаи сироятӣ чунин ташхис мегузаронанд.

Ба саволи “агар нафари бемор хоҳиши ташхис шудан дошта бошад,  дар ноҳия чунин имкониятро дорад?” – посух дод, ки ҳамаи ихтиёриён метавонанд дар Беморхонаи сироятии шаҳри Панҷакент ва маркази саломатии “Шифо” ташхис шаванд. Маводи таҳлилӣ ба воситаи контейнерҳои махсус ба Душанбе ё Хуҷанд фиристода шуда, баъд аз 3-4 рӯз аз натиҷааш хабар дода мешавад. Тибқи маълумот, арзиши як ташхис 160-170 сомонӣ гуфта мешавад.

Аз ин ва суҳбатҳои дигар бо чанд духтур чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки ҳисоботи пешниҳоднамудаи Вазорат асосан онҳоеро, ки бо ҳолати вазнин ба беморхонаҳо меафтанду аз онҳо мавод барои таҳлил гирифта мешавад ва ё онҳое, ки ихтиёран худ ба ташхисгоҳҳо ташриф меоранд, фаро мегирад. Дигар ҳама бемороне, ки коруноро сабук ва ё ҳатто вазнин мегузаронанду дар хона табобат мегиранд, аз ҳисоботи сироятёфтагони коронавирус берун мемонанд ва чун пневмония ба қайд гирифта мешаванд.

Чаро омори пневмония ва Covid-19 бояд муттаҳид карда шавад?

Чӣ бояд кард?

Ба назари банда, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории “коронавирус-Covid-19”-ро зарур аст, ки чораҳои фаврӣ андешад ва новобаста аз гарон ва серхарҷ будани ташхиси Covid, ташхиси сартосариро дар ҷумҳурӣ ба роҳ монад, то ки ҳамаи нафарони бемори илтиҳоби шуш ва дигар беморони дорои нишонаҳои монанд ба Covid-19 ташхис шаванд, на ин ки танҳо беморони ба беморхона афтида. Бахусус, дар ин шабу саҳар, ки мавҷи дуюми ин беморӣ ҷаҳонро фаро гирифтаву дар Тоҷикистон низ эҳтимолияти афзоиши он вуҷуд дорад, аз ташхис гузаронидани ҳамаи нафарони мубтало ба бемориҳои монанд ба COVID хеле зарур аст.

Шояд, агар тамоми нафароне, ки нишонаҳои ин бемориро доранд, ташхис шаванд, шумораи мубталошудагону фавтидагон хеле зиёд гардад ва 90 дарсади онҳое, ки аз пневмония ранҷ мекашанду мефавтанд, ба рӯйхати Covid-19 ворид шаванд.

Феълан дар аксари кишварҳои олам омори пневмония ва Covid-ро муттаҳид намуда, ҳамаи онҳоеро, ки ба пневмония мубтало шудаанд, ба рӯйхати беморони Covid ворид намуда, онҳоро ба таври ройгон табобат мекунанд. Пешниҳод мекунам, ки ин таҷриба дар Тоҷикистон низ ҷорӣ карда шавад.

Агар омори пневмония ва Covid муттаҳид карда нашавад, беҳтар он аст, ки маҳз пневмонияро дар Тоҷикистон пандемия эълон намуда, ҳисоботи алоҳидае роҷеъ ба мубталошавӣ ва марги маризон аз пневмония эълон кунанд ва табобати онҳо низ ба таври ройгон ба роҳ монда шавад. Зеро, ба қавли духтурон, солҳои пеш низ ҳолати марг аз пневмония вуҷуд дошт, вале ҳеҷ гоҳ бемори дорои илтиҳоби шуш касеро сироят намекард. Пневмонияе, ки имрӯз дар беморхонаҳо ба қайд мегиранд, аксарашон маҳз Covid аст ва бинобар ин сироят мекунад. Чизи дигар он аст, ки дар Тоҷикистон агарчӣ ба бемор ташхиси пневмония мегузоранд, ӯро ҳатман  чун бемори Covid табобат мекунанд ва дар ҳолати марг бо риояти чораҳои сахти беҳдоштӣ ба хок месупоранд. Пас чаро мо омори мубталошавӣ ва фавти одамон аз пневмония ва Covid-ро муттаҳид накунем?

Холиқи Муҳаммадназар

Оцените статью:

Чаро омори пневмония ва Covid-19 бояд муттаҳид карда шавад? Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти Covid-19 ба қайд гирифта шуд ва дар маҷмӯъ ҳодисаҳои сироятёбӣ бо коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 26 ноябр 12 082 ҳолатро ташкил медиҳад (омори аз 28.11.2020). Аммо дар зимн омори гирифторшавӣ ва фавт аз пневмония […]
3 1 5 7
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *