Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт?

Болоравии шадиди нархҳои маводи сўхт тайи як ҳафтаи охир сокинони пойтахтро ба изтироб овардааст, зеро ин метавонад ба баландшавии нархи молҳои дигар боис шавад. Мо кўшиш кардем равшанӣ андозем, ки сабаби ин болоравии нархҳо дар чист.

Тамоюли гароншавии нархи сўзишвории автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз худи оғози сол мушоҳида мешавад, аммо бо фарорасии баҳор ин раванд боз шадидтар шуд.

Навъи аз ҳама арзони бензин (АИ-92) тайи ду моҳи аввали сол дар Душанбе 15% гарон шуд: аз 6,5 то 7,5 сомонӣ барои 1 литр. Шурўъ аз оғози март нархи ин навъи бензин боз 4% боло рафта, ба 7,8-7,9 сомонӣ барои 1 литр расид. Ба ибораи дигар, суръати афзоиши арзиш дар моҳи гузашта дар қиёс бо моҳҳои январ-феврал ду карат зиёд шудааст.

Болоравии нархи роҳкиро дар нақлиёти мусофирбар ҳанўз ба назар намерасад, аммо бо мурури афзоиши минбаъдаи нархи сўзишворӣ ин ногузир аст. Мусофирбарони хусусӣ дар пойтахт ҳар қатраи маводи сўхтро акнун сарфа мекунанд, то ки хароҷоти худро кам намоянд.

«Пеш мо метавонистем бо 60-65 сомонӣ 10 литр бензин резем, аммо имрўз барои ҳамин ҳаҷм 10-13 сомонӣ зиёдтар медиҳем. Акнун маҷбурем дар ҷустуҷўи мусофирон мисли пештара нагашта, дар як нуқта истода мусофирро интизор шавем. Вале агар нархи бензин устувор нашавад, маҷбур мешавем ё нархи роҳкироро баланд кунем, ё кори дигар кобем, зеро базўр сарро ба нўг расонида истодаем», – гуфт ронандаи таксии, ба ном, «5-сомона» Равшан Кабиров.

Нархҳои хизмати мусофиркашонҳои хусусии байнишаҳрӣ низ ҳанўз дар сатҳи пешина боқӣ мемонанд.

«Рости гап, бо нархи имрўзаи 15 сомонӣ аз ҳар одам ба як тараф мо даромади ночиз дорем. Аммо дар кишвар кор нест ва ҳама ба мусофиркашонӣ машғул шудааст. Дар хатти сайри мо таксӣ хеле зиёд аст, аз 200 мошин бештар, агар боз онҳоеро ба ҳисоб нагирем, ки дар роҳи бозгашт аз кор мусофир мегиранд. Вале мусофир кам аст. Агар роҳи парвозҳо ба Русия кушода шавад, аксарияти мо ба муҳоҷират меравад», – гуфт Акбар Саидов, ки дар роҳи Душанбе-Регар ба хизматрасонӣ машғул аст.

Нархи навъҳои нисбатан гаронарзиши бензин (АИ-95 ва АИ-98), сўзишвории дизелӣ, гази моеъ низ афзудааст. Ва на танҳо дар Душанбе.

Қисми асосии сўзишвориро ба минтақаҳои кишвар аз пойгоҳҳои нафтии пойтахт мебаранд, ки ин, вобаста ба дурии роҳ, ба арзиши он дар минтақаҳо боз 8-10%-ро зам мекунад.

Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт?

Агар, масалан, навъи «мардумии» бензин дар Душанбе 7,8 сомонӣ бошад, дар Суғд онро 8,2 сомонӣ мефурўшанд, дар ноҳияҳои дурдасти ВМКБ – на кам аз 8,50 сомонӣ.

Сабабҳо

Болоравии нархҳои маводи сўхтро таъминкунандагон бо зиёд шудани нархҳои ҷаҳонӣ ба нафт ва пас аз ин боло рафтани нархҳо дар корхонаҳои коркарди нафти Русия рабт медиҳанд, ки аз он ҷо ба ҷумҳурӣ ҳиссаи бештарини сўзишворӣ оварда мешавад. Маҳсулоти нафтии Русия сар аз соли 2013 ба Тоҷикистон бо шартҳои имтиёзнок (бо меъёри содиротии сирфӣ) пешкаш мешавад. Яъне бо ҳамон шартҳое, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди авруосиёии иқтисодӣ муқаррар гардидаанд.

Дар омади гап:

Тоҷикистон дар амал маводи сўхтро аз Русия бо ҳамон шартҳое мегирад, ки барои кишварҳои аъзои Иттиҳоди авруосиёии иқтисодӣ муқаррар гардидаанд. Лекин нархи чакана дар Душанбе 40% аз Бишкек зиёдтар аст. Масалан, 1 литр бензини навъи АИ-92 дар Бишкек имрўз 50 сент (5,7 сомонӣ) арзиш дорад, аммо дар Душанбе – 70 сент (8 сомонӣ). Ин фарқ аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ дар марзи Тоҷикистон ба вуҷуд меояд, ки дар Қирғизистон вуҷуд надоранд, зеро, тавре гуфтем, Қирғизистон бо Русия ба фазои ягонаи гумрукӣ дохил аст. Ғайр аз ин, сарбории андозбандии дохилӣ дар Қирғизистон нисбатан сабуктар аст. Барои мисол, меъёри андоз ба арзиши иловагӣ дар Тоҷикистон 18%, дар Қирғизистон 15% аст. Мувофиқи маълумоти таъминкунандагони тоҷикистонӣ, ҳиссаи андозҳои дохилӣ дар арзиши хариди бензин 50%, дар сўзишвории дизелӣ 33%, дар гази моеъ 31%-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин тафовут дар арзиши сўзишворӣ дар байни ду кишвар аз ҳисоби хароҷот барои интиқол тариқи роҳҳои оҳан ташаккул меёбад, ки масофаи он то Бишкек нисбат ба Душанбе камтар аст. Дар натиҷа, далелҳои қочоқи сўзишворӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки андозаи онҳо, тибқи баъзе маълумотҳо, то 30% аз талаботи умумии ҷумҳурии моро ташкил медиҳад.

Арзиши нафти навъи Brent ба оғози соли 2021 қариб 25% афзуд ва ба санаи 8 марти соли ҷорӣ бори аввал ба сатҳи токовидӣ расида, аз ҳадди $71 барои баррел гузашт.

«Сабаби асосӣ тадриҷан барқарор шудани иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз бўҳрони коронавирусӣ аст. Эпидемия ҳанўз ба охир нарасидааст, аммо талабот ба нафт болоравии устувор нишон медиҳад: баҳори соли 2020 нархи нафт чоряк ҳиссаи худро аз даст дод, аммо пас боз ин бохтро ҷуброн кард ва дар маҷмўъ дар давоми сол камтар аз 10% коҳиш ёфт”,- менависанд расонаҳои Русия.

Афзоиши нархи маҳсулоти нафтӣ то, ба камӣ, охири моҳи ҷорӣ аз сабаби зиёд шудани талабот дар арафаи корҳои кишоварзии баҳорӣ пешгўӣ мешавад.

Ғайр аз ин, таъмингарон афзоиши нархи чаканаи маводи сўхтро дар фурўшгоҳҳои ҷумҳурӣ ба андозаи 16,6% афтидани қурби асъори миллӣ дар муқобили доллар дар соли гузашта рабт медиҳанд.

«Масъала дар он аст, ки сўзишвориро бо доллар мехарем ва, мутаносибан, ҳисоби ҳамаи хароҷотҳои худро аз корхонаи коркарди нафт то нуқтаи бензинфурўшӣ бо ин асъор анҷом медиҳем. Аз ин сабаб тағйирёбии қурб ба нархи чакана бо сомонӣ таъсир мерасонад»,- гуфт роҳбари яке аз ширкатҳои сўзишворирасон, ки аз зикри номаш худдорӣ намуд.

Арзиши бензини навъи АИ-92-ро ба оғози соли 2021 бо нархи он дар соли 2010 муқоиса намуда, дарёфтан мумкин аст, ки дар ин байн нарх ба ҳисоби сомонӣ беш аз ду маротиба афзудааст, аммо бо доллар, баръакс, 14% коҳиш ёфтааст (аз $0,77 соли 2010 то $0,66 дар соли 20-21).

Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт?

«Мушкили асосӣ дар ташаккулёбии нарх дар он аст, ки даромадҳоро дар ҷумҳурӣ мо бо сомонӣ мегирем, аммо хароҷотамон барои воридоти қариб ҳамаи молу маҳсулоти ниёзи аввал бо доллар аст. Ва то замоне, ки мо аз воридот вобаста мемонем, аз болоравии нархҳо халосӣ надорем», – гуфт дар идома манбаъ.

Ба сабабҳои дар боло зикршуда ў мушкили интиқоли маҳсулоти нафтиро аз Қазоқистон илова намуд. Бояд гуфт, ҳоло ин танҳо ба гази моеъ дахл дорад, ки беш аз 90% ба Тоҷикистон аз ин кишвар ворид мегардад. Мушкилӣ дар он аст, ки яке аз се корхонаҳои калони қазоқистонӣ – ККН Атирау – аз сабаби камбудиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро боздошт.  «Корҳо таъмирӣ то охири моҳи март идома хоҳанд дошт», – хабар медиҳад АИ «Казинформ».

Дар омади гап:

Тоҷикистон ҳамасола аз Русия, бо назардошти теъдоди нақлиёти автомобилӣ ва сарфи миёнаи солонаи маводи сўхт, 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтии имтиёзнок дархост мекунад. Аммо Тоҷикистон ҳатто 500 ҳазор тонна нафтро аз ҳаҷми дархосткардааш намегирад. Мутахассисон инро ба қочоқи нафт аз Қирғизистон вобаста медонанд. Сарфи назар аз ин, тибқи омори расмӣ, аз ФР ба Тоҷикистон то 90% маҳсулоти нафтӣ интиқол дода мешавад. 10% дигар ба Қазоқистон ва Ўзбекистон рост меояд.

Гази моеъ, баръакс, 90% аз Қазоқистон гирифта мешавад, ҳаҷми боқӣ аз Русия ва Ўзбекистон оварда мешавад.

Айни замон дар Қазоқистон дар марҳилаи муҳокимаи ҷамъиятӣ масъалаи манъи содироти маҳсулоти нафтӣ тариқи нақлиёти автомобилӣ қарор дорад, ки то 19 март идома хоҳад кард. Тибқи нақша, амри манъ давоми шаш моҳ эътибор хоҳад дошт.

Оқибатҳои имконпазир

Болоравии нархҳои маводи сўхт боиси ба ташвиш омадани на танҳо ронандагону мошиндорон, балки пиёдагардон низ шудааст. Одамон аз таҷрибаи талхи шахсии худ дар хотир доранд, ки ин ҳол маъмулан ба ҳамёнҳои онҳо зарба мезанад ва инро бо дарназардошти аҳволи мушкили аҳолии кишвар метавон ба қатори зарбаҳои дардовартарин нисбат дод. Инҷо на танҳо афзоиши эҳтимолии арзиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ, балки нархҳои дигар молҳо низ пешгўӣ мешавад, зеро хароҷоти интиқол ба арзиши ниҳоии ҳар маҳсулот зам ва ба дўши харидорон бор мегардад.

“Гароншавии нархи маводи сўхт одатан таконе барои афзудани арзиши молҳои истеъмолии дигар мегардад, зеро хароҷоти интиқол дар ташаккулёбии ҳар нарх саҳмгузор аст. Тоҷирон, агар сарф зиёд шавад, онро ба нарх зам мекунад”,- мегўяд соҳибкор Зокир Шарипов.

Ў чунин мисолро овард: фарз мекунем, деҳқон ба фурўшгоҳи сўзишворӣ даромад, то ки барои интиқол додан ва фурўхтани маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр ба мошинаш бензин резад. Эҳтимол, ў тамоман дар бораи баланд бардоштани нархи маҳсулоти худ фикр намекард, лекин нархномаи нав дар фурўшгоҳ, ҳеҷ набошад, ўро ба андеша водор мекунад.

Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт?

Таҳлилгарон бар онанд, ки болоравии нархҳои сўзишворӣ ба бахши бинокорӣ низ таъсири худро мерасонад, зеро интиқоли маҳсулоти сохтмонӣ тариқи нақлиёт дар ин бахш банди муҳими хароҷотро ташкил медиҳад.

Вале бештар аз ҳама нисбати қиматшавии сўзишворӣ боз ҳам бахши нақлиётӣ ҳассос мемонад.

Иқтисодшинос Саидаҳмад Соҳибов ақида дорад, ки дар вазъияти ҷорӣ давлат метавонист ба соҳаи таъмин бо маводи сўхт тариқи кам кардани андозбандии интиқоли навъҳои аз ҳама серталаби сўзишворӣ кўмак кунад. “Ин ягона роҳест, ки тавассути он пеши роҳи боло рафтани нархҳои маводи сўхт ва дар оқибат молҳои дигарро низ гирифтан мумкин аст”,- қайд намуд мутахассис.

Ба ақидаи вай, нархеро, ки фароҳамоварандагон ба арзиши аслӣ зам мекунанд, санҷидан лозим аст, вале нафт ин лаҳзаҳо бо суръати барои даҳсолаи охир беназир гарон шуда истодааст ва, бо эҳтимоли зиёд, нархҳое, ки дар фурўшгоҳҳои мо муқаррар мекунанд, асоснок мебошанд. “Агар давлат нархро боздорад, ин метавонад боис ба бадшавии боз бештари вазъ дар бозор шавад. Агар фароҳаморандагон даромади барояшон лозимро гирифта натавонанд, аз овардани маводи сўхт худдорӣ мекунанд. Дар ин сурат, дар бозор норасоии он ба вуҷуд меояд, ки ҷояшро қочоқчиён пур карданӣ шуда, нархро боз баландтар мебардоранд”, – шарҳ дод ў.

Корхонаи коркарди нафти Данғара

Тоҷикистон аслан тамоми ҳаҷми маҳсулоти нафтии даркориро барои қонеъ намудани талаботи дохилӣ ворид мекунад.

Ҳанўз соли 2018 дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони корхонаи калони коркарди нафтро оғоз карда буданд, ки иқтидори лоиҳавии он 1,2 млн тонна нафтро ташкил медиҳад.

Иншооти мазкурро ширкати чинии «Dong Yingheli Investment and Developmen» бино кард, ки корхонаи фаръии Ширкати миллии нафтугазии Чин (CNPC) мебошад.

Дар нақша буд, ки дар марҳилаи аввал корхона сўзишвории дизелӣ, инчунин бензини тамғаи АИ-80, АИ-92 ва битуми сохтмонӣ истеҳсол мекунад. Дертар истеҳсоли тамғаҳои аврупоии бензин – Евро-4 ва Евро-5 интизор мерафт. Аммо оғози кори корхона ҳар гоҳ мавқуф гузошта мешуд ва, инак, он то ҳанўз ба кор дароварда нашудааст.

Тирамоҳи соли гузашта ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шўро оид ба шарикии давлатӣ-хусусӣ дар Душанбе аз бекор хобидани корхона норозигӣ баён кард.

Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт?
Давлатали Саид. Акс аз SNG.Today

Намояндагони ширкати чини «TK-oil», ки дар чорабинӣ ширкат меварзиданд, қайд намуданд, ки сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии корхона пурра ба охир расонда шудааст. Мушкилӣ, ба гуфти онҳо, дар набудани бозори фурўши маҳсулот аст. Дар вохўрӣ аниқ накарданд, ки зери ин шарҳ, яъне «набудани бозори фурўши маҳсулот» чӣ дар назар дошта мешавад.

Аммо ҳанўз се сол пеш мутахассисон сахт шубҳа доштанд, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар кишваре, ки кони нафт надорад, ба мақсад мувофиқ бошад. Масалан, иқтисодшиноси мустақил Сафар Аюбов он замон ба АИ «Азия-Плюс» гуфта буд, ки ин навъ корхонаҳоро маъмулан кишварҳое бунёд мекунанд, ки захираҳои кофии нафт доранд. Зимнан, ҳар қадар он ба кон наздиктар бошад, ҳамон қадар хубтар аст.

«Модоме тасмим гирифтанд дар ҳудудҳое созанд, ки аз конҳо дур ҷойгиранд, лоақал фикри хобондани лўлаи интиқоли нафтро бояд мекарданд, то ки истеҳсолот фоидаовар шуда тавонад. Тоҷикистон захираҳои кофии нафт надорад, барои гузарондани лўла аз кишварҳои дигар бошад, маблағҳои азим лозиманд. Аз ин сабаб онро тариқи нақлиёт интиқол додан даркор мешавад, аммо ин, бо дарназардошти дарозии роҳ ва боҷи баланди содиротӣ барои ашёи хом дар кишварҳои содиркунанада, коркарди онро бесамар мегардонад»,- гуфт ба «АП» иқтисодшиноси мустақил Сафар Аюбов.

Ў қайд намуд, ки истеҳсолотро ташкил кардан мумкин аст, вале арзиши аслии он ба дил шубҳа мекорад. «Метарсам, ки нархи ниҳоии маҳсулот хеле гаронтар аз сўзишвории воридшаванда мешавад», – хулоса кард ў.

Дилшод Шарифов

Оцените статью:

Чаро нархи сўзишворӣ боло рафт? Болоравии шадиди нархҳои маводи сўхт тайи як ҳафтаи охир сокинони пойтахтро ба изтироб овардааст, зеро ин метавонад ба баландшавии нархи молҳои дигар боис шавад. Мо кўшиш кардем равшанӣ андозем, ки сабаби ин болоравии нархҳо дар чист. Тамоюли гароншавии нархи сўзишвории автомобилӣ дар ҷумҳурӣ аз худи оғози сол мушоҳида мешавад, аммо бо фарорасии баҳор ин раванд […]
3.67 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *