Чӣ тавр пандемия ба тиҷорати наздисарҳадӣ дар вилояти Суғд таъсир гузошт?

Қисми шимолии Тоҷикистон бо вилоятҳои Намангон, Фарғона, Тошканд ва Сирдарёи Ӯзбекистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон марзи умумӣ дорад. Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон дар хати марзҳои давлатии қаламрави чор ноҳия: Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд бозорҳои наздисарҳадӣ бунёд шуданд, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя метавонистанд озодона ба он ҷо биоянд. Бозорҳо нақши омили муттаҳидсозандаро доштанд, на ҷудокунанда. Тиҷорат одамонро ба ҳам наздик карда, миёни онҳо тухми боварӣ мекошт. Онҳо барои пешгирӣ аз низоъҳову нофаҳмиҳои хурди маишӣ, ки дар заминаи мушкилоти ҳалношудаи байни ҳамсоягон сар мезаданд, мусоидат мекарданд.

Аммо дар моҳи марти имсол бо сабаби сирояти бемории ҳамагир дар минтақа роҳбарияти ҷумҳуриҳои ҳамсоя маҷбур шуданд, ки сарҳадҳоро банданд, ки дар натиҷаи он бозорҳои наздисарҳадии ноҳияҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров аз фаъолият бозмонданд. Хабарнигори «Nuqta.tj» ба ин бозорҳои наздимарзӣ рафт, то ки вазъи имрӯзаи корҳоро омӯзад.

Бозорҳои тоҷикӣ кор мекунанд, бидуни қирғизҳо…

Ба гуфтаи сокини Лаккон, нафақагир Юсуф Файзалиев ҳар рӯзи шанбе дар рустои Лаккон бозори маҳаллии “Дӯстӣ” фаъолият мекунад, ки ҳанӯз дар охири солҳои 80-уми асри гузашта бунёд шуда буд. Бозор аз он сабаб чунин гирифт, ки дар паҳлӯи деҳаи марзии қирғизии Дуоба (номи қирғизиаш “Чонтала”) ҷойгир шудааст ва аз аввал байни тоҷикону қирғизҳо нақши муттаҳидкунандаро мебозид.

– Ҳозир бозори “Дӯстӣ” кор мекунад. Аммо он зиндадилие, ки то бастани сарҳад дида мешуд, нест. Ҳам қирғизҳо ва ҳам тоҷикон бесаброна кушодани марзҳоро интизоранд. Зеро акнун шаҳрвандони Қирғизистон барои харидани молҳои ҳаррӯзаи рӯзгор маҷбуранд ба даҳҳо километр дурӣ раванд, – афсӯс мехӯрад Юсуф Файзиев. – Шаҳрвандони Тоҷикистон низ маҷбур ҳастанд, ки барои навъҳои ҷудогонаи мол, ки пеш қирғизҳо меоварданд, ба дуриҳо раванд, барои ин ҳам вақт сарф мешаваду ҳам маблағ.

Сокинони деҳаи наздимарзии Лаккони ноҳияи Исфара умедворанд, ки ба зудӣ пандемияи коронавируси Covid-19 дар минтақа ба охир мерасаду бозорҳои наздисарҳадӣ аз нав ба низоми пештара кор мекунанд.

Деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо шаҳраки “Интернатсионал”-и ноҳияи Қулундууи вилояти Бодканди Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Дар ин ҷо соли 2007 бозори наздимарзии “Овчӣ-Қалъача” бунёд гардид, ки рӯзҳои шанбе кор мекард. Дар ин бозор ғайр аз тоҷикон зиёда аз 500 шаҳрванди Қирғизистон низ озодона савдо мекарданд. Онҳо асосан ба ин ҷо себу нок, маҳсулоти шириву гӯштӣ, чорвои хонагӣ, пойафзол, либос, ангиштсанг меоварданд. Тиҷорат бо арзи миллии “сомонӣ” сурат мегирифт. Ин ҷо қирғизҳо молҳои ниёзи ҳаррӯзаро бо нархи дастрас харида бо қаноатмандӣ ба хона бармегаштанд.

Чорво бо нархи нисбатан арзон

Сокинони деҳаҳои наздимарзии ду ҷумҳурӣ бо шиносномаҳои дохилӣ марзи давлатиро бе ягон мушкил мегузаштанд. Сарҳадбонон танҳо шиносномаҳои онҳоро дар дафтари алоҳида қайд мекарданд. Чунин бозорҳо дар ҳудуди ноҳияи Қулундууи Қирғизистон ҳастанд, ки дар рӯзҳои муайяни ҳафта фаъолият мекунанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои мол, бахусус барои харидани чорвои хонагӣ  ба он ҷо мерафтанд.

– Шаҳрвандони деҳаҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Қирғизистон асосан бо чорвопарварӣ машғуланд, – мегӯяд сокини деҳаи Овчӣ-Қалъачӣ Ғоибназар Худойназаров. – Аз ин рӯ, онҳо моли худро дар Тоҷикистон ё ин ки ба шаҳрвандони тоҷик мефурӯхтанд. Бояд гӯям, ки бо нархи нисбатан арзон.  Ин ба манфиати шаҳрвандони ҳар ду ҷумҳурии ҳамсоя буд. Масалан, агар қассобони мо гӯштро бо нархи 50 сомонӣ фурӯшанд, онҳо айни ҳамин маҳсулотро бо нархи 43 сомонӣ барои як килограмм пешниҳод мекарданд.

Дар як рӯз шаҳрвандони Қирғизистон дар бозори Овчӣ-Қалъачӣ 50-60 сар чорвои калон ва хурди хонагӣ фурӯхта метавонистанд. Ин барои арзоншавии нархи гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ дар бозорҳои маҳаллии мо мусоидат мекард. Зиёда аз ин, рӯзи бозориро бисёр шаҳрвандоне, ки дар кишвари ҳамсоя хешовандону пайвандон доранд, интизорӣ мекашиданд. Масалан, дар деҳаи Қулундуу 15 хонаводаи тоҷикони аслашон аз Мастҷоҳи Кӯҳӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо ба ин ҷо дар оғози солҳои 30-юми асри гузашта кӯчида омадаанд. То ба наздикӣ фарзандони ин оилаҳо ҳар рӯз сарҳадро мегузаштанд, то ки дар мактабҳои тоҷикии деҳаи Овчӣ-Қалъачии Тоҷикистон таҳсил кунанд. Ва баръакс, бисёр кӯдакон аз шумори қирғизони деҳаи мо ҳамарӯза марзи давлатиро гузашта, барои таҳсил ба деҳаҳои қирғизии Мақсад ва Интернатсионал  мераванд.

Боз як ҷузъиёти ҷолиби дигар ҳаст. Ҳангоме, ки бозори “Овчӣ-Қалъачӣ” кор мекард, бо боркунӣ ва расондани бор то хати марз ҳафт бригадаи оилавӣ машғул буданд. Барои кор, вобаста аз бор онҳо ҳам хару ароба ва ҳам аробаҳои муқаррариро истифода мебурданд. Аз ин гуруҳҳои оилавӣ ду нафарашон шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки дар деҳаи ҳамсояи Қулундуу зиндагӣ мекарданд. Дар як рӯзи бозорӣ ҳар як бригадаи оилавӣ то 300 сомонӣ кор мекард. Бо ин маблағ онҳо оилаҳои худро таъмин мекарданд. Акнун, ки марзи Қирғизистон баста аст, аъзои ҳамаи ҳафт оила бе кор ва бе манбаи рӯзгузаронӣ мондаанд.

Яке шикасту дигаре бунёд кард

Дар деҳаи наздисарҳадии Яккатераки шаҳри Конибодом, ки бо ноҳияи Бешариқи вилояти Фарғона ҳамсарҳад аст, соли 1996 бозори наздисарҳадии “Патар-Андархон” бунёд гардида буд. Тиҷорат дар авҷи ҷӯшу хурӯш буд. Ба ин ҷо кулолон, деҳқонон, дуредгарон аз ҳама ноҳияҳои Фарғона маҳсулоти худро оварда мефурӯхтанд. Аммо дар соли 2000-ум президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов ба таври якҷониба бо Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард ва ин сабаби қатъи фаъолияти бозор шуд.

Ба гуфтаи раиси иттифоқи матлуботи ноҳияи Конибодом Рустамҷон Муродов, ҳатто баъди нест кардани бемории ҳамагир ва барқарорсозии низоми одатии гузаштани марз аз ҷониби шаҳрвандони ду ҷумҳурӣ бозори пештараро барқарор кардан дар гумон аст. “Дар ҷои он сохтмони иншооти давлатӣ пешбинӣ шудааст”, –  гуфт Рустамҷон Муродов

Дар айни замон ягона иншооти амалкунандаи наздимарзӣ маҷмааи “Сафариён” аст, ки бозор ба таркиби он дохил мешавад. Маҷмаа дар ҳудуди ҷамоати Сарбанди ноҳияи Спитамен ҷойгир аст ва се гектарро дарбар мегирад. Дар он меҳмонхона, қаҳвахона, чойхона, бонк, истгоҳи мошинҳои сабукрав, дӯконҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, нуқтаҳои савдо ва дигар иншооти иҷтимоӣ мавҷуд аст.

-Ин бозор аз оғози солҳои 90-ум вуҷуд дошт, ба истиснои фосилаҳои хурд то имрӯз фаъолият дорад, – мегӯяд раиси ҷамъияти “Тоҷикматлубот”-и ноҳияи Спитамен Анвар Обидзода. – Он бетанаффус кор мекунад. Айни замон дар робита бо пандемияи коронавирус, ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаҳои наздимарзии ҷумҳуриҳои ҳамсоя зиндагӣ намекунанд, гузаштан аз сарҳадҳои давлатӣ манъ аст.

Қочоқ! Кӣ аз он манфиатдор аст?

Бояд қайд кард, ки басташавии марзҳо ва ҳамчунин бозорҳои наздисарҳадиро мақомоти расмии се кишвари ҳамсоя бо паҳншавии сирояти коронавирус дар минтақа ва ҷорӣ кардани карантин дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ  алоқаманд мекунанд. Собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳоло муовини раиси вилояти Суғд Зариф Назирӣ моҳи июли соли 2020 ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо мақсади таҳти назорат гирифтани марзи Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз ҳаракати воситаҳои нақлиёт онҳо аввал дар хати  нуқтаҳои гузаргоҳӣ хандақҳо кофтанд. Сипас барои назорати ҳаракати шаҳрвандон постгоҳҳо таъсис доданд.

-Ба хотири он ки шаҳрвандони Тоҷикистон худсарона аз марз нагузаранд, мошинҳои худро дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории воқеъ дар қаламрави Қирғизистон пур накунанд, 250 камераҳои видеоӣ насб кардем. Сабти шабонарӯзии видеоӣ мавҷуд аст. Аммо ҳамаи ин тадбирҳои андешидашуда муваққатӣ мебошанд. Бо хуб шудани вазъи беҳдоштӣ, онҳо лағв хоҳанд шуд, – гуфт он вақт Зариф Назирӣ.

Бисёре аз таҳлилгарон бо З.Назирӣ ҳамовозанд: кушодани бозорҳои наздисарҳадӣ падидаи ногузир аст. Зеро, тамоми ҷаҳон бо роҳи муттаҳидсозӣ ва ҳамгироӣ меравад. Зиёда аз он, бастани бозорҳои наздисарҳадӣ боиси пайдоиши қочоқи оммавии молҳо дар ҳарду ҷониб мегардад.

Ба гуфтаи коршиносе, ки дар яке аз деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон зиндагӣ мекунад ва нахост номашро ифшо кунад, бозорҳо бастаанд, аммо тиҷорати воқеӣ идома дорад ва он ҳам дар намуди қочоқ.

-Ба фикри ман, аслан ягон карантин риоя намешавад. Одамон қариб ки озодона аз сарҳад мегузаранд. Манъи ҳаракат танҳо ба нақлиёт дахл дорад, – тааҷҷуб мекунад  коршинос. – Бо мошини худ аз марз гузаштан мумкин нест. Ин нороҳатии зиёдро ба бор меорад. Бар замми ин молҳои истеҳсолкунандагони тоҷик, аз ҷумла маҳсулоти шириву гӯштӣ дар мағозаҳои қирғизӣ дастрасанд. Беихтиёр фикре пайдо мешавад, ки касе аз чунин ранг гирифтани вазъи корҳо манфиатдор аст. Дар молбозори деҳаи Арка, ки дар паҳлӯи  деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, баъзан харидорони тоҷик пайдо мешаванд. Аммо аҳён-аҳён ва бо тарс. Зеро аз ҳар ду тараф марзбонони мусаллаҳ меистанд. Лекин онҳо ба пиёда гузаштан аз марз монеъ намешаванд. Пас, ҷорӣ кардани карантин чӣ маъно дорад?

Бояд қайд кард, ки ба шаҳрвандоне, ки марзи давлатиро аз ҷониби гузаргоҳҳои гумрукӣ мегузаранд, маҳдудият муқаррар карда шудааст. Ҳар як шахси калонсол метавонад бе боҷи гумрукӣ бо худ миқдори муайяни молро гузаронад, ки маблағи умумиаш аз $1000 зиёд набошад.

Дар вилояти Суғд расман 12 гузаргоҳи назоратӣ бо Ӯзбекистон, 3 гузаргоҳ бо Қирғизистон амал мекунанд. Аммо дар минтақаи наздимарзӣ бисёр ҷойҳое ҳастанд, ки одамон метавонанд сарҳадро ба таври ғайрирасмӣ убур кунанд.

Ба гуфтаи сардори идораи минтақавии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Баҳром Исматуллозода бунёди бозорҳои сарҳадии нав ё барқарорсозии бозорҳои амалкунандаи пештара ба салоҳияти мақомоти расмии кишварҳои ҳамсоясарҳад дохил мешавад.

Одамон манбаи даромадашонро аз даст доданд…

Албатта, ҳар ду ҷониб метавонанд, ки сарҳадҳоро пурра банданд ва тамоман бидуни ҳамдигар амал кунанд. Аммо ҳарду кишвар низ чун сокинони он сарватманд нестанд ва агар ду ҷумҳурӣ марзҳоро баста, аз бозорҳои наздисарҳадӣ даст кашанд, даҳҳо ҳазор одамон бе сарчашмаи иловагии даромад мемонанд.

Аз рӯи баҳодиҳаии баъзе тоҷирони бозори Хистеварз дар давраи баста будани сарҳадҳо гардиши моли онҳо қариб ба 50% коҳиш ёфтааст.

Имрӯз бозорҳои наздисарҳадӣ шароитҳоро фароҳам меоранд, то ки одамон ба таври оилавӣ ҳамкорӣ кунанду муносибатҳоро хубтар созанд. Чунин тиҷорат барои ҳар ду ҷониб судманд аст.  Бавижа, ин кор дар замони карантин назаррастар шуд – ҳар ду ҷониб фаҳмиданд, ки то кадом андоза ба ҳамдигар лозиманд. Ба ғайр аз даст додани даромадҳои мустақим, бастани сарҳадҳо барои ҳар ду ҷониб нороҳатиҳои зиёдеро ба бор меорад. Барои идомаи бадастории даромад одамон маҷбуранд, ки илоҷ кобанд, дар ҷустуҷӯи он бошанд, ки бо кӣ гуфтушунид кунанду ба кӣ пора диҳанд. Яъне, вазъи ҳозира барои густариши фасод шароити хуберо муҳайё месозад.

Робитаҳои тиҷоратии мутақобилан судманд, ки дар муддати солҳои дароз барқарор шудаанд, канда мешаванд, Худо накунад, агар ногаҳон низоъи нав сар занад, он робитаҳое ки омили нигоҳдоранда буданд, шояд дигар вуҷуд нахоҳанд дошт. Дар ин росто, низоъҳои минбаъда метавонанд, ки боз ҳам шадидтару фарогиртар бошанд.

Тилав РАСУЛЗОДА

Оцените статью:

Чӣ тавр пандемия ба тиҷорати наздисарҳадӣ дар вилояти Суғд таъсир гузошт? Қисми шимолии Тоҷикистон бо вилоятҳои Намангон, Фарғона, Тошканд ва Сирдарёи Ӯзбекистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон марзи умумӣ дорад. Дар давраи Истиқлоли Тоҷикистон дар хати марзҳои давлатии қаламрави чор ноҳия: Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамени вилояти Суғд бозорҳои наздисарҳадӣ бунёд шуданд, ки шаҳрвандони ҷумҳуриҳои ҳамсоя метавонистанд озодона ба он ҷо биоянд. Бозорҳо нақши омили муттаҳидсозандаро […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *