Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?

Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси изҳороти мансабдорони ўзбекистонӣ оид ба сифати пасти таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори назар карданд. Мутахассисон бар онанд, ки сифати таҳсил дар ҳамаи кишварҳои минтақа аз камолот дур аст.

Бозрасии ҶЎ тавсия намедиҳад…

Тобистони соли 2020 Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ба сифати таълиму таҳсил дар баъзе донишгоҳҳои Қирғизистону Тоҷикистон баҳои паст дод. Дар ин бора дар ҳисоботи идора, ки дар сомонаи расмии Бозрасӣ зери унвони «Тавсияҳо оид ба муайян кардани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ҳамсоя» гуфта шуд.

Мувофиқи суханони муаллифон, тавсияҳо ба омўзиши таҳлилии раванди таҳсил дар макотиби олии кишварҳои ҳамсоя асос ёфтаанд. Бино ба ахбори ҳисобот, 16 донишгоҳи Тоҷикистон ва Қирғизистон ба талаботи бозори меҳнати Ҷумҳурии Ўзбекистон ҷавобгў нест.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?

Инчунин дар ҳисобот омадааст, ки «нархи таҳсилоти хуб арзон намешавад» ва «нархи таҳсили шартномавӣ дар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ҳамсоя барои таъмини таълими босифат имкон намедиҳад». Муаллифони санад ба ҳамватанони худ тавсия медиҳанд, дар кишварҳое маълумот гиранд, ки дар раддабандиҳои бонуфузи таҳсилотӣ мавқеъҳои баландро ишғол мекунанд.

Дар ҳисобот қайд мешавад, ки мактабҳои олии Тоҷикистон ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил намешаванд. Инчунин Тоҷикистон рейтинги умумӣ ё миллии муассисаҳои таҳсилоти олӣ надорад.

Ҳисобот дар сомонаи Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилот ҷой дода шуд, аммо дертар аз ин сомона ғайб зад.

Вазири маорифи Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода дар нишасти матбуотии 17 июл изҳор дошт, ки ҳисоботи ҳамкасбони ўзбек як таҳқиқоти бесалоҳият ва нохолисона аст. Тибқи суханони ў, муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ бадтар нестанд.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Вазири маорифи ҶТ М. Имомзода.

Имомзода изҳор дошт, ки ҳисобот “рақобати носолим” аст, то ки донишҷўён аз Ўзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа ба Тоҷикистон барои таҳсил наоянд.

Ў гуфт, ба Вазорати маорифи Ўзбекистон нома равон карда, зимни он изҳор доштаанд, ки ин таҳлил асос надорад.

Хатмкардагони донишгоҳҳои ҶТ аз душвориҳои нострификатсия мегўянд

Гулсифат Ҷумъаеваи ўзбекистонӣ (ном тағйир дода шудааст) якчанд сол пеш донишгоҳи Тоҷикистонро хатм кардааст ва феълан дар ватанаш бо дипломи тоҷикӣ кор мекунад.

 Ба гуфти ў, ҳамаи хатмкардагони мактабҳои олӣ барои аз рўйи ихтисос пайдо кардани кор бояд дар Ўзбекистон аз нострификатсия гузаранд. Ҷумъаева гуфт, ки алъон дар Ўзбекистон аз раванди нострификатсия гузаштан хеле душвор ва супоридани имтиҳон қариб ки ғайриимкон аст. Аз ин сабаб аксари донишҷўён аввал ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешаванд ва як-ду сол пас ба мактабҳои олии Ўзбекистон мегузаранд.

Ҷумъаева қайд кард, ки баъди гузариш аз нострификатсия ў бе ҳеҷ мушкилот ба кор дар мактаби миёнаи махсуси Ўзбекистон қабул шуд.

Ҷумъаева мегўяд, дар муносибат бо корфармо ва ҳамкорон ҳеҷ мушкилӣ надорад:

«Онҳо маро ҳамчун мутахассис ҳурмат мекунанд ва ман ҳам ба донишу малакаҳои онҳо эҳтиром мегузорам».

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.

Нодира, донишҷўи ўзбек, ба факултаи омўзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 2019 дохил шуд. Вале ним семестр таҳсил карда, ба мактаби олие дар Ўзбекистон гузашт.

Нодира мегўяд, ки ба муассисаи таҳсилоти олӣ дар Тоҷикистон дохил шуданро афзал донист, зеро дар Тоҷикистон маблағи таҳсил нисбат ба Ўзбекистон камтар аст. Ў ҳамчунин илова намуд, ки дар Ўзбекистон супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ душвортар мебошад.

«Эҳтимол, аз сабабе ки сифати таълим дар Ўзбекистон беҳтар аст, хоҳишмандони дохилшавӣ ба донишгоҳҳои маҳаллӣ зиёдтаранд. Аммо дар маҷмўъ дар сатҳи таҳсилоти олии ду кишвар тафовут нест, дар ҳарду кишвар омўзгорони ботаҷриба ва ихтисосманд ҳастанд», – афзуд Нодира.

Филологи ўзбекистонӣ Мирасрори Фарғонӣ хулосаҳои ҳисоботи Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Кабинети вазирони ҶЎ-ро бемантиқ хонд.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Мирасрори Фарғонӣ. Акс аз Facebook.

Худи Фарғонӣ дар замони Шўравӣ Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (алҳол Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси филолог-рўзноманигор хатм кардааст. Бино ба гуфти ў, хатмкардагони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар Ўзбекистон кадри хуб маҳсуб меёбанд.

Ҳисоботи зикршудаи Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилот дар Сенати Ўзбекистон низ мавриди танқид қарор гирифт. Раиси Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ, алоқаҳои иқтисодии беруна, сармоягузориҳои хориҷӣ ва туризм Равшанбек Алимов изҳор дошт, ки «баъзе тезису хулосаҳои ҳуҷҷати мазкур эътироз ва суолҳои асоснокро барангехтанд».

Хоса, ў қайд намуд, ки бозрасӣ «ба ҷои далелҳои мушаххас ва асоснок бо ибораи «ба талаботи бозори меҳнати Ўзбекистон ҷавобгў нест» қаноат кардааст».

«Пеш аз ҳама, дар куҷоянд параметрҳои бозори меҳнат барои чунин хулосабарорӣ? Кӣ онҳоро муқаррар кардааст? Аз ҷониби кӣ ва кай донишгоҳҳои номбурдаи кишварҳои ҳамсоя таҳқиқ шудаанд?», – суолгузорӣ кард Алимов.

Ў инчунин суолеро ба миён гузошт, ки оё Бозрасии Ўзбекистон салоҳияти баҳо додан ба муассисаҳои таҳсилотии кишварҳои хориҷиро дорад.

«То куҷо ин амалҳо ва ҳадафҳои онҳо ба манфиатҳои миллии давлати мо ва авлавиятҳои он дар сиёсати беруна мувофиқанд?»- навиштааст Алимов.

Коршиносон: Талабот ба мутахассисонро иқтисод ташаккул медиҳад 

Бахтиёр Олимҷонов, номзади илмҳои таърих, муҳаққиқи мустақили ўзбекистонӣ, ақида дорад, ки сифати таълим дар кишварҳои минтақа тақрибан дар як сатҳ аст.

«Гап дар ихтисосмандии омўзгорони макотиби олӣ ё ҳатто дар фасод дар соҳаи маориф нест. Гап дар идеологияи «миллӣ» ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олист. Ҳукуматдорони ўзбек аз ворид шудани идеологияи «бегона» ба мафкураи шаҳрвандонашон хавф дорад», – мегўяд Олимҷонов.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Бахтиёр Олимҷонов. Акс аз Facebook.

Ў ҳамчунин ғайб задани ҳисоботро аз сомонаи расмии Бозрасӣ шарҳ дод: «Ин дар ду соли охир як таҷрибаи маъмул шудааст. Ташаббусҳои гуногун пайдо мешаванд, баъд онҳо рад мегардад ва ғайб мезананд. Ё вақти худро интизор мешаванд. Бо эҳтимоли бештар, ин маънои онро дорад, ки айни замон ташаббуси мазкурро ҳукумат қабул накардааст».

Рустам Бурнашев, профессори Донишгоҳи Қазоқистону Олмон, ба тавсияҳои Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилот баҳои қатъиян манфӣ дод. Профессорро ғайришаффоф ва интихобӣ будани арзёбии Бозрасӣ қонеъ намекунад.

«Масалан, доир ба макотиби олии Қазоқистон суолҳо ба вуҷуд меоянд, ки сатҳи тиҷоратишавӣ ва фасод дар онҳо ниҳоят баланд аст, вале ягон донишгоҳи Қазоқистон ба рўйхати «номақбулҳо» дохил нагардидааст», – қайд намуд Бурнашев.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Профессор Рустам Бурнашев. Акс аз Facebook.

Профессор пешниҳод кард, ки лоиҳаҳои муштараки осиёимиёнагӣ оид ба аккредитатсия ва аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олӣ тартиб дода шаванд, рейтинги (индекси) дахлдор таъсис ёбад ва русумоти эътирофи санадҳои таҳсилотии якдигар сода карда шаванд.

«Ҳамчунин ба назар бояд гирифт, ки «сифати» дипломҳо дар бораи маълумоти олӣ танҳо дар фазои рақобатпазир ба кор меравад, он ҷо, ки масалан, қабулшавӣ ба кор вобаста ба донишу малакаҳои мутахассис аст», – таъкид намуд Бурнашев.

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон, қайд мекунад, ки аз сатҳи донишу тайёрии мутахассисони хатмкардаи макотиби олии кишвар корфармоён норозиянд. Бисёр кишварҳо аллакай мутахассисонро дар асоси талаботи корфармоён омода мекунанд ва муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон низ бояд ба ҳамин шакли кор гузаранд.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Мунира Иноятова. Акс аз Facebook.

– Мутаассифона, имрўзҳо аксарияти муассисаҳои таълимии мо бо корфармоён кор намебаранд, ба андешаҳои онҳо гўш намедиҳанд, намедонанд, ки онҳо чӣ талабот доранд. Корфармоён аз кишварҳои хориҷ технологияҳои нави муосирро меоранд, аммо мутахассисон дар мактабҳои олӣ дар бораи онҳо тасаввурот ҳам надоранд. Имрўз корфармо мехоҳад, ки мутахассис на танҳо ба пуррагӣ техника ва технологияҳоро донад, балки аз онҳо дуруст истифода бурда низ тавонад», – гуфт М. Иноятова.

Ба андешаи вазири собиқи маориф, зарур аст, ки мутахассисон дар мутобиқат ба талаботи байналмилалӣ омода карда шаванд, зеро бозори меҳнати Тоҷикистон ҳамаро бо кор таъмин намуда наметавонад ва мутахассисон маҷбур мешаванд ба хориҷа раванд.

-Агар ин мутахассис ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ҷавобгў бошад, вале инҷо кор пайдо накунад, ба кишварҳои дигар рафта, метавонад ба худ кори муносиб пайдо кунад,- мегўяд таҳлилгари тоҷикистонӣ.

Эркин Байдаров, саркорманди илмии Пажуҳишгоҳи шарқшиносӣ ба номи Р. Б. Сулейменов, таъкид кард:

– Дар маҷмўъ қайд кардан мехоҳам, ки сатҳи сифати таълим дар мактабҳои олии кишварҳои Осиёи Марказӣ баланд нест. Ҳеҷ рақобати носолим инҷо нест, мушкилоти барои ҳама умумӣ ҳаст. Ҳатто ҳарчанд ки як қатор донишгоҳҳои Қазоқистон ба феҳристи 1000 донишгоҳи беҳтарини олам дохил карда шудаанд ва Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал-Форобӣ дар мавқеи 165-ум аст, нисбати ҳам худи рейтинг ва ҳам усулҳои муайян намудани он суолҳо ба вуҷуд меоянд. Барои мактабҳои олии минтақа, тавре Шумо қайд намудед, ҳам сатҳи нокифояи ихтисосмандии омўзгорон ва ҳам сатҳи баланди фасод дар соҳаи маориф, ҳамчунин камбудиҳои зиёди дигар хосанд. Аз ин рў, фикр мекунам, дар ҳалли ин масъала кори ҳамоҳанги кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳадафи бардоштани соҳаи мазкур ба сатҳи баландтар зарур аст. Барои ҳал кардани бисёр масъалаҳо дар ин соҳа кооператсия дар соҳаи таҳсилоти олӣ лозим мебошад. Барои мисол, ташаккул додани меъёрҳои умумии таҳсилот, барномаҳои дахлдори таълимӣ, ки беш аз ҳама барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии кишварҳои мо заруранд.

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард?
Эркин Байдаров. Акс аз Facebook.

Талабот ба мутахассисон нест?

Аммо коршиносоне ҳам ҳастанд, ки ба вазъ дар соҳа назари қатъитар доранд. Ба ақидаи Денис Бердаков, коршинос аз Қирғизистон, қисми бештари МТО-и минтақа «дар бозори хизматрасониҳои таҳсилотӣ як партове» беш нестанд.

«Мушкили асосии ҳамаи кишварҳои минтақа, ба ғайр аз Қазоқистон, омўзгорони қашшоқ мебошанд. Масъалаи дигари ҷиддӣ барои тамоми кишварҳои минтақа сохтори қавму авлодӣ, фасодзадагии ҷомеаҳо аст, вақте муҳим нест, ки ту чӣ хел мехонӣ – ҷой дар вазорат ё ширкати хуб ба одами шиносу авлоддор мерасад»,- мегўяд Бердаков.

Ҳамчунин, ба гуфти ў, «сохтори иқтисодиёт талаботро ба таҳсилоти воқеӣ муайян мекунад».

«Аз тарафи фармоишгар дархост ба таҳсилдидагӣ мушоҳида намешавад – иқтисоди «хару фурўш» ташаккул ёфтааст. Дар бархе кишварҳо харбузаю чормағз мефурўшанд, дар кишварҳои дигар филизу нафт, аммо талаботи назаррас ба мутахассисон саводнок аз ҷониби корфармоён дида намешавад», – гуфт Бердаков.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

Бозрасии сифати таҳсилоти Ўзбекистон чаро донишгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кард? Коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар хусуси изҳороти мансабдорони ўзбекистонӣ оид ба сифати пасти таълим дар мактабҳои олии Тоҷикистон ва Қирғизистон изҳори назар карданд. Мутахассисон бар онанд, ки сифати таҳсил дар ҳамаи кишварҳои минтақа аз камолот дур аст. Бозрасии ҶЎ тавсия намедиҳад… Тобистони соли 2020 Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Ўзбекистон ба […]
3.67 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *