«Бозии калон»-и нав

Гуфтушуниди дурўзаи дохилиафғонии сатҳи олӣ, ки 18 июл дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа миёни ҳайати ваколати ҳукуматӣ ва Ҷунбиши Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъ) баргузор шуд, тавре бисёр коршиносон пешгўӣ мекарданд, бенатиҷа анҷом ёфт. Аз оғоз равшан буд: толибон, ки тайи ду моҳи охир қисми бештари кишварро зери ихтиёри худ гирифтанд, аз комёбиҳои ҷангии худ барои фишороварӣ ба намояндагони ҳукумати расмӣ истифода мекунанд. Шореҳи сиёсӣ Нуралӣ Давлатов, ки соли 2001 шоҳиди бевоситаи ба Афғонистон ворид шудани нерўҳои эътилофӣ буд, ба Nuqta.tj назари худро ба ҳодисаҳои имрўзи ҶИА арз намуд.

«Хабарҳои нохуш»

Вазъ дар Доҳа чуноне ҳам сурат гирифт, ки пешгўӣ мегардид. Намояндагони толибон ҳамчу тарафи ғолиб рафтор намуда, қатъиян аз рўихати сиёҳи террористони байналмилалӣ баровардани саркардаҳо, инчунин раҳо намудани 7,5 ҳазор ҳамсафони асиргаштаи худро талаб намуданд. Кобули расмӣ ҳарду талабро рад намуд, зеро як сол пеш 5400 толибро озод кард, ки боз ба даст силоҳ гирифтанд ва акнун дар амалиёти ҷангӣ бар зидди ҳукумат фаъолона ширкат меварзанд.

Ҳамзамон толибон ба ваъдаи худ, ки дар рафти давраҳои қаблии музокирот доир ба вақти оташбас ва идома додани музокираи сулҳ аз лаҳзаи тарки Афғонистон кардани низомиёни амрикоӣ ва НАТО дода буданд, вафо накарданд.

Оё толибон медонанд, ки ҳайати ваколати ҳукуматӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ба иҷрои ин талабҳо розӣ намешавад? Бо эҳтимоли бештар, оре, онҳо инро мефаҳмиданд, вале ба як қатор сабабҳо ба нишастан сари мизи гуфтушунид розӣ шуданд, ки чунинанд:

1. Пешвоёни «Толибон» ба тамоми олам нишон додан мехостанд, ки ба ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи ҳарбӣ ва сиёсӣ дар заминаи сулҳ омода мебошанд.

2. Аммо ин ба онҳо халал намерасонад, ки дар баробари гуфтушуниди «сулҳҷўёна» ҳуҷумашонро ба неруҳои ҳукуматӣ идома дода, ҳудудҳои торафт бештарро ғасб намоянд.

«Бозии калон»-и нав
Гуфтушунид бо намояндагони Ҷунбиши Толибон. Акс аз  ia-centr.ru

Дарҳол пас аз гуфтушунид президент Ашраф Ғанӣ изҳор намуд: «Мо барои ҳалли баҳс ҳайати ваколат фиристодем. Лекин онҳо (толибон) чунин азму хоҳиш надоранд, аз ин рў лозимамон меояд худ ҳаллу фасл бикунем».

Бо вуҷуди ошкоро вайрон кардани маслиҳатҳои қаблӣ бо толибон, рўзи 9 июл президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден иброз дошт, ки санаи пурра баровардани неруҳои амрикоиро аз Афғонистон аз 11 сентябр ба 30 августи соли ҷорӣ гузаронд.

Як ҳафта пеш президенти Амрико, ки зоҳиран аз фишори хабарнигорон дар масъалаи Афғонистон хаста шуда буд, зимни нишасти матбуотии худ арз намуд, ки намехоҳад дигар дар бораи Афғонистон суҳбат кунад ва ба хабарнигорон пешниҳод кард, дар арафаи Рўзи истиқлолияти ИМА ба мавзуъҳои бештар шодиовар рў оранд.

Алвидоъ, Багром

20 сол пеш артиши Амрико ба Афғонистон бо мақсади нобуд кардани Аморати Исломӣ, ки Толибон тирамоҳи соли 1996 эълом дошта буданд, «Ал-Қоида» ва бунёдгузори он Усома бин Лодани аз ҷониби Вашингтон ба ташкили иқдомоти террористии 11 сентябри соли 2001 дар ИМА айбдоргашта ворид шуда буд.

Ба вақти хуруҷи неруҳо дар моҳи майи соли ҷорӣ амрикоиҳо танҳо як вазифаи худро иҷро намуданд – Усомаро нобуд карданд (10 сол қабл), он ҳам на дар Афғонистон, балки дар Покистон, ки иттифоқчии Кохи Сафед ва пуштибони Толибон маҳсуб меёбад.

Айни замон низомиёни Амрико қариб пурра наздики 20 пойгоҳи дар Афғонистон ҷойгири худро тарк намуда, дар кишвар танҳо чандсад низомии хешро мондаанд, ки сафоратхонаи ИМА, ҳамчунин фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кобулро зери ҳимоя хоҳанд дошт.

«Бозии калон»-и нав
Фурудгохи Багром. Акс аз www.dw.com

Тайи 20 соли инҷо қарор доштани ИМА ба лоиҳаи афғонӣ тақрибан 1 триллион доллар сармоя гузошта шудааст. Дар ин давра беш аз 3,5 ҳазор сарбозу афсари Амрико ва НАТО талаф ёфтаанд, талафот миёни аҳолии афғон ба маротиб бештар аз ин аст. Бино ба иттилооти намояндагии СММ дар Афғонистон, сар аз соли 2009, вақте он бақайдгирии мунтазами қурбониҳоро миёни аҳолии осуда ба роҳ монд, дар кишвар беш аз 100 ҳазор ҳалок ё маҷруҳ шуд. Ғайр аз ин, мувофиқи изҳороти президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, ки ҳанўз соли 2019 паҳн карда буд, аз соли 2014 инҷониб, замоне ки ў президент шуд, зиёда аз 45 ҳазор низомии афғон ҳалок гардидааст.

Ба ҳайси сафҳаи нанговартарин дар таърихи амалиёти «Озодии шикастнопазир»-и неруҳои эътилофи байналмилалӣ метавон тарки пойгоҳи ҳавоии Багром кардани қушунҳои амрикоиро зикр намуд, дар ҳоле ки аз даст  ба даст супоридани иншооти мазкур бояд дар рафти маросими расмӣ бо иштироки ҳар ду ҷониб анҷом меёфт.

Сарфи назар аз ин, 2 июл барқро қатъ карда, амрикоиҳо дар торикии шаб, ҳатто ҳукумати афғониро огоҳ накарда, ба ватанашон парвоз карданд. Пагоҳӣ низомиёни маҳаллӣ ба Багром ҳозир шуда, фурудгоҳи холиро дарёфтанд. Ва ин дар ҳолест, ки дар Багром зиндони низомаш қатъӣ бо 5 ҳазор ҷонибдори Толибон воқеъ буд.

Бо эҳтимоли ғолиб, дар шароити ҳуҷуми васеъмиқёс ва юриши пирузиовари толибҳо аз оғози май, тарк намудани яке аз пойгоҳҳои калонтарини ҳарбии ҷаҳон иштибоҳи ҷиддии ҳарбӣ ва сиёсии Кохи Сафед буд. Бо ин иқдом ИМА нишон дод, ки тақдири ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва як насли томи афғонҳо, ки дар шароити ҳузури амрикоиҳо дар кишвари худ ба воя расида, ба демократия ва «орзуи амрикоӣ» эътимод кардааст, барояшон чандон арзише надорад.

Акнун ба ҳамаи ин одамон, ки шумораашон кам нест, хавфи марговар– инквизитсияи ҷоҳилонаи асримиёнагӣ таҳдид мекунад. Дар сурати сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ Толибон бераҳмона на танҳо ҷонибдорони низоми мавҷуд, балки оилаҳои онҳоро низ ҷазо медиҳанд. Ва ин кор аллакай оғоз ёфтааст.

Ҳамзамон набояд аз ғайбзании ногаҳонии амрикоиҳо аз Багром ҳайрон шуд. Онҳо 20 сол қабл, миёнаҳои ноябри соли 2001 низ ҳамин гуна ногаҳонӣ, пушти пардаи торикии шаб, дарҳол пас аз он пайдо шуданд, ки Аморати Исломиро Эътилофи Шимол сарнагун сохт. Ягона фарқ дар он аст, ки соли 2001 дар фурудгоҳ қувваи барқ набуд ва соли 2021, қабл аз тарк кардани пойгоҳ, амрикоиҳо худ барқро хомўш карданд.

Соли 2021 омадани гуруҳи якум, ки иборат аз 160 низомии амрикоӣ ва британиягӣ буд, қатъиян махфӣ нигоҳ дошта мешуд. Бо вуҷуди ин, ман яке аз нахустин рўзноманигорон будам, ки онҳоро чанд соат пас аз фуруд омаданашон ба Багром дида будам.

2 рўз пас, зимни нишасти матбуотии нахустини хеш, ки дар толори начандон калони ВКХ-и Афғонистон доир гардид, президент Бурҳонуддин Раббонии пас аз 5 сол ба ватан баргашта бо қатъият фавран баровардани неруҳои эътилофи ғарбиро аз фурудгоҳи Багром талаб намуд. Сарвари давлати афғон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида буд, иброз намуд, ки ҳузури ҳарбиёни хориҷӣ бидуни розигии ҳукумати Афғонистон чизи дигаре ҷуз иқдоми таҷовузгарона нисбати давлати мустақил нест.

Лекин дар Вашингтону Лондон ин ултиматумро сарфи назар карданд. Ё танҳо вонамуд карданд, ки чизеро нашунидаанд. Президент Раббонӣ аз кишварҳое ҳам, ки ба ў дар мубориза пас аз Кобулро ишғол намудани Толибон ёрӣ мерасонданд, дастгирӣ надид.

«Бозии калон»-и нав
Бурҳонуддин Раббонӣ. Акс аз Радиои Озодӣ

Дар рафти ин нишасти матбуотии таърихӣ, ки дар Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон баргузор шуд, ман дар паҳлуи вазири дифоъ Фаҳим менишастам, ки ба ин вазифа пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд моҳи сентябри соли 2001 таъин гардида буд.

Президент Раббонӣ эҳтимол ҳанўз намедонист, ки тақдири ў, ҳамчунин тақдири Афғонистон аллакай ҳал шудааст ва ҳамсафони ў пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд (9 сентябри соли 2001 кушта шуд), аз ҷумла Фаҳим низ, бо амрикоиҳо забон як карда, ба ў хиёнат намудаанд.

Генерал Томми Френкс чанд сол пас дар ёддоштҳои худ бо тамасхур навишт, ки чӣ тавр бо Фаҳим нархро савдо кард ва ба дасти ў чанд миллион доллар дод. Раббонӣ эҳтимол аз ин созиши вазири дифоъ ва Френкс он замон ҳанўз хабар надошт.

Аммо дўстибозиҳои ҷонибдорони Раббонӣ бо амрикоиҳо ба зудӣ барои онҳо ба бохт табдил ёфт. Бонги нахустин дар оғози моҳи декабри соли 2001 дар Нишасти Бонн садо дод, ки онҷо тақдири ҳукумати сиёсии Афғонистони пасотолибӣ ҳал мегардид.

Дар набард бо толибон на амрикоиҳо, балки Эътилофи Шимолӣ ғолиб омада буд, ки аъзои он дар Бонн аз ҳокимияти қонунӣ намояндагӣ мекарданд. Вале Кохи Сафед фикр мекард, ки пешвоёни Эътилофи Шимолӣ иттифоқчиёни Русия ва Эрон ҳастанд, аз ин рў онҳоро барканор кард.

Ротатсияи навбатии дўстону душманон?

Ғарб ва дар навбати аввал ИМА ба он такя мекарданд, ки роҳбари нави Афғонистон бояд лўхтаки Кохи сафед ё «Шоҳ Шуҷо»-и навбатӣ шавад, ки дар нимаи аввали солҳои 30-юми асри 19 ўро англисҳо ба тахти Кобул нишонда буданд.

Президенти қонунӣ Раббонӣ, ки ба шеваи талаб баровардани гуруҳҳои низомии Амрико ва Британияро аз Багром талаб мекард, барои амрикоиҳо қобили қабул набуд. Аз ин сабаб ў маҷбур гардид дар Нишасти Бонн моҳи декабри соли 2001 ба истеъфо диҳад.

Пас аз истеъфои Раббонӣ ҳукумати президентӣ дар Афғонистон бекор карда шуд ва кишвар ба идораи Ҳукумати муваққатӣ гузашт.

Роҳбари Ҳукумати муваққатӣ муовини собиқи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати Раббонӣ, сипас дар Аморати Исломии Афғонистон, яъне ҳукумати толибон, сиёсатмадори барои доираҳои васеъ ноошно Ҳомид Карзай шуд.

Дар охири солҳои 90-ум Карзай ба ИМА муҳоҷират намуда, онҷо шабакаи тарабхонаҳои афғонӣ дошт.

Моҳи октябри соли 2004 дар Афғонистон ҳокимияти президентиро барқарор карда, амрикоиҳо ва аврупоиҳо номзадии Карзайро дастгирӣ намуданд.

Карзай он замон ҳамроҳи намояндагони сершумори қавмаш ба Кобул кўчид, ки онҷо онҳо имкони воқеии ба элитаи нави сиёсии Афғонистон табдил ёфтанро пайдо намуданд.

«Бозии калон»-и нав
Ҳомид Карзай пас аз раъйдиҳӣ ангушти рангкардаи худро намоиш медиҳад. Акс аз aftag.info

Дар интихоботи мазкур тақаллубҳо зиёд буданд, ки худам шоҳиди онҳо гаштам. Он рўз ҳамроҳи ҳампешаи латвиягии хеш Атис Климович мо аз якчанд қитъаи интихоботӣ дар пойтахт дидан кардем, ба як қатор музофотҳои атрофи Кобул сафар намудем.

Ба хотири пешгирӣ аз сохтакорию тақаллубҳо дар Афғонистон ангушти дасти бесаводонро ранг мекарданд, вале маълум шуд, ки он ранг ба осонӣ пок карда мешавад ва як нафар метавонад якчанд маротиба раъй диҳад – ин гуна ҳолатҳоро ман бо чашмони худам дар 4-5 қитъа дидам.

Дарҳол пас аз интихобот бисёр расонаҳои Афғонистон Карзайро ба тақаллубкориҳо бо ранги покшаванда ва ба кор бурдани фишангҳои маъмурӣ айбдор намуданд.

Инчунин мухолифон Карзайро ба он муттаҳам карданд, ки ҳукумат ба якчанд миллион пашту миқдори зиёд дод, то ки онҳо дар интихоботи президентӣ барои ў овоз диҳанд.

Ман намедонам, ки то куҷо ин исрорҳо ба ҳақиқат мувофиқ буданд, вале паштунҳои покистониро, ки ҳатто дар Кобули тоҷикзабон форсиро намефаҳмиданд, дар ҳар қадам дидан мумкин буд.

Ба ин тариқ, интихоботи ғайришаффоф ва аз ҷониби Ғарб эътироф гардидани натиҷаҳои сохтакоришуда ҷиддан худи раванди демократисозӣ ва татбиқи арзишҳои демократиро дар ҷомеаи анъанавии афғонӣ доғном карданд.

Ба хотири риояи адл бояд гуфт, ки дар қиёс бо интихоботи оянда интихоботи мазкур поктарин дар таърихи Афғонистон буд.

Интихоботи солҳои 2009, 2014 ва 2019 олудаи моҷароҳои ҷиддӣ гардиданд. Вале аз ҳама пурфоҷиа интихоботи охир буд, ки дар шароити тезутунд шудани вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ ва музокироти мустақими ИМА ва Толибон мегузашт.

Музокироти расмӣ миёни намояндаи махсуси ИМА Залмай Халилзод ва намояндагони толибон соли 2018 оғоз ёфтанд, вале алоқаҳои ғайрирасмӣ, эҳтимолан, кайҳо боз ба роҳ монда шуда буданд. Бояд қайд намуд, ки парадоксалӣ аст, аммо соли 2018, бо сар кардани музокироти мустақим бо Ҷунбиши Толибон, Кохи Сафед дар амал қонунияти гурўҳи террористиро, ки барои нест кардани он 20 сол пеш неруҳои худро вориди Афғонистон сохт, эътироф намуд.

Яку ним сол пас, моҳи феврали соли 2020 ҳукумати Амрико ва Толибон муоҳадаи таърихӣ ва ҳамзамон шубҳаангезро оид ба чанд ҷанба ба имзо расонданд, ки ин зайл буданд:

1. ИМА ва НАТО бояд неруҳои худро аз Афғонистон берун оранд;

2. Ҳукумати Афғонистон аъзои «Толибон»-ро аз рўйхати таҳримӣ берун мекунад; ҳамин корро бояд ИМА, СММ ва дигар кишварҳо низ адо кунанд;

3. Кохи Сафед аз ҳукумати Афғонистон озод намудани 5 ҳазор толибро бар ивази 1 ҳазор корманди неруҳои қудратӣ талаб мекунад, ки дар асорати толибҳо қарор доранд.

Дар навбати худ, Толибон уҳдадории худдорӣ аз ҳамлаҳоро ба низомиёни Амрико ва НАТО, махсусан замони хуруҷи неруҳо бар дўш мегиранд.

Ҳукумати Афғонистон, ки гуфтушунидро оғоз намуд, эҳтимол таҳти фишори Вашингтон ва Ҷунбиши Толибон розӣ шуд, ки 5400 толибро озод намояд, ки ба зудӣ боз ба даст силоҳ гирифта, зидди Кобули расмӣ сар бардоштанд.

Ҳамчунин толибон ба кушодани намояндагии сиёсии худ дар Қатар розигӣ  гирифтанд ва бо вуҷуди он ки аз ташкилоти террористӣ намояндагӣ мекарданд, ба бисёр пойтахтҳо сафарҳо анҷом доданд, аз ҷумла ба Маскав, ва дар ҳама ҷо онҳоро ҳамчун як нерўи сиёсии қонунӣ қабул менамуданд.

Ҳамин ки моҳи майи соли 2021 амрикоиҳо ба баровардани артиши худ аз Афғонистон шуруъ намуданд, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар якбора тезутунд гашт.

«Бозии калон»-и нав
Толибон. Акс аз nazarnews.org

Аз ин ҷо саволе ба миён меояд: оё амрикоиҳо оқибатҳои осемасар баровардани неруҳои низомии худро дарк мекарданд? Бо эҳтимоли зиёд, мекарданд.

Барои мисол, генерал Скот Миллер, ки дар Афғонистон бештар аз ҳама ҳампешагони худ хизмат кардааст, чандин карат изҳори нигаронӣ аз он намуда буд, ки толибон метавонанд зуд ҳудудҳои навро ишғол намоянд, ҳамчунин пас аз анҷоми маъракаи ҳарбии ИМА дар Афғонистон  ҷанги шаҳрвандӣ сар мешавад.

Тарки Афғонистон кардани ИМА ва НАТО роҳбарони толибонро руҳбаланд сохт. Онҳо дар ин ҳолат эълом доштанд, ки Ғарбро маҷбур ба фирори шармандавор пас аз 20 соли ҷанги нокомона карданд. Маҳз онҳо, на ҳукумати Ашраф Ғанӣ.

Ҳар гунае бошад, дар асл дарҳол пас аз оғози хуруҷи неруҳои эътилофи ғарбӣ, толибон бар хилофи аҳду паймонҳо бо ИМА-ву ҳукумат ба ҷанги калонмиқёс даст зада, қариб нисфи Афғонистонро забт карданд.

Айни замон аксари шаҳрҳои калони Афғонистон дар муҳосира қарор доранд. Аммо толибон исрор меварзанд, ки онҳо ба хотири пешгирӣ аз талафоти зиёд ба шаҳрҳо ворид нашудаанд.

Таърих такрор мешавад?

Ҳамин тавр, Ҷунбиши Толибон муваффақияти миёнаи солҳои 90-уми худро такрор намуд. Албатта, дар байни ин ду давраи пирўзиҳояш тафовутҳо ҳастанд. Поёнтар баъзе аз онҳоро меорем.

1.Вақте дар миёнаҳои солҳои 90-ум Ҷунбиши Толибон баногоҳ дар майдони сиёсӣ фаъол гашт, ҳатто дар худи Афғонистон низ кам касон медонистанд, ки ҳадафҳои ниҳоии ин ташкилоте аз минтақаи дурдаст зери роҳбарии муллои барои аксарият ноошнои Муҳаммад Умар чӣ гунаанд.

2.Он  замон кам касон дарк менамуданд, ки Ҷунбиши Толибонро, ки аз ҷониби давлатҳои сарватманди арабӣ – Арабистони Саудӣ ва АМА сармоягузорӣ мешуд, хадамоти махсуси Амрико, Британия ва Покистон созмон додаанд.

Дар Афғонистон бисёриҳо бовар надоштанд, ки Покистон ва Арабистони Саудӣ, ки ҳангоми ҷанг бо Иттиҳоди Шўравӣ дар солҳои 80-уми асри ХХ кўмаки ниҳоят калон расонданд, мехоҳанд «Толибон»-ро барои амалӣ кардани мақсадҳои стратегии худ истифода баранд.

Аз ин сабаб, ташаккулёбии афкори ҷамъиятӣ ва ташкили муқовимати силоҳнок бар зидди Ҷунбиши Толибон ва иттифоқчиёни дирўзаи исломӣ дар симои Покистон ва Арабистони Саудӣ як кори иҷронашуданӣ ба назар мерасид.

«Бозии калон»-и нав
Толибон. Акс аз imago stock&people (Globallookpress)

Толибон, дар навбати худ, аз он ки мардум аз ҷангҳои байниҳамдигарии муҷоҳидон пас аз сарнагун шудани Наҷибулло дар соли 1992 хаста шуда буданд, истифода бурда, як қатор шиорҳоро пеш овард, ки он замон дастгирии васеъ ёфтанд ва ин ғалабаи ояндаи онҳоро таъмин сохт.

Мушаххасан, Толибон ба мардуми Афғонистон чунин ваъдаҳо карданд:

1. Ташкил намудани давлати исломӣ ва барқарор кардани қонунҳои шариат;

2. Бесилоҳ кардани ҳамаи ташкилотҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва барқарор намудани сулҳ;

3. Кушодани ҳамаи роҳҳо, ки аз ҷониби қумондонҳои маҳаллӣ назорат карда мешуданд.

Аммо он чӣ, ки ба ҳукумати Раббонӣ даст надод, бо дасти худи толибон иҷро шуд. Онҳо моҳи сентябри соли 1996 чеҳраи ҳақиқии худ – чеҳраи мутаассибони динӣ, ба ифодаи дигар «фанатикҳо»-ро нишон доданд.

Яке аз амалҳои золимонаи нахустини Ҷунбиши Толибон, ки тамоми ҷаҳон маҳкумаш кард, ҳамла ба идораи СММ дар Кобул буд, ки онҷо 5 сол боз собиқ президенти Афғонистон Наҷибулло ва бародараш Шоҳпур Аҳмадзай, ки ба аёдаташ аз хориҷа омада буд, паноҳ буданд. Толибон ба бино зада даромада, бераҳмона Наҷибулло ва бародарашро латукўб карданд, пасон дар рўзи равшан дар маркази Кобул ба дор кашида, се рўз иҷозат надоданд, ки ҷасадҳо барои дафн аз дор бароварда шаванд.

Танҳо баъд аз дахолати пешвоёни қабилаи маъруфи паштунӣ, ки президенти собиқ ба он тааллуқ дошт, толибон розӣ шуданд ҷасадҳоро бидиҳанд, зеро чунин рафтор метавонист қабилаҳои дигари паштуниро низ зидди онҳо шўронад.

Тирамоҳи соли 1998 толибон шаҳри Мазори Шариф, маркази маъмулии вилояти Балхро тасарруф карда, 10 дипломати эронӣ ва як хабарнигорро бераҳмона қатл карданд. Ҳамчунин онҳо якчанд ҳазор аз мардуми шиамазҳаби ҳазораро ба ҳабс гирифта, ба Дашти Лайлӣ бурданд ва онҷо ба қатл расонданд.

Моҳи феврали соли 2001, бо вуҷуди эътирозҳои олами мутамаддин, толибон муҷассамаҳои қадимаи Буддоро дар Бомиён тарконданд. Муллоҳои толиб фатво доданд, ки муҷассамаҳо қабл аз ғалабаи ислом бар бутпарастон сохта шудаанд, аз ин рў бояд нобуд карда шаванд.

Зиёда аз ин, дар 5 соли мавҷудияташ Аморати Исломӣ Афғонистонро ба лонаи террористони исломмаоб табдил дод ва тобистони соли 1996 аз Судон ба шаҳри шарқии афғонии Ҷалолобод Усома бини Лодан омад, ки ИМА ўро террористи №1 эълон кард.

Тирамоҳи соли 1988 Кохи Сафед Ибни Лоданро ба анҷом додани иқдомоти террористӣ бар зидди сафоратхонаҳои худ дар Кения ва Танзания муттаҳам намуд ва чанд моҳ пас ИМА бе огоҳӣ ба мавқеи силоҳбадастони Ҷунбиши Толибон дар Афғонистон 75 мушак  сар дод.

Ғуруби Аморати Исломӣ тирамоҳи соли 2001 фаро расид, вақте Кохи Сафед саркардаи «Ал-Қоида» Усома бин Лоданро, ки ба ў пешвоёни Ҷунбиши Толибон сарпаноҳ дода буданд, ба ҳамлаҳои террористӣ ба Маркази савдои байналмилалӣ ва Пентагон айбдор намуд.

Дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии ИМА, ки аз ҷониби бисёр кишварҳо дастгирӣ ёфт, Аморати Исломии Афғонистон дар камтар аз 40 рўз сарнагун ва ба оғози зимистони соли 2002 комилан безарар гардонида шуд.

Ба ин камина дар рафти сафарҳои чандинкаратаи худ ба Афғонистон дар солҳои 2001, 2003, 2004 ва 2005 итминон ҳосил намуд. Он замон ба музофотҳои сершумор дар тамоми гўшаҳои Афғонистон, аз ҷумла ба минтақаи Спин Булдак, ки соли 1994 онҷо Ҷунбиши Толибон таъсис ёфтааст, сафар доштам.

Ҳамчун тарҷумони расонаҳои Латвия, ки ба ҳайати НАТО дохил мешуд, ҳамроҳи ҳамкасбони худ дар солҳои гуногун дар пойгоҳҳои низомии ин ташкилот будам ва дар деворҳои он харитаҳоеро овезон дидаам, ки навоҳии ноороми ҳамсарҳад бо Покистон дар онҳо қайд шуда буданд. Дар ин давра, мувофиқи харитаҳои НАТО, танҳо якчанд вулусволии ҷанубӣ барои низомиёни хориҷӣ камубеш хатарнок маҳсуб меёфтанд. Ба истиснои ин қисми хурд, дигар ба ҳар минтақаи Афғонистон бидуни тарси ҷони худ сафар кардан имкон дошт.

Нуралӣ Давлатов

Оцените статью:

«Бозии калон»-и нав Гуфтушуниди дурўзаи дохилиафғонии сатҳи олӣ, ки 18 июл дар пойтахти Қатар шаҳри Доҳа миёни ҳайати ваколати ҳукуматӣ ва Ҷунбиши Толибон (ташкилоти дар Тоҷикистон мамнуъ) баргузор шуд, тавре бисёр коршиносон пешгўӣ мекарданд, бенатиҷа анҷом ёфт. Аз оғоз равшан буд: толибон, ки тайи ду моҳи охир қисми бештари кишварро зери ихтиёри худ гирифтанд, аз комёбиҳои ҷангии худ […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *