Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон

ва ё ҷангҳои ниёбатии абарқудратон дар ин кишвар то куҷомерасад? 

Ғаммозии паси парда

Чанд сол қабл ба утоқи корӣ як шаҳрванди тоҷик, ки аз ҷониби мақомоти низомии Афғонистон боздошт ва солҳои тӯлонӣ дар яке аз бузургтарин зиндонҳои ин кишвар «Пули-Чархӣ» маҳбус буд, ворид шуд. Ҳангоми сӯҳбат дарк кардам, ки ҳанӯз аз муҳити Афғонистон берун нашудааст ва таъсири шеваи дарӣ дар гуфтораш эҳсос мешавад. Гумон кардам, ки бештар аз бегуноҳ муттаҳам шуданаш ва азобҳое, ки дар зиндон кашидааст ривоят мекунад. Камина низ барои чанд ҳарфи таскин гуфтан мисли «шукр кунед, ки ҷон ба саломат бурдед”, “Ба ватан баргаштанатон як бахти бузург аст» омода шудам… Вале ӯ ғайриинтизор зимоми суҳбатро ба даст гирифту, аз ҳаёти зиндон қисса кард ва чизҳоеро мегуфт, ки ман ҳатто тасаввурот надоштам:

– Дар зиндоне, ки гирифтор будам, бахши азими маҳбусонаш «Толибон» ва ё гумоштагони онҳо буданд, – бо садои паст нақл мекард ҳамсӯҳбатам, гӯё ҳанӯз дар Афғонистон асту агар касе ҳарфҳои ӯро шунаванд, имкон дорад, ки ба ҷонаш қасд кунанд. Чанд маротиба шоҳиди он будам, ки афсарони баландпояи нерӯҳои хориҷии мустақар дар Афғонистон дар даст кейсҳои бузург назди қумондонҳои «Толибон» меомаданд ва соатҳо дар хилват бо эшон сӯҳбат доштанд. Рӯзе ин гумонҳоро назди як зиндонбони тоҷиктабор, ки бо банда муносибати хуб дошт арз кардам. Аз китфи ман гирифту ба утоқаш бурд ва паси дари пӯшида гуфт: -Ҳеҷ корат набошад, ин сиёсати кишварҳои бузург аст, ки мову ту аз он берунем… Танҳо ҳамин чиза барот иттилоъ медиҳам, ки дар кейсҳо пайсаву бесими низомӣ (рация) ва мадорики дигар меоранд. Мо ҳатто ҳаққи суол надорем, ки чӣ буду чаро… Баъдтар аз буду боши озод ва маишати «Толибон» дарк кардам, ки мисли мо маҳбус набуданд ва аслан зиндони Пули-Чархӣ барои онҳо паногоҳи муваққатие буд, ки то замони зарурат ҳифз мешуданд…

Шояд он замон, ки «Толибон» нуфузашонро аз даст дода буданду аз онҳо хатаре эҳсос намешуд, ба ин гуфтаҳо кам таваҷҷӯҳ намудам, вале имрӯз ба дурусти дарк мекунам, ки амрикоиҳо “ҷинро дар кӯза” нигоҳ медоштаанд, ки вақти зарурат онро раҳо кунанд. Вагарна «Толибон» ба нохост мисли сел ё тарма сарозер намешуданд ва ҳама чизро дар роҳи худ намеруфтанд… 

Чаро музофоти Афғонистон бидуни муқовимат таслим мешавад?     

Ҳар соат хабаре мерасад, ки фалону беҳмадон улусволӣ аз дасти «Толибон» суқут кардааст. Нерӯҳои амниятии Афғонистон ё ақиб задаанд ва ё ба дастаҳои «Толибон» бидуни муқовимат таслим шудаанд. Наворҳое пахш мешаванд, ки гӯё «Толибон» дар тафовут аз бархурдҳои хушунатомези пешин, бо нерӯҳои амниятӣ ба нармӣ рафтор мекунанд. Ба онҳо ҳатто як миқдор маблағ медиҳанд, ки аслиҳаро таслим кунанд ва ба хонаводаашон баргарданд. Насиҳат мекунанд, ки “Шумо бародари мо, нури чашми мо, чаро бояд хуни ҳамдигарро резем. Ҳадафи мо танҳо ин аст, ки фармудаи шариатро риоя бикунед, занҳотон чодар бигиранд…” ва мисли ин. Вале афсус, мардум содаи афғон фаромуш карданд, ки ҳамин усулро соли 1994, дар юриши пешин низ истифода мекарданд. Ба деҳоту улусволиҳо дар даст китоби муқаддаси “Қуръон” ворид мешуданд, мегуфтанд мо паём аз “Ислом” овардем, бигӯед, ки “Каломи Шариф” муқаддастар аст ё калашников? Хуб медонистанд, ки ҳеҷ як мусалмон аслиҳаро бар “Қуръон” тарҷеҳ намедиҳад. Таблиғ мекарданд, ки ҷангу низоъро бигзоред ва ба тоату ибодат машғул шавед ва бад ин минвол аслиҳаро аз мардум ҷамъ мекарданд. Баъд аз қудрат пайдо кардан шеваи дигарро пеш гирифтанд, ки хилофи ваъдаҳои пешин буд.  Аз юриши дуввуми  “Толибон” низ, хабарҳо ва наворҳо паҳн мешаванд, ки фаразан дар Давлатобод 20 нафар низомиёни нерӯҳои амниятӣ, ки таслим шуданд мавриди тирборон қарор гирифтанд ва ё беш аз 100 нафар аҳолии осоишта дар Қандаҳор қатл шуданд ва “Толибон” ба шикори онҳое, ки бо ИМА ҳамкорӣ доштанд, оғоз кардааст.    

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс: © army.mil

Саркардаҳои «Толибон» дар мулоқоту музокироте, ки бо ҳайатҳои ҳукуматии Афғонистон дар кишварҳои мухталифи дунё доир мегардад аз сулҳ ҳарф мезананд, вале дар айни ҳол ҳуҷум ба нерӯҳои амниятии ин кишварро идома дода, навоҳии музофотиро паиҳам ишғол мекунанд ва шаҳрҳои бузургро ба муҳосира мегиранд. Намояндагии Ҳукумати Афғонистон низ, бо умеди ин, ки шояд аз ҷониби «Толибон» барояшон инояте шавад, дар ҳар кишваре, ки гуфтушунид доир мегардад, бо сари хам ба “дидор” мераванд…

«Толибон»-е, ки то ин дам гоҳ-гоҳ бо террору қатли нерӯҳои амниятӣ  ё аҳолии осоишта аз худ дарак медоданд, баъд аз хоки Афғонистонро тарк кардани нерӯҳои ИМА ва пасмондаҳои НАТО, бо артиши озмудаи ҷангӣ гӯё якбора аз осмон фурӯ рехтанд ва дар зарфи ду моҳ 85 дарсади Афғонистонро зери тасарруфи худ қарор доданд…

Як намояндаи баландпояи «Толибон» дар гуфтушуниди Маскав изҳорот дод, ки агар дастгирии мардуми афғон намебуд, мо ҳаргиз ба таври роҳат ба пирӯзи даст намеёфтем. Ҳамин нуктаро чанд руз қабл дар изҳороти худ намояндаи «Толибон» Суҳайл Шоҳин низ таъкид кард ва гуфт, ки оё мо имкон доштем бо роҳи ҷанг ва бе истиқболи мардуми маҳал дар давоми ду ҳафта 190 улусволиро тасхир кунем.

Чаро мардум дар улусволиҳо бо «Толибон» муқовимат намекунанд?

Чаро, ки Ҳукумати расмии Афғонистон, ки аслан дастнишондаи ИМА аст, натавонист кишварро идора кунад. Фасод ва бенизомиҳо тақрибан дар тамоми гушаву канори Афғонистон мардумро ба дод овард. Ҳар як волӣ ва қумондон дар қалмрави худ соҳибихтиёр буд. Музофот ба ҳукумати марказӣ итоат намекард ва Кобул низ барои таъмини волоияти қонуни сартосари ҳеҷ кореро анҷом надод. Ҳуқуқи шаҳрвандони оддӣ помол мешуд, вале ҳукумати марказӣ барои чора дидан фишанги муассир надошт. Амрадбозӣ, ки як падидаи нангин таърихи башарият аст, иҷборан ба зани гирифтани духтарони ноболиғ, ситонидани андозҳои иловагӣ барои таъмини гурӯҳҳои мусаллаҳи волиёну қумондонҳои маҳаллӣ, ба тиҷорати рӯшод табдил ёфтани маводи мухаддир, ин чанд сатр аз номгӯи дафтари аъмоли ҳокимони маҳаллӣ буд, ки мардумро ба дод овард ва аз Ҳукумат дилсард кард.   

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс: http://csef.ru

Нерӯҳои низомӣ ва амниятии Афғонистон, ки аз ҷониби ИМА ва ғолибан бо маблағгузории ин кишвар ба таври сунъӣ таъсис дода шуданд, дар як лаҳза ба гурӯҳҳои пароканда табдил ёфтанд, ки намедонистанд барои кӣ ва чаро бояд ҷонашонро қурбон кунанд. Ҳамин омилҳо боиси он гардид, нерӯҳои амниятӣ бидуни ягон муқовимат ба «Толибон» таслим мешуданд ва ё аз ҷабҳа фирор мекарданд. Онҳо хуб эҳсос мекарданд, ки паси «Толибон» кадом кишварҳо қарор доранд ва Ҳукумати марказии Афғонистон бо кадом қудрат ва аз кадом зовия дар ҳимояти онҳо тасмим хоҳад гирифт.  

Дар гузаштаи начандон дур, соли 1994 «Толибон» дар Қандаҳор зуҳур карданд ва дар як муддати хеле кӯтоҳ, соли 1996 Кобулро тасарруф ва қудратро дар Афғонистон, ба истиснои Панҷшер тақрибан пурра ба даст гирифтанд. Оё мешавад, ки як дастаи мусаллаҳ бидуни дастгирии кишварҳои абарқудрат ба ин содагӣ ва осонӣ хоки як кишвари бузургро ба пуррагӣ таҳти тасарруфи худ қарор диҳад?

Изҳороти нарми «Толибон»… Ба кадом хотир?  

Изҳороти «Толибон» имрӯз хеле нарм садо медиҳад, мисли ин, ки “ҳадафи мо танҳо Афғонистон аст, барои кишварҳои ҳамсоя ҳеҷ мушкиле эҷод нахоҳем кард.” Имрӯз кишварҳои бузурге мисли Русия, ИМА, Эрон, Чин… завқзадаи ин ҳарфҳоанд ва ё дақиқтараш ду пули сиёҳ арзиш надоштани ин изҳоротро медонанду, ҳар яке кадом ҳадаферо пайгирӣ доранд, ки танҳо ба онҳо рӯшан аст. Вале ин ҷо як ҳақиқат бебаҳс аст: «Толибон» ҳаргиз ақида ва ҷаҳоншиносии худро дигар накардаанд,   балки тактикаи худро тағйир додаанд то замоне, ки қудратро ба даст бигиранд. Он рӯз, ки домани мақсудро ба даст оварданд, ҳазор баҳона пеш меоранд, ки боз аз мавқеи бунёдгароёна ва радикалии худ дифоъ кунанд.   

Агар хотираи ин кишварҳои абарқудрат заиф аст, бонувони вилоятҳои Ѓур, Бадахшон, Тахор ва мисли ин, ки имрӯз ба даст аслиҳа гирифта, ба майдони ҷанг ворид шудаанд, ҳаргиз қатли ваҳшиёнаи Рухшонаву Фархундаҳоро, ки бар пояи таассуб ва ҷаҳолати ҳамин фирқа сангсор ва ба коми оташ афканда шуданд, фаромӯш накардаанд.

Чунин ба назар мерасад, ки ҷомеаи башарӣ ё нобиност ва ё то андозае ба тақдири мардуми мусалмон бетафовут аст. Вагарна ҳеҷ боварнокарданист, ки кишварҳои мутамаддини ҷаҳон бо артиши ҷаҳолат паси мизи музокирот бишинанд.  Аз ҷоҳилоне, ки муҷассамаҳои нодири Буддоро дар Бомиён таркониданд, осорхонаҳоро оташ заданд, мактабу маорифро решакан карданд, ҳуқуқи занонро, ки олитарин дастоварди башарӣ мехонанд, билкул помол намуданд, чӣ интизорӣ доранд?    

Кӣ кафолат медиҳад, ки ин изҳорот танҳо ба хотири лағв шудан аз рӯйхати сиёҳи СММ ва баъзе кишварҳои абарқудрати дунё нест?

Музокироти сулҳ чӣ натиҷа хоҳад дод?

Мансабдорони баландпояи Маскав, Доҳа, Теҳрон.. ва чанд кишвари дигар ба истиқболи «Толибон» саф оростаанд. Ҳукумати Афғонистон низ бо сарварии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар роҳбарони сатҳи олии ин кишвар барои музокирот бо «Толибон» мешитобанд. Вазири умури хориҷии Чин низ ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон нақшаи худро пешниҳод кардааст. Сергей Лавров, Вазири корҳо хориҷии Русия низ изҳор кард, ки кишвараш хоҳони вориди мунозираи Афғонистон нест ва поёни ин қазияро танҳо дар сулҳ мебинад. Ӯ зикр намуд, ки Русия ҳеҷ як гурӯҳеро бар гурӯҳи дигар дар Афғонистон афзалият намедиҳад ва дастгирӣ нахоҳад кард. Ин ишора қабл аз ҳама ба нерӯҳои ҷабҳаи шимол: тоҷикон, узбекон ва ҳазораҳо буд, ки имрӯз дар хатти пеши муқовимат қарор доранд ва марзҳои наздисарҳадиро бо кишварҳои пасошуравии Осиёи миёна ҳимоя мекунанд. Яъне ба дастгирии мо уммед набандед ва ба сулҳ бо «Толибон» иқдом кунед. 

Вале оё Ҳукумати Афғонистон ва «Толибон» метавонанд, ки ба тавофуқ бирасанд ва сулҳ кунанд?

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс: ia-centr.ru

Ҳарчанд «Толибон» аз иштибоҳҳои солҳои пешин сабақ гирифтаанд ва хуб дарк кардаанд, ки бидуни равобит бо кишварҳои дигари ҷаҳон қудратро ба даст гирифтан ва ҳифз кардан ғайриимкон аст ва дари ин замина ба баъзе гузаштҳо хилофи хоҳиши худ омодаанд, вале чанд мавқеи бунёдӣ аст, ки сулҳро барои онҳо ғайриимкон месозад. Яке аз масъалаҳои калидӣ ҳифзи низоми демократӣ дар сохтори давлатӣ, яъне аз тариқи интихоботи озод таъсис додани Ҳукумат ва парлумон. Ба гумон аст «Толибон», ки ҳадафи аслиашон ҷорӣ намудани Шариат дар умури давлатдорӣ аст, бо ин мавқеъ мувофиқ бошанд. Масъалаи дигар, таҳсили занон ва ҷалби онҳо ба умури давлатӣ, ки бо ҷаҳоншиносию таълимоти онҳо ихтилофи бунёдӣ дорад. Зан дар замони ҳукумати «Толибон» аз тамоми ҳуқуқҳои худ, ба вижа таҳсилу кор маҳрум буд ва барои камтарин гуноҳ мавриди муҷозоти сахт қарор мегирифт. Ашраф Ғанӣ, Раиси Ҷумҳури Афғонистон низ чанд руз қабл дар Тахор ин нуктаро таъйид кард, ки ҳаргиз бо сиёсати «Толибон» дар бахши занон мувофиқ нахоҳад буд.         

Ҳукумати Афғонистон низ дар навбати худ омода нест, ки яке аз дархостҳои «Толибон», аз зиндонҳо раҳо кардани беш аз 7 ҳазор ҷонибдоронаш ва аз рӯйхати сиёҳи СММ берун кардани роҳбарони ин ҳаракатро, ки аксари онҳо дар террор даст доштанд, истиқбол кунад.

Бо ин ихтилофи назар ба гумон аст, ки тарафҳо ба тавофуқ бирасанд…

Кӣ чӣ мехоҳад

ИМА.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико милиардҳо доллар сарф кард, ки дар Афғонистон як ҳукумати дастнишондаи худро мустақар кунад. Вале ҳамаи кӯшишҳои ин давлати абарқудрат дар ин замина барбод рафтанд. Бо вуҷуди кӯшиши пайгирона дар давоми даҳсолаҳо ин ҳукумати сунъӣ дар ҷомеа аз маҳбубият бархурдор нашуд. Баъзе сиёсатшиносон бар ин андешаанд, ки ИМА маҳз ба хотири ноком шудани ин тарҳаш ва беҳуда сарф шудани миллионҳо доллар, Афғонистонро тарк мекунад.

Президенти ИМА Ҷо Байден 8 июли соли равон дар Кохи Сафед изҳорот дод, ки Афғонистон бояд сарнавишти худро бо дастони худаш бинависад. Ӯ намехоҳад, ки боз як насли амрикоӣ гирифтори ҷанги бистсола бошад. Мо 2400 сарбози амрикоиро дар Афғонистон аз даст додем ва намехоҳем, ки ин моҷаро такрор шавад, таъкид кард Байден.

Вале… Ба гумон аст, ки Вашингтон то ин андоза сода бошад. Чунин ба назар мерасад, ки аслан намехост, ки дар Афғонистон як Ҳукумати босалоҳият ва устувор сари кор ояд ва «Толибон» низ комилан аз байн бираванд. Агар ин хостаҳо ҳадафи аслии ин кишвари абарқудрат буд, бо он имконоте, ки дорад кайҳо толиб маҳв мешуд ва  мардуми Афғонистон дар фазои амну ором зиндагӣ мекард.

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс:  nbcnews.com.

Тасодуфи аҷиб. Ҳомид Карзай чанд рӯз қабл дар яке аз баромадҳояш иқрор кард, ки ҳангоми Раиси Ҷумҳури Афғонистон буданаш фиристодаҳои Вашингтон исрор мекарданд, ки чанд вилоятро ба ихтиёри «Толибон» гузорад, вале ӯ рози нашуд… Кӣ кафолат медиҳад, ки ин пешниҳод ба Ашраф Ғанӣ низ ироа нашуд? Кӣ кафолат медиҳад, ки оқибнишиниҳои нерӯҳои амниятии Афғонистон ва таслим кардани пойгоҳҳои низомӣ бо тамоми таҷҳизоти ҳарбӣ дар доираи ин тарҳ амалӣ нашуданд?

Яқин аст, ки ИМА тули 20 сол «Толибон»ро фурсат медод то нерӯ ҷамъ кунанд ва эҳтимол дорад имрӯз идомаи моҷарои хуношоми кишварҳои араб дар Афғонистон таҷриба шавад. Вагарна оё Вашингтон, ки дар Афғонистон барои маҳв намудани терроризм  миллиардҳо доллар сарф намудааст, ҳукумати ин кишварро дар баробари ифротият ва терроризм танҳо мегузошт?

Пӯшида нест, ки бо кумаки ИМА ҷангиёни ДОИШ баъд аз шикаст дар Сирия ба Афғонистон паноҳ бурданд, ки дар байни онҳо размандагони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шурави низ ҳузур доранд. Ин гуруҳҳо дар ҳоли нуфуз пайдо кардан дар байни «Толибон», метавонанд ба кишварҳои пасошуравӣ, ба хусус Русия дарди сар эҷод кунанд. Ин ҳолат барои ба муноқиша кашидани Русия замина фароҳам меорад, ки аз ҳадафҳои меҳварии Вашингтон аст…

Федератсияи Русия.

Русия ҳанӯз чанд сол қабл эҳсос карда буд, ки кор оқибат бо чӣ анҷом меёбад. Аз ин лиҳоз тӯли чанд соли охир бо «Толибон» ба шеваи пинҳону ошкор “гуфтушунид” дошт.

Мояи “ҳайрат” будани ин “гуфтушунидҳо” дар он аст, ки ҳаракати «Толибон» ҳанӯз соли 2003 бо қарори Суди Олии Русия террористӣ эълон шудааст. Вале бо вуҷуди ин ҳам қаноти сиёсии ҳаракати «Толибон» зуд-зуд ба Москва даъват мешавад. Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия соли 2018, дар яке аз сӯҳбатҳояш ниҳоят иқрор кард, ки давлаташ бо «Толибон» ба ҳайси як узви таъсиргузори ҷомеаи Афғонистон робита дорад ва инро ҳеҷ гоҳ инкор накардааст. Сафари яке аз чеҳраҳои шинохтаи «Толибон» Мулло Абдулло Ғанӣ Бародар низ ба Москав чанд маротиба расонаӣ шуд, ки далели гуфтугӯҳои ҷиддии Русия бо ин тоифа аст.

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс: Коммерсантъ  

Ҳадафи аслии Русияро дар ин гуфтушунидҳо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Сергей Лавров ва директори депортаменти дуюми “Осиё” и вазорати мазкур Замир Кобулов рӯшод изҳор мекунанд. Русия дар ин гуфтушунидҳо «Толибон»ро ҳушдор медиҳад, ки бо ДОИШ алоқаи худро кананд ва ба умури дохилаи кишварҳои ҳамсоя, ки манфиатҳо Русия дар он ҷо рӯи кор аст, дахолат накунанд.

Дар марзи Тоҷикистон Дивизияи 201 уми Нерӯҳои мусаллаҳи Русия мустақар аст, ки ҳайъати он аз 7000 нафар афсарону аскарони ҳирфаӣ иборат аст. Пойгоҳи низомии мазкур дорои 100 адад танки Т-72Б1, зиреҳпӯшҳои БТР-82А, БМП-2М, дивизиони реактивии “Ураган”, чархболҳои ҳарбии Ми-24П, Ми-8МТВ ва мисли ин аст. Русия баъд аз ноором шудани вазъ дар сарҳади Афғонистон ва Тоҷикистон чанд зиреҳпӯшҳои модели нав ва дигар лавозимоти ҳарбиро, ки барои ҷанг дар шароити кӯҳистон мувофиқанд, ба пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон интиқол дод.

Ин далели он аст, ки Русия аз як тараф бо «Толибон» гуфтушунид дорад ва ҳатто омода аст, ки онро дар ҳайъати Ҳукумати Афғонистон ба расмият шиносад, вале аз ҷониби дигар ҳароина барои ҳифҳи марзи кишварҳои СААД чора меандешад. Ворид шудан ба мунозира дар Афғонистон барои Русия, ки ҳоло дар қисмати аврупо бо бо бахши азими кишварҳои ҳамҷавораш муносибати хуби дипломотӣ надорад, дар низоъҳои Украина, Қавқоз ва Сирия низ андармон аст, ба манфиат нест. Васеъ шудани доираи низоъҳо метавонад ба заиф шудани иқтисодиёти Русия ва зиёд шудани эътироз миёни шаҳрвандонаш замина гузорад.

Аз дигар тараф Русия ва Эрон мехоҳанд ба ҷаҳон собит намоянд, ки ИМА шарики боэътимод нест ва метавонад ҳар лаҳза ба хотири манфиатҳои сиёсиву иқтисодии худ шарикони худро, мисли Ҳукумати феълии Афғонистон  қурбон кунад.

Дар ин моҷаро як нукта бидуни баҳс аст, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба маҳдуд шудани нуфузаш дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ва аз даст додани пойгоҳҳои низомӣ ва маҷмааи ҳарбии оптикию электронии “Окно”, ки назорати кайҳонии минтақаро ба зимма дорад, розӣ намешавад ва дар ҳоли пеш омадани чунин таҳдид маҷбур аст, аз манфиатҳои худ дифоъ кунад.

Ҷумҳурии Исломии Эрон:

Ҷумҳурии Исломии Эрон низ чанд соли охир муносибати худро бо «Толибон» ба таври густурда ба роҳ мондааст. Мояи тааҷуб аст, ки ин кишвар чанд сол қабл муқовимати ҳазораҳои Афғонистонро, ки шиамазҳабанд алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар, зидди ҳаракати «Толибон» дастгирӣ мекард.

 Вале ба қавли пойгоҳи хабарии “Times”, садҳо размандагони «Толибон» дар манотиқи Зоҳидон ва Кирмоншоҳи Эрон омодагии ҳарбӣ мегиранд. Як нафар намояндаи мақомоти олии ҳарбию сиёсии «Толибон» “Шӯрои Кветта” ба пойгоҳи хабарии мазкур бидуни фош шудани номаш зикр кардааст, ки Эрон барои омӯзиши низомии «Толибон» бо ду шарт ҳамкориро ба роҳ мондааст: Нахуст, «Толибон» бояд дар Афғонистон алайҳи манфиатҳои ИМА ва НАТО мубориза баранд ва дуввум  мавқеи ДОИШ ро дар Афғонистон танг кунанд. Ин иддаоро сарчашмаҳои расмии Кобил низ тасдиқ мекунанд.

Тахмин меравад, ки ба омӯзиши низомии «Толибон» дар Эрон, дар давраи Президентии Доналд Трамп  “тавофуқи ҳастаӣ” ро тарк кардани ИМА замина гузошт. Тавофуқи мазкур соли 2015 миёни Теҳрон ва шаш кишвари ғарб, ки ИМА низ ба он шомил буд, баста шуд ва ҶИЭ ро аз таҳримоти иқтисодӣ то андозае ҳифз мекард.     

Суоле ба миён меояд, ки чаро Теҳрон ҳамкорӣ бо «Толибон»-ро, ки ихтилофи мазҳабӣ дорад аз ҳамкорӣ бо Ҳукумати расмии Афғонистон ва ё нерӯҳои “иттиҳоди шимол”, ки аксарияташон ҳамзабон ва ҳаммазҳаби эрониён маҳсуб мешаванд, афзалият медиҳад? 

Барои Теҳрон муштарак будани манфиатҳои Ҳукумати Афғонистон бо ИМА хеле нигаронкунанда аст. ҶИЭ аз ҳузури пойгоҳҳои низомии ИМА дар Афғонистон ҳамеша хатар эҳсос мекунад ва аз дигар тараф то даме, ки нуфузи Вашингтон дар Афғонистон пойбарҷост, Теҳрон имкон надорад, ки пуружаҳои иқтисодии худро дар ин кишвари ҳамсоя пиёда созад.

Чин.

Намояндагони дафтари сиёсии ҳаракати «Толибон» бо роҳбарии Абдулло ­Ғанӣ Бародар ба Пекин низ сафар карданд ва бо фиристодаи вижаи ВКХ Чин дар Афғонистон Ден Сисзюн мулоқот анҷом доданд. Ин сафарҳо баъд аз теракти Кобул ва аз гуфтушунид бо толбон ва имзои созишномаи сулҳ бо онҳо, даст кашидани собиқ Президенти ИМА Доналд Трамп сурат гирифт. Дар ҳамон замон ба  силсилаи мулоқоти «Толибон» дар Маскав ва Теҳрон низ баргузор гардида буданд.

Манфиатҳои Пекин низ бо манфиатҳои Русия ва Эрон дар Афғонистон муштараканд. Дар мулоқотҳои Пекин низ бо «Толибон» масъалаи дахолатнопазирӣ ба умури дохили ҳамдигар мавриди баҳс қарор мегирад. «Толибон» кафолат медиҳанд. ки ҳеҷ гоҳ ба қазияи мусалмонон дар ноҳияи Шинҷон Уйғури Чин дахолат нахоҳанд кард ва Пекин низ вориди ягон иттиҳоди ҳарбӣ алайҳи «Толибон» нахоҳад шуд.   Инчунин, Ҷумҳурии Мардумии Чин низ мисли Эрон то даме, ки пойгоҳҳои низомии ИМА дар Афғонистон мустақар аст, имкони пурра амалӣ намудани лоиҳаҳои иқтисодии худ, бавижа лоиҳаи “як камарбанд-як роҳ”-ро, ки як бахши азимаш хоки Афғонистонро убур мекунад, надорад. Ҳукумати феълии Афғонистон бошад имкон надорад, ки амнияти ин лоиҳаҳоро таъмин бикунад.

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Ҳайати Толибон дар Чин. Акс: SCMP.

Гузашта аз ин, бояд дар назар дошт, ки ихтилофи ИМА бо «Толибон» дар заминаи нофармонӣ ва аз зери контрол баромадани ин гуруҳ буд. Мутобиқи изҳороти расмии Вашингтон, «Толибон» баъд аз террори 11- сентябр дар Ню-Йорк, аз таслим кардани Усома Ибни Лодан, ки дар Афғонистон паноҳ мебурд, саркаши карданд ва ин боис гардид, ки ИМА бо дастгирии “Эътилофи Шимол”, ҳукумати «Толибон»ро сарнагун кунад. Вале… Фарзияи дигаре низ ҳаст, ки қабл аз суқути «Толибон» фиристодаи баландмақоми ИМА бо Мулло Умар ба таври махфӣ мулоқот анҷом дод ва “хоҳиш” кард, ки барои ҷангиёни уйғуртабори Чин дар Афғонистон пойгоҳҳои омӯзишии низомӣ омода кунад. Роҳбари «Толибон» ба иллати ин, ки намехост бо як кишвари абарқудрати ҷаҳон мисли Чин ба ҷангу хушунат ворид шавад, ин хостаи Вашингтонро рад кард ва ин тасмимаш боиси сард гардидани муносибаташ бо “сарпараст”- аш гардид.        

Эҳтимол дорад, Пекин аксарияти лоиҳаҳои иқтисодии худ, аз ҷумла интиқоли газро аз Туркманистон, дар мувофиқа  бо Исломобод, ки аз пуштибонҳои асосии ҳаракати «Толибон» маҳсуб мешавад, амалӣ кунад. Расонаҳои кишварҳои ғарб тахмин мезананд, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои ИМА ва НАТО,  Чин мехоҳад барқароршавии Афғонистонро аз тариқи «Толибон» ва Покистон амалӣ кунад.

Як баҳс метавонад ба сардии муносибати Чин ва «Толибон» сабаб шавад. Дар сафи «Толибон» беш аз 3000 узви Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ ҳузур доранд, ки ғолибан дар сарҳад бо Чин ҷамъ шудаанд. Дар ин ҳол ягона шарти Пекин назди «Толибон» ин аст, ки бар ивази ҳимоят аз манфиатҳои ин ҳаракат ва сармоягузории он, бояд размандагони уйғурро таслим кунад.

Ба гумон аст, ки «Толибон» ба чунин “додугирифт”, ки эътиборашро дар ҷаҳони ислом паст мезанад ва боиси эътирози ҷонибдоронаш мегардад, рози шавад.

Туркия.

То ин дам Туркия дар Афғонистон дар доираи барномаҳои НАТО амал мекард, вале баъд аз хориҷ шудани нерӯҳои ИМА ва шариконаш, дар тафовут аз дигар ҳамсафонаш мехоҳад фаъолияти ҳарбиашро тавсеа бахшад.

Моҳи майи соли равон Президенти ИМА Джо Байден ва Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон ба тавофуқ расиданд, ки низомиёни Туркия дар ҳифз ва истифодаи фурудгоҳи Кобул баъд аз анҷоми маъмурияти НАТО дар Афғонистон, нақши калидиро мебозанд. Ин тавофуқ бидуни ба назар гирифтани мавқеи Кобул ба имзо расид, ки хеле аҷиб буд. Туркия ин маъмуриятро ба шарте ба зимма гирифтааст, хароҷоти он бояд пурра аз ҷониби ИМА ҷуброн шавад. Пӯшида нест, ки ҳифзи фурудгоҳ на танҳо ба хотири аз даст нарафтани инфрасохтори он, балки зери контрол гирифтани ҳаракати роҳбарони кишвар, “меҳмонон”, корпусҳои дипломотӣ ва вуруду судури таҷҳизоту дигар мадорики мулкиву ҳарбӣ аст, ки барои зери назорат гирифтан ва таъсиргузорӣ ба вазъи Афғонистон имконияти хеле густурда фароҳам меорад.  

«Толибон» Туркияро аз оқибати ин иқдомаш ҳушдор медиҳанд. “Аз ҷониби Туркия эълон шудани идомаи таҷовуз алайҳи кишвари мо бо дархост ва талқини Амрико дар мо ҳисси нигаронӣ ва нафратро бамеангезад ва ба равобити дуҷониба осеб мерасонад.” омадааст дар изҳороти «Толибон». Онҳо ёдовар мешаванд, ки қарордод оид ба берун шудани нерӯҳои низомии хориҷӣ аз Афғонистон дар заминаи муоҳидаи Доҳа (пойтахти Қатар) ба имзо расида, аз ҷониби СММ тасвиб шудааст. Соли 2020 дар Доҳа ИМА ва «Толибон» тавофуқномаи сулҳро имзо гузоштанд, ки дар асоси он бояд нерӯҳри низомии кишварҳои хориҷӣ дар давоми 14 моҳ хоки Афғонистонро тарк кунанд ва ба гуфтушуниди байни афғонҳо оғоз гузошта шавад.

Иқдоми Туркия аз ҷониби дигар кишварҳои вориди баҳси Афғонистон низ бо ҳисси нигаронӣ истиқбол мешавад. Аз як тараф имкон дорад, ки Туркия нерӯҳои “эътилофи шимол”, бахусус размандагони ҷенероли узбектабор Абдул Рашид Дустум ва шариконашро дастгирӣ кунад. Аз ҷониби дигар ин кишварҳо фаромӯш накардаанд, ки яке аз роҳҳои асосии ба Сирия ворид шудани ҷангиёни аврупоии ДОИШ, аз тариқи Туркия буд. Дар расонаҳом бонуфуз чунин фарзия низ нашр шуд, ки беш аз 25 000 муҷоҳидони марбут ба гурӯҳҳои наздик ба Ал-Қоида (Ҷабҳат-ал- Нусра, Аҳрор-ул-Шам, ДОИШ) тавассути Туркия ба Сирия ворид шудаанд. Бо назардошти ин, ки ИМА барои ба Афғонистон паноҳ бурдани теъдоде аз бозмондагони ин гурӯҳҳо аз Ироқу Сирия мусоидат кард, кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон нигаронанд, ки ин амал аз тариқи фурудгоҳи Кобул низ анҷом наёбад.        

Покистон:

Покистон оғоз аз зуҳури «Толибон» дар ҷануби Афғонистон солҳо 90 асри гузашта, яке аз ҳомиёни асосии ҳаракати «Толибон» эътироф шудааст. Соли 1996 Покистон дар ҳамдастӣ бо Арабистони Саудӣ ва Аморати Муттаҳидаи Араб ҳукумати «Толибон” ро ба расмият шинохт, вале дар айни ҳол соли 2001 тарҳи зиддитеррористии ИМА ро дар Афғонистон алайҳи «Толибон” зоҳиран дастгирӣ кард.

Тули чанд соли ахир новобаста аз иддаои лидерони сиёсии ғарб, Исломобод вуҷуди паногоҳ ва пойгоҳҳои низомии «Толибон” ро дар кишвараш радъ мекард, вале соли 2016, мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои хориҷӣ Сироҷ Азиз, иқрор кард, ки кивараш ҳароина ба «Толибон” таъсиргузор аст ва роҳбарони ҳаракат бо оилаашон дар Покистон паноҳ бурдаанд.

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс аз интернет

Ин нукта низ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гирад, ки нақши артиш дар сиёсати Покистон хеле барҷаста аст ва роҳбарони кишвар на ҳамеша метавонанд ба амалиёти махфии низомиёни худ дахолат кунанд.

Гарчанде, ки Роҳбарияти сиёсии Покистон ҷонибдории худро аз таҳкими раванди сулҳ дар Афғонистон расман баён мекунад, хадамоти ҷосусӣ ва низомиёни ин кишвар ба тариқи пинҳонӣ қаноти низомии «Толибон” ро ҳамаҷониба мавриди дастгирӣ қарор медиҳад, ки нисбат ба ин қазия мақомоти расмии Кобул борҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар яке аз гузоришҳои Пентагон омадааст, ки Исломобод тавассути «Толибон” мехоҳад ҳадафҳои худро дар Афғонистон ба наҳве роҳандози кунад, ки дар он манфиати Покистон калидӣ бошад.

Ҳукумати Ашраф ­Ғанӣ ва роҳбарони “Эътилофи шимол” дар ҳодисаҳои рӯзҳои охир ва пирӯзии барқосои «Толибон” дар музофоти кишвар бо як овоз аз дастгирии моливу ҳарбии Покистон бархурдор будани ҷангиёни ҳаракатро таъйид мекунанд ва ин кишварро дар дахолат ба иёсати дохилии Афғонистон муттаҳам мешуморанд. 

Чунин фарзия низ вуҷуд дорад, ки пуштибонӣ ва дастгирии кишварҳои дигари ҷаҳон аз ҳаракати «Толибон” имкон дорад, вобастагии онҳоро аз Покистон коҳиш диҳад ва «Толибон” дар ҳоли пирӯзӣ дар Афғонистон бознигарии хатти Дюрандро, ки мардуми пуштутаборро ба ду давлат қисмат кардааст ва ҳамеша мавзӯи баҳси ду кишвар будааст, аз Покистон талаб ва барои “муассисони” худ дарди сари нав эҷод кунад… 

Дар фарҷоми ин бахш зикри ин нуқта муҳим аст, ки равобит ва гуфтумони кишварҳое, ки дар боло зикрашон рафт бо ҳаракати «Толибон” на имрӯзу дирӯз, балки хеле барвақт оғоз гардида, баъд аз изҳороти ИМА, ки доир ба марҳила ба марҳила баровардани нерӯҳои низомии худ аз Афғонистон эълом дошт, фаъол шуд. Вале ба иллати махфӣ будани ин мулоқот ва аз тариқи расонаҳо дар шакли хеле маҳдуд паҳн шудани иттилоот, ба назар чунин мерасад, ки гӯё кишварҳое мисли Русия, Чин ва Эрон, баъд аз демарши охирини «Толибон” ба гуфтушунид бо онҳо шитофтанд.

“Муҳаббат” и ин кишварҳоро ба «Толибон” асосан дар заминаи омилҳои зерин сурат мегирад:

  1. Муқовимат алайҳи ИМА  ва НАТО ва водор намудани онҳо ба тарки хоки Афғонистон, ки ба манфиати ин кишварҳо нест.
  2. Бо дасти “Толибон” танг кардани мавқеи “ДОИШ” ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ
  3. Убур накардани марз ва дахолат накардан ба сиёсати кишварҳои ҳамҷавори Афғонистон, ки бо ин кишварҳо ё ҳамсарҳаданд ва ё манотиқм манфиатҳои геополитикии онҳост
  4. Мусоидат дар амалӣ намудани тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки то ин дам ИМА имкон намедод.       

Афғонистон: Аз куҷо то ба куҷо?

Дар зеҳни шахсоне, ки бо саҳифаҳои таърих ошно нестанд, Афғонистон кишварест ҷангзада ва мардумаш ба ҷуз ҷангу парвариш ва фуруши маводи мухаддир дигар шуғле надоранд. Кишварест, ки гӯё ҷаҳолат дар он ҳамеша пирӯз аст, занон ва духтарон аз оддитарин ҳуқуқҳои башарӣ маҳруманд, аз мактаб, маориф, фарҳанг асаре нест. Оё Афғонистон ҳамеша чунин имиҷ дошт?

Озодӣ ва ҳимояи ҳуқуқи занон дар Афғонистон ҳанӯз дар асри XIX, дар замони ҳукумати амир Абдураҳмон Хон дар ҷомеа мавриди баҳс қарор гирифта буд, ки дар кишварҳои Осиёи марказӣ, аз ҷумла Аморати Бухоро ва ё хонигарии Хӯқанд бар асари ҷаҳолат ҳатто фикр кардан дар ин масъала тасаввурнопазир буд.  

Амир Абдураҳмонхон ба рушди маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд дошт, ҷиҳати манъи никоҳи ноболиғон ва ё никоҳҳои иҷборӣ мубориза бурд ва ҳифзи ҳуқуқҳи занро дар қонунгузорӣ муайян кард. Ҳамсари амир барои занон намунаи ибрат буд. Чодар намегирифт, дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъол буд, аспсаворӣ мекард ва мисли ин.

Соли 1920, баъд аз тавофуқномаи Англия ва Иттиҳоди Шӯравӣ, ки истиқлоли Афғонистонро кафолат медод, Амир Амонуллоҳ, набераи Абдураҳмон Хон ба таҳаввулот ва пешравӣ дар ҷомеаи ин кишвар замина гузошт. Ӯ силсилаи тағйиротҳоеро дар бахши сиёсӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ кард, ки баробарҳуқуқии тамоми афғонҳоро кафолат медод. Ба мардон ва занон иҷоза дода шуд, ки либосҳои аврупоӣ пӯшанд.  Ҳамсараш шоҳбону Сурайё соли 1926 дар яке аз баромадҳояш зикр кард, ки занони афғон на ба хотири ғуломи мардон будан таваллуд шудаанд, онҳо бояд дар ҳаёти ҷомеа фаъол бошанд ва дар рушди Афғонистон саҳм гузоранд. Соли 1921 бо кӯшишҳои ин зани равшанфикр, дар Афғонистон нахустин мактаби занона “Мастурат” боз шуд. Аз курсиҳои ин мактаб заноне бархостанд, ки дар вазифаҳои вазир, узви шӯрои ҳукумат, профессорони донишгоҳҳо фаъолият доштанд.

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс аз интернет

Солҳои 60-уми асри гузашта занҳо дар вазифаҳои баланд, ба ҳайъати ҳукуматшомил буданд, нахустин занҳо-вакилони парлумон соли 1965 интихоб шуданд. Cолҳои 1966-1971, 14 зан вазифаи додраси додгоҳи исломии Афғонистонро дарёфт карданд. Теъдоди зиёди занон дар мақомот, вазорати маориф, тандурустӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, дар сафи низомиён ва пулис ба сифати афсар фаъолият доштанд.            

Аммо… Имрӯз ин ҳама афсонаро мемонад.

Баъд аз инқилоб, бахусус ба сари қудрат омадани «Толибон” нишонаҳои тамаддун аз байн рафт. Афғонистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишваре муаррифи шуд, ки  гӯё ватани террор, ҷанг ва хушунат, паногоҳи тамоми террористони ҷаҳон, аз бузургтарин тавлидгари маводи мухаддир аст.

Аз расонаҳои ҷаҳонӣ ҳамарӯза хабари дар ҷанг кушта шудани аҳолии осоишта, асир гирифтани афсарону аскарон, қатли чанд “муҷрим” ва дар доираи ин даҳшат изҳори нигаронии чанд роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ бо лаҳни хеле нарм, даъват ба сулҳ, ки аслан касе дар фикри он нест… шунида мешавад. Чанд рӯз қабл лату кӯб ва кушта шудани як ҳунарманди бегуноҳи афғонӣ Назармуҳаммад, ки дар фазои фарҳангии Афғонистон ва саҳифаҳои интернет ба унвони Хошаҷавон маъруф буд, симои аслии “Толибон” ро бори дигар бозгӯ кард. Ин чӣ дину чи мазҳаб аст, ки як нафар ҳаҷвнигори бегуноҳро, ки бо рафтору забонаш ҳаргиз касеро озор надодааст, як умр барои дилхушиву фароғати мардум хизмат кардааст, ба дастонаш завлон зада, бидуни эълони ҷурму парвандаи маҳкама ваҳшиёна тирборон мекунанд.

Чаро бо вуҷуди ошкор шудани ин, ки “Толибон” ҳеҷ гоҳ пойбанди ваъдаи худ нестанд ва ҳароина аъзои гуӯҳҳои иртиҷоие мисли “Ансоруллоҳ”, “Байъат”, “ДОИШ”, “Ҷабҳат-ал-нусра” ва мисли ин ба онҳо пайвастаанд ва дар сафи онҳо меҷанганд, бари баъзе давлатҳои хушбин ва завқзадаи ин ҳаракат, дарси ибрат намешавад?  Таҷамӯи тоҷикон аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар улусволиҳои наздисарҳадӣ бо Тоҷикистон ва Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ дар сарҳади Чин, ки назорат ва ҳифзи ин минтақаҳоро “Толибон” ба ихтиёри ин гурӯҳҳо супоридаанд, чи далеле буда метавонад?

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон
Акс: https://militaryarms.ru/armii-mira/dvizhenie-taliban/

Чанде қабл дар расонаҳо акс ва навори яке аз саркардаҳои тоҷиктабори “Толибон”  Маҳди Арсалон паҳн шуд, ки номи аслиаш Муҳаммад Шарифов, сокини деҳаи Шербегиёни ноҳияи Нуробод буда, аз узви фаъоли гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ” маҳсуб мешавад. Парчами “Толибон”-ро дар назди сарҳади Тоҷикистон ҳамин Маҳди Арсалон устувор кардааст, ки ӯро дар ин кор чанд нафар ҷангиёни тоҷик ҳамроҳӣ мекарданд. Оё ҳадафи ин гурӯҳҳо метавонад, ки танҳо Афғонистон бошад? Ба гумон.

Дар ҳамин ҳол намояндагони баландпояи ҳаракати “Толибон” дар гуфтушунидҳо давлатҳои “хушбини” худро итминон медиҳанд, ки ҳеҷ як хориҷӣ ба сафи онҳо шомил нест, вале эҳтимол дорад, ки дар асл нақшаҳои фаротар аз Афғонистонро доранд.       

Афғонистон имрӯз тахтаи шатранҷро мемонад, ки болои он мусобиқаи кишварҳои абарқудрати ҷаҳон идома дорад. Новобаста аз он, ки дар ин бозӣ кӣ пирӯз мешавад, сахт нигаронам, ки баҳои он боз хуни садҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ ва гурезаву беватан шудани миллионҳо нафар афғони ҷафокаш хоҳад буд, ки дар замони хурӯҷи бемориҳои сироятӣ, фалокатҳои техногенӣ, ва дар ин замина заиф шудани иқтисоди кишварҳои минтақа, ғолибан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон паноҳ хоҳанд бурд…    

Бахтиёр Ҳамдам

Оцените статью:

Бозиҳои мураккаб дар тахтаи шатранҷи Афғонистон ва ё ҷангҳои ниёбатии абарқудратон дар ин кишвар то куҷомерасад?  Ғаммозии паси парда Чанд сол қабл ба утоқи корӣ як шаҳрванди тоҷик, ки аз ҷониби мақомоти низомии Афғонистон боздошт ва солҳои тӯлонӣ дар яке аз бузургтарин зиндонҳои ин кишвар «Пули-Чархӣ» маҳбус буд, ворид шуд. Ҳангоми сӯҳбат дарк кардам, ки ҳанӯз аз муҳити Афғонистон берун нашудааст […]
4.67 1 5 15
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *