Барқ омад!.. То кай?

Роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» рўзи чоршанбеи гузашта мўҳри хомўшӣ аз лаб гирифта эълон намуд, ки аз 10 декабр таъминоти шабонарўзии ҳамаи истеъмолгарон бо барқ барқарор мешавад. То ин замон, дар давоми беш аз ду моҳ, холдинги энергетикӣ ҳар гуна муроҷиати намояндагони расонаҳоро дар мавриди вазъи мушкили дар кишвар ҳукмфармошуда, чӣ хаттию чӣ шифоҳиро, нодидаю ношунида мегирифт. Шарҳи расмии вазъ бори охир то ин ҳангом ҳанўз дар оғози октябри соли ҷорӣ нашр шуда буд.

Шарҳҳои ихтилофӣ

Дар арафаи рўзи хушбахтии умум, 9 декабр, дар веб-сомонаи «Барқи тоҷик» «Муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи Тоҷикистон» пайдо шуд.

Дар он гуфта мешуд, ки ҳамаи корҳои таъмирию профилактикӣ дар НБО, хатҳои баландшиддат ва зеристгоҳҳо, ки сараввал сабаби аслии қатъшавиҳои сервуқўъ ва тўлонии барқ гуфта мешуданд, ба охир расиданд ва сар аз 10 декабр таъминот бо барқ комилан барқарор мегардад. Кашол ёфтани таъмири иншоотҳои мазкурро дар «Барқи тоҷик» бо мушкилоти воридсозии таҷҳизоту қисмҳои зарурӣ дар шароити пандемия шарҳ доданд.

Дар муроҷиатнома қайд мегардад, ки дар кишвар барои таъмини эҳтиёҷоти истеъмолгарони дохилӣ дар давоми сол иқтидорҳои кофӣ сохта шудаанд ва ин имкон дод аз моҳи январи соли 2017 ба пуррагӣ маҳдудиятҳо дар истеъмоли неруи барқ аз миён бардошта шаванд.

Вазъе, ки ба он сокинони минтақаҳо дар мавсими тирамоҳ дучор буданд, дар муроҷиатнома сирф бо мушкилоти техникӣ алоқаманд арз мешавад, ба лимит бастагӣ доштани он инкор мегардад. Дар идома даъват ба истифодаи оқилона, сарфакорона ва мақсадноки ҳар киловатт-соати барқ ба хотири бо барқ таъмин будани кулли истеъмолгарон изҳор мегардад.

Бо истинод ба пешгўии обуҳавошиносон ҳушдор дода мешавад, ки моро зимистони сарду тўлонӣ интизор аст.

Дар муроҷиатнома хеле маҳдуд будани захираҳои обию энергетикӣ дар соли ҷорӣ эътироф мегардад ва сабаби ин «44% коҳиш ёфтани захираҳои барф дар ҳавзаи ташаккулёбии оби дарёҳои кишвар нисбат ба соли 2019» гуфта мешавад.

Қайд мегардад, ки сатҳи об дар обанбори истеҳсолкунандаи асосии неруи барқ дар кишвар – НБО Норак айни замон бештар аз ду метр дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта кам аст.

Аҳамияти обанбори Норак барои кишвар ҳамчунин дар он аст, ки дар мавсими зимистон шаш НБО-и дигари поинтар ҷойгири силсиланеругоҳҳои Вахшро (Бойғозӣ, Сангтўда-1, Сангтўда-2, Сарбанд, Шаршар ва Марказӣ) бо об таъмин мекунад.

Барқ омад!.. То кай?

Ҳамзамон таъкид мешавад, ки обанбори Норак дар оғози сентябр, чуноне ки солҳои пешин ҳам мушоҳида мегардид, бо об то нуқтаи ниҳоӣ пур шуда буд. Ин номутобиқатро муаллифони матни муроҷиатнома кўшиш намуданд бо далеле бартараф намоянд, ки воридшавии оби дарёи Вахш гўё пас аз пуршавии обанбор коҳиш ёфтааст. Яъне дар моҳи сентябр, вақте ки давраи «бесветӣ» сар шуд.

Ин навъ шарҳҳои «Барқи тоҷик» суоли дигарро ба миён меоранд: дар ҳоле ки тамоми кишвар, ба истиснои шаҳрҳои нисбатан калон, ба фарқ аз солҳои пешин дар давоми тирамоҳ барқ надошт, об куҷо шуд?

Дар фарҷоми муроҷиатнома «Барқи тоҷик» ваъда додаст, ки зимистони фарорасида бе ҳеҷ маҳдудият пушти сар мешавад, агар ҳар оила, муассиса ва ташкилот аз неруи барқ оқилона ва сарфакорона истифода кунад.

Агар оқилонаю сарфакорӣ истифода накунанд, чӣ? Чӣ мешавад он гоҳ? Лимит бармегардад?

Барқарор шуду лекин дар пеш зимистони сард …

Таъминоти сокинони минтақаҳо бо нерўи барқ, мувофиқи ваъда, аз 10 декабр пурра барқарор гардид. Хадди ақал, дигар мисли қабл даъвоҳои ҷиддӣ барои зуд-зуд ва ба муддати тўлонӣ қатъ гардидани барқ шунида намешаванд. Ҳатто сокинони маҳалҳои дурдаст мегўянд, ки шаборўзӣ аз барқ таъминанд. Албатта, ҳолатҳои ҷудогонаи ба муддати як ё ду соат бе барқ мондани мардум ҳоло ҳам ҷой дорад, лекин ин 15-18 соати пешина нест.

Барқ омад!.. То кай?

Зиёда аз ин, ба ин андоза нақзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон дар масъалаи дастрасӣ ба неруи барқ ва ҳам обу алоқаву хадамоти дигар мо кайҳо боз одат кардаем, ин гуна ҳодисаҳо дар ҳама ҷою ҳама мавсим – чӣ дар шаҳру чӣ дар деҳот, чӣ зимистону чӣ тобистон рух медиҳанд.

Фикр мекунам, ин қабил ҳодисаҳо дар навбати аввал бо кори начандон боинсофона ва сатҳи пасти касбии барқчиён алоқаманданд ва ба норасоии зарфиятҳои неруи барқ ҳеҷ алоқамандӣ надоранд.

Вале дар пеш, тавре дар муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» омадааст, моро зимистони сарду тўлонӣ интизор асту захираҳои оби нерузо, тавре холдинги барқӣ иқрор мешавад, маҳдуданд. Ва то куҷо барқчиён аз уҳдаи иҷрои ваъдаҳои худ мебароянд, танҳо вақт нишон медиҳад.

Коршиносон шубҳа доранд

Мутахассиси бахши неруи барқ бо шарти зикр нашудани номаш ҷиддан изҳори шубҳа кард, ки захираҳои мавҷуда барои таъмини пурраи ҳамаи истеъмолгарон дар давраи тирамоҳу зимистони ҷорӣ бо барқ басанда бошанд. Ба қавли ў, ин дар муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» ошкоро изҳор шудааст. Ў ақида дорад, ки ҳар гуна қарорҳои марбут ба ин қабил масъалаҳои нозуки ба некуаҳволии иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолӣ ва аз ин рў ба амнияти кишвар дахлдор, на дар сатҳи роҳбарияти «Барқи тоҷик» ва ҳатто на дар сатҳи Вазорати энергетика қабул мешаванд.

-Дар хусуси он ки моро дар таъминот бо неруи барқ маҳдудият интизор аст, ҳанўз тобистон дар муроҷиатномае дар веб-сомонаи сарвари давлат гуфта мешуд, қайд мекунад коршинос.- Сабаб кам шудани оби дарёи Вахш ва мушкилот бо пуршавии обанбори НБО Норак гуфта мешуд. Гарчанде дар оғози сентябр «Барқи тоҷик» хабар дод, ки пур кардани обанбор ба ҳар ҳол муяссар гардид, вале ин, нарм карда гўем, муболиға буд.

Мутахассис шарҳ дод, ки роҳбарияти кишвар дар шароити маҳдуд будани захираҳои об ҳанўз тобистон бояд аз ду роҳ якеро интихоб менамуд: интиқоли барқро то замони дар ихтиёр доштани захираҳо идома диҳанд ё дар моҳҳои нисбатан гарм махдуд намоянд, то ки дар зимистон, замоне ки зарурат бештар аст, истеъмолгарон аз барқ таъмин бошанд. «Роҳи дуюм интихоб шуд ва ин дуруст ҳам буд»,- гуфт манбаъ.

Ў эҳтимоли баланди бозгашт ба маҳдудиятҳоро дар реҷаи истеъмоли нерўи барқ бо фарорасии баҳор қайд намуд.

Бино ба андешаи коршинос, оби дарёи Вахш маъмулан ба сатҳи барои тавлиди ҳаҷми барои мо кофии неруи барқ дар моҳи апрел ва гоҳҳо ҳатто дар охири ин моҳ мебарояд.

«То он замон бо захираҳои мавҷуда бе ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо кор бурдан душвор мешавад. Аммо истеъмолгарон метавонанд то андозаи муайян ба худ ёрӣ расонанд: тариқи муносибати боэҳтиётонаю сарфакорона ба барқ»,- хулоса кард коршинос.

Сабабҳои эҳтимолии буҳрони неру

Фарзияи расмии камбуди захираҳои об барои тавлиди барқ болотар қайд шуд – «дар моҳҳои охир (дар фасли тирамоҳ – эзоҳи муаллиф) кам шудани оби дарёи Вахш ва нисбат ба солҳои гузашта беш аз ду метр кам гардидани захираи оби обанбори нерўгоҳ».

Барқ омад!.. То кай?

Фарзияҳои дигар ҳам вуҷуд доранд, ки пештар мутахассисони гуногун ва намояндагони доираҳои дахлдор арз намудаанд.

Барои мисол, баъзеҳо сабаби норасоии барқро дар содирот шудани он мебинанд, ки хеле шубҳаовар аст. Бале, неруи барқ ба хориҷа дар моҳи октябр интиқол дода мешуд, ки инро омори расмӣ низ тасдиқ мекунад, аммо дар ҳаҷми барои таъсир ба таъминоти дохилӣ кам (тақрибан 2% аз ҳаҷми тавлидоти шабонарўзӣ).

Иловатан, дар хатҳои интиқоле, ки системаи барқии моро бо Афғонистон пайванд мекунанд, ҳама вақт шиддат нигоҳ дошта мешавад, ки ин, тибқи тафсири «Барқи тоҷик», барои ҳифзу нигаҳдории хатҳо зарур аст.

Зиёда аз ин, дар оғози сол, вақте касе наметавонист ҳатто аз фарорасии соли камоб гумон барад, ширкатҳои барқии ду кишвар шартнома дар бораи интиқоли барқ ба имзо расонданд, ки муқаррароти онро дар ҳаҷми минималӣ иҷро кардан лозим меояд.

Аммо бо эҳтимоли бештар сабаби кам ҷамъ шудани об дар тобистони имсол, ки ба он баъзе мутахассисон ишора мекунанд, афзоиши ҳаҷми обпартоии ғайрикорӣ аз обанборҳо бо хоҳиши кишварҳои ҳамсоя дар мавсими обёрии имсола буд.

Илова бар ин, фарзияи мазкурро қисман иттилоияи расмии Вазорати хоҷагии оби Ўзбекистон тасдиқ мекунад, ки дар веб-сомонаи ин идора дар моҳи июл нашр гардид.

Дар иттилоия дар бораи бо Тоҷикистон оид ба обгирии иловагӣ аз баҳри Тоҷик (обанбори Қайроққум) барои обёрии заминҳои кишоварзӣ дар Ўзбекистон ба мувофиқа расидан хабар дода мешуд. Инчунин қайд мегардид, ки барои иловатан гирифтани об аз ин обанбор Шўрои вазирони Ўзбекистон ба маблағи 1,5 млрд. сўм (тахминан $150 ҳазор) захираҳои моддӣ-техникӣ ҷудо кард, ки пас аз истифода ройгон ба Тоҷикистон дода мешаванд.

Ба сифати боз як сабаби эҳтимолии норасоии барқ ҳамчунин болоравии эҳтиёҷоти яке аз истеъмолгарони азимтарини барқ дар кишвар – Ширкати алюминийи тоҷик пас аз таъмири асосӣ зикр мешавад. Корхонаи азим дар солҳои пеш вақте солона 400 ҳазор тонна алюминий истеҳсол мекард, сеяки тамоми барқи дар ҷумҳурӣ тавлидшавандаро мегирифт. Аммо дар охири соли 2016 садамаи калон дар низоми барқи кишвар қариб буд ба қатъи пурраи кори корхона меовард. Қисме аз таҷҳизоти истеҳсолии он аз кор баромад. Ин ба кам шудани ниёзи корхона ба неруи барқ то ҳадди 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли он дар кишвар сабаб гардид. Аз байн бардоштани маҳдудиятҳои истеъмоли неруи барқро дар моҳи январи соли 2017 баъзе барқчиён он замон маҳз бо аз кор мондани ваннаҳои электролизии ТАЛКО рабт медоданд. Замонҳои охир дар расонаҳои гуногун чандин карат дар бораи корҳои анҷомёфта оид ба рафъи камбудиҳо хабарҳо пахш шуда буданд. Эҳтимол дорад, ки ин ба болоравии назарраси истеҳсолот ва мутаносибан афзоиши истеъмоли неруи барқ сабаб гардид.

Барқ омад!.. То кай?

Ҳар гунае бошад, бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистон омили таркибии муҳим боқӣ мемонад, зеро сарчашмаҳои алтернативии барқи мо (газ ва ангишт) ҳаҷман каманд. Имрўз 95% неруи барқи кишварро маҳз барқи обӣ ташкил медиҳад.

Хулосаи муҳим дар ин ҳолат яктост: зимистон хунук меояду халқи мо чандон сарфакор нест, бинобар ин бозгашти лимити барқро наметавон истисно кард.

Дилшод Шарафов

Оцените статью:

Барқ омад!.. То кай? Роҳбарияти ШСХК «Барқи тоҷик» рўзи чоршанбеи гузашта мўҳри хомўшӣ аз лаб гирифта эълон намуд, ки аз 10 декабр таъминоти шабонарўзии ҳамаи истеъмолгарон бо барқ барқарор мешавад. То ин замон, дар давоми беш аз ду моҳ, холдинги энергетикӣ ҳар гуна муроҷиати намояндагони расонаҳоро дар мавриди вазъи мушкили дар кишвар ҳукмфармошуда, чӣ хаттию чӣ шифоҳиро, нодидаю ношунида […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *