Барқи биллингӣ: тарсҳои аҳолӣ ва шарҳҳои «Барқи Тоҷик»

Дар Душанбе татбиқи системаи биллингии назорат ва бақайдгирии неруи барқ дар авҷ аст. Бо ёрии ин барномаи пардохтҳои барои бисёр соҳаҳои ҳаёт босамар на танҳо навбатҳои беохири иборат аз хоҳишмандони пардохти ҳаққи барқро дар марказҳои хизматрасонӣ аз байн бурдан, балки боз ҷамъоварии пардохтҳоро аз 81% то 99% расондан ва талафоти неруи барқро дар шабакаҳои шаҳрӣ аз 19% то 12% коҳиш додан дар назар аст. Ҷорӣ намудани низоми нав ҳамчунин имкон медиҳад, ки шумораи назоратчиён ихтисор карда шавад. Nuqta.tj нозукиҳои системаи навро омӯхт.

Насби ҳисобкунакҳои  биллингӣ дар хонаҳои сокинони пойтахт аз ноҳияи Сино оғоз ёфт. То имрӯз аллакай 12 ҳазор оилаи ин ноҳия ройгон ҳисобкунакҳои кӯҳнаро ба нав иваз намудааст. Ҳамагӣ дар ноҳия системаи автоматикӣ 125 ҳазор манзили истиқоматиро фаро мегирад. Ҳисобкунакҳои  нав дар хонаҳои Душанбе ройгон насб мегарданд. Муҳлати кафолатии истифодаи ҳисобкунакҳои нави истеҳсоли Чин 8 солро аз лаҳзаи насб дар бар мегирад. Тавре дар ҳолдинги «Барқи тоҷик» моро бовар кунонданд, дар ҳолати корношоям шудан дар ин давра ҳисобкунакҳо ҳамчунин бепул иваз карда мешаванд.

Хотиррасон мекунем, қаблан системаи биллингӣ ҳамчун лоиҳаи пилотӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳрҳои Сарбанд, Хуҷанд санҷида шуда буд. Ва имрӯз Хуҷанд ягона шаҳрест, ки дар он ҷамъоварии ҳаққи истифода аз неруи барқ ба беш аз 100% мерасад. «Мардум акнун неруи барқро сарфа ва ҳаққи онро сари вақт пардохт мекунанд»,- мегӯянд мутахассисон.

Системаи автоматикунонидашудаи мазкур дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон» бо дастгирии донорҳои байналмилалӣ татбиқ мегардад.

Аммо онҳо дар ивази ҳисобкунакҳо бо шарти тағйир додани тарофаҳои истифодаи барқ кумак мекунанд. Ин аҳолии кишварро нигарон месозад.

Шикоятҳо инчунин аз он хусус ворид мешаванд, ки дар шароити имрӯз на ҳама даромади устувор доранд ва метавонанд саривақт ҳаққи истифодаро пардохт намоянд.

Тавре дар «Барқи тоҷик» шарҳ доданд, дар системаи биллингӣ пешпардохт пешбинӣ шудааст, аммо ҳатмӣ нест, яъне метавон ҳаққи барқро пас аз истеъмоли якмоҳа пардохт намуд, аммо агар дар муҳлати таъиншуда ҳам пардохт анҷом дода нашавад, неруи барқ ба таври автоматикӣ қатъ мегардад.

Коршинос Султон Муборакшоев ақида дорад, ки ворид намудани системаи биллингии пардохт дар Душанбе ва пас аз он болоравии нархҳои истифода аз барқ ба гумон аст, ки миёни мардум дастгирӣ пайдо кунад.

Ба ақидаи ӯ, пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки ним сол ҳам нагузашта, роҳи фиреб додани системаи навро ба оилаҳои камбизоат, ки дар пойтахт хеле зиёданд, худи насбкунандагони ҳисобкунакҳои мураккаб нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, набояд чашмдор буд, ки бо усули мазкур мушкили қарздории ширкати «Барқи тоҷик»-ро ҳал намудан ва аз байн бурдани масъалаи талафоти барқ муяссар мегардад.

Барқи биллингӣ: тарсҳои аҳолӣ ва шарҳҳои «Барқи Тоҷик»
Акс аз интернет

Дар ин байн гумони он зиёд мешавад, ки зуд-зуд иваз шудани шиносномаҳо, рақамҳои мошинҳо ва ҳисобкунакҳо ба манфиати доираҳои алоҳида аст, ки аз ин ба худ сарвати ҳангуфт меғундоранду халос.

Дар хусуси намунаи гӯиё мусбати таҷрибаи Суғд, онҷо ҳам, тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, бояд гуфт, на пеш ва на пас аз ба кор даровардани системаи биллингӣ касе ақидаи мардумро напурсидааст. «Аммо бояд эътироф намуд, ки дар «пойтахти шимолӣ» аҳолӣ ба осонӣ ба навоварӣ мутобиқ шуд, ки инро аз душанбегиҳо интизор будан амри маҳол аст. Масъала ин аст, ки арзиши зиндагӣ дар пойтахт хеле гаронтар аз Суғди аз лиҳози саноатӣ рушдкарда мебошад, ки аҳолиаш асосан бо кор таъмин мебошад ва даромади доимӣ дорад. Зиёда аз ин, он чӣ, ки дар Суғд бо нархи 60-80 дирам метавон харидорӣ кард (як кило карам, помидор, бодиринг ва ғ.) дар Душанбе 4-6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Ба болоравии нархҳо роҳи пулакӣ, миёнаравҳои бешумор, беназоратӣ, ҳақчиниҳо ва фасодкориҳои гуногун таъсир мерасонанд»,- қайд мекунад ӯ.

Ҳамаи ин шаҳрвандони қаториро ба ҳолати душвор мегузорад, дар оқибат ногузир дуздиву фиреб ба кор хоҳанд рафт. Ва онҳое, ки чунин рафторро барои хеш қобили қабул намедонанд, ба сарфаи сахти неруи барқ шуруъ мекунанд ва агар ин ҳам натиҷа надиҳад, дар торикиву сардӣ мешинанд.

«Дар оқибат, ширкат на танҳо обурӯйи худ, балки боз як қисми истеъмолгарон ва ҳам қисми даромадҳояшро аз даст дода метавонад. Ба назар нагирифтани ҳамаи ин, албатта, барои давлатмардон зебанда нест, ки мантиқан бояд барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо аз пеш нақша таҳия менамуданд. Ва дар ҳоле, ки ҳукумат ба инобат гирифтани сатҳи пасти пардохтпазирии шаҳрвандони кишварро аз хотир баровардааст, ба кор бояд роҳбарони коллективҳои меҳнатӣ ва мудирони сатҳи олии пойтахт ҳамроҳ шаванд, ки метавонанд хароҷоти коммуналии аз ҳад зиёди кормандони худро ҷуброн кунанд»,- тавсия медиҳад С. Муборакшоев.

Барои бисёриҳо ҳамон асбоби одии ҳисобкунандаи барқ, ки дар хонаҳо насб шудааст, кофист. «Ба фарқ аз ҳисобкунакҳои «ҳушманд», ки мегӯянд, рақамҳоро аз будашон зиёд нишон медиҳанд, онҳо эътимодбахшанд, барқи истеъмолшударо дуруст ҳисоб мекунанд, танҳо ин ки, мутаассифона, рақамҳоро фиристода наметавонанд. Моҳе як бор ин рақамҳоро навишта гирифта, ба идораи Шабакаҳои барқи шаҳр равона кардан хароҷоти зиёдро наметалабад ва ҳам барои нозирон чандон заҳматталаб набуд»,- мегӯянд онҳо. Аммо мутахассисон муътақиданд, ки бисёр вақт иштибоҳу носаҳеҳиҳо дар ҳисобкуниву пардохти неруи барқ маҳз ба нодуруст расондани нишондиҳандаҳои асбобҳо вобаста аст.

Дар ин миён, аз Вазорати энергетика ва захираҳои об хабар доданд, ки дар доираи навоварии техникӣ, ки кам шудани талафоти барқро таъмин мекунад, инчунин тадбирҳои комплексӣ дида мешаванд. Бино ба ахбори манбаъ, ҷанбаи техникии масъала: барқарорсозии шабакаҳо, трансформаторҳо, ноқилҳо, ки ба кам шудани шумораи садамаҳо боис мегарданд ва низ талафот маҳсуб меёбанд – ҳам аз ҷиҳати техникӣ ва ҳам аз ҷиҳати тиҷоратӣ, низ хеле муҳим аст.

Бояд ҳамчунин гуфт, ки Тоҷикистон таҷрибаи истифода аз низоми биллингиро аллакай дорад – дар соҳаи алоқаи мобилӣ ва телевизиони маҳаллӣ.

Ба ғайр аз ин, аз моҳи май истеъмолгарон паёмаки телефонӣ бо қайди маблағе, ки барои истеъмоли неруи барқ бояд пардохт намоянд, мегиранд, ҳарчанд нозирон ханӯз расидҳои коғазӣ ҳам меоранд.

Пардохтро сокинон метавонанд ҳам дар шакли электронӣ (бо ёрии онлайн-ҳамёнҳо ва терминалҳое, ки дар шаҳр насб шудаанд) ва ҳам бо усули пешина (аз тариқи хазинаи «Амонатбонк») анҷом диҳанд.

Шаҳрвандон аз он гила мекунанд, ки дар расидҳои электронӣ ва коғазӣ маблағ барои истеъмоли миқдори неруи барқ ва қарз нофаҳмо ишора мешавад, ба ин аз Шабакаҳои барқи шаҳр посух доданд, ки бо насби ҳисобкунакҳои «ҳушманд» расидҳо такмил меёбанд ва марказонида мешаванду ҳар нафар ба осонӣ метавонад маблағи қарзашро аниқ кунад.

Дар хусуси шикоятҳои вобаста ба пардохти неруи барқ намояндаи Шабакаҳои шаҳр Исо Саидов иттило дод, ки ҳангоми ҷорӣ намудани системаи нав аз тарафи онҳо ҳамаи тарафҳои масъала ба назар гирифта мешаванд, аз ҷумла гоҳо дер маош гирифтани мардум ҳам, аз ин рӯ дар баробари пешпардохт онҳо усули анъанавии пардохтро ҳам дар истифода монданд, ки ба мардум имкон медиҳад ҳаққи неруи барқро баъди истеъмоли якмоҳа пардохт намоянд. Агар дар ин муҳлат ҳам пардохт иҷро нашавад, неруи барқ ба таври автоматикӣ танҳо дар рӯзи 16-ум қатъ мешавад. То ин вақт ба телефони истеъмолгар се бор СМС-ёддошт равон карда мешавад. Ба ин тариқ, ҳар истеъмолгар метавонад тарзи барои худаш қулайи пардохтро интихоб намояд.

«То ки мардумро дар давраи зимистон, шабона ё замони бепулӣ бе барқ намонем, мо айни замон вариантҳои пардохтро аз тариқи кредит ё бо ёрии ҳамёнҳои онлайнӣ баррасӣ мекунем»,- қайд намуд Саидов.

«Чизи нав ҳама вақт дар аввал норозигиро ба вуҷуд меорад. Ба мо аллакай шикоятҳо аз низоми биллингӣ расидаанд ва ҳатто ҳолатҳое буданд, ки одамон ба онҳо баргардондани ҳисобкунакҳои кӯҳнаро талаб менамуданд ва пасон, бо ҳисобкунакҳои нав муқоиса намуда, дубора хоҳиш мекарданд, ки онҳоро пас гардонем».

Лозим ба қайд аст, ки тавре намояндаи ширкат дар нишасти матбуотӣ хабар дод, қарзи Ҳолдинги энергетикии «Барқи Тоҷик» ба ҳоли то 1 июли соли ҷорӣ 29,3 миллиард сомонӣ (2,6 миллиард доллар)-ро ташкил медод.

Қарзи бештарини ширкат аз Вазорати молия аст – наздики 23 миллиард сомонӣ.

Ширкат ҳамчунин 1,9 миллиард сомонӣ аз ҶСШК “НБО Сангтуда-1”, 2,5 миллиард сомонӣ аз “Сангтуда -2” ва 1,9 миллиард сомонӣ аз Бонки тиҷоратӣ қарз дорад.

Ба ин тариқ, қарзи умумии ширкат беш аз 29 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбарияти «Барқи Тоҷик» мегӯяд, қарз ба андозаи зиёд бо талафоти неруи барқ ва ҳамчунин қарзҳои дигарон аз ширкат алоқаманд аст.

“Аҳолии кишвар 1,327 миллиард сомонӣ ҳаққи истифода аз барқро пардохт накардааст”, – гуфтанд дар ширкат.

Пештар хабар дода шуд, ки соли гузашта Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳолдинги давлатии энергетикии «Барқи Тоҷик» 440 миллион доллар қарзро бахшидааст.

Айни замон нархи як киловатт неруи барқ дар Тоҷикистон 22,66 дирам ё 2,3 сентро ташкил медиҳад. Бино ба ҳисоббарориҳои «Барқи Тоҷик», арзиши аслии як киловатт айни замон ба 28 дирам баробар аст, аз ин сабаб ҳолдинги энергетикӣ ба аҳолӣ бо нархи пасттар аз арзиш барқ пешкаш карда, зарар мебинад.

Марям Темурзода

Оцените статью:

Барқи биллингӣ: тарсҳои аҳолӣ ва шарҳҳои «Барқи Тоҷик» Дар Душанбе татбиқи системаи биллингии назорат ва бақайдгирии неруи барқ дар авҷ аст. Бо ёрии ин барномаи пардохтҳои барои бисёр соҳаҳои ҳаёт босамар на танҳо навбатҳои беохири иборат аз хоҳишмандони пардохти ҳаққи барқро дар марказҳои хизматрасонӣ аз байн бурдан, балки боз ҷамъоварии пардохтҳоро аз 81% то 99% расондан ва талафоти неруи барқро дар шабакаҳои шаҳрӣ […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *