“Бача гурез, облава омад”

Чаро дар Тоҷикистон даъват ба артиш мушкил аст?

Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи артиш, ки то 31 май давом меёбад, идома дорад. Интизор мерафт, бо қабули қонуни нав даъват ба артиш шаффоф гардида, махсусан, «облава» аз байн равад. Вале баръакс, имсол сарусадоҳо дар ин маврид бештар шуд. Чаро чунин шуд? Чаро ҳамеша даъвати ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон мушкилзо аст? Чаро бо вуҷуди он ки имсол бештари ҷавонон дар ватан буданд, проблемаи даъват ба артиш ҳал нашуд?

Сомонаи nuqta.tj кўшиш намуд, ба ин суолҳо посух ёбад.

«Облава» ва шеваҳои нави «даъват» ба артиш

Тибқи иттилои охири Вазорати мудофиа, дар 20 рўзи даъвати наваскарон нақша 80,5% иҷро шудааст. Даъвати имсола баъди қабули қонуни уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ дар таҳрири нав сурат мегирад.

Мушоҳида ва хабарҳо аз он далолат медиҳанд, ки дар муқоиса бо солҳои пеш дар даъвати баҳории имсола шумораи шикоятҳо аз маъракаи “облава” зиёдтар шудааст. Ҳарчанд гуфта мешуд, қонуни нав ин мушкилро аз байн мебарад.

Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти “облава”-ро рад мекунанд, аммо шаҳрвандон ва коршиносон борҳо аз шеваҳои ба артиш бурдани ҷавонон нигаронӣ кардаанд. Ҳатто моҳи феврали соли 2020 собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо тарзи иҳотагирӣ (облава) ҷалб намудани ҷавононро ба сафи артиш як амали номатлуб номида буд. Дар ин ҷаласа таъкид шуд, ки нисбат ба 34 корманди комиссариат ҳарбӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардида, ҳатто 6 нафари онҳо аз вазифаҳояшон озод шуданд.

Ба маъракаи «сарбозшикор» на танҳо мақомот, балки одамони «номаълум» ҳам ҷалб мешаванд. Онҳо бо либоси мулкӣ, худро муаррифӣ накарда, ҷавононро дар кўчаҳо, дар дохили нақлиёт ва ҳатто дар хонаҳояшон «боздошт» намуда, ба комисариати ҳарбӣ мебаранд.

"Бача гурез, облава омад"
Акс аз currenttime.tv

Илоҷи халосӣ аз «облава» ва хизмат дар артишро ҷавонон дар сафар ба Русия ё паноҳ бурдан дар хонаи наздиконашон дар деҳа ва ноҳияҳои дурдаст мебинанд. Вале фирориёнро дар ин сурат ҳам «дастгир мекунанд»: дар «постҳо»-и БДА.

– Соли 2019, як саҳар, вақте аз Кўлоб ба Душанбе бармегаштам, дар «пост»-и БДА (маъруф ба «развилка»-и Кўлоб) корманди БДА автомобили моро боздошт. Як нафар бо либоси мулкӣ худро муаррифӣ накарда, ҳуҷҷат пурсид. Вақте ҳуҷҷатро пешниҳод намудам, хост аз мошин фароям. Баробари фаромадан аз мошин чанд нафар маро «боздошт карданд» ва мисли ҷинояткор ба мошини худ бор карда, ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Восеъ бурданд. Ба суханҳои ман дар мавриди таҳсилам дар донишгоҳ гўш надоданд. Дар дохили қисми ҳарбӣ ҷавонони зиёде мисли ман «боздошт» шуда буданд. Ҳатто талабаҳои маткабро ҳам вохўрдан мумкин буд. Баъди он ки маълум шуд, ман воқеан дар донишгоҳ таҳсил мекунам, маро ҷавоб доданд, вале кормандони комиссариат ҳатто бахшиш напурсиданд», – нақл намуд, ҷавоне, ки худро Карим Авезов муаррифӣ кард.

Номбурда гуфт, як сол пас ўро дар даромадгоҳи коргоҳаш дар Душанбе дуввумбора «боздошт намуданд» ва ин бор ў ба хизмат рафт.

Сол аз сол дар Тоҷикистон шеваҳои нави «даъват» ба артиш пайдо мешавад. Масалан, соле пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки баъзе ҷавононро аввал «облава» мекунанд ва баъд аз донишгоҳу донишкада хориҷ менамоянд, то онҳоро ба артиш баранд.

Соли 2019 чанд нафар аз ноҳияи Исфара ба расонаҳо шикоят намуданд, ки ба далели ба артиш нарафтани писарони хонавода волидон «боздошту бозпурсӣ шудаанд». Ё ин ки дар баъзе ҷамоатҳо, масҷиди маҳалларо баста, талаб кардаанд, ки аввал нақшаи даъвати ҷавононро иҷро кунанд.

Ҳамин тариқ имсол, баъди қабули қонуни нав, ки гуфта мешавад, бояд магистранту докторантҳо ҳам ба артиш ҷалб шаванд, баъзе магистрони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба маҷлис даъват намуда, аз онҷо рост ба артиш бурданд. Ин ҳамаро мақомот рад мекунанд.

Қотилони сарбозон чӣ гуна ҷазо мегиранд?

Шароити номуносиб, бузургсолорӣ («дедовщина») дар артиш, бадрафторӣ бо сарбозон ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Мақомот бо чунин натиҷагириҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон “назорат сахт аст”.

"Бача гурез, облава омад"
Акс аз Youtube

Воқеан, чанд соли охир ҳолатҳои марг дар артиш зиёд ба расонаҳо роҳ меёбад. «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ ҳолати марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст. Аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Додгоҳи ҳарбии Хатлон сарбоз Муҳсинхӯҷа Султоновро, ки дар қатли ҳамхидматаш Ҳасан Каримов айбдор дониста мешуд, ба 10 соли зиндон маҳкум намуд. Моҳи октябри соли 2020 додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон барои ба марг расонидани сарбоз Рамазон Зоиров афсар Бахтиёр Аброновро ба нӯҳ сол ва се сарбоз – Фурқат Маҳмадалиев, Илҳом Мансуров ва Қосим Хидировро ба муҳлати ҳафтсолӣ аз озодӣ маҳрум кард.

"Бача гурез, облава омад"
Дилрабо Самадова. Фото взято из Facebook

Таҳлил нишон медиҳад, ки муносибати бераҳмона бо сарбозон на танҳо аз ҷониби сарбозони дигар, балки аз сӯи афсарон ҳам ҷой дорад. Тавре Суди ҳарбии гарнизони Душанбе хабар медиҳад, чанд ҳолати латту кӯби сарбозон аз ҷониби собиқ хидматчии ҳарбӣ, прапоршик Қамаров Талабшоҳ ошкор шудааст. Дар натиҷа, нисбати номбурда, ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5500 сомонӣ ё 486 доллар) бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таъин карда шудааст.

Дилрабо Самадова барои аз байн бурдани “облава” пешниҳод намуд, ки пеш аз ҳама шароити қисмҳои ҳарбӣ бояд беҳтар карда шаванд. Масъалаи дуввум ба таъкиди ў, хўрду хӯрок ва ҷойи зист дар қисмҳои ҳарбӣ аст.

– Барои пешгирӣ кардани “дедовшина” сарбозон дар ҳамон минтақаи худ хизмат кунанд ва волидайн зиёдтар хабар гиранд. Инчунин дар вақти берун аз хизмат истифодаи телефонҳои мобилиро иҷозат диҳанд. Сарбозон барои шикоят бояд имкон дошта бошанд. Чун аз ҳуҷраи кории роҳбарон занг зада шикоят кардани сарбоз ба назари ман ғайриимкон аст, – мегўяд Д. Самадова.

Хизмат танҳо барои камбағалон?!

Ба ҳисоби миёна Тоҷикистон ҳудуди 600 ҳазор ҷавони синни даъватӣ дошта, ҳамасола ҳамагӣ 15-16 ҳазори онҳо ба артиш даъват мешаванд. Саробонҳои ягонаи хона, падарони ду фарзанд аз хидмат дар артиш озод ҳастанд. Инчунин хуб набудани вазъи саломатӣ ҳам метавонад сабаби таъхир барои рафтан ба артиш шавад. То як сол пеш онҳое ҳам, ки дар макотиби олӣ рўзона таҳсил мекарданд, ҳуқуқ доштанд, хизмат ба артишро ба таъхир андозанд. Вале баъди қабули қонуни нав онҳо аз ин имтиёз маҳрум шуданд. Категорияи дигари ҷавононе, ки дорои «имтиёзанд», ин фарзандони мансабдорон мебошанд. Дуруст аст, ки дар қонун чунин категория мавҷуд нест, вале чунин менамояд, ки қонун ба фарзандони онҳо дахл надорад.

Тавре тадқиқоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” нишон медиҳад,  қисмати асосии онҳое, ки дар сафи артиш хизмат мекунанд, фарзандони оилаҳои камбағал ва ё камбизоат аст, инчунин онҳое, ки имкони дохил шудан ба донишгоҳ надоштанд ва ё барои озод шудан аз артиш «таға» надоранд.

– Фарзандони мансабдорони баландпоя дар сафи артиш хизмат намекунанд. Зиёиён кўшиш мекунанд, ки фарзандонашон ҳатто дар Тоҷикистон таҳсил накунанд, куҷо истад хизмат. Онҳо фарзандонашонро барвақт оиладор мекунанд, то соҳиби ду кўдак шаванду тибқи қонун аз хизмат озод гарданд, – мегўяд Д. Самадова.

Карим Авезов мегўяд, вақте дар артиш хизмат мекард, бештари ҳамхизматҳояш дар оилаҳои камбизоат буданд ва ягон нафареро вонахўрд, ки ақаллан писари раиси ягон деҳа бошад.

Қонуни нав мушкилотро ҳал накард?

Рўзи 29 январи соли 2021 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав имзо кард. Тибқи қонуни нав дар Тоҷикистон солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, боқимонда метавонанд бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд.

Бо гузашти зиёда аз се моҳ аз қабули қонун тартиби пардохти маблағ, ки гуфта мешуд, ҳукумат онро муайян мекунад, ҳанӯз маълум нест. Вале масъулони чанде аз донишгоҳҳои Тоҷикистон ба донишҷӯён гуфтаанд, ки пас аз хатми мактаби олӣ 28 ҳазор сомонӣ супорида, давраи якмоҳаи сарбозиро гузаранд ва соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Мақомот расман мавзуъро шарҳ надоданд. Бар асоси тағйироти воридшуда, хатмкардаҳои донишгоҳҳо танҳо баъд аз 12 моҳи хизмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ мешуданд ва рутба мегирифтанд.

Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, зимни суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки «эҳтимол андозаи ин маблағ аз 25 то 30 ҳазор сомонӣ муайян шавад».

Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мутмаинанд, ки қонуни нав дар бораи хизмати ҳарбӣ, барои шаҳрвандон имкони хизмати алтернативиро назди Ватан фароҳам оварда, инчунин сафи саркашон аз хизматро дар Қувваҳои мусаллаҳ кам мекунад.

"Бача гурез, облава омад"
Нуралишо Назаров. Акс аз Радиои Озоди.

Вале муовини пешини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон генерал Нуралишо Назаров мегўяд, пулакӣ намудани хизмат «алтернатива»-и хизматӣ ҳарбӣ шуда наметавонад. Чунки, ба гуфтаи ў, «алтернатива»-и хизмати ҳарбӣ хизматҳоеро дар бар мегирад, ки дар дигар соҳаҳо ройгон анҷом дода мешавад.

Ба гуфтаи Нуралишо Назаров дар як моҳ имкони пурра аз бар намудани нозукиҳои хизмати ҳарбӣ нест. Ин генерали тоҷик ба ин бовар аст, ки озод шудан аз хизмат ба ивази маблағ метавонад ба қудрати артиш осеб расонад.

Дилрабо Самадова гуфт, ки мантиқи қабули тағйироти навбатӣ танҳо ҷамъоварии маблағ асту бас.

– Шаҳрвандонро набояд ба як манбаи андозсупорӣ ё пур кардани буҷаи давлат табдил дод. Ин ба он маъност, ки ҳифзи ватан ба дўши ҷавонон аз оилаҳои камбизоат гузошта мешавад. Аз тарафи дигар, онҳое, ки маблағ  надоранд, маҷбур мешаванд қарз гирифта, бо пардохти маблағ соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Ин аҳволи оилаҳои бе ин ҳам камбизоатро боз ҳам бадтар мекунад, – мегӯяд Д. Самадова.

Вале коршиноси масоили амниятӣ Маҳдӣ Собир назари дигар дорад. Ў мегўяд, бояд артиш дар асоси шартнома ва яксола амалӣ карда шавад. Яъне, ба гуфтаи ў, хоҳишмандон тавонанд тибқи шартнома бо гирифтани маош амнияти давлатро таъмин намоянд.

– Даъвати ҳарбӣ бояд аз байн равад, хизмати ҳарбиро шартномавӣ бояд кард, то ҷавон худаш омада бо маоши муайян ба ватан хизмат кунад. Дар ин ҳолат ҳама ба хизмат мераванд. Акнун, ки маблағро худи сарбоз медиҳад, оилаҳои сарватманд хизматро «мехаранд», боз дар сафи артиш фарзандони оилаҳои камбизоат ё деҳқон мемонад, – мегўяд ин коршиноси тоҷик.

Ба ҷойи хулоса

– Артиш, пеш аз ҳама, ба фазои солим ниёз дорад, зарур аст, ки артиш ба ҷавонон устуворӣ, далерӣ, тавоноӣ ва боварӣ ба худро омӯзонад, яъне ҷавононеро омода намояд, ки дар зиндагӣ тавонанд ба ҳама мушкилот тоб оранд. Албатта, артиш набояд муассисае бошад, ки ҷавононро ҷисман ва руҳан маъюб кунад – онҳо бояд аз он ҷо сиҳату саломат баргарданд»,- мегўяд Дилрабо Самадова.

Ҳарчанд то ба ҳол маълум нест, пуле, ки ҷавонон бо супурдани он аз хизмат озод мешаванд, ба куҷо равона мешавад, вале агар ин маблағ ба артиш раваду барои беҳтар кардани шароити хизмат сарф шавад, шояд, ки вазъ дар артиш беҳтар гардад. Вале то замоне, ки бо роҳи «облава» ҷавонон ба артиш ҷалб мешаванду амалҳое мисли «дедовшина» дар артиш идома меёбад, мушкили таъмини нақша ва ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар ҳамчун мушкили ҳалношуда боқӣ хоҳад монд. Чунки волидайн фарзандони худро барои адо намудани қарзи Модар-Ватан равон мекунанд, на барои қурбонӣ.

Мазҳаб Ҷумъа

Оцените статью:

“Бача гурез, облава омад” Чаро дар Тоҷикистон даъват ба артиш мушкил аст? Дар Тоҷикистон даъвати баҳорӣ ба сафи артиш, ки то 31 май давом меёбад, идома дорад. Интизор мерафт, бо қабули қонуни нав даъват ба артиш шаффоф гардида, махсусан, «облава» аз байн равад. Вале баръакс, имсол сарусадоҳо дар ин маврид бештар шуд. Чаро чунин шуд? Чаро ҳамеша даъвати ҷавонон […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *