Ба ваксинаи “AstraZeneca” метавон эътимод кард?

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 23 марти соли равон маъракаи ваксиназанӣ бо истифода “AstraZeneca”, ки бар зидди коронавируси COVID-19 равона гардидааст, идома дорад. Мақомоти тоҷик ин навъи ваксинаро  санҷидашудаю боэтимод ва ҳамзамон барои ҳифзи саломатии мардум муҳим мешуморанд, аммо бархе аз сокинон ба боэътимод будани ин ваксина шубҳа доранд.  

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 март бо имзои қароре ба ваксиназанӣ бар зидди бемории COVID-19 оғоз бахшид. Аз ҷумла дар ин қарор омадааст: “Иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад”.

Бар асоси қарори мазкур ниҳодҳои гуногуни кишвар вазифадор шудаанд, ки дар раванди ваксиназанӣ ба Вазорати тандурустӣ кумак кунанд ва вазорат баъд аз 15 рӯзи ҳар марҳила ба ҳукумат гузориш диҳад.

Вазорати тандурустии кишвар мегӯяд, ки пеш аз ҳама ваксина бар зидди бемориро кормандони соҳаи тандурустӣ, бахшҳои стратегии хоҷагии халқ, сокинони аз 60-сола боло, шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм мегиранд.

Шубҳаи сокинон

Аммо бархе аз сокинон, ки аз нашри хабарҳо дар мавриди маъракаи  ваксиназанӣ дар кишвар огоҳӣ ёфтаанд, ҳанӯз барои гирифтани тасмим омода набуда, ҳатто ба бехатару безарар будани “AstraZeneca” бо шубҳа менигаранд. Зеро аз пайомадҳои манфии ин ваксина ва манъи истифодаи он дар кишварҳои гуногун расонаҳои мухталиф хабару гузориш доданд. Дар ин бора дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ баҳсҳои доғе ба миён омад.   

Холаи Гуландоми 60-сола яке аз онҳоест, ки мегӯяд, ба ваксинзанӣ омода нест, зеро аз тариқи расонаҳо огоҳ шудааст, ки  дар дигар кишварҳо чанд нафар пас аз гирифтани ин ваксина ҷони худро аз даст додаанд. 

– Ман ба гузаронидани ин ваксина розӣ нестам, чун шояд ба саломатиам хатар дошта бошад. Бо сабаби аворизи баду манфии он ва ҳатто ҷон додани баъзе аз ваксиназадагон дар кишварҳои гуногун, намехоҳам тақдирамро имтиҳон кунам, – мегӯяд холаи Гуландом.

Ба гуфтаи Рустам, як ҷавони тоҷик, даст кашидан ё ба таъвиқ андохтани истфодаи ваксинаи “AstraZeneca” дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ боиси бештар шудани шакку шубҳа гардидааст.

Ба ваксинаи “AstraZeneca” метавон эътимод кард?
Президенти Украина В.Зеленский низ алайҳи COVID-19 бо ваксинаи AstraZeneca эм карда шуд. Акс аз zelenskiy_official/Instagram

– Он ки якчанд кишвари ҷаҳон аз истифодаи ин ваксина даст кашиданд ва сарусадоҳое, ки дар мавриди аксуламали он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардиданд, боэтимод будани онро зери суол мебарад. Аз ин хотир, агар ба ман пешниҳоди гузаронидани ваксинаи  “AstraZeneca” диҳанд, қабул намекунам,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.  

Ҳамзамон коршиноси шинохтаи сиёсӣ Сайфулло Сафаров зери матлаби яке аз корбарони “Фейсбук” дар робита ба ин ваксина навишт, ки “…агар доруи аз Ҳиндустон оварда бошад, дар 30 давлати дунё иҷозат дода нашуд, чунки хунро лахта мекунад ва боиси аз касалиҳои дил ва фишор мурдани одамон мегардад”.

– Мувофиқи хабарҳо ваксиназаниро аз духтурон сар карданд. Ин ба амнияти миллии мо таҳдиди бузургест. Боз бе духтур намонем то охири сол. Илтимос, Евронюсро тамошо кунед. Он ҷо ин хабарҳо буданд,- таъкид кардааст ӯ.

Аммо баъдан навиштааст, ки ТВ Тоҷикистон ҷавоби саволи ӯро додаву вазири тандурустӣ шахсан фаҳмондааст, ки мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ин ваксина ба лахташавии хун сабаб нашудааст.

– Раиси тандурустии шаҳр ба ёд овард, ки самаранокии ин ваксина 67% аст. Ваксина ба духтурон ва то 49 солаҳо гузаронда мешавад. Ҳамчунин таъкид шуд, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунед. Пас интихоб аз ҳар яки мост, – навиштааст Сайфулло Сафаров.

То куҷо “AstraZeneca” боэътимод аст?

Мақомоти кишвар аз боэътимод будани ваксинаи “AstraZeneca” хабар медиҳанд ва аз мардуми кишвар даъват мекунанд, ки таъҷилан алайҳи бемории коронавирус ваксина гиранд ва ба ҳар гуна овозаҳо дар он эътибор надиҳанд. 

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ рӯзи 29 март дар сомонаи худ бо нашри як муроҷиатнома ваксиназаниро ягона роҳи нигаҳдории солимии миллат дар баробари коронавирус дониста, таъкид кардааст, ки бепарвоӣ дар ин маврид оқибати ногувор хоҳад дошт.

Дар ин муроҷиатнома инчунин гуфта мешавад, ки баъзеҳо ҷонибдори вокуниши ғайрифаъол ба даъвати эмкунӣ ҳастанд, ки гӯё баъзе доираҳои хориҷӣ мехоҳанд тавассути ваксина ба мардум зарар расонанд.

– Баъзеҳо вокуниши ғайрифаъолро ба даъват ба эмгузаронӣ бо баҳонаи он, ки баъзе доираҳои хориҷӣ ба воситаи эмгузаронӣ мехоҳанд ба мардум зарар расонанд, тарғиб мекунанд. Ин сароҳатан муносибати ғалат аст, ки аз саъйю талоши хидмат ба манфиатҳои беҳтарини мардум ва ҷомеаҳо ҷудо мебошад. Чунин муносибат ба яке аз ду сабаб ишора мекунад: ин ё натиҷаи ҷаҳолат ва нодонии аҳкоми шариат аст, ё ин ки натиҷаи адами огоҳӣ аз оқибатҳои хатарноки вогузорӣ ва тарки эмгузаронӣ, – таъкид кардааст Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар.

Саидзода Файзалӣ, директори генералии Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии профилактикаи Вазорати тандурустии кишвар, гуфтаҳои болоро тасдиқ намуда мегӯяд, ки то ба имрӯз аз муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 ҳазору 584 нафарро ба иммунизатсия фаро гирифтаанд, ки ягон ҳолати номатлуб ба амал наомадааст. Ба гуфтаи ин масъули вазорат, то ҳол 26 ҳазору 273 нафар кормандони тиб аз эмкунӣ гузаштаанд.

Айни замон раванди эмкунии омўзгорон ва кормандони техникии мактабу муассисаҳои томактабӣ идома дорад. Ҳамагӣ эм кардани наздики 10 ҳазор омўзгор ва 30 ҳазор корманди боѓчаҳои кўдакон дар нақша аст. Эмшудагон ҳар кадом ду вояи ваксинаи «AstraZeneca”-ро дар фосилаи ду моҳ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон мутобиқи Барномаи COVAX 192 ҳазор вояи ваксинаи “Astra-Zeneca” гирифт. Дар доираи ин барнома бояд 10%-и аҳолии Тоҷикистон – 1,8 млн нафар ваксина гиранд.

– Эмкунӣ тариқи “AstraZeneca” дар зиёда аз 90 давлати дунё сурат мегирад ва ҳолатҳои номатлуби ҷиддие, ки ба фавт оварда мерасонад, ба қайд гирифта нашудааст. Ва он ҳолатҳои фавте, ки дар дигар кишварҳо буданд, ба бемориҳои ғайрисироятии музмине, ки худи беморон гирифтор буданд, вобастагӣ дошт. Новобаста аз гузаронидани ваксина,  ҳамарӯза дар кишвар фавт ба қайд гирифта мешавад. Мардуми мо фикр мекунанд, ки ба ваксина вобастагӣ дорад, вале чунин фикр нодуруст аст,- таъкид кард ҳамсуҳбати мо.   

Ба ваксинаи “AstraZeneca” метавон эътимод кард?
Муовини вазири тандурустии ҶТ Самариддин Алиев яке аз аввалинҳо шуда, алайҳи коронавирус эм карда шуд. Акс аз интернет.

Зарурати гузаронидани “AstraZeneca” вуҷуд дорад?

Дар ин байн, Дания кишвари нахустин дар  ҷаҳон шуд, ки комилан аз истифодаи ваксинаи таҳиянамудаи ширкати фармакологии муштараки Британия ва Шветсия AstraZeneca даст кашид. Дар ин бора раёсати тандурустии кишвар хабар паҳн кард, менависад РБК.

– Бино ба арзёбии мо, ки ба хулосаҳои илмӣ асос ёфтааст, хавфи воқеии таъсирҳои манфии ҷиддӣ вуҷуд дорад, ки ба истифодаи ваксинаи мазкур алоқаманд мебошад, бинобар ин мо қарор додем, ки онро аз барномаи ваксинагузаронӣ берун кунем, – изҳор дошт сардори идора Серен Брострём.

Аз қатъи муваққатии истифода аз ваксинаи AstraZeneca инчунин Австрия, Люксембург, Норвегия, Италия, Швеция, Финляндия ва зиёд кишварҳои дигар иттилоъ доданд. Баъзеи онҳо, аз ҷумла Исландия ва Ирландия, ба истифода аз даво пас аз изҳороти ЕМА (агентии аврупоӣ доир ба маводи доругӣ) доир ба он, ки далели вобастагии ваксинагузаронӣ бо AstraZeneca ва хавфи ташаккулёбии суддаҳо (тромбҳо) вуҷуд надорад, барнагаштаанд.

6 апрел намояндаи ЕМА Марко Кавалери иброз намуд, ки алоқамандӣ миёни гузарондани AstraZeneca ва тромбозҳо ба ҳар ҳол вуҷуд дорад, аммо чӣ боис ба ин гуна аксуламал мешавад, ҳанўз номаълум мемонад. Танзимгар талаб кард, ки хавфи бавуҷудоии тромбҳо ба номгўи таъсирҳои манфии камчини ваксинаи мазкур дохил карда шавад, лекин таъкид намуд, ки манфиати он хеле бештар аз хатарҳояш аст.

Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино, мегӯяд, эмгузаронии “AstraZeneca” дар Тоҷикистон бояд боздошта шавад, чунки ваксина пас аз гузаронидан аксуламали хуб нишон надодааст. Ӯ ин суханҳоро дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст. 

– Аз ваксинаи AstraZeneca миқдори сад воя ба Бемористони Ибни Сино ҳам дода шуд. Мо дирӯз ба даҳ нафар кормандонамон онро гузарондем ва дар се нафар оризаи сабуки таби баланд ба назар расид, ки ба қавли коршиносон пешбинӣ шудааст ва ҳатто нишонаи вокуниши системи эмании бадан аст, ба он маъно, ки подтан тавлид мешавад, – навиштаст ӯ.  

Ба гуфтаи вай, боздоштани истифода аз “AstraZeneca” дар баъзе кишварҳои аврупоӣ ин тасаввурро ба миён овардааст, ки ин ваксина гӯё ба таври лозим омӯхта нашудааст.

Холиқзода бо дарназардошти ба таври табиӣ ваксина шудани аксари мардум ва вуҷуд надоштани шиддати ваҳмангези пандемия дар кишвар пешниҳод кардааст, ки шояд лозим аст дар гузарондани ин ваксина шитоб накунем, натиҷаи моҷарои кишварҳои ғарбиро интизор шавем ва агар қобили эътимод дониста нашавад, аз истифодаи он даст кашем ва ваксинаи дигареро аз COVAX дархост кунем.

Ҳамон тавре аз назару дидгоҳҳои мардум ва намояндагони ниҳодҳои тандурустии кишвар маълум шуд, дар мавриди AstraZeneca  назари комилан қатъӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, агар раванди ваксиназанӣ ба таври шаффоф анҷом шуда, таъсири воқеии истифода аз ин ваксина тавассути ВАО ба мардум расонда шавад, шояд барои сокинон гирифтани тасмим осонтар гардад.

Бояд гуфт, ки гирифтани ваксина дар кишварамон ихтиёрӣ ва ройгон аст. Мақомот мегӯянд, барои фаҳмондани моҳияти ваксина ва бехатар буданаш маъракаи таблиғотиро тавассути ВАО-и кишвар ва аз тариқи фаҳмондадиҳӣ ба роҳ мондаанд.

Интизор меравад, ки Тоҷикистон ваксинаҳои дигар, аз ҷумла “Спутник V”-ро аз Русия харидорӣ намояд. Тоҷикистон дарёфти ваксинаи “Pfizer”-ро рад кардааст, чун ба гуфтаи мақомот шароити нигоҳ доштанаш вуҷуд надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи январ эълон кард, ки дар кишвар дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба COVID-19 ба сабт нарасидааст. Бино ба иттилои масъулони Вазорати тандурустӣ, то имрӯз 13308 нафар ба СОVID-19 гирифтор шуда, танҳо 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки поёнтарин рақам дар миқёси кишварҳои минтақа мебошад. 

Фарзонаи УМАРАЛӢ

Оцените статью:

Ба ваксинаи “AstraZeneca” метавон эътимод кард? Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 23 марти соли равон маъракаи ваксиназанӣ бо истифода “AstraZeneca”, ки бар зидди коронавируси COVID-19 равона гардидааст, идома дорад. Мақомоти тоҷик ин навъи ваксинаро  санҷидашудаю боэтимод ва ҳамзамон барои ҳифзи саломатии мардум муҳим мешуморанд, аммо бархе аз сокинон ба боэътимод будани ин ваксина шубҳа доранд.   Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 22 […]
5 1 5 3
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *