АСАЛ ФАРОВОНУ НАРХАШ ГАРОН. ЧАРО?

То якуми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 531,1 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 тонна зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки сокинони вилоят аз гарон будани нархи он норозианд ва аксаран имкони харидорӣ кардани ин маҳсулоти фоидабахшро надоранд.  Бо ин вуҷуд занбӯри асалпарварон низ аз гарон будани маҳсулоте, ки барои парвариши занбӯри асал зарур аст, изҳори нигаронӣ карданд.

Фурӯшандаҳо мизоҷонро фиреб медиҳанд

Сокини шаҳри Бохтар Бобоҷон Файзиев зимни суҳбат гила аз он кард, ки нисбати соли гузашта арзиши асал хеле гарон шудааст. Ба иттилои ӯ соли гузашта як килограмм асал аз 45 то 50 сомонӣ арзиш дошт ва имсол бошад 80-100 сомонӣ шудааст. Аз ин рӯ сокинон имкони харидории онро надоранд.

-Ман барои аҳли оилаам махсусан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мунтазам асал харидорӣ мекунам. Чунки барои саломатӣ фоидаи зиёд дорад. Аммо аз сабаби қиммат шудани нархаш имсол кам харидорӣ кардам. Дар шароити Тоҷикистон, ки боғу токзор ва гулу буттаҳои шаҳбдор хеле зиёд аст, набояд арзиши асал ин гуна қиммат бошад. Истеҳсоли асал он қадар хароҷоти зиёд надорад. Аз ин рӯ бояд нархаш ҳам муътадил бошаду барои ҳама дастрас,-мегӯяд Б. Файзиев.

Абдулҳамид Шоазимов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар баробари гарон будани нархи асал ҳамчунин аз сифати он изҳори нигаронӣ кард. Ба гуфти ӯ харидорони асал дар бисёр маврид фиреб хӯрда, асали сифаташ пастро харидорӣ мекунанд, ки дар таркибаш шакари зиёде истифода шудааст.

-Фурӯшандаҳо набояд мизоҷони хешро фиреб диҳанд. Дар ҳоле, ки асали сифаташ пастро мефӯрушанд, бояд онро бо нархи арзон пешкаши харидорон гардонанд. Аммо дар бисёр ҳолат фурӯшандаҳо асали бесифатро бо нархи асали табиие, ки сифаташ хуб аст баробар мефӯрушанд, ки ин аз нигоҳи ман фиреби мизоҷон аст. Баъзе фурӯшандаҳо ба асал ҳар гуна шарбат, оби набот, шакар ва оби решаи гиёҳҳоро ҳамроҳ мекунанд, ки бечунучаро сифати асал гум шуда, ҳатто тамъу бӯи асал надоранд. Нафароне, ки занбӯри асал парвариш мекунанд, танҳо дар фасли зимистон каме хароҷот доранд. Дар дигар фаслҳо барои занбӯри асал маводи ғизоӣ фаровон аст ва занбӯрҳо аз онҳо бе ягон мушкилӣ истифода мебаранд,-гуфт Абдулҳамид Шоазимов.

Бозор бардорад зам кун…

Сокини ноҳияи Кӯшониён Қодиралӣ Аҳёев чанд сол аст, ки ба парвариш ва нигоҳубини занбӯри асал машғул аст. Ӯ мегӯяд занбӯри асалпарварӣ нозукиҳои зиёде дорад. Гарчанде хароҷоти зиёдеро талаб накунад, аммо мушкилиҳои хоси парвариш вуҷуд доранд. Агар каме нодуруст парваришро ба роҳ монӣ, на танҳо фоида намебинӣ, балки мумкин аст оилаи занбӯри асалро аз даст бидиҳӣ. Занбӯри асал хеле навозишу таваҷҷуҳи зиёдеро талаб мекунад. Дар натиҷаи каме бетаваҷҷуҳӣ оила метавонад қаҳр карда ба дигар ҷо равад.

Дар масъалаи баланд будани нархи асал Қодиралӣ Аҳёев иброз медорад, ки он аз бозор вобаста аст. Ба қавле бозор бардорад, зам кун, набардорад кам кун.  

-Ман ҳар сол маҳсулоти ба даст омадаро яклухт аз нархи бозор каме арзонтар мефӯрушам. Харидорон омада аз хона асали истеҳсолкардаамро мехаранд. Соли ҷорӣ ман ҳар як килограмм асали истеҳсолшударо бо нархи 70 сомонӣ фурӯтам, ки аз нархи бозор 20 сомонӣ арзон аст. Чанд соле, ки ман асал мефурӯшам, то ҳол ягон мизоҷ аз сифати маҳсулоти ман шикоят накардааст. Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки сифати асал хуб бошад, – гуфт Қ. Аҳёев.

Сардори Раёсати растанипарварӣ ва чорводории Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Шамсиддин Раҳимзода зимни суҳбат сабаби қиммат будани нархи асалро чунин шарҳ дод:

-Арзиши асбобу олот ва маҳсулоте, ки барои парваришу нигоҳубини занбӯри асал зарур аст, аз қабили сехҳои истеҳсоли муми варақин (вашина), шакар, ва дигар дорувориҳои лозимӣ хеле баланд шудааст. Аз ин рӯ занбӯриасалпарварон маҷбуранд маҳсулоташонро қиммат фурӯшанд. Дар акси ҳол фоида намебинанд. Дар ин баробар тағйирёбии иқлим низ таъсири худро расонида истодааст. Чунки дар куҳсорҳо аз сабаби хушксолӣ маҳсулоти табиӣ кам мерӯяд.  Дар даврони Шӯравӣ 70 фоизи заминҳои корам пахта кишт карда мешуд. Айни замон бошад, дар бештари заминҳо сабзавоту полезӣ кишт мекунанд, ки занбӯри асал аз ин гуна маҳсулот шира намегирад ва табиист, ки дар ин ҳолат истеҳсоли асал кам мешавад.

Сокини куҳансоли ноҳияи Кӯшониён Шералӣ Ваҳҳобов бар ин назар аст, ки дар даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ арзиши асал нисбати шакар ду баробар гарон буд. Дар ин шабу рӯз бошад ин нишондод даҳ баробар афзоиш ёфтааст. Занбӯрпарвари асил барои асали тоза ба даст овардан ҳеҷ гоҳ аз оби шакар истифода намебарад. Вай 25 фоизи асали истеҳсолшударо барои занбӯрон нигоҳ медорад то онҳо аз он истеъмол кунанд. Бештари занбӯриасалпарварони мо аз шакар зиёд истифода мебаранд ва шакарро ба асал табдил медиҳанд, ки он аз ҷиҳати сифат хеле паст мебошад. Аз як килограмм шакар, занбӯр 600 грамм асал истеҳсол мекунад. Аз ин рӯ занбӯрпарварони мо аз ин таҷриба зиёд истифода мекунанд, ки ин фиреби мизоҷон аст. Бояд занбӯрпарварон фоизи даркории асали истеҳсолшударо барои занбӯрон нигоҳ доранд, то оилаҳои занбӯр аз он истеъмол карда асали тоза истеҳсол кунанд.

Сифати асал бояд назорат шавад

Тибқи ҳисоботи оморӣ дар вилояти Хатлон 62 ҳазору 327 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки ин нишондод ҳамасола афзоиш ёфта истодааст. Коршонинсон бар ин назаранд, ки бояд дар бозору фурушгоҳҳо сифати асал аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор санҷиш карда шавад. Ҳамчунин ассотсиатсияи асалпарварон амал мекунад, ки бояд ин ниҳод пайваста миёни занбӯриасалпарварон дар баробари омӯхтани нозукиҳои занбӯрпарварӣ, ҳамчунин аз сифату нархи асал низ корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намояд. 

Дар ин баробар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои лозимаро дар ин масъала қабул кардааст, ки ба занбӯри асалпарварон имтиёзҳои зиёде дода шудааст. Аз ин рӯ нафароне, ки ба нигоҳубину парвариши занбӯри асал машғуланду аз он имтиёзҳое, ки Ҳукумати мамлакат ба онҳо додааст, истифода мебаранд набояд худсарона нархи асалро баланд бардоранд.

Сулаймон СУЛТОНОВ

Оцените статью:

АСАЛ ФАРОВОНУ НАРХАШ ГАРОН. ЧАРО? То якуми сентябри соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 531,1 тонна асал истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 21 тонна зиёд мебошад. Ин дар ҳолест, ки сокинони вилоят аз гарон будани нархи он норозианд ва аксаран имкони харидорӣ кардани ин маҳсулоти фоидабахшро надоранд.  Бо ин вуҷуд занбӯри асалпарварон низ аз гарон будани […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *