Ҳаргиз зи даст домани меҳан намедиҳем

(тафсилоти як сафари кӯтоҳ аз Ворух)

Дер боз мехостам ба ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух, ки чанд соли ахир ба сангари манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст, сафар кунам. Ҳарчанд солҳое қабл ба ин гӯшаи нозанини диёр бо муҳиме сафар анҷом додаам, вале ин сафар дар шароити дигар сурат мегирифт ва ҳадафҳои дигар дошт. Иттифоқ даст дод, ки ин орзуҳо бароварда шаванд.

 Субҳи 21 май бо роҳнамоии муовини Раиси кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ба самти Исфара ҳаракат кардем. Дар сафар моро адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон ҳамроҳӣ мекард, ки ҳамроҳи банда ба хотири иштирок дар маҳфили «Ганҷи сухан» дар шаҳри Хуҷанд қарор дошт.

 Осори даҳшати муноқишаи наздисарҳадиро ҳанӯз дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар роҳи Хуҷанд-Конибодом эҳсос намудем. Дар ҳудуди деҳаи Хистеварз, дар васати шоҳроҳ осори иншооти оташгирифта ва валангор ба назар мерасид. Аксари онҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва мағозаву тарабхонаҳо буданд…

Аз як сокини маҳаллӣ, ки канори роҳ меистоду, чеҳраи маҳзун ва нигоҳи парешон дошт, пурсидам: – Бародар, оё ин иншооте, ки ба коми оташ рафтаанд, ҳама аз қирғизҳо буданд?   Ба фаросат дарёфт, ки меҳмонаму бо моҷаро аз наздик ошно нестам, ба тафсил шарҳ дод: – Не, на ҳамааш аз қирғизҳоянд, иншоот ва хонаҳои тоҷикон низ ҳастанд. Ҳамсӯҳбати мо бо дастонаш ба он тарафи шоҳроҳ ишора кард: – Дар заминҳое, ки қирғизҳо азони худ кардаанд, тоҷикон низ зиндагӣ доранд. Маҳаллаи омехта буд, вале теъдоди қирғизҳо баъдтар зиёд шуданд.   Рӯзе, ки дар Хоҷаи Аъло ва Ворух муноқиша сар зад, «ҳамсояҳо» ин маҳаллаҳоро тарк карда буданд, мисли ин, ки аз пешомади қазия хабар доштанд. Ҳамон шаб хеле вазъият ваҳим буд. Мо намедонистем, ки кӯч бандем ва ё дар хонаҳои худ паноҳ барем. Нафароне буданд, ки пиронсолон, занон ва кӯдакони худро ба ҷои бехатар фиристоданд ва худ тавакал ба қазо дар ҳимояи хонаву дарашон сангар гирифтанд. Гумон кардам, шаби маҳшар буд. Ҳамагӣ ба як бор ба коми оташ фурӯ рафт. Шоҳидоне низ буданд, ки мегуфтанд, худи қирғизҳо ҳам дар оташ задани иншооташон даст доштанд, чун на ҳамаи нуқтаҳои савдо ба қирғизҳои маҳаллӣ тааллуқ дорад. Моли сарватмандону мансабдорони Қирғизистон аст, ки аз дигар шаҳрҳои бузург омада, бунёд кардаанд,-даст афшонд мард.

Як мушоҳида ба назарам бисёр аҷиб намуд. Аксари иншооте, ки ба коми оташ рафта буд, нуқтаҳои сӯзишворӣ буданд. Агар онҳо метаркиданд, маҳаллаи аҳолинишин ва биноҳои ҳамчавори онҳо сахт осеб медид. Дар сабукрав ин тасодуфи аҷибро аз роҳбалад пурсидам. Ӯ бо нимтабассум посух дод,- Ишораи он мардро дарк накардед? Ҳамсояҳои қирғиз  ё авлиёанд, ки пешомади корро медонистанд ва ё ба чизе омодагӣ медиданд, ки дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ  на як қатра бензин буд, на солярка ва газ… Вагарна манзарае, ки мо медидем, даҳҳо мароитба даҳшатбортар мешуд.

-Ҳоло, ки байни мо сулҳ асту ба мувофиқа расидем, чаро то ҳол иншооташонро барқарор накардаанд? –боз суол кардам аз ӯ.

– Кӣ медонад дар сари онҳо чӣ фикр аст, шояд мехоҳанд навору аксбардорӣ кунанд ва ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят баранд…

Дар роҳ ба самти Конибодом ҷо-ҷо маҳаллаҳои қирғизнишин ба назар мерасиданд, ки бештар дар самти рости шоҳроҳ ҷойгир буданд. Шояд ман дар сафарҳои қаблӣ аҳамият намедодам ва ё ба назар чунин мерасид, ки ҳамсояҳо ваҷаб ба ваҷаб ба қаламрави кишвари мо наздик мешуданд…

Ҳаргиз зи даст домани меҳан намедиҳем
Акс: Бахтиёр Хамдамов

Дар Исфара моро Роҳбари дастгоҳи мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳр ва Раиси комиҷроияи ҳизб Суруриддин Зиёваддинзода истиқбол гирифтанд. Зиёд мехостем бо Раиси шаҳр, ки рӯзҳои муноқиша дар нуқтаи доғ қарор дошта ва аз тири нишонзани қирғиз захм бардошта буд, сӯҳбат кунем. Вале Раиси шаҳр барои ҳалли кадом масъалаи муҳиме ба маркази вилоят рафта буд.

Раиси комиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара моро ба сӯи сохтмони бинои ҳизб, ки кор дар ошёнаи дуюми он идома меёфт даъват кард. Дар бино, ки ба тозагӣ бунёд мешуд, барои фаъолияти пурмаҳсули комиҷроия тамоми имкониятҳо пешбинӣ шудааст. Баъд аз мулоқоту ҳолпурсӣ бо бинокорон, пешниҳод кард, ки то Ворух моро бо сабукрави худ ҳамроҳӣ кунад. Ҳароина Суруриддин, ки зодаи Ворух буду вазъиятро аз мо беҳтар медонист, мо бидуни чуну чаро ба пешниҳоди ӯ розӣ шудем.

 Дар роҳ ба самти Ворух, оғоз аз ҳудуди Чоркӯҳ, маҳалла ва деҳоти тоҷикон бо маҳаллаҳои қирғизнишин ба андозае омехта буданд, ки кас ба сарҳисобаш намерафт. Ҷо-ҷо қитъаҳои роҳро ҳамсояҳо забт карда, намегузоштанд, ки ҷониби Тоҷикистон онро таъмир кунад. Мо аз ҳамин қитъаҳои валангори роҳ пай мебурдем, ки дар он ҷо маҳаллаҳои қирғизнишин ҷойгир аст. Дар роҳ гурӯҳҳои низомии қирғизҳои силоҳбадаст ва сарбозони тоҷик ба назар мерасиданд, ки роҳро посбонӣ мекарданд. Аҳён -аҳён мошинҳо ба назар мерасиданд, ки аз самти Ворух ба маркази Исфара ва ё баръакс, ҳаракат мекарданд.

 Суруриддин Зиёваддинзода ва Аминҷон Шарифзода нахуст моро ба иншооти Облахшон (Головной), ки фитнаи охир аз он ҷо сар задааст, роҳнамоӣ карданд. Облахшон таҳти назорати қирғизҳо қарор дошт, вале дар васати он сарҳадбонони мо низ истеҳком доштанд. Мо ба хотири ин, ки низомиёни қирғиз ноором нашаванд, аз акс бардоштан худдорӣ кардем. Вале чун яке аз сарҳадбонони тоҷик аз тасмими мо пай бурд, садо дод, ки нигарон набошед, метавонед аксбардорӣ кунед, ин иншооти ҳарбӣ нест ва мо дар каноратон ҳастем.  Аз сӯҳбат бо низомиён дарк кардем, ки хеле рӯҳияи баланд доранд ва омодаанд бо баҳои ҷон ҳар пораи хоки Ватанро ҳифз кунанд.   

 Дар Ворух моро Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб Қирғизбой Ортиқов пешвоз гирифт. Бо раҳнамоии эшон аз Кохи фарҳанг, ки хеле мӯҳташаму барҳаво буд ва корхонаи дӯзандагӣ, ки бо тасмими кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳр бунёд шудааст ва дар он занони деҳа кор мекунанд, боздид кардем.  Аз ҳамсӯҳбатам ба хотири хафа нашуданаш ба нармӣ пурсидам, ки чаро волидайн номашро Қирғизбой гузоштаанд. Ӯ бо алам гуфт: – Албатта, ба хотири эҳтиром ва дӯстӣ бо ҳамсоягон, ки байни ҳам рафту омад ва доду ситад доштем. Бубинед, мардуми мо то кадом андоза хушбин ва таҳаммулпазир буданд. Аз куҷо медонистанд, ки ин ҳамсояҳо аз дастархони мо нон хӯрда, рӯзе ба он туф мекунанд…

 Мардуми Ворух таърихи худро хуб медонанд. Доир ба таърихи ватани худ аз бузургсолон ба тариқи шифоҳӣ шунидаанд, даҳҳо маъхазҳои таърихиро хондаанд ва ҳатто бо забони модариву хориҷӣ даҳҳо мақолаҳо навиштаанд.

-Доир ба марзу буми бобоии мо будани Ворух ду далели раднопазир вуҷуд дорад, – нақл кард Маҳмудҷон Ниёзов, директори Кохи фарҳанги Ворух. -Яке масҷиди «Дахма», ки то ҳол бо ҳамин унвон дар байни мардуми мо маъруф аст. Дар аҳди қадим, ки ҳанӯз ниёгони мо пайрави оини Зардушт буданд, мурдаҳои худро дар дахмаҳо, ки таҳхонаҳои бузургро мемонд, мегузоштанд. Дар замин дафн кардани мурдаро макрӯҳ меҳисобиданд. Дахмаи Ворух ҷои ибодати зардуштиён низ буд, ки баъд аз омадани ислом ба масҷид табдил ёфт. Далели дигар, мавзеи таърихие, ки ба унвони «Гӯри Муғ» машҳур аст. Мо ҳанӯз дар синни хурдсолӣ бо роҳбарии муаллимони мактаб ба сайри ин ёдгории таърихӣ мерафтем. Қабрҳои бузург ва дароз дошт. Тобути қадимае, ки аз «Гӯри Муғон» дарёфт шуд, ҳоло дар осорхонаи вилоятӣ, дар шаҳри Хуҷанд маҳфуз аст.

Ҳаргиз зи даст домани меҳан намедиҳем
Акс: Бахтиёр Хамдамов

– Бале,- суханони ӯро беихтиёр тасдиқ мекунам, -Дар Истаравшан низ баландие мавҷуд аст, ки аз қадим ба унвони «Муғ-теппа» ёд мешавад. Инчунин вожаҳои муғ, муғбача, Дайри Муғон дар осори бузургони мо борҳо истифода шудаанд, ки ҳатто тоҷикиӣ -форсӣ будани он ба далелу исбот ниёз надорад. Вале як масъалаи дигарро мехостам ба мо шарҳ диҳед –хоҳиш кардам аз ҳамсӯҳбатони худ, – маҳаллаи Тангии Ворух ё ба истилоҳи дигар Тангиворух, ки аслан марзи тоҷикон асту бар он далоили зиёд маҷуданд, чаро имрӯз дар ихтиёри қирғизҳо қарор дорад?  

 -Шубҳае нест, ки мавзеъ ҳазорон сол инҷониб хоки аҷдодии мо будааст, – посух медиҳад рӯзноманигори маҳаллӣ Расул Додхоҳи Раҳимиён, – Агар ҳатто таърихи ҳазорсолаи ин марзро сарфи назар кунем, ба шаҳодати пирони рӯзгордидаи Ворух Бурҳонбой Бобосодиқов ва бобои Фармон Давронови 95-сола, чор оилаи Қирғиз ҳанӯз солҳои 1900, ки моли мардуми Ворухро подабонӣ мекарданд, аз мавзеи Қалъача ва Майдон ба духтарони оилаҳои камбағали тоҷик издивоҷ мекунанд. Маҳаллаи Тангӣ, ки ишора кардем, яке аз маҳаллаҳои қадимаи Ворух маҳсуб мешуд, ки то ҳол дар он ҷо катибаҳои сангӣ бо хатти ниёгони мо аз асри XI мавҷуд аст. Қирғизҳо ба хотири далели раднопазир буданаш, катибаи болои сангро тарошида, тақрибан ин осори гаронмояи таърихиро аз байн бурдаанд. Ин амалашон аз ҷаҳолати толибон, ки дар Бомиёни Афғонистон муҷассамаи Буддоро таркониданд, ҳеҷ тафовут надорад.  Дар маҳаллаи Тангӣ, мазори Хорин мавҷуд аст, ки номаш низ тоҷикист. Яъне, атрофи ин мазорро бо хор тавора гирифта буданд. Мисли ин ки мо девори сангин ва ё лойин мегӯем, ин қабристон дар инҳисори девори хорин қарор дошт. Солҳои 1950 мардуми деҳа барои ҷамъоварӣ ва хушк кардани зардолу ва ҷамъ кардани хошок ба онҷо мерафтанд ва қароргоҳи муваққатӣ дуруст мекарданд. Он солҳо бар асари бемории сироятии қаттол кӯдакони зиёд мефавтиданд, азбаски то деҳот масофа дур буд, мардум маҷбур мешуданд, ки кӯдакони ҳалокшудаи худро дар ҳамин мавзеъ дафн кунанд. Аслан, мазори муваққатии кӯдакона буд, ки шояд дар он ҷо ягон нафар аз даҳмардаҳои қирғиз низ дафн шудааст. Бо ин баҳона, ҳатто оромгоҳи Хоринро низ моли худ кардаанд. Мо боре ҳам собиқ Раиси хоҷагии Правда, Толибҷон Махкамовро барои бо санадҳои таърихӣ шинос шудан ба ш. Хуқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристодем. Дар санадҳои таърихӣ, ки имрӯз низ дар осорхонаи шаҳри Хӯқанд маҳфузанд, Ворух ба ҳайси шаҳристони тоҷикнишин эътироф шудааст. Қирғизҳо дар ибтидо чаҳор -панҷ оила буданд, оҳиста оҳиста то солҳои 2000 –ум теъдодашон дар маҳалли тоҷикнишин ба беш аз ҳазор буна расид. Соли 1987 онҳо дар пайравӣ ба тоҷикон баъд хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил карданд, вагарна то ин дам корашон чорводорӣ ва даҳмардагӣ буд…

-Нахустин низое, ки байни тоҷикон ва қирғизон сар зад, ин 31 январи соли 1974 буд,- сухани Расул Додхоҳи Раҳимиёнро идома медиҳад Маҳмудҷон Ниёзов.- Ҳамон вақт, агар иштибоҳ накунам, бо қарори Шӯрои вазирони кишвар 375 га. замини Тоҷикистон ба қирғизҳо иҷора дода шуд. Соли 1989 боз бо мардуми маҳаллӣ ба муноқиша пардохтанд. Ба хотири ором кардани вазъ, Ҳукумати мо боз гузашт кард ва 75 га. заминро барои истифодаи муваққатӣ ба Қирғизистон ба иҷора дод. Лекин ҳамон вақт роҳбарони мо андеша накарданд, ки Қирғизистон рӯзе аз аҳди худ даст мекашад ва на замини иҷораро бармегардонад ва на роҳро.

Ҳоло ҳам дар Танги Ворух теъдоди оилаи қирғизҳо аз 20-30 хоҷагӣ бештар нест, вале роҳро аз худ кардаанд ва дилхоҳ вақт мебанданд. Деҳаи Оқ-сойи қирғизҳо низ дар замини иҷорагирифта бунёд шудааст. Аслан, мутобиқи шартнома дар ин заминҳо бунёд кардани хонаҳои истиқоматӣ мухолифи қонун аст. Имрӯз онҳо Шахи Сурх, ҷӯи Наврӯз ва ҳатто пули кӯҳнаеро, ки охири солҳои 1800 Русияи подшоҳӣ барои мардуми Ворух аз чӯб сохта буд ва соли 1947 аз ҷониби асирони немис дубора таҷдид шуд, низ аз худ кардаанд. Ҳамаи ин марзҳо то чанд сол пеш дар мувозинаи хоҷагии «Правда»-и Исфара қарор доштанд. Агар Шумо дуруст мутаваҷҷеҳ шавед, кулли бошандагони 40-50 солаи қирғизи ин минтақа шаҳодатномаи таваллудашон тоҷикист, тақрибан сад фоизи шаҳодатномаи хатми инҳоро мактабҳои тоҷикӣ додаанд. Бубинед, ки дар муддати хеле кӯтоҳ онҳо шиносномаи худро қирғизӣ карда, ба замини тоҷикон низ даъво доранд.

 Дар бозгашт роҳбаладони мо тасмим гирифтанд, ки ба маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ворид шуда, аз ҳолати корҳои сохтмоние, ки дар хонаҳои оташгирифтаи тоҷикон ҷараён дорад, хабар гиранд. Дар даромади маҳалла низ ҳолати тасарруфи замин ба назар мерасид. Чанд хонаводаи қирғизҳо маҳаллаи Сомониёнро дар инҳисор гирифта буданд. Ба хонаводае, ки бо дастгирии ҲХДТ аз нав бунёд мешуд, ворид шудем. Дар як паскӯча чанд хонаи тоҷикон пайдарҳам ба коми оташи ҷаҳл ва таассуб рафта буд. Ба ҷои хонае, ки қирғизҳо оташ заданд, хонаи нав қомат меафрохт.

Аз соҳибхона пурсидам, ки чаро ба хонаҳои ҳамсояқирғизҳои шумо осеб нарасидааст? Бо заҳрханд гуфт:- Хонаҳои моро бо таҳрики сарҳадбонони қирғиз ҳамин  ҳамсояҳо оташ заданд, вале мо аз ин иқдоми паст худдорӣ кардем.  Вақте, ки вазъ ором шуду ба хонаҳояшон баргаштанд, аз ҳамсояи қирғизам пурсидам, ки чаро поси намак надоштӣ? Аз хони ман нон мехӯрдӣ, дар тӯю маъракаи ман бологузар будӣ, мо ҳам дар тӯят шодишарик ва дар мусибатат ғамшарик будем, чӣ тавр дилат шуд, ки хонаи маро оташ занӣ?

 -Медонед, – бо таассуф ба суханаш идома дод соҳибхона, – аз ҳама аламовараш ин буд, ки чашми бозингарашро мегурезонд, гӯё аз кирдораш шарм мекард, вале табиаташ имкон намедод, ки ба ҷаҳолаташ иқрор шавад ва узр пурсад…

Ба дарахтони оташгирифтаи рӯи ҳавлӣ, ки осори тир ва ҳатто гулӯлаҳо ба назар мерасид, нигаристам. Ҳамаи ин бедодиҳо аз он дарак медод, ки инсон чӣ гуна дар як фурсати хеле кӯтоҳ метавонад ба махлуқи бадтар аз ҳайвони дарранда табдил ёбад. Як пирамарде, ки пайроҳаи пурпечутоби рӯзгор асари худро дар чеҳрааш ба нақши ожанг гузоштааст, аз байни ҳашарчиён, ки дар рӯи замин наҳори мехӯрданд, бархосту назди мо омад: -Хуш омадед меҳмонои азиз, ҳамроҳ ғизо мехӯрем?

Узр пеш овардем, ки фурсатамон танг аст. Ӯ худро Тоҷиев Бозорбой муаррифӣ кард, ки ҳам хонаи худаш ва ҳам фарзандонаш, ҷамъ 7 хонаву ду оғилашро қирғизҳо оташ зада буданд.  Аз ӯ суол кардем, ки бо қирғизҳо аз қадим ҳамсояанд?   

– Ҳанӯз солҳои 1969 вақте, ки дар ҳамин хоҷагӣ кор мекардам, ҳамагӣ се қирғиз буд. Дар он тараф Сотӣ ном як қирғиз, ин тараф Тошпӯлод, ки шайхи мазор буд ва қирғизи дигар маъруф ба Кӯри Ҷонибек, ки дар кадом корхонаи саноатии Тоҷикистон фаъолият дошт, -бо ангуштон баршумурд ӯ. Инҳо ҳама шиносномаи тоҷикӣ доштанд. Баъд оҳиста оҳиста теъдодашон зиёд шуд. Агар ҳуҷҷатҳоро бардоред то чанд муддат пеш андози хона ва заминро ба Тоҷикистон месупориданд. Вале имрӯз худро табааи Қирғизистон эълон кардаанду ва замину обу ҳавои тоҷикро азони худ меҳисобанд…

 Бо табъи хира ба самти Исфара ҳаракат кардем. Дар роҳ Ҳафиз Раҳмон бо оҳанги таассуф сар меҷунбонду мегуфт: – Ин паёмади ҳамон устураҳои дӯстиву бародарии халқҳост, ки дар аҳди Шӯравӣ бо ин афсона мағзамонро пур мекарданду, заминамонро соҳиб мешуданд. Қавме, ки ба ин афсонаҳо бовар кард, бохт, қавме, ки бовар накард, бурд…

 Суруриддин Зиёваддинзода, ки шаби муноқишаи хунбор, зери тирборони қирғизҳо дар Хоҷаи Аъло ҳамроҳ бо сарҳадбонони тоҷик сангар гирифта буд бо оҳанги ноумедӣ гуфт: – Ҳайрон мешавӣ, ин ҳамсояҳо на забони муросоро мефаҳманду, на забони дипломатияро. Ҳатто ҳуҷум мекунанду, муқовимат нишон диҳем, боз мо гунаҳкор… Чӣ бояд кард?

Ба ҷои посух чанд мисра аз шеъри шоири тавоноқалами тоҷик, дӯстам Абдуҷаббори Сурушро қироат кардам:

Ҳаргиз зи даст домани Меҳан намедиҳем,

Як гарди хоки хеш ба душман намедиҳем.

Мо зидди ҳеҷ кас накашидем, теғи зулм,

Лекин ба зулми ҳеҷ касе тан намедиҳем…

Мо даст медиҳем ба қавме, ки сулҳ хост,

Аммо…гаҳи мубориза гардан намедиҳем!

Бахтиёр Ҳамдам

Душанбе-Ворух-Душанбе

Оцените статью:

Ҳаргиз зи даст домани меҳан намедиҳем (тафсилоти як сафари кӯтоҳ аз Ворух) Дер боз мехостам ба ҷамоати Чоркӯҳ ва Ворух, ки чанд соли ахир ба сангари манфиатҳои миллӣ табдил ёфтааст, сафар кунам. Ҳарчанд солҳое қабл ба ин гӯшаи нозанини диёр бо муҳиме сафар анҷом додаам, вале ин сафар дар шароити дигар сурат мегирифт ва ҳадафҳои дигар дошт. Иттифоқ даст дод, ки […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *