Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар

Шуруъ аз аввали сол баландшавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар аҳолиро нигарон кардааст. Зеро он ба баландшавии нархи дигар маҳсулот дар кишвар замина мегузорад. Ҳоло нархи бензин дар Душанбе ба сатҳи рекордӣ расида, қимати як литр бензини навъи 92 ба 10 сомонӣ дакка мехўрад. Мақомот болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвориро эътироф мекунанд, вале тавре ба коршиносон мегӯянд, барои пешгирӣ ва ё контроли он коре карда наметавонанд.

Вазъ аз куҷо оғоз шуд?

Тамоюли гароншавии нархи сўзишворӣ дар кишвар аз оғози соли равон мушоҳида мешавад ва бо гузашти вақт ин рақам ҳамоно дар ҳоли болоравӣ аст. Навъи серистеъмолтаринии бензин – АИ-92 тайи моҳҳои январ-феврали сол дар Душанбе 15% гарон шуд ва барои 1 литр аз 6,5 то 7,5 сомонӣ расид. Шуруъ аз оғози март нархи ин навъи бензин боз 4% боло рафта, ба 7,8-7,9 сомонӣ барои 1 литр баробар шуд. Ҳамин тариқ, бо гузашти моҳҳо нархи ин навъи сӯзишворӣ баландтар шуд ва дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба андозаи 44,5% афзоиш ёфт. Танҳо давоми як моҳи охир бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ 2,2% қимат шудааст.

Инчунин, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ, бино ба маълумоти Агентии омор, дигар навъҳои сӯзишвории автомобилӣ низ хеле қимат шуданд: сӯзишвории дизелӣ – ба андозаи 31,7% ва гази моеъ – 20,1%.

Гуфта мешавад, ки тӯли 6 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 146 млн доллар наздики 262 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шуд. Ҳаҷми воридот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз рӯйи вазн ба андозаи 11% ва аз лиҳози арзиш  1,1% кам шуд.

Ғайр аз ин, аввали соли ҷорӣ бо сабаби мушкилиҳои техникӣ яке аз се бузургтарин корхонаҳои коркарди нафти “Атирау” дар Қазоқистон фаъолияти худро қатъ намуд. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар корхона то охири моҳи март идома меёбанд, хабар дода буданд расонаҳои қазоқӣ. Қисмате аз сӯзишвориро Тоҷикистон аз ин кишвар меорад. Ҳамчунин ба болоравии нарх қарори ҳукумати Қирғизистон дар бораи манъи содироти нафт аз 3 март таъсир расонида метавонад.

Сабаб дар чист?

Коршиносон беқурбшавии асъори миллиро, ки тайи соли охир нисбат ба доллар ба андозаи 16,6% (қурби расмӣ) поин рафт, яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи сӯзишворӣ медонанд. Воридкунандагони ин навъи маҳсулот дар хориҷа сӯзишвориро бо асъори хориҷӣ харида, дар нуқтаҳои фурӯши дохили кишвар бо сомонӣ мефурӯшанд.

Аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамвора таъкид мекунанд, ки қиматшавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар ба нархи кишварҳои истеҳсолкунандаи он рабт дорад, вале тавре мушоҳида нишон медиҳад, давоми 10 соли охир дар кишварҳои истеҳсолкунандаи маводи сӯхт ин нарх бо каме фарқияти хурд иваз мешавад.

Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар
Муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҶТ Сафаралӣ Қурбонзода

Зимни нишасти матбуотии 15 июл муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ Сафаралӣ Қурбонзода сабаби болоравии нархи сӯзишвориро дар ҷумҳурӣ ба афзоиши қимати он дар кишварҳои истеҳсолкунанда ва коҳиши воридот вобаста ба он рабт дод.

“Моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ арзиши бензини воридотӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли пешин коҳиш ёфта, аз моҳи март боз афзуд. Ба ҳолати 12 июл нархи бензин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз 8,70 то 9,50 сомониро ташкил дода, ҳозир дар бозори ин навъи сӯзишворӣ камбуд нест”, – гуфт Қурбонзода.

Вале шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев назари дигар дорад. Вай мегӯяд, сабаби асосии қиматшавии нархи сӯзишворӣ беқурбшавии пули миллӣ дар муқобили асъори хориҷӣ аст.

–  Гап сари он, ки воридкунандагон дар хориҷа маҳсулотро бо асъор мехаранд, дар ин ҷо бо сомонӣ мефурӯшанд. Пули сомонӣ нисбати доллар дар беқурбшавии доимӣ карор дорад, зеро иқтидори содиротиамон нисбати воридот 3 баробар пасттар аст. Ин ба он маъно аст, ки ҳоло иқтисодамон дар ҳоли фалаҷ аст, – мегӯяд ин шореҳи иқтисодӣ.

Ӯ ба таври мисол гуфт, ки нархи бензин дар соли 2010 ва дар ҳоли хозир, ки бо сомонӣ чанд баробар қимат шудаст, лекин ба доллар ҳамон нарх ва ҳатто вақте нархи ҷаҳонии нафт паст мефарояд, пасттар аст.

Арзиши бензини навъи АИ-92-ро ба оғози соли 2021 бо нархи он дар соли 2010 муқоиса намуда, дарёфтан мумкин аст, ки дар ин байн нарх ба ҳисоби сомонӣ беш аз ду маротиба афзудааст, аммо бо доллар, баръакс, 14% коҳиш ёфтааст (аз $0,77 соли 2010 то $0,66 дар соли 20-21).

Ҳамчунин афзоиши арзиши маҳсулоти нафтӣ коҳиши ҳаҷми коркарди ашёи хом дар корхонаҳои Русия дар партави пандемияи коронавирус маънидод мешавад. Коҳиши истеҳсол ба камшавии фоидаи корхонаҳо боис гардида, онҳо мутаносибан нархи маҳсулоти худро зиёд карданд.

Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар

Сӯзишворӣ бо арзиши пешинааш оварда мешавад, вале…

Маълумоти оморӣ давоми солҳои 2010-2021 гувоҳи онанд, ки арзиши чаканаи маводи сӯзишворӣ бо сомонӣ дар ин давра зиёда аз 2 баробар афзуда, нархҳо бо доллар баръакс, кам шудаанд. Нархҳои чакана ба 1 литр бензин ба 1 январи соли 2010 ва аввали моҳи марти соли 2021: АИ-92 – $0,77 ва $0,66, АИ-95 – $0,84 ва $0,69, АИ-98 – $1,1 ва $0,73. 

Масалан, агар моҳи январи соли 2010 ронандаи автомашина дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории Душанбе бо 100 сомонӣ 30 литр бензини АИ-92 харида метавонист, пас имрӯз бо ҳамин миқдор маблағ ҳамагӣ 10 литр чунин навъи бензин харида метавонад. Нархҳои сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ низ ба ҳамин минвол тағйир меёфтанд.

Аз соли 2013 Тоҷикистон аз Русия бидуни боҷи содиротӣ маҳсулоти нафтӣ мегирад, ки ҳаҷми он ҳамасола байни сохторҳои марбутаи кишварҳо бо назардошти талаботи бозори дохилии Тоҷикистон мувофиқа мешавад.

Дар соли 2021 ҷонибҳо таҳвили маҳсулоти нафтии имтиёзнокро дар ҳаҷми 830 ҳазор тонна мувофиқа кардаанд. Аз ҷумла Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ 260 ҳазор тонна бензин, 310 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 40 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ, 30 ҳазор тонна мазут, 40 ҳазор тонна битум, 100 ҳазор тонна кокси нафтӣ ва 50 ҳазор тонна гази моеъ гирифта метавонад.

Бояд гуфт, ки маводу сӯзишворӣ, аз ҷумла бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) ва гази моеъро Тоҷикистон асосан аз Русия ва Қазоқистон, инчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз Ӯзбекистону Туркманистон ворид мекунад.

Дар Тоҷикистон 29 ширкати воридкунандаи маводи сӯзишворӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, миёни ин ширкатҳо ҶДММ “Газпромнефт-Тоҷикистон” пешсаф буда, ҳудуди 40% аз ҳаҷми бензини воридотиро ба ҷумҳурӣ овардааст. Боз 11% аз ҳиссаи воридоти бензин ба кишвар ба ҶДММ “Сеганҷ” рост меояд.

Зарари бештарро мардуми оддӣ мебинанд

Ҳамин тариқ, болоравии нархи бензин ва дигар маводи сӯхт дар Тоҷикистон сабаби боло рафтани нархи дигар маҳсулот ва роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии кишвар гаштааст. Масалан, арзиши роҳкирои микроавтобусҳои дохили шаҳрии Хуҷанд аз 1,30 дирам ба 1,50 дирам гарон шуд. Ҳатто нархномаи хидматрасонии ширкатҳои таксӣ тағйир ёфт.

“Ҳатто камбуди начандон зиёди маҳсулоти нафтӣ ба болоравии арзиши он боис гардида, дар натиҷа қиматшавии дигар маҳсулот низ оғоз мегардад, зеро ба нуқтаҳои фурӯш маҳсулот бо нақлиёт расонида мешавад”, – иброз доштааст дар ин робита иқтисодчӣ Солеҳ Ҳамидов.

Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар
Пайрав Чоршанбиев

Шореҳи иқтисодӣ Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, бо вуҷуди он ки қиматшавии нархи сӯзишворӣ сабаби даромадҳои андозии зиёд ба буҷети кишвар мешаванд, вале ин зарбаи сахте ба ҷайби аҳолӣ мезанад.

 – Умуман, гаронии сузишвории автомобилӣ ба нархи тамоми молу маҳсулот таъсир мерасонад. Инро ҳадди аққал бо як сабаби оддӣ шарҳ додан мумкин аст, ки таҳвили ибтидоии молу маҳсулот аз як нуқта, масалан аз Ҳисор то Душанбе, тавассути роҳи автомобилӣ сурат мегирад ва ҳар қадар сӯзишворӣ гаронтар бошад, ҳамон қадар арзиши расонидани мол баландтар мешавад. Нафаре, ки ин маҳсулотро дар Душанбе мефурӯшад, бо назардошти болоравии нархи таҳвил, нархи онҳоро боло мебарад. Хулоса, зарари бештарро мардуми оддӣ мебинанд, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Воқеан, дар бозору мағозаҳо вақте аз қиматии маҳсулот пурсон мешавед, дар баробари он ки болоравии қурби долларо яке аз сабабҳои он медонанд, нархи роҳро ҳам яке аз аз баҳонаҳои қиматшавии маҳсулот мегӯянд.

Ба гуфтаи иқтисоддони тоҷик Осим Обидҷонов ҳам болоравии нархи сӯзишворӣ ба болоравии арзиши ҳамлу нақл ва гаронии маҳсулот дар бозорҳо меоварад.

– Зиёда аз ин, он ба афзоиши сатҳи тавварум ва беқурб шудани пули милли низ сабаб мегардад,-мегӯяд ӯ.

Ҳукумат чӣ бояд кунад?

Коршиносон  мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд гароншавии сӯзишворӣ минбаъд низ идома меёбад ва хуб мешуд, агар ҳукумат ба ширкаткунандагон бо қисман кам кардани андозбандӣ кумак мекард. Бо вуҷуди ин, онҳо мегӯянд, дахолати давлат ба нарх вазъро дар бозор метавонад боз ҳам мушкилтар кунад. Онҳо ба ин назаранд, ки дар солҳои наздик поин кардан ва ё ақалан дар як сатҳ нигоҳ доштани нархи маводи сӯзишворӣ кори осон нест. 

Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, ки дуруст аст, ки зимни болоравии нархи ҳама гуна маҳсулот истеъмолгарон маъмулан ба шигифт меоянд, ки чаро ҳукумат инро назорат намекунад. Вале ба гуфтаи ӯ, тадбирҳои давлатии танзимкунанда ва нигаҳдории сунъии нарх вазъро дар бозор метавонад боз ҳам мушкилтар созад.

– Ҳатто каме ба таъхир афтодани мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ воридкунандагонро маҷбур карда метавонад, ки овардани маҳсулотро боздоранд, зеро нархҳои фурӯш дар корхона боло рафта, фурӯши чаканаи маҳсулот бо нархҳои пешина аллакай фоидаовар нест, – мегӯяд Чоршанбиев.

Ба таъкиди вай, дар ин ҳолат дар бозор норасоӣ ба вуҷуд омада, камбуди маҳсулот ногузир ба боз ҳам болоравии нархи он боис шуда метавонад.

– Дар чунин ҳолати дар бозор бавуҷудомада ҳукумат бо қисман кам кардани андозбандӣ, меъёр ба аксиз ва ААИ кумак карда метавонад, – пешниҳод намуд ҳамсуҳбати мо.

Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар
Акс аз интернет

Ба ақидаи шореҳи иқтисодӣ Нур Сафаров ба нархи сӯзишворӣ нархҳои ҷаҳонии нафт, таъмину таъхири истеҳсоли сӯзишворӣ дар корхонаҳои коркарди он, нархи интиқол, сиёсати андозӣ ва гумрукӣ, қурби табодули арз ва дастрасӣ ба конвертатсия дар бонк тасъир мерасонанд, аз ин рӯ, бораи паст шудани  нархи сӯзишворӣ на дар ояндаи наздик ва на дар миёнамуҳлат ҳатто фикр кардан ҳам лозим нест.

Пешниҳодҳо. Чӣ бояд кард?

Иқтисодшинос Осим Обидҷонов бар ин назар аст, ки ягона роҳи дуруст – ин ҷустуҷуи роҳҳалҳо аз нигоҳи волоияти манофеи иқтисоди миллӣ аст. Яъне манфиатҳои ҳама мардуми кишвар барои мо арзиши мутлақ дошта бошанд  ва манфиатҳои фардиву гурӯҳиву соҳавӣ дар доираи ин парадигма ҳаллу фасл карда шаванд.

Ин коршиноси тоҷик, дар ин самт се роҳи ҳалро пешниҳод намудааст:

– Додани имтиёзҳои андозӣ, ки ин талаби воридкунандагони маводи сӯхт аст;

– Фароҳам овардани муҳити созгор барои истифодаи сузишвории алтернативӣ;

– Фароҳам овардани муҳити созгор барои азхудкунии конҳои нафту газ.

Ба гуфтаи ӯ, додани имтиёзҳои андозӣ, дар шароити иқтисоди бозорӣ, ба нобаробарии субъектҳои иқтисодӣ ва рушди падидаҳои дигари номатлуб дар иқтисоди миллӣ меоварад ва ба имкониятҳои молиявии давлат низ таъсири манфӣ мерасонад. Пас, истифодаи ин роҳҳал, танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, барои давраи кутоҳмуддат ҷоиз буда, дар дигар ҳолатҳо номатлуб аст.

– Роҳи дувум – сўзишвории алтернативӣ, дар замони кунунӣ, ҳамчун маводи аз ҷихати экологӣ тозатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноктар бояд мавриди тавваҷуҳи зиёди дастандаркорон ва соҳибкорон қарор мегирифт ва дар қатори дигар намудҳои маводи сӯхт дастраси иқтисоди миллӣ мебуд, – мегӯяд вай. 

Номбурда қайд кард, ки аз  нигоҳи таъсири истифодаи гази табии ба иқтисоди миллӣ, он нисбат ба дигар намудҳои маводи сӯхт 1,8 маротиба муфид хоҳад буд, яъне он метавонад хароҷоти хонаводаҳо, корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро барои хариди маводи сӯхт 45% сарфа кунад.

Ба таъкиди иқтисодшиноси тоҷик, роҳи сеюм – набояд он ҳолате, ки дар ҳисобу ҳасади бонуси обунавӣ ҷой дошту дорад ва дар муддати 10 сол то инҷониб ҳалли ниҳоии худро наёфтааст, такрор шавад. Зеро сармоя суботро мехоҳад, шаффофиятро мехоҳад ва аз ноҳияе, ки ин матоъ камъёб аст, фирор мекунад. 

– Имрӯз, яке аз хавфҳое, ки  моро таҳдид мекунад ин қафомонии технологии иқтисоди миллӣ аст. Пас, моро зарур аст аз ҳама гуна имконияте, ки моро аз ин хавф ба қадри мӯйе дур мекунад, самаранок истифода барем.  Фароҳам овардани муҳити созгор барои азхудкунии конҳои нафту газ низ, бояд аз ин зовия баррасӣ шавад, то дар давраҳои минбаъда имконоти воқеъии таъмини иқтисоди миллӣ бо нафту гази худӣ пайдо шавад,-хулоса мекунед, ин коршиноси тоҷик.

Пайрав Чоршанбиев мегӯяд, пешгирӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ кори як солу ду сол нест ва барои ин роҳбарияту кадрҳои донишманду беғараз лозим аст.

– Мо бахшҳое, ки иқтидорашон дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд аст, дорем, ба мисли электроэнергетика, саноати кӯҳӣ ва сайёҳӣ, лекин барои он ки аз ин бахшхо баҳра гирем, роҳбарият ва кадрҳои баландихтисос лозим аст, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба ҷои хулоса

Воқеан, болоравии нархҳои сӯзишворӣ боиси ба ташвиш омадани на танҳо ронандагону мошиндорон, балки аҳолии дигар низ шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки баландшавии нархи ҳар маҳсулот ё маводе аввал ба ҳамёнҳои онҳо зарба мезанад ва инро бо дарназардошти вазъи кунинӣ метавон ба қатори зарбаҳои дардовартарин нисбат дод. Инҷо на танҳо афзоиши эҳтимолии арзиши мусофирбарӣ ва боркашонӣ, балки нархҳои дигар молҳо низ пешгўӣ мешавад, зеро хароҷоти интиқол ба арзиши ниҳоии ҳар маҳсулот зам ва ба дўши харидорон бор мегардад. Вале то куҷо ҳукумат иқдом мекунад ва сари ин масъала ҷиддӣ дастбакор мешавад маълум нест. Ба таври мисол – ҳанўз соли 2018 дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони корхонаи калони коркарди нафтро оғоз карда буданд, вале  он то ҳанўз ба кор дароварда нашудааст.

Бо вуҷуди он ки тирамоҳи соли гузашта ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар ҷаласаи Шўро оид ба шарикии давлатӣ-хусусӣ дар Душанбе аз бекор хобидани корхона норозигӣ баён кард. Вале намояндагони ширкати чини «TK-oil», қайд намуданд, ки мушкилӣ, дар набудани бозори фурўши маҳсулот аст. Дар вохўрӣ аниқ накарданд, ки зери ин шарҳ, яъне «набудани бозори фурўши маҳсулот» чӣ дар назар дошта мешавад.

Мазхаб Ҷумъа

Оцените статью:

Ҳар қатра муқаддас аст. Нархи рекордии сӯзишворӣ дар кишвар Шуруъ аз аввали сол баландшавии нархи сӯзишворӣ дар кишвар аҳолиро нигарон кардааст. Зеро он ба баландшавии нархи дигар маҳсулот дар кишвар замина мегузорад. Ҳоло нархи бензин дар Душанбе ба сатҳи рекордӣ расида, қимати як литр бензини навъи 92 ба 10 сомонӣ дакка мехўрад. Мақомот болоравии бесобиқаи нархи сӯзишвориро эътироф мекунанд, вале тавре ба коршиносон мегӯянд, […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *