Амалиёти пинҳонии «имло»

Шабакаҳои иҷтимоиро хабари тағйиру иловаҳои нав ба имлои забони тоҷикӣ ба шўр овард. Дар ҳоле ки чандин тағйироти солҳои охир то ҳанўз барои оммаҳои васеъ норавшан боқӣ мемонанд ва ниҳоди масъуле ҳам ёфт намешавад, ки шарҳи мушкилоти дурустнависиро омода ва дастраси ом гардонад, зоҳиран, боз як «амалиёти пинҳонӣ» шурўъ (ё «шуруъ»?) шудааст. Аммо дурусттар аст бигўем, мо фарҷоми ин «амалиёт»-ро мушоҳида мекунем.

108 тағйир

Инак, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ боз иваз мешаванд. Дар ин бора Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ рӯзи 17-уми феврал хабар дода иброз дошт, ки «… лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ва «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» таҳия гардида, барои баррасӣ ва тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст. Эҳтимол меравад, то охири моҳи равон ва ё аввали моҳи март дар Тоҷикистон қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ҷорӣ шаванд».

Амалиёти пинҳонии «имло»
Олимҷон Муҳаммадҷонзода

Аз замони мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ – соли 1989 то ба имрӯз ин бори чаҳорум мешавад, ки қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ иваз мешаванд. Тарҳи тағйири имло, тавре Олимҷон Муҳаммадҷонзода ишора кард, 108 тағйирро дар бар мегирад. Тибқи нишондоди ӯ, бештари дигаргуниҳо ба корбурди аломатҳои навишт ва ивазкунандаҳои ҳарфҳое дахл доранд, ки аз алифбои тоҷикӣ берун карда шудаанд.

Аз ҷумла, Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот дар Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфт, ҳадаф доранд, «қоидаҳои навро ба шакле таҳрир кунанд, ки ба мардум садсолаҳо хидмат кунад ва на ҳар даҳ сол он тағйир дода шавад».

«Мисоли одӣ, ҳоло аз бачаҳо навиштани «чойи кабуд»-ро дархост кунем, наметавонанд онро ба шакли дуруст нависанд. Чандин пешниҳодҳо ба ҳарфҳои иқтибосӣ марбут аст, ки ҳоло дар тарзи навишти номҳо ва тарҷумаи асарҳо мушкил пеш меорад. Аз ҷумла, тибқи тағйироти нав тарзи дурусти истифода аз ҳарфи «ц» ва «щ» дар ҳолатҳои мухталиф муайян карда шудааст», ‑ гуфт ӯ.

Ҳангомаи «ц» ва «щ»:

Маҳз ҳамин ишораи Раҳим Зулфониён роҷеъ ба ҳарфҳои «ц» ва «щ» дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар расонаҳои хабарӣ фикру афкори гуногунро ба бор овард. Ҳатто аксар хавотир гаштанду маҳкум карданд, ки Кумита мехоҳад ҳарфҳои «ц» ва «щ»–ро ба алифбо баргардонад. Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ба овозаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ чопшуда дар бораи он, ки ҳарфҳои «ы», «ц», «щ» дубора ба алифбои забони тоҷикӣ баргардонда мешаванд, вокуниш нишон дода, онро рад намуд.

Ба гуфтаи Зулфониён, аз ду ниҳоди давлатӣ дар мавриди ворид кардани ин ҳарфҳо ба алифбои тоҷикӣ пешниҳод омада буд, вале Кумитаи забон онро қотеъона рад кард. Ӯ афзуд, ки дар қоидаҳои нав танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ нашр шудаанд.

Имло «барои садсолаҳо» бе иштироки олимон?

Абдуқодири Рустам, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷик, дар сафҳааш дар шабакаи иҷтимоӣ иброз дошт, ки “яке аз сабабҳои асосии ин иштибоҳфаҳмӣ тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди чоп накардани лоиҳаи Қоидаҳо барои баррасии умумӣ мебошад”.

Амалиёти пинҳонии «имло»
Абдуқодири Рустам

Сари ҳар чанд вақт тағйир ёфтани имло на танҳо хонандагону муаллимон, ҳатто устодони муассисаҳои олиро низ раҳгум занонидааст. Аксар хилофи онанд, ки лоиҳа бе иштироки васеи олимони соҳа таҳия шуда, қабул гардад. Чунин лоиҳаҳо умри дароз намебинанд. Аллакай маълум аст, ки лоиҳаи навбатӣ низ аз тарафи гурӯҳи хурди олимоне таҳия шудааст, ки маҳз дар Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолият мекунанд.

Дар мавриди лоиҳаи қаблӣ низ чунин баҳс хеста буд. Аз ҷумла, олими забоншинос, марҳум профессор Бадриддин Камолиддинов иброз дошта буданд, ки пешниҳодҳои олимон дар бисёр масъалаҳо, хоса дар мавриди ҳарфи «ӯ», ба инобат гирифта нашуд. Агар алъон низ чунин амал такрор шавад, баъди чанд сол боз зарурати иваз кардани қоидаҳои имло ба миён меояд.

Амалиёти пинҳонии «имло»
Абдунабӣ Сатторзода

Қаблан Абдунабӣ Сатторзода, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки агар тағйири имлои забони тоҷикӣ ба шакли пешниҳодшуда тасвиб шавад, ба рушди забони давлатӣ мусоидат нахоҳад кард. Ба гуфтаи ин донишманди тоҷик, дар тарҳи нави қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳамчунон нофаҳмиҳо дар истифодаи садонокҳои “у”, “ӯ”, “ӣ” ва ивази ҳарфҳои “ц” ва “ь”, ки солҳо пеш аз алифбои тоҷикӣ бароварда шудаанд, боқӣ мондааст.

Ба суоли мо «Чӣ бояд кард, то як лоиҳае қабул шавад, ки дархӯри забон ва илм бошад ва дар ояндаи наздик боз зарурияти иваз кардани он ба миён наояд?» нависанда Абдуқодири Рустам гуфт: «То замоне, ки тоҷикон аз хатти сирилик истифода мебаранд, ин мушкил ҳал намешавад».

Амалиёти пинҳонии «имло»
Умед Ҷайҳонӣ

Умед Ҷайҳонӣ, забоншиноси тоҷик, муътақид аст, ки «ин масъаларо танҳо давлат бо ниҳодҳои илмиву пажӯҳияш метавонад ҳал кунад». Рӯзноманигор Бобоҷон Шафеъ бар он андеша аст, ки «Ин лоиҳаи охирин нахоҳад буд. Аз оғоз, ки ҳоло муҳтавояш чоп нашуда атрофаш ин қадар баҳс шуд, гумон намекунам лоиҳаи ниҳоӣ бошад. Барои он ки лоиҳаи ниҳоӣ қабул шавад, он аввал чун лоиҳа барои ибрози андешаи соҳибназарон дар матбуот интишор ёбад. Он вақт бо ба назар гирифтани фикри ҳамагон метавон тарҳи пухтатареро қабул кард. Кумитаи забон ин бор ҳам корро хом кард. Лоиҳаро бидуни баррасӣ пешниҳод намуд ва гумонам, атрофи он боз ҳам баҳсҳо мешаванд ва оянда тарҳи дигар ҳам пайдо мешавад.

Умед ҳаст?

Ёдрас мешавем, ки забони тоҷикӣ 22-юми июли соли 1989 мақоми давлатӣ гирифта буд. Дар ин муддат қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ду бор таҳрир хӯрд. Охирин қоидаи имлои забони тоҷикӣ соли 2011 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, 4-уми октябри соли 2019 дар маросиме ба ифтихори Рӯзи забон дар Тоҷикистон аз бесарусомонӣ ва духўрагиҳои ҷиддӣ дар имлои забони тоҷикӣ интиқод кард ва гуфт, қоидаи имло танҳо барои олимон нест ва барои саводнок кардани мардум бояд ба ҳамаи қишр фаҳмо бошад.

Дар маљмўъ, бояд гуфт, то чӣ андоза лоиҳаи нав ин бесарусомониҳо ва духўрагиҳои ҷиддиро бартараф мекунад, танҳо вақт нишон дода метавонад. Доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё мегӯяд, ки раиси Кумитаи забон «Олимҷон Муҳаммадзода донишманди воқеист ва ихтисосашро хуб медонад. Умед дорам, дар лоиҳае, ки ӯ пешниҳод мекунад, иштибоҳоти лоиҳаҳои пешин рафъ шуда бошанд ва дархӯри замон бошад».

Хуб, мо ҳам умед хоҳем дошт. Ё ҳоло ҳанўз имкони баргардондани лоиҳа барои баррасӣ ва ислоҳҳо вуҷуд дорад?

Холиқи Муҳаммадназар

Оцените статью:

Амалиёти пинҳонии «имло» Шабакаҳои иҷтимоиро хабари тағйиру иловаҳои нав ба имлои забони тоҷикӣ ба шўр овард. Дар ҳоле ки чандин тағйироти солҳои охир то ҳанўз барои оммаҳои васеъ норавшан боқӣ мемонанд ва ниҳоди масъуле ҳам ёфт намешавад, ки шарҳи мушкилоти дурустнависиро омода ва дастраси ом гардонад, зоҳиран, боз як «амалиёти пинҳонӣ» шурўъ (ё «шуруъ»?) шудааст. Аммо дурусттар аст […]
3.75 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *