Абдурозиқ ва Хасбик: «Мо ҳам мисли шумоем!»

Ду размикори хурдҷусса – Абдурозиқи тоҷик ва Хасбуллои доғистонӣ аз рўйи шумораи диданҳо аз наворашон дар интернет аз ситораҳое чун Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор пеш гузаштаанд. Бархўрдҳои онҳоро миллионҳо нафар дар сар то сари олам тамошо мекунанд – як қисм бо ваҷд, дигарон бо табассум ва сеюмиҳо бо маломат.

Чаро зўрозмоии ду қаҳрамони шабакаҳои иҷтимоӣ ин андоза таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаро ба худ ҷалб намуд? Ниҳоят, кӣ ҳақ аст ва дар ин бора худи ситораҳои қадпаст чӣ фикр доранд?

Ҳафтаи гузашта яке аз набардҳои нодиртарин ва сербинандатарини варзишии соли 2021 – вохўрии сарояндаи тоҷик Абдурозиқ ва «Ютуб»-блогери доғистонӣ Ҳасбулло, ки дар шабака бо номи Хасбик маъруф аст, доир шуд.

Низои ин ду наврасро, ки ба норасоии ҳормони қад дучор буда, зоҳири писаракони панҷсоларо доранд, бо шавқи тамом миллионҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мушоҳида мекарданд, мемҳоро аз наворҳо дар шабакаҳо ҷой медоданд, дар ин бора баҳс мекарданду аз он ба ваҷд меомаданд.

Ҳамагӣ дар панҷ рўз навори нишасти матбуотии Абдурозиқ ва Хасбик танҳо дар саҳифаи ташкилкунандаи муқобала – Асҳаб Тамаев дар «Ютуб» беш аз 9,5 миллион боздид ва 70 ҳазор шарҳро ҷамъ овард. Вақте матлаби мавриди назаратонро омодаи чоп мекардем, ин адад аз 10,5 миллион гузашта буд. Дар маҷмўъ бошад корбарон ба чор навор аз он нишасти матбуотӣ беш аз 20 миллион бор рў овардаанд.

Барои муқоиса: нишасти матбуотии расмии размикорони номвари олам Хабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор дар шабакаи UFC-ро дар ду сол беш аз 7 миллион нафар тамошо кардаанд.

Абдурозиқ кист?

Абдурозиқ соли 2003 дар деҳаи Гиждарваи ноҳияи Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар айёми тифлӣ бемории рахитро аз сар гузарондааст. Азбаски оила камбизоат буд, Абдурозиқ табобати лозима нагирифт ва бо қомати паст монд. Дар 17-солагӣ ў 18 кг вазн дорад ва қадаш расо 1 метр аст.

Ба мактаб кўдак танҳо дар 12-солагиаш рафт, зеро муаллимон ба қароре омадаанд, ки барои тифли хурдҷусса тай намудани роҳ то мактаб бо ҷузвдон ғайриимкон хоҳад буд.

-Волидонам боз метарсиданд, ки дар роҳ ба мактаб маро мошин ё хар задан метавонад,- мегўяд Абдурозиқ.

Боре, вақте Абдурозиқ дар шаҳри Панҷакент дар меҳмонӣ буд, яке аз шиносҳои хешовандони ў ба наврас чун ба тифли хурдакак муроҷиат кард. Ба ў фаҳмонданд, ки бача хурд нест, дар мактаб мехонад ва ҳунари хуби сарояндагӣ дорад. Абдурозиқ бо хоҳиши меҳмон суруд хонд ва вай сурудхониашро наворбардорӣ кард. Навор ба интернет роҳ ёфт ва зуд таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намуд.

Абдурозиқ ва Хасбик: «Мо ҳам мисли шумоем!»

Ба зудӣ аз истеъдоди овозхонии Абдурозиқ блогеру рэпсарои шинохтаи тоҷик Барон (Беҳрўз Шарифӣ) огоҳ шуд. Вай сарояндаи хурдқоматро ба Душанбе овард ва ба таблиғаш дар канали «Ютуб»-и худ шурўъ намуд.

-Аз он замон мо кори якҷояро сар кардем. Суруд мехонем, клипҳо сабт мекунем, онҳоро ба интернет мегузорем, бисёр касон маро мешиносанд, ки албатта маъқулам аст,- иқрор мешавад Абдурозиқ.

Шуҳрати Абдурозиқ зуд дар ҷумҳурӣ ва берун аз он паҳн гардид. Клипҳои ў тариқи канали «Авлод медиа» пахш мешаванд. Ба шарофати Абдурозиқ он беш аз 100 ҳазор обуначӣ ҷамъ кардааст. Рэпсаро Барон бо ў якчанд клипи муштарак наворбардорӣ кард. Абдурозиқ падидае дар бахши тоҷикии интернет шуд. Имрўз ба  Инстаграми ў зиёда аз 760 ҳазор нафар обуна аст, клипҳояшро одатан аз 2 то 4,5 миллион нафар тамошо мекунанд. Сарояндаи акнун маъруфро зиёд ба консерту чорабиниҳои гуногун даъват менамоянд. Ғайр аз таронаҳои эстрадӣ,  Абдурозиқ боз таронаҳои мардумӣ ва шашмақом низ месарояд.

Дар баробари комёбиҳо дар ҷодаи хунар, ў дар коллеҷи мусиқӣ таҳсил мекунад, ки онҷо математика ва суруд аз фанҳои дўстдоштааш мебошанд.

Бо ёрии блогер Барон наврас аз муоинаи тиббӣ гузашт ва табибон хабараш доданд, ки ў, агар табобат гирад, метавонад боз 40-50 сантиметри дигар қад кашад,

Ба туфайли интернет Абдурозиқ бо Хасбик аз Доғистон шинос шуд. Хасбик ҳамқомату ҳамвазнони ҳамсолашро ба набард даъват кард ва даъвати ўро Абдурозиқ шунида, қабул кард. Ҳамин тавр «задухўрди бузург»-и ду ситораи шабакаҳои иҷтимоӣ сар шуд.

Хасбик

Ҳасбулло (сарчашмаҳои дигар ўро Хасбулат меноманд – НН) ё «Хасбик блогер» аз Доғистон мебошад. 95 см қомат ва 18 килограмм вазн дорад. Ў соли 202 аз сабаби зоҳири ғайримуқаррарӣ ва як навори хўрдани қулфинай маъруф гардид, ки зимни он мегуфт: «Клубника – бомба, честно говоря». Ин навор ўро дар як замон маъруф сохт. Аз он вақт блогери навбаромад «Ютуб»-канали худро пеш мебарад, ки 275 ҳазор обуначӣ дорад. Хасбик худро «Ҳабиби дуюм» меномад ва дар наворҳои блогерони дигар иштирок мекунад. Воқеан, дар вазъе, ки бо Абдурозиқ доштанд, низ блогери дигар – Асҳоб Тамаеви чечен нақши муҳим дошт, ки аз сабаби гардани ғафс дар шабака «Халки Чеченӣ» лақаб гирифтааст.

Абдурозиқ ва Хасбик: «Мо ҳам мисли шумоем!»

То вохўрӣ бо Ҳасбулло ба Тамаев ҷамъ овардани зиёда аз 1,6 миллион обуначӣ муяссар гардида буд. Ба Тамаев ҳатто роҳбари Ҷумҳурии Чеченистон Рамазон Қодиров таваҷҷуҳ карда, шахсан мушакҳои шикам – пресси ўро бо зарбаи мушташ санҷида буд.

Аммо мушти роҳбари Чеченистон ҳам ба канали ў он қадар таваҷҷуҳ ҷалб накард, ки баҳсҳои Абдурозиқу Хасбик карданд.

“Точикистон, ба пеш!”

Дар оғози моҳи январ дар канали Асҳоб Тамаев наворе пайдо шуд, ки дар он Хасбик изҳор намуд, ба октагон бо ҳар нафари вазнаш ба ў баробар зўр меозмояд. Ин видео беш аз 3 миллион бор дидан шуд.

Посухро зиёд интизор шудан лозим наомад. Тақрибан як моҳ пас аз Тоҷикистон ба ў ҷавоб доданд.

-Ман медонам, ки ин гапи ў ба ман дахл дошт ва ман омодаам бо ў ба майдон бароям,- гуфт Абдурозиқ дар канали «Авлод-медиа».

Хасбик ба ин вохўрӣ розигӣ дод, ба шарте ки ташкилкунандагон ба ў 1 миллион рубл диҳанд. Дарҳол пас аз ин дар канали «Халки Чеченӣ» нишасти онлайнӣ миёни Абдурозиқ ва Хасбик нашр гардид, ки зиёда аз 7 миллион маротиба дидан шуд. Дар навор муштзанҳои хурдҷусса таҳти мусиқии қаҳрамонӣ тамрин намуда, саҳнаҳоро аз филмҳо дар бораи размгарони ҷасуру хунсард такрор мекарданд, ҳамзамон «треш-ток»-и ҷолиб мувофиқи анъанаҳои ММА доир мекарданд.

– Абдурозиқ бошад ё ҳар каси дигар, бароям фарқ надорад! Руҳи доғистониро шикастан намешавад. Ман уқоби дуюм ҳастам, мисли Ҳабиб. Миллионро омода кунед,- мегуфт Хасбик дар навор.

-Ман на ба хотири пул, балки ба хотири номус ҷанг мекунам. Ман рўйи ўро пачақ мекунам ва як миллион медиҳам,- гантел ба даст тамрин карда, ҷавоб медод Абдурозиқ.

Вохўрии размгарон 17 май дар Махачқалъа баргузор гардид, ки ба онҷо Абдурозиқ аз Тоҷикистон бо дўст ва продюсераш Барон омад.

Нишасти матбуотӣ, ки созгор ба анъанаҳои беҳтарини муҳорибаҳои омехта сурат гирифт, бо кашмакаше миёни Хасбик ва Абдурозиқ анҷомид, онҳо рў ба рў даъвою танқидҳояшонро гуфтанд. Ба ақидаи меҳмони тоҷикистонӣ, Хасбик дар наворҳо зиёд дашном медиҳад, ки барои мусулмон номақбул аст, ҳавобаландӣ мекунад ва умуман, ўро касе дар Доғистон дўст намедорад.

-Ҳар касеро дар Махачқалъа вохўрдам, гуфтанд, ки Хасбик бачаи хуб нест, аз худ «крутой» месозад, воҳима мекунад. Бо мардум акс намегирад, ҳурматашон намекунад. Ба Асҳоб раҳмат гўй, ки туро ба ин қадар одам нишон медиҳад,- ҳамлаи лафзӣ кард ба Хасбик Абдурозиқ.

Дар посух Хасбик гуфт, ки ў, ба фарқ аз Абдурозиқ, ягон бор то таблиғи идораҳои шубҳаангези букмекирӣ паст нафуромадааст, ҳарчанд барои ин ду миллион рубл пешниҳодаш кардаанд.

-Мусулмон набояд қиморро таблиғ кунад. Чӣ лозим гап задан, вақте ҷангидан мумкин аст? Биё, дар ҳамин ҷо!- ҳамларо гардонд Хасбик ва худ ба ҳуҷум гузашт.

Пеши роҳи ўро Асҳоб гирифт. Абдурозиқ ба рақибаш нигариста, аввал механдид, аммо баъд бо нидои «Тоҷикистон, ба пеш!» сўйи Хасбик давид. Ба Тамаев ва тими ў аз ҳам ҷудо кардани ду размандаи хурдҷисм бо душворӣ даст дод.

Навори ин вохўрӣ беш аз 10 миллион бор дидан шуд ва 500 ҳазор лайк гирифт.

 

Мазоҳ ё шоу?

Навори ин нишасти матбуотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли таркиши бомбае таъсир дошт. Як қисми корбарон аз амалҳои ташкилкунандагони вохўрӣ ба шўр омаданд. Шореҳон истифода аз одамони хурдакакро барои ҳадафҳои шахсӣ ноодилона мегуфтанд.

Сардори Анҷумани варзишии одамони хурди Русия Уляна Подпалная дар шарҳҳо дар «Газета.ру» гузарондани ин вохўриро берун аз ахлоқ номида, гуфт, ки шоу на барои дастгирӣ намудани одамони хурд, балки барои мазоҳ кардани онҳо ташкил шудааст. Бо мавқеи монанд актёри шинохта Артём Бобтсов низ баромад кард. Депутати Думаи давлатӣ Виталий Милонов аз ин ҳам зиёд гуфт: ба ақидаи вай, ташкилкунандагони ин зўрозмоӣ бояд ҷазо гиранд.

-Инҷо ҳамон анъанаи асримиёнагии ба маърази тамошо баровардани одамони ғайриодӣ ба хотири ба масхара кашидани онҳо дида мешавад. Ин хел чизро албатта манъ намудан ва ташкилгаронашро ҷазо додан лозим аст. Мумкин нест ин хел рафтор кардан. Ростӣ, маро шармам омад. Ба ҷойи онҳое шармам омад, ки ин андоза паст афтодаанд,- изҳори эътироз кард Милонов.

Абдурозиқ ва Хасбик: «Мо ҳам мисли шумоем!»

Дар зимн бисёр корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам размгарони касбии ММА дар ин ҳеҷ мушкилиеро намебинанд. Масалан, собиқ чемпиони UFC дар вазни сабуктарин Пётр Ян ба вохўрии Хасбулло ва Абдурозиқ таваҷҷуҳ намуда, ҳазл кард, ки ғолиби мусобиқа дар октагон бояд бо Генри Сехудо вохўрад, ки соли гузашта майдони варзишро тарк кард. Рақами шаш дар раддабандии миёнавазнони лигаи асосии размикорони ҷаҳон Даррен Тилл бошад гуфт, омода аст барои дидани ин мусобиқа пул диҳад.

Дар баробари ў собиқ чемпиони Bellator дар вазни гарон Виталий Минаков низ иқрор гашт, ки муқобалаи Хасбику Абдурозиқро бодиққат пайгирӣ мекунад ва ҳатто иштирокчиёнашро таъриф кард:

-Рости гап, бачаҳо шоуи беҳтарин карданд. Ин ғайриахлоқӣ ҳаст ё не, вобаста ба он аст, ки аз кадом тараф менигарем. Аз як тараф, блогереро мебинем, ки ҳамаи ин қиссаро месозад, онро бо кордонӣ ва риояи одоб, бидуни таҳқиру гапҳои зиёдатӣ инкишоф медиҳад, аз чорчўба берун намебарояд. Аз тарафи дигар, ў нишон медиҳад, ки ин бачаҳо мисли ҳамаи дигарон солиманд, барои пешрафт талош доранд, мавқеи худро дар зиндагӣ пайдо кардан мехоҳанд, соҳиби истеъдод ҳастанд. Ҷавонписар аз Тоҷикистон, бо вуҷуди маҳдудиятҳо ҳаёти комил дорад, ба эҷодиёт ва варзиш машғул аст. Ҷавони  доғистонӣ ҳам. Саргузашти мазкур барои ў таконе шуд дар зиндагӣ ва имкон барои кор кардани пул дод. Ва бо ин шоу ҳарду бешубҳа имкониятҳои наве пайдо хоҳанд кард. Онҳо хеле маъруф гаштанд ва дар оянда метавонанд аз ҳисоби иштирок дар таблиғот, аз ҳисоби корҳои эҷодӣ маблағ ба даст оранд. Ман инҷо паҳлуи мусбатро мебинам. Ин қисса безарар аст, хуб ташкил ва наворбардорӣ шуд ва хеле дуруст ба анҷом расид. Ман ба ин монеъ шуданро дуруст намешуморам,- гуфт Минаков ба «Газета.ру».

 “Мо ҳам мисли шумоем!”

Ба қавли Асҳоб Тамаев, зиддияти Хасбик ва Абдурозиқ дар навбати аввал шоу, инчунин имконияти хубе барои тиҷорат аст.

-Мехостам бигўям, ки ин бачаҳо, ғайри қад, дигар аз мо бо чизе фарқ намекунанд. Ҳасбулло хеле оқил аст,  аз ман ҳам оқилтар. Ў мефаҳмад, ки дар куҷо даромад ба даст овардан мумкин аст. Абдурозиқ бисёр доно ва боистеъдод мебошад. Ба он касоне, ки мегўянд, мо онҳоро мазоҳ мекунем, мехоҳам гўям: замоне, ки шумо ба мо ҳамла мекунед, ин бачаҳо пул кор мекунанд, беҳтар мешаванд ва барои ҳаёти оянда назди худ мақсадҳо мегузоранд,- шарҳ дод Тамаев дар саҳфаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ.

Худи размикорони қадпаст ба қади худ муносибати гуногун доранд, аммо таъкид мекунанд, ки онҳо низ одамони комил ҳастанд.

-Ман худамро маъюб ҳисоб намекунам. Волидонам, духтурон ҳисоб мекунанд, ман – не. Ман танҳо қади паст дорам, дигар мисли ҳама ҳастам. Ва ба фарқ аз онҳое, ки ҳар гуна чизҳои манфӣ менависанд, аз он чизҳое, ки дорам, қаноатманд ҳастам. Ман маблағ ба даст меорам, барои оянда нақшаҳо дорам,- гуфт Хасбик.

Онҳоеро, ки ўро маъюб мешуморанд, Абдурозиқ ҳам намефаҳмад.

-Бале, ман қомати баланд надорам. Аммо, шукри Худованд, дасту поча, ақл дорам,- гуфт ў.- Ман пул кор мекунам ва ҳар моҳ ба хона мефиристам. Ман барои падару модарам хона сохта истодаам, дар шаҳри худамон ресторан месозам. Хасбик ҳам бекор хоб нест. Мо маъюб нестем, мисли шумо ва ҳатто аз баъзе калонҳо беҳтар ҳастем!
Таҳияи Фаррух Бозоров

Оцените статью:

Абдурозиқ ва Хасбик: «Мо ҳам мисли шумоем!» Ду размикори хурдҷусса – Абдурозиқи тоҷик ва Хасбуллои доғистонӣ аз рўйи шумораи диданҳо аз наворашон дар интернет аз ситораҳое чун Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва Конор Макгрегор пеш гузаштаанд. Бархўрдҳои онҳоро миллионҳо нафар дар сар то сари олам тамошо мекунанд – як қисм бо ваҷд, дигарон бо табассум ва сеюмиҳо бо маломат. Чаро зўрозмоии ду қаҳрамони шабакаҳои […]
5 1 5 5
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *