Аҳмадинажод боз президент шуданист

Раисиҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дубора барои курсии раёсати ҷумҳурӣ мубориза мебарад. Вай баъди аз қудрат рафтанаш чанд маротибаи дигар аз худ дарак дод. Аз ҷумла дар тазоҳуротҳои эътирозии моҳи январи соли 2018 ва тирамоҳи соли 2019 ширкат варзида, қисме аз издиҳомро роҳбарӣ кард, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукуматро шадидан танқид намуд, амалҳои коррупсиониро дар зинаҳои гуногуни ҳукумати кунунии Эрон фош сохт. Аммо Аҳмадинажоди “нав” чигуна хоҳад буд, номаълум боқӣ мемонад…

Дар Эрон ҳодисае рӯй дод, ки бисёре аз коршиносон бо ишора ба овозаҳо тахмин мезаданд: собиқ президенти ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод, ки аз соли 2005 то 2013 ба ҳайси сарвари давлат кор кардааст, ба сиёсати калон бармегардад ва дар интихоботи президентии қарибулвуқўъ ширкат хоҳад кард.

Тибқи иттилои оҷонсиҳои хабарии Эрон, вай барои ширкат дар интихоботи президентӣ сабти ном шудааст.

Вобаста ба ин марҳилаҳои минбаъдаи расмиёт чунин сурат мегиранд: Шӯрои посдорони Конститутсия номзадҳои ба қайд гирифташударо месанҷад ва номзадҳоро тасдиқ ё рад мекунад. Қобили зикр аст, ки ин Шӯро ниҳоди ҳукуматӣ мебошад ва таҳти назорати муҳофизакорон қарор дорад. Он аз 12 аъзо иборат аст, ки нисфи онҳо- рўҳониёнро мустақиман раҳбари рӯҳонии кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманеӣ таин мекунад. Нисфи дигарро низоми додгоҳӣ таин ва аз ҷониби парлумон тасдиқ менамояд. Шӯро аксари интихоботи Эронро назорат мекунад ва қудрат дорад, ки ҳуҷҷатҳои ягон номзадро қабул ё рад кунад. Ғайр аз ин, Шўро қонунҳои қабулкардаи парлумони Эронро тасдиқ менамояд.

Сипас, аз 26 то 27 май Вазорати корҳои дохилӣ эълон мекунад, ки кадом номзадҳо қабул карда шудаанд, пас аз он онҳо метавонанд маъракаи пешазинтихоботии худро оғоз кунанд, ки то 17 июн идома хоҳад ёфт.

Вале айни ҳол муаммо ин аст, ки оё Шӯрои посдорони Конститутсия номзадии Аҳмадинажодро тасдиқ мекунад ё не, зеро дар соли 2017 Хоманаӣ номзадии ўро рад карда буд ва ба он Шўро низ розӣ шуд.

Ба ҳар ҳол, баъзе тамоюлҳоро пешгўӣ кардан мумкин аст. Ин пеш аз ҳама, ба парлумони Эрон даъвати 11-ум дахл дорад, ки дар он ба ном муҳофизакорон аз 290 мандати вакилӣ тақрибан 60 ваколат доранд. Онҳо аз ҷониби Шӯрои посдорони Конститутсия тасдиқ карда шуданд. Ҳоло ду нафар аз ҳукумати давраи дуввуми роҳбарии Аҳмадинажод ба ҳайси муовини якум ва дуюми раиси парлумон- Муҳаммад Боғир Қолинбоф, ки ҷонибдори Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ (IRGC) мебошад, фаъолият доранд. Худи парлумон 75% мухолифи президент Ҳасан Рӯҳонӣ аст.

Сиёсатмадори ислоҳотхоҳ Ҳусейн Хонизода дар мусоҳиба бо нашрияи “Дунёи иқтисод” гуфт, ки “аз оғози даъвати 11-уми парлумонӣ ҷонибдорони Аҳмадинажод бо Шӯрои посдорони Конститутсия дар бораи имкони иштироки ӯ дар интихобот гуфтушунид мекунанд” ва собиқ президент бо аъзои ин Шӯро машварат намуда, пас аз он тасмим гирифт, ки ба мақоми президентӣ номзад шавад.

Зоҳиран номзадии Қолинбоф ва раҳбари додгоҳ Иброҳим Раисӣ аз ҷониби муҳофизакорон рад карда шуданд, зеро ба гуфтаи баъзе сиёсатмадорони ин ҷиноҳ “шиддатро дар дохили он аз сабаб набудани як номзади дигари қавӣ афзоиш дод”. Ҳоло, ба гуфтаи коршиносон, IRGC барои “тоза” кардани вазорати иттилоотӣ (иктишофӣ) ва ба роҳбарии он таин намудани сардори хадамоти иктишофии Сипоҳи посдорони инқилоб омодагӣ мебинад, то ин ки “ҷобаҷогузории кадрҳои муҳофизакорро дар ҳама самтҳо- ҳам беруна ва ҳам дохилӣ” ба итмом расонад. Ҳамаи ин имконияти Аҳмадинажодро барои “тоза” гузаштан аз санҷиши Шӯрои посдорони Конститутсия меафзояд.

Оё ӯ имкони пирӯзӣ дорад? Тибқи мушоҳидаҳо Аҳмадинажод фаъолона сенарияи бозгашт ба сиёсати калонро дар ибтидои соли 2017 оғоз карда, ба музофотҳо ташриф оварда, дар он ҷо баромадҳо карда, ҳукуматро дар бисёр масъалаҳо ошкоро танқид менамуд. Вай дар тазоҳуроти моҳи январи соли 2018 ва тирамоҳи соли 2019 ширкат варзид, издиҳоми кӯчаро роҳбарӣ кард, сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукуматро шадидан танқид намуд, фасодро дар эшелони гуногуни ҳукумат фош кард. Аҳмадинажод дар тан либоси оддии арзони аз бозор харидашуда, бо даъвати “эҳёи инқилоби Эрон” ҳусни таваҷҷўҳи тазоҳуркунандагонро ба даст овард.

Ў маъруфияти бештарро дар шаҳрҳои хурд ва деҳот соҳиб аст. Гузашта, зиндагинома, риторикаи популистӣ ва имиҷи вай ба ниёзҳои як қисми муайяни аҳолии Эрон мувофиқат мекунад. Вай ҳамеша ба тарзи ҳаёти омиёна пайравӣ мекард, номаш дар ягон ҷанҷоли фасодӣ дида нашудааст. Пас аз истеъфо, ӯ нафақаи президентиро рад кард ва гуфт, ки ӯ на барои имтиёзҳои давлатӣ, балки барои беҳбудии мардум кор кардааст. Афкори сиёсии Аҳмадинажод ба ҳама маълуманд ва коршиносон борҳо ўро тавсиф кардаанд. Аммо ин пеш буд. Ва симои нави ӯ чи гуна хоҳад буд, ҳанӯз маълум нест. Маълум аст, ки ҳангоми маъракаи интихоботӣ вобаста ба собиқ президент бояд баъзе ҷузъиётҳо ошкор карда шаванд. Аммо, ҳоло бо изҳоротҳои қаблии ӯ вобаста ба мавзўҳои гуногуни сиёсӣ такя намуда, кӯшиши тасвири амалҳои эҳтимолии ояндаи Аҳмадинажодро пешгӯӣ кардан ғайривоқеист.

Вале баъзе чизҳо аёнанд. Муборизаи дохилии сиёсӣ дар Эрон ба сатҳи нав мебарояд ва натиҷаи ин “муборизаи зери қолин” ҳам барои кишвар ва ҳам барои тамоми минтақа ва инчунин барои сиёсати ҷаҳонӣ хавфу хатарҳо дорад. Эрон роҳи ислоҳотро пеш мегирад. Аммо чӣ гуна ислоҳотро? Синфи ба ном либералӣ, ки омодагии худро барои рушди ҳамкорӣ бо Ғарб нишон медиҳад, аз саҳнаи сиёсӣ дур карда мешавад, раванди барканории намояндагони ислоҳотхоҳон ва суннатгароёни мӯътадили консервативӣ аз ҳамаи мансабҳои дастгоҳи давлатӣ фаъол хоҳад шуд ва тамаркузи тадриҷии шохаҳои қудрат дар дасти нерӯҳои радикалӣ оғоз хоҳад ёфт. “Давраи нооромӣ” фаро хоҳад расид. Аммо, ин маънои онро надорад, ки Аҳмадинажод худро комилан аз самти ғарбӣ дур мекунад. Бо вуҷуди ин, касе шубҳа намекунад, ки вазъ дар дохили Эрон ва атрофи он ба сифати нав мегузарад.

Ниҳоят, бисёр чизҳо аз муносибати Аҳмадинажод бо пешвои рӯҳонии Хоманеӣ вобаста хоҳад буд. Имрӯз вазъ барои президенти собиқ ҳамоно мусоид аст. Оянда чӣ мешавад, хоҳем дид. Шояд, дар лаҳзаи охирин донаҳоҳои рӯи тахтаи шоҳмот бо тарзи нав ҷойгир карда шаванд. Зеро Эрон кишварест, ки ҳеҷ чизро наметавон истисно кард…

Холики Мухаммадназар

Оцените статью:

Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *