99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд?

Мо одат кардаем, ки матбуоти давриро ба давлатию хусусӣ ва соҳавӣ тақсим намоем. Ғайр аз ин, мо онро аз рӯи соҳа ба иттилоотӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, тиббӣ, варзишӣ ва ғ. ҷудо мекунем. Аммо ман, чун як шахсе, ки 29 сол дар матбуоти кӯдаконаи синнусоли хурд ва миёнаи мактабӣ кор кардааст, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳама як соҳаи дигар – нашрияҳои кӯдаконаро фаромӯш мекунанд.

Аслан ин соҳа яке аз соҳаҳои муҳимтарин ва ҳатто асосгузор дар бахши маҳсулоти чопӣ мебошад, ки  мухотабони ояндаи матбуоти давриро ташаккул медиҳад. Зеро, агар ба инсон аз кӯдакӣ муҳаббат ба хондан ва донишандӯзӣ талқин нашавад, ин шахс ба хондани рӯзномаҳо, китобу маҷаллаҳо дар оянда аслан муҳаббат пайдо намекунад.

Пешакӣ қайд карданиам,  дар матлаб дар бобати он, ки бо кӯдаки аз аввал дар дилаш муҳаббати хондан ҷойнашуда  чӣ хоҳад шуд, гап намезанем. Дар ниҳояти кор, ҳар кас худаш интихоб мекунад, ки ба вай ва фарзанди вай чӣ лозим аст. Мехоҳам дар бораи худи ин соҳа, чаро он ба он андозае рушд накардааст, ки онро ёдовар шаванду чун ҳамкори баробарҳуқуқ  эҳтиром кунанд, мушаххас сухан гӯям.

Мувофиқи санадҳои оморӣ имрўз, Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 1,7 миллион нафар мактабхон дорад ва барои онҳо қариб бисту шаш номгўй рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ нашр мешаванд. Номгўи баъзе аз онҳоро, ки давлатӣ ё соҳавӣ ҳастанд, дар поён зикр менамоем.

Ба қатори рўзномаю маҷаллаҳои шахсӣ ё хусусӣ, ки инчунин барои хонандагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ нашр мешаванду бештар обрўю эътибор доранд, метавон «Зангўла», «Навниҳол», «Гул-гул», «Гулчин», «Сомониён», «Ворисони Сомониён», “Чашма”«Афсонаҳо», «Боғи дониш», «Субҳи дониш», «Ғунчаҳои умед», «Парвин», “Пайрав” «Бойчечак», «Уқувчилар», «Устоз», «Замондош» , “Офтобак” ва ғайраро номбар кард, ки пайваста нашр ва каму беш дастраси хонандагон мегарданд.

99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд?

Киҳо барои кӯдакони мо менависанд?

Нашрияҳои кӯдаконаро он табақаи махсуси эҷодкороне ба чоп мерасонанд, ки дар худ малакаҳои рӯзноманигор ва истеъдоди нависандагиву шоириро ба ҳам меомезанд. Аммо вақте дар соҳа ба масъалаи кадрҳо ба қадри зарурӣ таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд, чӣ мешавад?

Солҳои охир дар донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ факултаи журналистика зиёд шуд, ки боиси хушнудист, аммо барои чӣ бошад, ки дар мактабҳои олии ватанӣ шуъбаҳо ё ин ки аққалан давраҳои омӯзишии махсусе нест, ки дар онҳо доонишҷӯёни зҷодкорро барои кор дар нашрияҳои кӯдакона омода кунанд.

Инчунин, аз донишгоҳу донишкадаҳо барои таҷрибаомўзӣ ба нашрияҳои кўдакона, донишҷўён фиристода намешаванд. Саволи мантиқие пеш меояд, ки пас, дар  ин нашрияҳо киҳо кор мекунанд?  Мутахассисонашон аз рўи кадом меъёр ба кор қабул карда мешаванд? Ва онҳо матлабҳои худро чӣ гуна омода мекунаду ин мақолаҳо ба кўдакони мо чӣ медиҳанд?

Паҳн намудани нашрияҳои кўдакона дар байни хонандагон, яъне дастрас кардани нашрияҳо ба хонандагонашон имрўз куллан ба дўши идораҳояшон аст. Идораи як рўзнома чанд нафар корманд дошта метавонад? Албатта, агар даҳ нафар бошанд хуб аст. Аммо ин тавр нест. Имрўзҳо мўд шудааст, ки ду нафар як нашрия ташкил мекунанд (ҳам менависанду ҳам нашру ҳам тақсим менамоянд). Аммо  онҳо чӣ менависанд ва то кадом дараҷа муваффақ мешаванд, ин масъалаи дигар аст.

99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд?

Инчунин, метавон дар зарурат, дар бораи забон, ҳуруфот (ширифт), расм, жанр, формат (андоза), мавқеъ ва ҷузъҳои дигари ин соҳа ибрози ақида намуд.

Адади нашр

Агар ба теъдоди  нашри нашрияҳои расмии кӯдаконаи ҷумҳурӣ чашмандозе кунем, манзараи ҳузнангезе ба назар мерасад.   Масалан, имрӯз баландтарин адади нашри маҷаллаҳои кўдакона аз маҷаллаи «Чашма» аст, ки он ҳар моҳ ба миқдори ҳазор дона чоп мешудааст! Нашрияҳои дигар дусад донагию чорсад донагӣ чоп мешудаанд.

Яъне, дар хубтарин ҳолат теъдоди умумии ҳамаи 26 нашрияҳои кӯдаконаи дар кишвар мавҷудбуда, тахминан 15-16 ҳазор мешавад?!

Гуфтем, ки мувофиқи омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз як миллиону ҳафтсад ҳазор нафар хонандагони макотиби ҳамагонӣ таҳсил менамоянд. Агар тасаввур кунем, ки танҳо 15-16 ҳазор нафар обуна шудаанд, пас чунин хулоса мебарояд, ки шумораи умумии хонандагони нашрияҳои кӯдакона ҳатто 1% -и шумораи умумии хонандагонро ташкил намедиҳад?

Ё агар дурусттар бигӯем, 99%-и кӯдакони мо рӯзнома намехонанд ё тарғибу ташвиқи рӯзномаю маҷаллаҳо дар байни мактаббачагон дар сатҳи ниҳоят паст ба роҳ монда шудааст?

Мазмуну мундариҷа

Дар Муассисаи давлатии маҷаллаи «Чашма», ҷое ки аз соли 1991, ҳанўз аз овони донишҷўиям кор мекунам, муаллифоне ба монанди Убайд Раҷаб, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Насим Раҷаб, Сафия Носир, Камол Насрулло,Адаш Истад, Абдулҳамид Самадов, Бозор Собир, Латофат Кенҷаева, Низом Қосим, Гулназар, Ҷўра Ҳошимӣ, Азизи Азиз, Ҳамроҳи Авлиёпур, Абдусаттори Раҳмон, Маҳбуба Неъматзода, Саидалӣ Маъмур, Раҳмат Назрӣ  ва ғайраҳо ҳамкорию фаъолият доштанд. Бешубҳа, ҳар яке аз онҳо барои ин соҳа хизматҳои шоёне кардаанд. Табиист, ки вақте устодоне инчунин кору фаъолият мекунанд ба мавзўю мундариҷа низ аз диди худашон менигаранд ва чизи бемаънию бемантиқ наменависанд.

Аммо… ин ҷо ҳам саволи ниммантиқие ба миён меояд, ки устодоне, ки исмашонро бо ифтихор овардем, баъд аз худ чанд пайраву шогирд барои ин соҳа омода кардаанд? Куҷоянд онҳо? Баъд аз онҳо зимоми нашрияҳои мазкур ба дасти кӣ меафтад?! Худо накарда, шахси тасодуфие нашрияи кӯдакона таъсис диҳад? Агар дар ҷои ғояҳои аз ҷониби умум қабулшудаи башардӯстӣ, некӯкорӣ, арзишҳои милливу хонаводагӣ ба кӯдакон ғояҳои дурӯғи мазҳабӣ, тиҷоратӣ ё барои ҷомеаи солим харобиовар ба сари кӯдакон  бор шавад?  Дар ин ҳолат кадом арзишҳо ба кӯдакони мо талқин карда мешаванд?

Ана, барои чӣ муҳим аст, ки ҳар як мутахассиси муваффақ дар бахши матбуоти кӯдакона барои худ насли сазовори ҷавононро тарбия кунад, кори онҳоро идома диҳад ва агар бо суханони шоир Николай Некрасов бигӯем – “оқилона, неку меҳрубонона бикорад…”

99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд?

Дар бобати сифати чоп

Сифати нашрияҳои мазкурро метавон, фақат бо нашрияҳои дигари дар ҷумҳурӣ чопшаванда муқоиса кард, чун бо ҷумҳуриҳои дигар муқоисанашаванда аст. Фарқ, – чӣ тавре, ки мегӯянд, – аз замин то осмон.

Агар ҳадафи асосии фаъолияти нашрияҳои мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мактаббачагон ва дар рўҳияи ватандўстӣ, зебоипарастӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани онҳо бошад, пас, сифати нашрияҳо низ, бояд ба ин чиз мусоидат намояд.

Аммо имрӯз ин тавр нест. Чоп бисёр вақт дар коғази навъаш паст ба амал оварда мешавад, аммо сифат он қадар паст аст, ки пас аз як маротиба варақгардон кардан мебинем, ки онҳо бо симакҳои оддии симзан(степлер) пайваст шудаанду тез канда мешаванд, варақҳо ғиҷим шуда намои худро зуд гум мекунанд. Ҳарчанд, ҳар як рӯзномаву маҷалла бояд солҳо ҳифз карда шуда, барои истифодаи тӯлонӣ мутобиқ бошанд, то муаллимони муҳтарам ва мураббиёни азиз, дар дарсҳои тарбиявӣ аз онҳо истифода баранд!

Оид ба нархи нашрияҳои кӯдакона

Мутаассифона, омилҳои таъсиргузор ба нархи нашрияҳои кӯдакона вуҷуд доранд, ки ба назар нагирифтанашон номумкин аст. Омили муҳимтарин – ҳамасола баланд рафтани нархи коғази офсет ва коғази газетӣ мебошад. Болоравии нархҳо бо беқурбшавии ҳарсолаи пули миллӣ (инфилатсия) ва қиматшавии доллари ИМА алоқаманд аст, ки бо онҳо тамоми хариди  маводи дар боло овардашуда анҷом дода мешавад. Ҳамин қимматшавӣ ба нархи аслии (себестоимост) рўзнома ё маҷаллаи кӯдакона зам мегардад.

Дар натиҷа нархи як адад рўзнома ё маҷаллаи кўдакона аз се сомонӣ то панҷ сомонӣ мешавад, ки ин барои волидони оилаҳои серфарзанди мо ба қадри кофӣ гарон меафтад.

Шукри маблағҳои буҷетӣ, ки ба рўзномаю маҷаллаҳои давлатӣ дода мешавад, то бо нархи арзон ва дастрас аз онҳо бемайлон истифода баранд.

Аммо паст будани сифати нашрияҳои кўдаконаи хусусӣ аз беаҳамиятӣ ва ба собиқаи ҳуқуқшиносӣ надоштани соҳибонашон вобаста аст.

99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд?

Обуна

Масъалаи обуна ба нашрияҳои кўдакона масъалаи баҳснок аст. Аксарият бар онанд, ки обунаи озод ба роҳ монда шавад ва кўдак бо хоҳиши худ аз байни миқдори зиёди номгўи нашрияҳо ба худ маъқулашро интихоб намояд. Бархеи дигар бар онанд, ки давлат бояд барои кўдакон обунаи иҷбориро ба роҳ монад, чунки кўдак аз пеши худ на ба ягон рўзнома обуна мешаваду на китоб мехарад. Чун кўдак кўдак аст ва агар барояш пул додед, бешубҳа ба ҷои рўзнома ё маҷалла ширинӣ ё бозича мехарад!

Як монеаи дигар дар тақсимоти матбуот кори почта аст. Почтаи давлатӣ он почтае нест, ки солҳои пешин буд. Агар дар ноҳияи дурдасте як нафар ба маҷаллае тариқи почта обуна шавад, муҳол аст, ки кормандони муҳтарами он вақти қиммати худро сарф карда, барои як дона маҷалла ба идораи он биёянд. Беҳтар аст, ки обуна аз номи мактабе расмӣ карда шавад, ки дар он садҳо хонанда таҳсил мекунанду он ҷо метавон обунаи якбораро ба даҳҳо шумораи нашрияҳо ташкил намуд ва он гоҳ кормандони почта аниқ онҳоро то ба суроғаи лозимӣ мерасонанд.

Пешниҳодҳо

Онҳое, ки  ин матлабро то охир хонданд, худашон метавонанд аз ҳамаи гуфтаҳои боло хулоса бардоранд. Аз ин рӯ, вақти шуморо бо хулосаҳои муфассал намегирем, танҳо якчанд пешниҳодотро ин ҷо меорем, ки ба ақидаи мо барои беҳсозии соҳаи матбуоти кӯдакона муҳиманд.

  1. Дар факултаҳои журналистикаи донишгоҳу донишкадаҳо тағйироте ворид шаванд, ки  ифтитоҳи шуъбаҳо ё давраҳои омӯзишии махсусро барои омодасозии кадрҳои нашрияҳои кӯдакона пешбинӣ мекунанд;
  2. Ҳар сол донишҷӯёни факултаҳои рӯзноманигорӣ барои таҷрибаомӯзӣ ба нашрияҳои кӯдакона низ фиристода шаванд;
  3. Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як шуъбаи нашрияҳои кӯдакона кушода шавад, ки бо масъалаҳои матбуоти кӯдакона низ машғул мегардад;
  4. Ба номзадҳое, ба мансабҳои роҳбарикунандаи нашрияҳои давлатии кӯдакона таъин мешаванд, таваҷҷуҳи зарурӣ дода шавад. Ин ҷо шахсони тасодуфӣ набояд бошанд;
  5. Тарғибу ташвиқи обунаи нашрияҳои кӯдаконаро дар макотиби таҳсилоти ҳамагонии тамоми кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда, дастрасии ҳатмӣ ва саривақтии онҳо то ҷои лозима таъмин карда шавад;
  6. Ба истеҳсоли нашрияҳои пастсифати кӯдакона набояд роҳ дод;
  7. Даврияти нашрияҳои кӯдаконаро афзоиш додан лозим аст. Дар бораи гузариш ба барориши ҳафтаина ё ки ду маротиба дар як моҳ фикр бояд кард;
  8.  Ба мавзӯю мундариҷа дар нашрияҳои кӯдакона аҳамияти махсус  дода ,  дар миёни рӯзномаю маҷаллаҳо озмунҳо баргузор ва нашрияҳои беҳтарину серталабгортаринро новобаста аз шакли моликияташон қадрдонӣ бояд кард.

Абдувоҳиди Зевар,

Узви ИНТ ва ИЖТ

Оцените статью:

99%-и мактабхонҳо рӯзномаю маҷалла намехонанд? Мо одат кардаем, ки матбуоти давриро ба давлатию хусусӣ ва соҳавӣ тақсим намоем. Ғайр аз ин, мо онро аз рӯи соҳа ба иттилоотӣ, ҷамъиятӣ, сиёсӣ, тиббӣ, варзишӣ ва ғ. ҷудо мекунем. Аммо ман, чун як шахсе, ки 29 сол дар матбуоти кӯдаконаи синнусоли хурд ва миёнаи мактабӣ кор кардааст, мехоҳам хотирнишон созам, ки ҳама як […]
1.75 1 5 4
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *