247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?

Омори шубҳаангез ва боз як мушкили бар сари муҳоҷирон

Мақомоти Русия мегӯяд, ки 247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ қарордоштаи тоҷик то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд. Дар акси ҳол муҳоҷирон аз ҳудуди кишвари Русия ихроҷ карда мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон ин шумораро барзиёд мешуморад. 

Вале асли кор дар чӣ аст? Русия аз муҳоҷирон чӣ мехоҳад ва дар охири кор ки фоидаву ки зарар мебинад?    

Сардори Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия Валентина Казакова 21 апрел зимни нишасти хабарӣ аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои дуҷонибаи кишварҳо оид ба масоили муҳоҷират изҳор намуд, ки муҳоҷирон бояд ба воҳидҳои мувофиқ  дар Русия муроҷиат карда, худро ба қайди муҳоҷират гузоранд ва барои фаъолияти корӣ иҷозатнома гиранд.

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?
Валентина Казакова. Акс: Азия-Плюс

“Бори дигар такрор мекунам, ки дар фармоиши №635-и ҳукумат саҳеҳан зикр шудааст, ки пас аз ифтитоҳи алоқаи ҳавоӣ 90 шабонарӯз муҳлат ҳаст, яъне аз 1 апрел то 30 июн. То 15 июн амри президенти Русия амал мекунад ва дар фармоиши ҳукумат механизми он нишон дода шудааст. Аз ин рӯ, то 30 июн ҳоло вақт ҳаст ва мо ҳамроҳи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон ин масъаларо баррасӣ кардем”, – иброз дошт Казакова.

Ҳамзамон ӯ таъкид дошт, ки шаҳрвандон аз истифодаи хидмати миёнаравон худдорӣ кунанд, то ин ки ба доми миёнаравон гирифтор нашаванд. 

 “Мутаассифона, одамон ба миёнаравон муроҷиат карда, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ мегиранд, ки минбаъд ба онҳо оқибатҳои ногувор пеш меорад. Бинобар ин, танҳо ба воҳидҳои расмии масоили муҳоҷират муроҷиат кардан лозим аст”, – гуфт Казакова.

Владимир Путин, президенти Русия, рӯзи 18-уми апрел бинобар сабаби густариши бемории ҳамагири COVID-19, фармонеро ба имзо расонид, ки тибқи он муҳоҷирони корие, ки ҳузурашон то 15 марти соли 2020 қонунӣ буд, метавонистанд то 15 июни соли 2021 дар кишвар қарор дошта бошанд.

“Омори ғайриқонунии муҳоҷирон барзиёд аст”

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?
Александр Горовой. Акс: ТАСС

Дар навбати худ вазири Корҳои дохилии Русия Александр Горовой рӯзи 16-уми апрел аз намояндагони кишварҳои ИДМ дархост намуд, ки дар мавриди муҳоҷирони ғайриқонунии дар Русия ҳузурдошта то 15-уми июн чораҳои лозимаро андешанд. Вагарна тибқи ин фармон муҳоҷирон аз қаламрави Русия ихроҷ карда мешаванд.   Бино ба иттилои ВКД Русия айни ҳол дар ҳудуди ин кишвар 247 ҳазор муҳоҷири тоҷик ғайриқонунӣ қарор доранд, ки бояд то муҳлати додашуда ҳузури худро қонунӣ кунанд. Вале ҷониби Тоҷикистон ин шумораро барзиёд мешуморад.

Зоҳир Мирзоев роҳбари намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба хабаргузории РИА Новости зикр кардааст, ки ин шумораи нишондода барзиёд аст. Ҳамзамон изҳор доштааст, ки онҳо бо дигар муҳоҷирон аллакай корро оғоз бахшидаанд. 

“Ин рақам фарогири маълумоти 5, 10,15 – солро дар бар мегирад. Ба назари мо, аксари онҳо замоне бо дигар ҳуҷҷатҳо ба Тоҷикистон рафта, дар он ҷо қарор доранд”, – изҳор доштааст Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, масалан шахс метавонист қонунӣ ба Русия ояд, лекин баъдан ҳуҷҷатҳояшро гум кунад ва бо ёрии консулгарии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои нав ё маълумотнома барои ба Тоҷикистон баргаштан гирад.

 – Ин гуна муҳоҷир бо ҳуҷҷатҳои нав аз қаламрави Русия меравад, вале дар пойгоҳҳои маълумоти Русия онҳо то ҳол дар онҷо ҳузурдошта боқӣ мемонанд. Бо гузашти вақти муайян муҳлати амали ҳуҷҷатҳои онҳо ба охир расида, муҳоҷир мақоми ғайриқонуниро мегирад”, – иброз доштааст ӯ.

Ба қавли Мирзоев, дар робита ба муҳоҷирони ғайриқонунии боқимонда бошад, миёни онҳо бисёр касоне ҳастанд, ки ҳамагӣ як ё ду қонуншикании маъмурӣ доранд.

“Дар Маскаву Петербург бо доштани зиёда аз як ҷаримаи маъмурӣ сарфи назар аз қонунӣ кор кардани шахс, пас аз Русия рафтанаш метавонад ба рӯйхати манъ (вуруди нав) дохил шавад. Шахсоне, ки аллакай чунин қонуншиканиҳо доранд, мефаҳманд, ки агар берун аз ҳудуди Русия раванд, дигар ворид шуда наметавонанд. Ба ин тариқ, онҳо дар ҳолати ғайриқонунӣ қарор мегиранд”, – шарҳ додааст номбурда.

Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2020 тақрибан 130 ҳазор кас аз Тоҷикистон ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам дар муқоиса ба соли 2019-ум 76 дарсад камтар аст.

Раҳмон Улмасов коршиноси тоҷик дар соҳаи муҳоҷират низ дар суҳбат бо “Настояшее время” гуфтааст, ки чунин шумора ба ҳақиқат рост намеояд, чунки номумкин аст, муҳоҷирон ин қадар вақт дар ҳудуди дигар кишвар кору зиндагӣ кунанду то ҳол худро ба қайд нагирифта бошанд. “Дар он ҷо ягон ташкилот то аз қайд нагузаронад, иҷозаи вурудро намедиҳад ва соҳиби корхона низ намехоҳад, ки 800 ҳазор рубл ҷарима барои хар яки мухоҷири ғайриқонунӣ пардохт намояд”, – иброз намудааст номбурда.  

Ҳамзамон ӯ мегӯяд, ки бояд Ҳукумати Тоҷикистон барои баргардонидани  муҳоҷироне, дар Русия ҳузури ғайриқонунӣ доранд, тамоми чораҳоро андешанд ва ҳамаи онҳоро ба Тоҷикистон баргардонанд.

Айни замон Ҳукумати кишвар миёни шаҳрвандон ҳам дар Русия ва ҳам дар Тоҷикистон дар ин маврид чораҳо андешида истодааст, то ки одамон аз мақомои худ огаҳ гардида, дар сурати зарурат онро қонунӣ гардонанд. 

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?
Каримҷон Ёров

Дар ин ҳол Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ки

шуморае, ки ҷониби Русия пешниҳод гардидааст, ба ҳақиқат наздиктар аст.

“Мо ки худ дар Русия ҳастем ва медонем, ки ҳар як сеяк ё чоряк нафар ҳуҷҷат надоранд. Ин расман аниқ аст”, – гуфт ӯ. 

Вале дар масъалаи будубоши муҳоҷирон ӯ мегӯяд, дар ин муддат ин миқдор одам  наметавонанд ҳузури худро қонунӣ кунанд. Ман дар даст чанд ҳукми судҳоро дорам, ки тоҷикистониёнро чанде қабл ихроҷ кардаанд.

– Масъала сари ин аст, ки дар ҳақиқат пас аз 15-уми июн мардум сари вақт дар ин муддат наметавонанд, худро қонунан ба қайд гиранд. Барои ҳамин беҳтар мебуд, ки Русия аллакай ҳуҷҷатгузории онҳоро оғоз мекард. Онҳое, ки ҳуҷҷатҳояшон пеш аз ин сана тамом шуда буд, қисми зиёдашонро ҷарима бастанд ва ихроҷ ҳам карданд.   Шахсоне ҳастанд, ки ҳуҷҷатҳояшон соли 2019 тамом шудааст. Агар онҳо ҳозир ҳуҷҷат карданӣ ҳам бошанд, чӣ хел мекунанд? Ё онҳоро ҷарима мебанданд ва ё аз Русия ихроҷ мекунанд”, – илова намуд Каримҷон Ёров.  

Пешниҳоди иҷозатномаи истиқомат ба муҳоҷирон

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?
Татяна Москалкова

Масъалаи ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз қаламрави Русия дар ҳолест, ки чанде қабл омбудсмени рус оид ба ҳуқуқи инсон Русия Татяна Москалкова пешниҳод карда буд, ки бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ барои хориҷиёне, ки дар кишвар аз пандемияи коронавирус дармондаанд, иҷозатномаи истиқомат дода шавад.

“Ман инчунин пешниҳоди худро пешкаш мекардам, то он шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки ба қаламрави Русия ба таври қонунӣ ворид шудаанд, аммо ба сабаби пандемия баромада натавонанд ва дар тӯли зиёда аз як сол ба Русия омадаанд, фавран бидуни иҷозатномаи иқомати муваққатӣ (РВП) иҷозатномаи истиқомат дода шавад”, – иқтибос аз суханони ӯро ТАСС овардааст.

Вай таҳияи лоиҳаи қонунеро дастгирӣ кард, ки ба муҳоҷирон имкон медиҳад, сарфи назар аз қонуншиканиҳои мавҷуда, иқомати худро дар кишвар қонунӣ кунанд.

Русия аз муҳоҷирон чӣ мехоҳад?

Дар ҳоле, ки тибқи фармони Владимир Путин президенти Русия муҳоҷирон то 15-уми июн ва ба гуфтаи намояндагони Русия, ки ба Тоҷикистон омада буданд, то 30 июн  ҳуқуқи дар он кишвар будубошро доранд, вале чунин ба назар мерасад, ки онҳоро пеш аз муҳлат ба кишварҳояшон интиқол медиҳанд.

Каримҷон Ёров ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, ки ҳуҷҷатҳоеро дар даст дорад, ки муҳоҷирони кориро аллакай пеш аз муҳлат бо баҳонаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чанд рӯз пеш ба Тоҷикистон фиристоданд. Ба ақидаи ӯ, Русия аслан онҳоро бо баҳонаи дар митингҳо иштирок кардан ихроҷ кардааст, “вале мақсади онҳо тарс додани муҳоҷирон аст”. Ба ақидаи ӯ муҳоҷирон дар Русия тӯби футболеро мемонанд, ки чӣ хеле хоҳанд онҳоро ба дарвоза ворид мекунанд.   

Ҳамзамон 23 апрел сомонаи сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 15 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷии шаҳри Москав қарор доштанд, ба ватан фиристода мешаванд.

Аслан дар чунин боздоштгоҳҳо асосан шахсоне, ки ҳуҷҷат надоранду қоидаҳои будубошро дар Русия риоя накардаанд ва бояд ихроҷ шаванд, инчунин касоне, ки муҳлати адои ҷазояшон дар муассисаҳои ислоҳӣ ба охир расидааст, нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин маврид то ҳол мақомоти тоҷик чизе нагуфтаанд.

Тибқи маълумоти ВКД Русия, айни замон дар ин кишвар 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, зиёда аз 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 49 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон, беш аз 115 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон, 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, 332 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон, инчунин 152 ҳазор шаҳрванди Украина ғайрирасмӣ дар қаламрави Русия ҳузур доранд.

Иқтисоди Русия низ аз муҳоҷирон вобастагӣ дорад

Ҳамзамон Раҳмон Улмасов зикр кардааст, ки Русия набояд фаромӯш кунад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба иқтисодиёти ин кишвар саҳми андаке надорад.

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия?
Раҳмон Улмасов

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз Русия аз муҳоҷирон вобастагӣ дорад, чунки иқтисоди худро бе саҳми муҳоҷирон наметавонад рушд диҳад ва ба муваффақиятҳои дилхоҳ дар ин самт ноил гардад”, – гуфтаат коршинос.  

Дар ҳамин ҳол, “Лента ру”-и Русия ҳаҷми ММД Русияро дар охири соли 2020 ба 1,425 триллион доллар арзёбӣ кардааст, ки онро ба пандемия рабт медиҳад. Ин хабаргузорӣ менависад, ки тақрибан 6 фоизи ин маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ аст (тахминан 86,5 млрд. – Ф.У.). “Тибқи иттилои расмӣ, бақайдгирии патенти меҳнатӣ дар ин давра беш аз сеяк коҳиш ёфтааст зарари ҳадди аққал аз норасоии муҳоҷирон…”, – овардааст манбаъ.

Дар ин давра Русия 200 ҳазор муҳоҷирони қувваи корӣ ва 38 ҳазор коргарони мавсимиро аз даст додааст. Ба ақидаи коршиносон,  агар муҳоҷирон ба Русия роҳ наёбанд, зарари он дар навабти авал ба иқтисодиёти худи ФР таъсири манфии худро мерасонад ва вазъият дар якчанд соҳаҳои муҳими ин давлат боз ҳам мушкилтар мешавад. 

Фарзонаи Умаралӣ  

Оцените статью:

247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунии тоҷик дар Русия? Омори шубҳаангез ва боз як мушкили бар сари муҳоҷирон Мақомоти Русия мегӯяд, ки 247 ҳазор муҳоҷири ғайриқонунӣ қарордоштаи тоҷик то 30 июн имкон доранд, ки мақоми ҳуқуқии худро дар Русия танзим кунанд. Дар акси ҳол муҳоҷирон аз ҳудуди кишвари Русия ихроҷ карда мешаванд. Ҷониби Тоҷикистон ин шумораро барзиёд мешуморад.  Вале асли кор дар чӣ аст? […]
5 1 5 2
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *