2000 ёдгории таърихии Тоҷикистонро кӣ ҳимоя мекунад?

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба ҳоли имрўз дар ҷумҳурӣ беш аз 2 ҳазор объекти таърихӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла 1300 ёдгории бостонӣ вуҷуд дорад, ки аз ин миқдор 900 адад ёдгории меъморӣ мебошанд. Бисёр аз онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, аммо, бо вуҷуд, то ҳол аз таъсирҳои газандовари эҳтимолӣ ҳифз нашудаанд. Васеъ шудани майдонҳои кишоварзӣ, сохтмони роҳҳо, таъсири падидаҳои табиӣ ба ёдгориҳои таърихии ҷумҳурӣ зиёни ҷиддӣ мерасонанд. Олимони кишвар қарор доданд дар роҳи ин ҳолати нобудиовар монеаи эътимодбахш гузоранд…

Таърихшиносон: Харита лозим аст

Ҳудуди Тоҷикистон аз қадимулайём сераҳолӣ буд. Инҷо ҳазорсолаҳо муқаддам шаҳрҳо, коху қалъаҳо, маъбаду масҷидҳо бунёд мешуданд. Бисёр аз онҳо бо мурури замон ба харобазор табдил ёфтаанд ва танҳо шумори камашон то рўзҳои мо боқӣ монда, ниёз ба таваҷҷўҳи махсус ва ҳимоя аз таҳдидҳои афзоянда ба ҳастии онҳо дар оқибати омилҳои табиӣ ва инсонӣ доранд.

Ба хотири нигоҳдошти мероси таърихии Тоҷикистон як гурўҳ бостоншиносон ва намояндагони Вазорати фарҳанг тасмим гирифтаанд харитаи ёдгориҳоро тартиб диҳанд. Олимон харитаи комилан фарогири шаҳру навоҳии ҷумҳуриро бо мақсади ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои фарҳангии тамошобоб омода мекунанд. Дар ин харита, ки бори аввал мураттаб мегардад, маконҳои аниқи воқеъшавии ёдгориҳои фарҳангӣ бо арзи кўтоҳи таърих ва аҳамияти онҳо дарҷ хоҳанд шуд.

-Ба ҳоли имрўз аллакай харитаи ёдгориҳои таърихии Ҳисор, Ёвон, ноҳияи Балхӣ, Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ омода шудааст. Харитаи бозёфтҳои археологии ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Фархор омодаи нашр аст,- нақл кард мудири шуъбаи бостоншиносии Пажуҳишгоҳи таърих, археология ва этнографияи Академияи миллии илмҳо Нуриддин Сайфуллоев.

Бино ба гуфтаҳои ў, аз сабаби набудани харитаи ёдгориҳои таърихӣ дар кишвар ба ҳудудҳои баъзеи онҳо дахолат сурат гирифтааст ва аз онҳо ҳамчун киштзор, заминҳои наздиҳавлигӣ ё қитъаи сохтмони хонаҳои хусусӣ истифода мешавад.

-Харитаи мазкур ба ҳукуматдорони ноҳиявӣ имкон медиҳад ҳангоми тақсимоти замин ҳудудҳои минтақаҳои таърихиро ба эътибор гиранд, ки ин онҳоро аз нестшавӣ ҳимоя хоҳад кард,- мутмаин аст таърихшинос.

Аз «динозаврҳои Ширкент» то «Маъбади Окс»

Боғи таърихӣ-табиии Ширкент (Ширканд) яке аз гўшаҳои зеботарини кўҳистони Тоҷикистон аст. Боғ дар масофаи 70 км аз Душанбе, дар шимоли ноҳияи Турсунзода воқеъ аст. Дар ин ҳудуд дар охири давраи Юраи Мезозой (аз 160 то 140 млн сол пеш) динозаврҳо мезистанд, ки изҳои санггаштаи онҳоро то ба имрўз дар боғ дидан мумкин аст.

Пураҳамияттарин дар ин қатор се гурўҳи гуногунсинни изҳои динозаврҳо бо бештар аз 400 пайи ин ҳайвонҳои азбайнрафта мебошад. Мутаассифона, изҳо тадриҷан аз таъсири падидаҳои табиӣ намуди аввалаи худро аз даст медиҳанд. «Саҳм»-и худро ба харобшавии пайҳои динозаврҳо баъзе сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ низ мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки дараи Ширкент боз аз он нигоҳ нодир аст, ки аз инҷо, илова ба изҳои динозаврҳо, боқимондаи кўраҳои оҳангудозӣ ва иншоотҳои ирригатсионӣ аз давраи ибтидои асрҳои миёна ёфта шудаанд. Коршиносон бар онанд, ки агар барои нигаҳдории бозёфтҳои мазкур чора дида нашавад, мо метавонем онҳоро бебозгашт аз даст диҳем.

2000 ёдгории таърихии Тоҷикистонро кӣ ҳимоя мекунад?
Изҳои динозаврҳои Ширкент. Акс аз Азия-Плюс

Дар ҳудуди ноҳияи Турсунзода ёдгориҳои таърихие низ кам нестанд, ки бо дастони устоҳои моҳир сохта шудаанд. Яке аз онҳо мақбараи Хоҷа Нақшрон – ёдгории нотакрори асрҳои IX-XI мебошад. Дар сохтмони мақбара хиштҳои пухта истифода шудаанд, дар пойдевори он нақшҳои ҷолиби мураккаб аз хиштҳои суфтаи махсус рехташуда тасвир гардидаанд, деворҳоро оятҳои Қуръон ба хатти арабӣ зиннат медиҳанд. Турбати Хоҷа Нақшрон кайҳо боз дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Ҳукумати шаҳр якчанд бор барои обод намудани ҳудуди мақбара бо ёрии ташкилотҳои байналмилалӣ ва аҳолии маҳаллӣ кўшиш пеш гирифт, аммо бо гузашти вақт Хоҷа Нақшрон боз бе нигоҳубин монд.

Дар ҷануби кишвар ёдгориҳои нодири археологӣ воқеъ мебошанд, ки аҳамияти ҷаҳонӣ доранд. Аз миёни онҳо шаҳркадаи Тахти Сангин хеле маъруф аст. Соли 1976 бостоншиносон дар мавзеи Тахти Қубод (34 километр аз Қубодиён) ҳафриёт оғоз намуданд, ки дар натиҷаи он маъбади қадимии нотакрор пайдо шуд. Онро «Маъбади Окс» номиданд. Он ба худои дарё бахшида шуда буд, ки парастишаш инҷо аз замонҳои қадим роиҷ буд. Аз маъбади бузург, ки дар асрҳои IV-III то милод бунёд гардидааст, бозёфтҳои нодир ба даст омаданд: бюсти Искандари Мақдунӣ, ғилоф бо тасвири шер, ки дар чангаш оҳу аст, ороишоти сандуқчаҳо аз устухони фил бо расмҳои кандашуда, маҷмўаи дар Осиёи Марказӣ калонтарини пайконҳо (зиёда аз 5 ҳазор адад), аслиҳаи сарбозони артиши юнону мақдунӣ. Аз ҳамон ҷо инчунин пораҳои кулоҳҳои ҷангии биринҷӣ – худҳо ёфта шуданд.  

Бостоншиносон ва олимони дигар ба ақидае омаданд, ки дар байни Хазинаи Амударёи машҳур (Хазинаи Окс), ки имрўз дар Осорхонаи Бритониё маҳфуз аст ва «Маъбади Окс» алоқаи бевосита вуҷуд дорад, зеро мавзеи дарёфти ҷавоҳирот ва маҳалли ҷойгиршавии маъбад як аст ва ҳамаи ангораҳои хазина таъиноти ибодатӣ доранд.

Имрўзҳо баъзе ашёи аз Тахти Сангин дарёфтшударо метавон дар толорҳои Осорхонаи миллии бостоншиносӣ дид. Аммо харобаҳои худи шаҳркада дар муқобили барфу борон ва одамон беҳимоя мондаанд.

Дайри Аҷинатеппа ва қалъаи Вамар

Дар 12-километрии шаҳри Бохтар маконе воқеъ аст, ки сокинони маҳаллӣ онро Аҷинатеппа меноманд. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ, ки соли 1961 инҷо оғоз ёфт, зиёда аз 500 ёдгории санъат: пайкараҳо, релефҳо, пораҳои тасвирҳои рўидеворӣ дарёфт шуданд, ки ҷузъиёти ансамбли ягонаи биноҳои иқоматӣ ва ибодатии дайри буддоиёни асрҳои VII–VIII буданд.

Бозёфти номдортарини Аҷинатеппа пайкараи азими Буддои гилин дар ҳолати нирвана буд, ки соли 1966 аз яке аз роҳравҳои дайр пайдо карда шуд. Ҳамон сол корҳои реставратсионӣ оид ба барқарор намудани пайкара оғоз ёфта, то соли 1978 давом карданд.

2000 ёдгории таърихии Тоҷикистонро кӣ ҳимоя мекунад?
Аҷинатеппа. Акс аз Silkadv.com

Имрўз пайкараи «Буддо дар нирвана» дар осорхонаи Таърих ва мардумшиносии Тоҷикистон ба маърази дид гузошта шудааст. Он калонтарин пайкараи Буддо мебошад, ки дар Осиёи Марказии муосир дарёфт гардидааст. Нусхаи ёдгориро дар Осорхонаи миллии бостоншиносӣ метавон дид. Маврид ба тазаккур аст, ми мисли бисёр дигар ёдгориҳои таърихӣ Аҷинатеппа низ ба реставратсия ниёз дорад.

Ноҳияи дигари аз ёдгориҳои таърихӣ ғанӣ Рўшон аст. Бино ба маълумоти таърихшиносони тоҷик, инҷо қариб 70 осори таърихӣ мушоҳида мешавад.

-Танҳо дар Дерзуд ҳафтто чунин ҷой ҳаст,- нақл мекунад корманди Осорхонаи миллии Тоҷикистон Мафтун Қиматшоев.- Аз байни онҳо метавон Чашмаи Шоҳносир, Остони Сабзпўш, Остони Бобоалишоҳ, Остони Панҷаи Шоҳ ва ғайраро номбар кард. Мутаассифона, ин ва дигар ёдгориҳои таърих, ки далели фарҳанги волои қадима доштани халқи мо ҳастанд, бесоҳиб мемонанд ва тадриҷан вайрон мешаванд, заминҳои атрофи ёдгориҳоро ҳукуматдорони маҳаллӣ барои сохтмони манзилҳо медиҳанд.

Бино ба гуфтаҳои мутахассис, аз ҳафт қалъаи ҳудуди Рўшон ба ҳоли имрўз қалъаи Вамар иншооти ягонае боқӣ мемонад, ки наздик ба нисфи он то ба рўзҳои мо расидааст.

-Қалъа таърихи ҳазорсола дорад. Он қисми бошишгоҳи ҳукуматдорони маҳаллӣ, ҳамчунин истилогарон – афғонҳо, манғитиҳо, низомиёни Россияи шоҳӣ буд,- нақл мекунад Қиматшоев.- Баъд аз инқилоб инҷо марзбонони шўравӣ мустақар буданд.

Ба қавли коршинос, тамоми ҳудудҳои ба қалъа ҳамҷавор, ки маҷмааи ягонаи таърихиро тартиб медиҳад, аз ҷумла боғ, дарвоза, аслиҳахона, зиндон бебозгашт аз даст рафтаанд – сангҳо ва маҳсулоти чўбиро низомиён ва аҳолии маҳаллӣ барои эҳтиёҷоти худ истифода мебурданду мебаранд, дар ҳудуди қалъа мардум хона месозад, полез мешинонад.

2000 ёдгории таърихии Тоҷикистонро кӣ ҳимоя мекунад?
Қалъа. Рўшон

-Ва боиси афсўс аст, ки касеро ба ин коре нест. Илова бар ин, тааҷҷубовар аст, ки Рўшон ягона ноҳияе боқӣ мемонад, ки дар он (ба истиснои як-ду осорхонаи хусусӣ) ягон осорхонаи таърихӣ вуҷуд надорад,- таассуф мехўрад таърихшинос.

Бо як харита кор ҳал намешавад

Коршиносон назар доранд, ки тартиб додани харитаи ёдгориҳои таърихӣ қадами муҳим барои ҳимояи ёдгориҳо мебошад, аммо бе кори ҳамоҳанги муштараки сохторҳои мухталиф ба ҳифзи объектҳои мазкур ноил гардидан душвор мешавад.

-Муҳим на танҳо ба қайд гирифтани ин ёдгориҳо, балки ҳамчунин муайян намудани минтақаи муҳофизатии онҳо, ворид намудан ба харитаҳои истифодабарии замин дар ноҳияҳо, вазифадор намудани ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба нигаҳдории ин ёдгориҳо, пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷудокунии ин қитъаҳо барои мақсадҳои дигар аст,- мегўяд таърихшинос Фирдавс Шукуров.- Шиносномасозӣ барои ҳар ёдгорӣ ҳатмист, ки ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва истифодабарии объектҳои мероси таърихӣ ва фарҳангӣ» пешбинӣ шудааст. Лекин ҳамчунин муҳим саривақтӣ ҳал намудани масъалаи гузарондани заминҳои ёдгориҳои мазкур ба тавозуни идораҳои дахлдор мебошад. Он гоҳ онҳоро аз омили инсонӣ ҳифз намудан имконпазир мегардад ва объектҳои мазкур мақоми ёдгориро мегиранд. Вазифаи нигаҳдории мероси фарҳангиро бояд на танҳо мақомоти ҳифзи ёдгориҳо, таърихшиносон, балки ҳамчунин сохторҳои марбут ба шаҳрсозӣ, рушди саноатӣ ва кишоварзӣ, экология, нақлиёт, сохторҳои зиддикоррупсионӣ ва ғайра бар дўш дошта бошанд. Ғайр аз ин, ба нигаҳдории объектҳои мероси фарҳангӣ бояд мутахассисони баландихтисоси корҳои таъмирӣ, инчунин марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ковишӣ, лоиҳавӣ ва истеҳсолӣ ҷалб гарданд.

Боз як омили муҳим дар кори ҳимояи ёдгориҳои таърихӣ нарасидани молия, камбуди маблағҳо барои корҳои таъмирии реставратсионӣ мебошад.

Масалан, бино ба суханони коршиносон, барои таъмири пурраи ҳар кадом аз қалъаҳои «Хурда» (Исфара), «Варзи Манор» (Айнӣ), «Шоҳи Хомуш» (Муъминобод), «Вамар» (Рўшон), турбати Аҳмади Бузург (Панҷакент), Абулқосим Ҷелонӣ (Истаравшан), Имом Зайнулобиддин (Ҷиликўл) ва ғайра ба ҳисоби миёна 500 ҳазор сомонӣ талаб мешавад. Аммо маблағҳое, ки ихтисос мешаванд, нокифояанд.

-Истиснои шодиовар аз ин қатор таъмиру таҷдид ва ҳифзи шаҳркадаи Саразм мебошад, ки 5500-солагии онро дар Тоҷикистон соли гузашта бо шукўҳи хоса таҷлил намуданд,- мегўяд Шукуров.- Бо вуҷуди имкониятҳои маҳдуди молиявии кишвар дар оғози солҳои 2000-ум барои ҳифзи ин ёдгории нодир ҳукумат маблағи лозимаро ҷудо кард. Дар натиҷа болои панҷ макони ҳафриёти археологӣ шипанг бардошта шуд, ёдгориро бо девор иҳота намуданд. Моҳи июли соли 2010 Саразм ба рўйхати ёдгориҳои нодиртарини Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дароварда шуд.

Дигар иншооти таърихӣ қалъаи Ҳисор аст, ки барои таҷдидаш маблағҳои ҳангуфт ҷудо карда шуданд. Бояд гуфт, дар рафти реконструксия ба баъзе камбудиҳо роҳ дода шуд, лек дар маҷмўъ кори иҷрошуда ба ин ёдгории таърихӣ имкон дод яке аз маконҳои пурбинандатарин шавад.

Ёдгориҳои таърихӣ арзандаи таваҷҷуҳи хоса ва ҳимоя мебошанд. Мероси фарҳангӣ аз бисёр лиҳоз менталитети хоси халқро ташаккул медиҳад, аз насл ба насл гузаштани арзишҳои башариро собит месозад. Мероси таърихӣ ба бисёр равандҳои иҷтимоӣ таъсиргузор аст ва манбаи ғановати маънавии мардум мебошад. Ёдгориҳои таърихӣ ганҷу сарвати фарҳангии мардуми тоҷик мебошанд, ҳифзи онҳо вазифаи ҳар яки мост.

Фаррух Бозоров

Оцените статью:

2000 ёдгории таърихии Тоҷикистонро кӣ ҳимоя мекунад? Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ба ҳоли имрўз дар ҷумҳурӣ беш аз 2 ҳазор объекти таърихӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла 1300 ёдгории бостонӣ вуҷуд дорад, ки аз ин миқдор 900 адад ёдгории меъморӣ мебошанд. Бисёр аз онҳо аҳамияти ҷаҳонӣ доранд, аммо, бо вуҷуд, то ҳол аз таъсирҳои газандовари эҳтимолӣ ҳифз нашудаанд. Васеъ шудани майдонҳои кишоварзӣ, сохтмони […]
5 1 5 1
Share on facebook
Share on twitter
Share on linkedin
Share on pinterest
Share on odnoklassniki
Share on telegram
Share on email
Share on print
Назари муаллиф/он ва муҳтавои матлабҳои нашршуда мумкин аст бо назару дидгоҳҳои Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон мутобиқ набошанд.

Гузоштани шарҳ:

Your email address will not be published. Required fields are marked *